Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 06 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ғалаба бар фашизм” баргузор гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик ғалаба бар фашизм ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст.

Гуфта шуд, ки ҷоннисориҳои падарону бобоёни мо дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чи дар ақибгоҳ ва чи дар хати фронти ҷанг фаромӯшнашуданист. Аз ин рӯ, санаи пирӯзӣ бар фашизм, ки омили сулҳу оромӣ дар рӯйи олам гардид ва халқҳои гуногуни олам ба сӯйи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда роҳ гирифтанд, барои миллати тоҷик санаи хотирмон аст. Зеро ҷанговарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли ҷанги чандсолаи гӯшношуд ҷасуронаву қотеона иштирок карда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола таҷлили Рӯзи ғалаба як навъ арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пос доштани хотироти неки шаҳидони ин ҷанги хунину хонумонсӯз мебошад.

Ҷойи таъкид аст, ки қатлу куштору бераҳмии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки падарону бобоёни мо шоҳиди воқеии ин ҳодисаҳои гӯшношунид гаштаанд, барои насли имрӯза дарси ибрат аст.
Ҳамаи мо фаромӯш накунем, ки ҷанг дар ҳар шаклу усуле набошад, ба инсон бадбахтӣ меорад. Танҳо сулҳ аст, ки саодати инсонро эҳдо мекунад. Мояи дарку фаҳми баланд аст, ки аз имрӯзи худ, аз давлати тинҷу ором ва хотири ҷамъу хонаи ободи хеш шукрона кунем ва баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон раъйи дуруст ва дасти созанда дошта бошем.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.