Перейти к основному содержанию
9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон санаест, ки кишвар ба сӯйи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошт. Ин лаҳзаи таърихӣ на танҳо як амали сиёсӣ буд, балки рамзи тавлиди давраи нав, умед ва масъулияти нав дар назди наслҳои оянда буд. Истиқлолияти Тоҷикистон дар шароити бесуботӣ ва дигаргуниҳои ҷаҳонӣ ба даст омад.

212312Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ пайроҳаи мардумони Осиёи Миёнаро боз кард, ки сарнавишти худашонро муайян кунанд. Вале, роҳи Тоҷикистон дар ин росто махсусан душвор буд. Дар ин росто, бо шарофати фаъолияти хирадмандона, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат мавқеи устуворро ишғол намуда, робитаҳои шарикӣ бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ барқарор гардиданд. Сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтор нигаронида шуда, ба таҳкими пояи иқтисодии давлати соҳибистиқлол мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, фаъолияти Президент заминаи рушди устувори минбаъда ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Дар кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сулҳу ваҳдат барқарор гардид, балки барои рушди устувор, навсозии иқтисод, суботи сиёсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ замина гузошта шуд. Точикистони имрӯза давлатест, ки ба оянда дилпурона назар мекунад. Ин кишварест, ки решаҳои таърихии худро эҳтиром мекунад ва ҳамзамон саъй мекунад, ки иштирокчии фаъоли дипломатияи байналмилалӣ бошад, сулҳу ҳамкориро ҷонибдорӣ намуда, принсипҳои баробарӣ, адолат ва рушди устуворро тарғиб менамояд.

Имрӯз мо ба гузашта бо сипосгузорӣ, ба имрӯз бо ифтихор ва ба фардо дилпурона менигарем. Эъломияи соҳибихтиёрӣ ба кишвар имкон дод, ки раванди ислоҳоти институтсионалӣ, ки ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозоргонӣ асос ёфтааст, оғоз шавад. Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои давлати тоҷикон - Тоҷикистони азиз, ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу роҳандозии иқдомҳои наҷибу олӣ, барномаҳои ҳадафмандона ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, таҳкими амнияту оромии кишвар ва саломатию некуаҳволии аҳолӣ эътироф гардидааст. Боиси хурсандист, ки дар ин даврон таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба қишри ҷавони кишвар ҷойгоҳи махсус ишғол намудааст.
Мо-ҷавонон, аз ғамхориву роҳнамоии бемисоли Президенти кишвар пайваста бархурдорем.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи дастгирии давлатии ҷавононро амалӣ намуда, онро муҳимтарин омили рушди устувори кишвар донистаанд. Саҳми арзанда дар рушди сармояи инсонӣ ҷорӣ намудани квота барои таҳсили ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар буд, ки дастрасии баробар ба таҳсилоти босифатро таъмин намуд. Илова бар ин, ба шарофати барномаҳои стипендияи давлатӣ ва ташаббусҳои Президент ба беш аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик имкони таҳсил дар хориҷи кишвар - Русия, Чин, Аврупо ва дигар кишварҳо, фароҳам оварда шуданд. Ин тадбирҳо на танҳо сатҳи маърифатнокиро баланд бардоштанд, балки ба ташаккули насли нави мутахассисон, ки ба тараккиёти соҳаҳои асосии хоҷагии халқ, илм ва идоракунӣ ҳиссаи худро гузошта метавонанд, мусоидат намуданд. Чунин сиёсат як ҷузъи муҳими стратегияи давлатии таҳкими истиқлолият тавассути рушди нерӯи зеҳнӣ ва касбии ҷавонон гардид. Дар ин росто, Барномаи давлатии дастгирии ҷавонон таҳия ва амалӣ карда шуд, ки ба фароҳам овардани шароит барои таҳсил, такмили ихтисос ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандони ҷавон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ нигаронида шудааст. Таъсиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин баргузории мунтазами анҷуманҳо ва барномаҳои стипендиявии ҷавонон як ҷузъи сиёсати ҳамаҷониба гардид, ки ба тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нерӯи зеҳнии насли наврас нигаронида шудааст.

Ин тадбирҳо ба ташаккули табақаи нави кадрҳои соҳибихтисос, ки метавонанд дар рушди устувор ва навсозии кишвар саҳм гузоранд, мусоидат намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин раванд тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни муҳими сиёсати давлатӣ шинохта шуд ва барои тақвияти он тадбирҳои самарабахш амалӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, дар баробари ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо - ҷавонон вазифадорем, ки донишу малакаи худро пайваста ба роҳи илмомӯзӣ ва истифодаи самараноки технологияи муосир такмил диҳем, забонҳои хориҷиро хуб омӯзем ва ба халқу давлати худ содиқона хизмат намуда, саҳми худро дар ободу зебо ва боз ҳам дилоро гаштани ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо гузорем.

НАЗРИШОЕВА ТАҲМИНА- Магистранти Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ