Перейти к основному содержанию

Паёми табрикии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз!

Ҳамасола дар саросари кишвар 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад, ки ин ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва аввалин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон баргузор шуда буд, ки поягузори банақшагирӣ ва татбиқи барномаву чорабиниҳои бузург дар самти ҷавонон гардид. Дар ин мулоқот ҳануз Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки “Мо хуб дарк мекунем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.

Ҳамин буд, ки баъдан бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ба вуҷуд омад. Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи таҳлилҳои хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид-Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон дониста шуда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин сабаб Тоҷикистон кишвари ҷавонон ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаҳои мазкур, аз мо, амалисозии тадбирҳои зиёдро дар тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмуи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои нав, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати кишвар ва муассисаҳои ваколатдори он бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додаанд. Хусусан дар соҳаи илму маорифи кишвар, ҳар сол, ҷоизаҳои зиёди давлативу соҳавӣ ба ҷавонони фаъол тақдим карда мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд, ки то ба имрӯз зиёда аз 200 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини Шурои мазкур бо иштироку суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он масълаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардиданд. Маҳз дар ин ҷаласа бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди аз ҷониби Пешвои муаззами миллат - соли 2017 “Соли ҷавонон” элон гардида буд.

Аз самтҳои дигари дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.

Дар ҳама навъҳои варзиш, аз қабили футбол, футзал, бокс ва гуштингирӣ ҷавонони мо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, аввалин бор соли гузашта Гран-прии Душанбе ва имсол Гранд-слами Душанбе оид ба дзюдо дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Соли равон дар марҳилаи ниҳоии “Ҷоми Осиё” иштирок намудани дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба футбол ва то даври нимниҳоӣ баромадани мунтахаби ҷавони футболи кишвар, инчунин ба чемпионати ҷаҳон дар соли 2025 роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футболи ҷавонони кишвар фараҳбахштарин комёбиҳои варзиши мо буданд.

Дар маҷмуъ, ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Пешвои муаззами милат ба ҷавонон эътимоди комил дошта, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ менамоянд ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар таъкид менамоянд.

Ҳоло мо дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки соле пеш аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд ва тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25-уми май эълон гардид, қарор дорем. Мо бовар дорем, ки дар ин моҳи барои ҷавонон хос, онҳо дар чорабиниҳои ташкилнамуда фаъолона иштирок менамоянд. Баргузории роҳпаймоӣ ва дигар чорабиниҳои канорӣ гувоҳ аз фаъол будани ҷавонони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз дастгирии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешои миллат дарак медиҳад.

Ҷавонони гиромӣ, ба якояки Шумо саломатӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва ҳифзи сулҳу суботи сартосарӣ комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!