Перейти к основному содержанию

Кори Рустам Рустамона ҳаст!

123Боз фарзанди миллати тоҷик аз минбари баланд баромад намуд, барои ҷаҳониён эҳдо кард. Эҳдо аз сулҳу осоиштагӣ, аз варзишу танумандӣ, аз ҳамкориву ҳамдиливу ҳаммаромӣ. Ифтихорот ва сарбаландӣ ҳаст. Барҳақ аст шеъри устод Абдуллоҳи Раҳнамо, ки

Дар он минбар на танҳо Рустами фарзанди Раҳмон буд

Дар он соат, дар он минбар, тамоми Тоҷикистон буд.

Бале, дар он минбари баланд бо ҳузури ҷавонсолори миллат тамоми Тоҷикистон ҳузур дошт, зеро аз мароми миллати тоҷик сухан карда шуд. Рустами Эмомалӣ пешниҳоди худро оид ба “Рузи ҷаҳонии футбол”,ки танҳо тараннуми ҳаёти солим ва танумандӣ ҳаст,тақвият бахшид. Ин фарзонаҷавони тоҷик арзишҳои меҳварии футбол, - ҳаммаромӣ, пешбурди фаъолияти дастаҷамъӣ, раванди одилонаи бозӣ ва эҳтироми ҳамдигариро бо усулҳои фаъолияти Созмони Миллати Муттаҳид ҳамсон гуфт ва он чизе ки гуфта шуд, инъикос аз фарҳанги ниёгони милати тоҷик буд, ки вассофи ҳамдигарфаҳмиву дустиву адолат ва танумандиву қаҳрамонӣ буданд.

Ҷавони тоҷик андар тахти шоҳони ҷаҳон биншаст,

Ки андар олами имкон хаёле ғайриимкон буд.

Ба фарҳанге, ки дар васфаш ба ҷузъ аҳсант натвон гуфт,

Ба тадбире, ки армони ниёкони пурармон буд. (А.Раҳнамо)

Бояд гуфт ки пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фарзанди миллати тоҷикро СММ пазироӣ намуда,вобаста ба он қатънома қабул кард. Кунун ин пешниҳоди муҳими Рустами Эмомалӣ - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оламиён таҷлил менамоянд. Ҳамасола 25 май дустдорони футбол бо ҳам омада, рузи ҷаҳонии футболро танин менамоянд.

Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ вобаста ба таҷлили 25 май ҳамчун рузи ҷаҳонии футбол,бори нахуст, моҳи феврали соли 2024 баён гардида буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат ҷонибдории амиқро пайдо намуд. Сокинони синну соли гуногун бо баргузории роҳпаймоии оммавӣ, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҳаммаромии худро бо муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон доданд. Дар ин раҳпаймоӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуданд. Ин амал дар баробари ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон бозгу аз он буд, ки хурду бузурги Тоҷикистон нақши варзишу танумандӣ ва ҳаёти солимро дар пешбурди ҷомеа ва ҳаёти ҳаррузаи худ бараъло эҳсос доранд ва варзишро як рукни фарҳанги миллӣ ва омили солимии ҷомеаву миллат медонанд. Дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён –сокинони Тоҷикистон, бо болидахотирии том ва ҳаммаромӣ нишон доданд,ки бозии футбол қодир аст, ҷавонони давлатҳои дунёро,новобаста аз синну сол, нажод ва миллат, ойину эътиқод, бо ниятҳои нек, ҷиҳати дастгирии ҳаёти солим ва танумандӣ бо ҳам орад.

Бозии футбол, ки дар ҷаҳон мухлисону дустдорони бешумор дорад,метавонад бо ҷолибияти худ тамоми монеаҳову нофаҳмиҳоро аз байн бибарад, одамонро наздиктар бисозад. Бозии футбол дорои неруи сарҷамъкунанда ва муттаҳидкунанда мебошад,тақозои тарбияи ҷисму руҳи солимро дорад. Ривоҷи бозии футбол дар марҳилаи кунунии ҳассоси ҷаҳон,ки дар он ҳаргуна гурруҳҳои зидди арзишҳои неки инсонӣ тақвият ёфтаистодаанд,басо муҳим мебошад. Тавассути равнақи ин бозии шавқовар метавон руҳияи ҷавононро ба ахлоқи ҳамида,эҳтироми ҳамдигарӣ ва интихоби дурусти ҳаёт ҷалб намуд. Футбол таърихи куҳан дорад ва чандин насли башарро бо тарғиби тарзи ҳаёти солим тарбия намудааст.

Пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон,Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси шаҳри Душанбе низ маҳз аз чунин афкор сарманша мегирад.Ҳадафи ин фарзонаҷавони миллати тоҷик – муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо манзури чунин пешниҳод низ он аст,ки тавассути таҷлили рузи ҷаҳонии футбол ҷавонони давлатҳои гуногун боз бо ҳам оянд. Рузи ҷаҳонии футбол боз як баҳонаву воситаи навбатиест баҳри ваҳдатороиву ваҳдатсароиву ваҳдатсозии мардумони дунё,ки дар марҳилаи кунунии таърих ба он ниёзи зиёд аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мадди аввал худ варзишгар аст, вассофи ҳаёти солим ва танумандӣ, дустдори ин намуди бозии варзишӣ ва аз ин рӯ шавқу рағбатро нисбати муҳимият ва мавқеи футбол дар ҳаёти ҷавонон аз ҳама бештар дарк менамояд. Ин пешниҳод – эълони рузи ҷаҳонии футбол, аз нахуструзи қабули Қатънома натоиҷи неку самарабахш дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ фарзанди ғаюри миллати тоҷик, варзишгари комгору сиёсатмадори ҷавони ҷаҳони муосир хуб дарк дорад,ки дар ин айёми нооромиҳои Шарқу Ғарб месазад,ки теъдоди чорабиниҳои муттаҳидкунандаву баҳамоварандаи аҳли башар бештар бошанд. Ин пешниҳод аз умқи дили инсондустонаи ин ҷавонписари миллати тоҷик- муҳтарам Рустами Эмомалӣ руҷуъ кардааст, ки танҳо нияти неку самимият ва маҳбубияти хосаро нисбат ба мардумони дунё таҷассумгар мебошад.

Бо дарки чунин ниятҳои неки фарзанди модари тоҷик, 7 майи соли ҷорӣ Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта,вобаста ба он қатъномаро ба тасвиб расонид.Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шудааст.

Манзури чунин пешниҳоди ба нафъи мардумони дунё дар ин айёми пуртаззод басо саривақтӣ мебошад ва бори дигар шаҳодат аз он аст,ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарки масоили муҳими ҷаҳонӣ ҳамқадами замони худ,фарзанди даврони худ аст. Дастгирии ин гуна пешниҳод дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҷавонони Тоҷикистонӣ ва кулли мухлисони ин намуди бозии варзишӣ мояи ифтихор аст.Таҷлили Рузи ҷаҳонии футбол ҳамзамон боиси он аст,ки теъдоди мухлисони футбол зиёд ва дар маҷмуъ дустдорони ҳаёти солим афзоиш ёбад.

Дар Тоҷикистон Рузи ҷаҳонии футбол бо Рузи ҷавонони Тоҷикистон ҳамқадам аст. Тавҳамии Рузи ҷавонони Тоҷикистон ва Рузи ҷаҳонии футбол ҳамбастагии ҷавонию варзишро баёнгар мебошад. Бешак футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ватан на танҳо ба ҳайси бозии варзишии шавқовар, балки ҳамчун воситаи муаррифии миллат,вассофи солимият дар мамлакат, рағбат ва шавқ дар ҷодаи ташфиқу тарғиби фарҳанги варзиш, ҳамзамон ҳамчун ҳамқадами замони худ будани ҷавонони Тоҷикитонӣ шинохта мешавад. Бозии футболбозони тоҷик низ ба марҳилаи нави рушди хеш расидааст. Ҳар як голи футболбозони тоҷик ва бозии пирузонаи онҳо боиси фараҳмандии хурду бузурги Тоҷикистон мебошад.

«Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», ки бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» амалӣ гардиданд, албатта ба рушди футбол дар мамлакат таъсири худро расониданд. Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии ин барномаҳо рушд бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад. Ҳамзамон дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди амал қарор доранд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт муҳими Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 28 декабри соли 2024 омадааст, ки “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзишии футбол таъмин менамоянд”

Ба ҳамин зайл варзиш дар мамлакат ба як рукни фарҳанг табдил ёфта, ба рушди футбол таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад.Ҷоиз ба гуфтан аст, ки рушди футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Ватан низ бо номи муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавҳамии комил дорад. Маҳз ин варзишгару сиёсатмадор футболи тоҷикро дубора ҷон ва қабои нав бахшид.

Имрузҳо ин ҷавонписари худогоҳи миллат, муҳтарам Рустами Эмомалӣ самараи заҳматҳои худро андар рушди футболи Тоҷикистон ва рушду таваҷҷуҳ ба он дар сатҳи ҷаҳонро ба даст овард. Аз минбари баланд судманд будани пешниҳоди худро, ба нафъи аҳли башар будани онро, инъикоси арзишҳои неки инсонӣ дар онро исботи амиқ намуд.

Дар рузи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавони худогоҳи миллат боз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба маромҳои инсондустонаи мадуми тоҷик ҷалб намуд. Ин беҳтарин туҳфа дар ин иди ояндасозони Ватан ва дар ҳақиқат Рустами як Тоҷикистони бузург.

Аҳсан ба фарзанди сазовори падар!

Хосият Худоёрбекзода - унвонҷуйи шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ