Перейти к основному содержанию
Ваҳдат яке аз арзишҳои волои инсонист, ки ба воситаи он ҷомеаҳо метавонанд ба суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даст ёбанд. Дар таърихи навини Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки ҳар сол 27 июн таҷлил мешавад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихист. Ин рӯз рамзи сулҳу субот ва якпорчагии миллат ба ҳисоб меравад, ки пас аз як давраи душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст омадааст.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992–1997 яке аз фоҷиаҳои бузурги таърихи муосири Тоҷикистон буд. Ин ҷанг, ки дар натиҷаи мухолифатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ оғоз ёфт, боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва харобиҳои иқтисодӣ гардид. Барои хотима бахшидан ба ин муноқиша, музокироти сулҳомез бо миёнаравии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз ёфт.

Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Мухолиф Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо гардид. Ин санад оғози марҳалаи нави таърихии Тоҷикистон шуд.

Пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ, Тоҷикистон ба марҳалаи нави сохтмони давлатдорӣ ворид шуд. Бо таъсиси сохторҳои устувори давлатӣ, ба роҳ мондани ислоҳоти иқтисодӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кишвар ба суботи сиёсӣ ва пешрафти устувор ноил гардид.

Ваҳдати миллӣ имконият дод, ки ҷомеа ба рушди маориф, илм, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунад. Дар ин раванд, нақши ваҳдат ҳамчун омил ва манбаи нерӯи ҷомеа беш аз пеш барҷаста мегардад.

Имрӯз, бо ба даст омадани ваҳдати миллӣ, илми ватанӣ рушд ёфта истодааст ва дар соҳаҳои гуногуни илм дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Дар баробари дигар соҳаҳо, илми астрофизикаи тоҷик низ рушд намуда, як қатор дастовардҳоро олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба даст овардаанд. Пас аз навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох бо асбобҳои рақамии нимноқилӣ ва низоми автоматии идоракунии таҷҳизот, ки соли 2016 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, то имрӯз дар ин расадхона таҳқиқоти илмӣ пайваста анҷом дода мешаванд.

Аз соли 1998 инҷониб, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эътироф гардида, он ҳар сол ҳамчун иди расмӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаҳои кишвар чорабиниҳои тантанавӣ, мулоқотҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ баргузор мегарданд.

Маркази асосии таҷлили ин рӯз шаҳри Душанбе мебошад, ки дар он роҳбарияти олии кишвар ва намояндагони ҳар қишри ҷомеа иштирок менамоянд. Ин таҷлилҳо ҳамчун рамзи ваҳдат ва иттифоқи миллӣ маҳсуб меёбанд.

Рӯзи Ваҳдати Миллӣ барои мардуми Тоҷикистон як рӯйдоди таърихии беназир ва пурарзиш аст. Ин рӯз на танҳо хотираи хотимаи ҷанги шаҳрвандист, балки ифтихор аз қадами устувори миллат ба сӯи сулҳ, субот ва рушди устувор мебошад. Ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки имруз ба ҳар гӯшаи кишвар сафар намоем, оромӣ, ободӣ ва сулҳу суботро эҳсос мекунем. Шабҳо бе ҳеҷ гуна тарсу ваҳм дар кӯчаю хиёбонҳои диёрамон сайру гашт менамоем. Ин ҳама моро водор месозад, ки барои ҳифзи ин сулҳу субот ва пойдории ваҳдату ягонагии миллӣ масъулият ҳис намоем ва нагузорем, ки касе онро халалдор созад. Дар партави сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, моро — аҳли илм, лозим аст, ки дар рушди илми ватанӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда гузорем.

Таҳияи ходими калони илмӣ ва лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ: Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.