Перейти к основному содержанию
Ваҳдати миллӣ ва истиклолияти иктисодий ду пояи асосии пойдории ҳар як давлат махсуб меёбанд. Точикистон дар се даҳсолаи охир бо талоши мардум зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду рукнро ба унвони омили асосии рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон эътироф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

123123Ваҳдати миллӣ ба пойдории ҷомеаи кунуни сахт алоқаманд аст, зеро ваҳдати милли дар Тоҷикистон натиҷаи раванди мураккаби сулҳофарӣ баъди ҷанги таҳмили шаҳрванди мебошад. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997) пояи ташаккули давлати ягона ва субо ти сиёсиро гузошт. Таҳлили ичтимой нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои барқарорсозии давлатдорӣ ва афзоиши сармояи иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Шумораи мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзо иш ёфт, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар шуд. Барномаи давлатӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ боиси коҳиши сатҳи камбизоатӣ гардид.

Ҳанӯз аз даврони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, роҳбарияти олии киш вар таҳти роҳнамой ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабул намуда ни ҳадафҳои стратегии кишвар сиёсати худро муайян кард. Маҳз чунин сиёсати оқилона им кон дод, ки Тоҷикистон мустақилона сиёсати иқтисодии худро амалӣ намояд.

Иқтисодиёти Тоҷикистон тадриҷан аз вобастагӣ ба маҳсулоти ашёи хом ба тара фи рушди энергетика, кишоварзӣ ва саноати сабук ҳаракат мекунад. Танҳо дар шароити суботи сиёсӣ кишвар тавонист сармоягузорӣ ҷалб намояд, инфрасохтори замонавӣ со-зад ва иқтисоди худро диверсификатсия ку-над. Дар навбати худ, рушди иқтисодиёт ва беҳтарнамоии шароити ичтимой омилҳои пой дории ваҳдати миллӣ гардида, барномаҳои давлатӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди деҳот ва тақвияти ҳамгироии ичтимой мусоидат карданд..

Ваҳдати миллӣ шароити сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меорад. Дар навбати худ, рушди иқтисодӣ ва тақсимоти одилонаи неъматҳо заминаи таҳкими ваҳдат ва суботи ичтимой мегардад. Мисолҳои рав-шан, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо мебошанд, ки ҳам иқтисод ва ҳам ҳамбастагии иҷтимоиро тақвият додаанд.

Чомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба баъзе масъалаҳо, яъне диверсификатсияи иқтисодиёт ва коҳиши вобастагӣ аз пули муҳоҷирон, саноаткунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегӣ ва ояндадори Ҷумҳурии Точикистон мебошад, майл намоянд. Зеро ибтикори мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши содирот ва паст кардани вобастагӣ аз воридоти молу маҳсулот равона шудааст.

Хулоса, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли иқтисодӣ омили асосии рушди устувор ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон мебошанд. Барои таҳкими онҳо зарур аст, ки барномаҳои стратегӣ идома ёфта, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории фаъол бо ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.

Фарҳод ҚОДИРЗОДА, мушовири президенти АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор