Перейти к основному содержанию

Имрӯз, санаи 14 июни соли 2025 дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво кӯлҳои пиряхии пиряхи Саид Нафисӣ (Баралмас) дар ноҳияи Лахш рахна шуда, сабаби обхезӣ ва баланд шудани сатҳи дарёи Сурхоб гардиданд.

Аз рӯи маълумоти кормандони минтақавии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш, рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ (дар баландии 3500м аз сатҳи баҳр) соати 9 ба қайд гирифта шуда, то соати 14 давом кард. Дар натиҷаи обхезӣ пули пиёдагарди деҳаи Сугати ноҳияи Лахш пурра талаф ёфта, боиси хушбахтист, ки хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Боиси ёдоварист, ки рахна шудани кӯлҳои мазкур ва ташаккулёбии ҷараёни сел аз ҷониби мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешгӯӣ гардида, ҷиҳати кам кардани талафоти ҷониву молӣ ва иқтисодӣ ба мардуми поёноб тавсияҳои муфид дода шуданд.

Пиряхи Саид Нафисӣ дар доманаи шимолии қаторкӯҳи Пиётри якум аз баландии 5100 метр аз сатҳи баҳр ғизо гирифта, забонаи он дар баландии 3498 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст.

Пиряхи мазкур пиряхи набзонии дараҷаи 3 буда, вобаста ба нишебӣ ва тарҳи ҷойгиршавиаш дорои зиёда аз 15 кӯлҳои хурду бузурги пиряхӣ мебошад, ки тайи чанд соли охир пайваста ин кӯлҳо дар фасли тобистон рахна мешаванд.

Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ҳолати пиряхи мазкур ва кӯлҳои пиряхии онро таҳти назорати пайвастаи таҳқиқот қарор додааст ва марказ дар рӯзҳои наздик дар ин масир баргузории экспедитсияи комплексиро бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор ба нақша гирифтааст.

Бояд ҳушдор дод, ки кӯлҳои пиряхӣ на танҳо бо боридани борон, балки дар натиҷаи ҳарорати баланд дар фасли тобистон низ рахна шуда, боиси сар задани обхезиҳо мегарданд.

Перемещайте мышь для просмотра фото в 3D