Перейти к основному содержанию

12312Дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш ва таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастовардҳои зиёд дида мешавад.

Воқеан, варзиш дар ҳама давру замон барои инсоният аҳамияти бузург доштаву яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти солими ҷомеа шинохта шудааст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои хеш ин масъаларо матраҳ намуда, ҳаёти солимро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд: «Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем».

Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистқлолӣ дар баробари дигар навъҳои варзиш таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба футбол равона гардида, дар ин самт корҳои муҳиме ба анҷом расидаанд. Яке аз иқдомҳои шоистае, ки барои рушду пешрафти ин навъи варзиш мусоидат хоҳад кард, ин пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ тариқи қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25 - уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҳамасола 25- май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар тамоми дунё таҷлил мегардад.

Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил гардид, ки дар ин маросим Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.

Мусаллам аст, ки бозии футбол аз қадимулайём ва то имрӯз ҳамчун яке аз машғулиятҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, бо мурури замон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун василаи баҳамоии ҷавонони давлатҳои мухталиф, роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидсозии мардумони олам мебошад. Бозии футбол як навъи варзишест, ки қитъаҳо, давлатҳо, давлатҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва инчунин рустоҳоро ба ҳам меорад.

Воқеан футболбозӣ варзишест, ки сокинони ҷомеаи ҷаҳониро новобаста аз нажод ва дигар омилҳои мухталиф бо ҳамдигар муттаҳид намуда, ҳамзамон ба забони универсалӣ сухан мегӯяд. Ин бозӣ як шакли баргузории ба худ хосро дорад, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур намуда, тимсоли падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист. Дар радифи баргузории бозиҳои футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ аксарияти мардум ва миллионҳо нафар мухлисони ашаддӣ аз ҳама бештар дар бораи пирӯзӣ, пешрафт ва шодмонӣ меандешанд.

Боиси зикр аст, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ​тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим пайваста олимони ҷавонро ба варзиш ҷалб намуда, бо иштироки онҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ, бозиҳои футболи дӯстона, волейбол ва дигар навъҳои варзишро баргузор менамояд.

Дар воқеъ, дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба тамоми варзишгарон, футболбозони касбӣ, мурабиёну доварони онҳо ва ҳаводорони футбол Рӯзи ҷаҳонии футболро табрику таҳният хонда, ба онҳо саодату сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназиро таманно менамоям. Бигзор футболбозони мо бо азму иродаи устувори хеш дар маъруфтарин майдонҳои футболбозии ҷаҳон баромад намуда, Парчам ва номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад!