Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 30 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи "Равобити сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 4 соли охир ва мавқеи Тоҷикистон" баргузор гардид.

Дар семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров ва дигар олимону кормандон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли давраи беш аз 34-солаи Истиқлоли давлатӣ ҳамеша ҷонибдори аз роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл намудани буҳрони Афғонистон буда, ҳама гуна мудохила дар корҳои дохилии Афғонистон ва зуровариро маҳкум кардааст.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Таъкиди Чаноби Олӣ маҳз таъсиси ҳукумати инклюзивӣ бо роҳи гуфтушунид ва бо мақсади расидан ба як сулҳи устувор аст.

Гуфта шуд, ки бо ҳама мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, Тоҷикистон барои расонидани ёрии башарӣ ба мардуми Афғонистон омодагии худро изҳор намуд, роҳҳои тиҷорати ва гузаргоҳҳо ба таври муътадил кор мекунанд, бозорҳои сарҳадӣ ҳафтае ду бор кор мекунад, интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ нашудааст. Яъне на ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна фишорро ҳукумати Афғонистон ва мардуми он раво намебинад. Ҳадафи ягона ин аст, ки роҳҳои барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон бо роҳи гуфтушунид пайдо шавад, зеро дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ амнияти Тоҷикистон аз самти Афғонистон осебпазир будааст.