Перейти к основному содержанию
12-уми июни соли 2025 оид ба татбиқи сиёсати «Осмони кушод» дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи он, принсипи баробарӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ муқаррар гардид. Ҳоло дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» барои дастрасии озод ва фарогир ба бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоии сершумор шароит фароҳам оварда шудааст.

1212312312Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиатсия ва беҳтар намудани шароити авиатсионӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расондааст. Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ барои зичии парвозҳо ва ё маҳдудияти хатсайрҳо дастрасӣ пайдо карданд. Дар навбати худ, қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Осмони кушод» озодии ҳаракати ҳавоиро фароҳам меорад ва дастрасӣ ба озодиҳои сеюм ва чорумро (парвозҳои байналмилалӣ) кафолат медиҳад.

Мафҳуми дараҷаи «сеюм» ва «чаҳорум»-и озодӣ дар заминаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» маънои ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ фароҳам овардани имкони анҷоми парвозҳои байналмилалӣ байни кишварҳои гуногунро дорад. Ин «дараҷаҳои озодӣ» қоидаҳоеро ифода мекунанд, ки тартиби кори ҳаракати ҳавоӣ, масирҳо ва самтҳои онро муайян месозанд.

Татбиқи сиёсати «Осмони кушод» ба рушди комплекси авиатсионии кишвар дар самтҳои зерин мусоидат мекунад:

Якум, он муҳити рақобатро фаъол мекунад – ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллию байналмилалӣ, бидуни маҳдудият дар шумораи парвозҳо ва зичиҳо дар хатсайрҳои муайян озоданд. Дар натиҷа, нархи чиптаҳо коҳиш ёфта, сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад: дар заминаи рақобати афзоянда, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба беҳтар кардани хизматрасониҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва бароҳат шуруъ мекунанд.

Дуюм, афзоиши мусофиркашонӣ: ширкатҳои ҳавопаймоӣ имкон пайдо мекунанд, ки парвозҳои байналмилалиро озодона анҷом диҳанд, ки ин боиси афзоиши мусофиркашонӣ мегардад. Осмони кушод барои сода кардани дастрасии хатсайрҳои байналмилалӣ барои шаҳрвандон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, талаботро ба парвозҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ба сайёҳон афзоиш медиҳад. Афзоиши шумораи парвозҳои мустақим барои баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти мусофирон, ки ба саёҳати қулайтар ва зудтар манфиатдоранд, мусоидат мекунад.

Сеюм, рушди инфрасохтори авиатсионӣ: афзоиши шумораи парвозҳо ва интиқоли мусофирон зарурат ё талаботро барои такмил ва навсозии инфрасохтори авиатсионӣ - фурудгоҳҳо, терминалҳо, хатҳои парвоз ва ғайра ба вуҷуд меорад. Кишварҳое, ки ба созишномаҳои “Осмони кушод” дохил мешаванд, маҷбуранд фурудгоҳҳоро навсозӣ кунанд, барои васеъ намудани иқтидорҳо чораҳо андешанд.

Чорум, дар натиҷаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» рушди иқтисодии маҷмааи авиатсионии кишвар дар заминаи фаъол гардондани раванди ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ таъмин мегардад. Воқеан, дар кишварҳое, ки ҳаракати ҳавоӣ рушд кардааст, таъмини инфрасохтор ва ҷараёни сармоягузории хориҷӣ бештар мусоид ва дастрас мегардад, ҳаракати ҳавоӣ ба ҳаракати сармояи байналмилалӣ, сайёҳон мусоидат мекунад, ки ин омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва некуаҳволии мардуми кишварҳои қабулкунанда мебошад.

Панҷум, раванди интернатсионализатсияи соҳаи авиатсия пурзӯр мегардад, ба шабакаи байналмилалӣ зичтар муттаҳид шудани соҳаи авиатсияи кишвар вусъат меёбад. Дар натиҷа, сатҳи фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ боло рафта, доираи фаъолияти иқтисодии ширкатҳои ҳавопаймоӣ васеъ ва мавқеи онҳо дар бозорҳои байналмилалии хизматрасонии авиатсионӣ пайдо мешавад. Ҳамкорӣ ва шарикиро байни ширкатҳои ҳавопаймоии гуногун, аз ҷумла тавассути созишномаҳои кодшерӣ ҳавасманд мекунад.

Шашум, дигаргунсозӣ дар боркашонӣ. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» на танҳо нақлиёти ҳавоии мусофирбар, балки боркашонӣ, низ имтиёз ба даст меорад. Ифтитоҳи парвозҳо ва хатсайрҳои нав имкон медиҳад, ки ҳамлу нақли борҳо васеътару самаранок шавад ва ба ин васила татбиқи стратегияи ба содирот нигарондашудаи субъектҳои хоҷагидор фаъол гарданд, амалиёти содироту воридот ҳам вусъат ёбад.

Дар маҷмуъ, татбиқи сиёсати «Осмони кушод» барои рушди на танҳо комплекси авиатсионии кишвар шароити нав фароҳам меоварад, балки ба рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан ба тезондани ҳаракати одамон ва молҳо низ таъсири калон мерасонад. Сифати инфрасохтори маҷмааи авиатсионӣ, мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ, ташаккули нархҳои қобили қабули хизматрасониҳои авиатсиониро беҳтар намуда, ба татбиқи иқтидори транзитии кишвар, рушди сайёҳӣ ва тиҷорати байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки нақш ва аҳамияти танзими фазои ҳавоии кишвар тавассути такмили механизми назорат аз болои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Зеро сиёсати “Осмони кушод” имкони вуруди озоди ширкатҳои ҳавопаймоии бузурги байналмилалиро фароҳам меорад, ки метавонад ба вобастагии аз ҳад зиёди ҳаракати ҳавоии миллӣ аз бозигарони хориҷӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, назорати тарифҳо ва амалияи тиҷоратӣ бояд ба ҷорӣ намудани меъёрҳо ва қоидаҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ равона гардад, то аз демпинги нархҳо амалҳои нодуруст, ки метавонад ба ширкатҳои маҳаллӣ таҳдид кунад, пешгирӣ шавад. Механизмҳои иҷозатномадиҳӣ ва танзим, муқаррар намудани стандартҳо ва расмиёти возеҳ барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки мехоҳанд дар бозор фаъолият кунанд, муҳим мебошанд. Андешидани чораҳои қонунӣ ҷиҳати пешгирии консентратсияи аз ҳад зиёди бозор, ки ба пешгирии монополизатсияи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони байналмилалӣ нигаронда шудаанд, ба ин васила тамаркузи аз ҳад зиёди бозорро пешгирӣ мекунад.

Раҳмон Юсуф Азим, номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ