Перейти к основному содержанию

1212Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари дорои сарчашмаҳои бузурги оби тоза, пиряхҳои бузург имкониятҳои сайёҳӣ дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.

Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки санаи 29 - 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшаии глобалӣ ба онҳо мебошад. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад.

Пешниҳоди силсилаташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо ба Созмони Миллали Муттаҳид ва баргузории конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари сабз ва дорои захираҳои бузурги обу пиряхҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон нақши муҳим мебозад.

Дар ҳошияи баргузории конфронси мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро оид ба масоили ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва дурнамои илми криосфера бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ба нақша гирифтааст:

-санаи 22.05.2025 баргузории озмуни “Беҳтарин тасвир” дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоқикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо”;

-санаи 26.05.2025 кушодашавии Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон;

-санаи 26.05.2025 кушодашавии Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо, ва санитария;

-санаи 27.05.2025 баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Омӯзиши вазъи муосири криосфераи Тоҷикистон ва саҳми он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ»

-санаи 29.05.2025 бо назардошти вақти муайян чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Пешрафти омӯзиши криосфераи Тоҷикистон: дастовардҳо ва самтҳои оянда” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ;

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Изотопҳо ва технологияҳои муосир дар омӯзиши пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ;

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Илм ва пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо Институти экология ва географияи Синзяни Чин;

- “Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ” дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд қайд кард, ки соли 2018 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ин Марказ дар самти омӯзиши пиряхҳои кишвар, муайян кардани тавозуни онҳо ва омода сохтаи Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо усулҳои замонавӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти назаррас менамояд.

Дар баргузории чорабиниҳои мазкур натиҷаи корҳои тадқиқотии олимони дохилӣ ва хориҷӣ табодул ёфта, ҷиҳати сайқали илми криосфера ва глятсиология шароит фароҳам меоварад.

Убайдулло Убайдуллоев ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”