Skip to main content

АСОСӢ

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ, ки 28- уми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, баён намуданд, ки “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Дар ҳақиқат, забондонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди шахсӣ ва касбӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонишавӣ равандҳои иҷтимоиву иқтисодиро тағйир медиҳад, омӯзиши самараноки забонҳои хориҷӣ барои ҳар фарди ҷомеа зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар зарур шуморидем, ки чанд роҳҳои самараноки омӯзиши забониҳои хориҷиро дида бароем.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ метавонад дарҳои зиёдеро барои имкониятҳои сершумор боз кунад, аз баланд бардоштани дурнамоии касбу ҳунар ва ҷолибтар кардани сайру сайёҳат. Новобаста аз он ки мову Шумо шурӯъкунандагон ҳастем ё мехоҳем малакаҳои худро такмил диҳем. усулҳои самараноки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва беҳтарин равишҳо барои азхудкунӣ мавҷуданд.

Яке аз роҳҳои беҳтарини омӯзиши забон муҳити забонӣ мебошад. Гӯш кардани радио, тамошои филмҳо ва мутолиаи китобҳо бо забони асл ба беҳтар шудани маҳорати шунавоӣ ва фаҳмиш кӯмак мерасонад.

Курсҳои онлайн- дар дилхоҳ сомонаҳо аз қабили ютуб, фейсбук, инстаграм, телеграм мавҷуданд ва шумо метавонед аз онҳо ба таври интихобӣ истифода баред. Дар ин курсҳо ҳамаҷониба забонҳоро пешниҳод мекунанд, ки шумо метавонед бо суръати баланд аз худ намоед. Ин курсҳои онлайнӣ фароҳам меоранд ва ба Шумо имкон медиҳанд, ки дар вақти дилхоҳ забонро аз худ намоед. Ба ғайр аз ин барномаҳо ва замимаҳои мобилӣ, мисли Duolingo, Memrise ва Mondly, метавонед барои такмили дониши забонӣ истифода баред.

Гӯш кардани радио, мусиқӣ ва подкастҳои забонӣ, ки мехоҳед омӯзед, як роҳи муассири такмили малакаҳои шунавоӣ ва фаҳмиш мебошад. Омӯзиши забон тавассути ин усулҳо метавонад шавқовар ва ҷолиб гардонад. Мусиқӣ ба беҳтар шудани талаффуз ва ритми гуфтор кӯмак мекунад, дар ҳоле ки подкастҳо дарки амиқтари лаҳҷаҳо ва гуногунии онҳо таъмин менамоянд. Мавзӯъҳоеро, ки Шумо ба онҳо таваҷҷӯҳ доред, интихоб кунед, то раванди омӯзишро боз ҳам ҷолибтар ва самараноктар гардонед.(Терминали подкаст вебсайтест, ки ин як навъи шабакаҳои иҷтимоӣ буда, ба технологияи видеоблогҳо ва радиои интернетӣ шабоҳат дорад. Илова ба сабти аудио ва видео, он метавонад сабти нутқро дар шакли матнӣ низ дошта бошад).

Тамошо кардани филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ бо забонҳои хориҷӣ бо субтитр метавонад маҳорати шунавоӣ ва талаффузи шуморо ба таври назаррас беҳтар созад. Агар Шумо омӯхтани забонро нав шурӯъ карда бошед, тавсия дода мешавад, ки аввал филмҳо ва подкастҳо бо субтитрҳо тамошо кунед ва тадриҷан кӯшиш намоед, ки бидуни онҳо тамошо кунед, зеро бо гузашти вақт фаҳмиши Шумо беҳтар хоҳад шуд. Субтитрҳо матнҳое мебошанд, ки мундариҷаи аудиоро дар филм, намоиши телевизионӣ, опера ё дигар васоити аудиовизуалӣ ифода мекунанд).

Хондани китобҳо ва мақолаҳо як роҳи муассир барои беҳтар кардани донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Омӯхтани забони англисӣ нисбат ба баъзе забонҳо осонтар аст, зеро китобҳо дар забони англисӣ ба сатҳҳои гуногун ҷудо шудаанд, ки ин ба хонандагон имкон медиҳад мутобиқи сатҳи дониши худ маводи мутолиавиро интихоб намуда, ба тадриҷ малакаҳои забондонии худро такмил диҳанд. Хондан на танҳо захираи луғавии инсонро афзоиш медиҳад, балки инчунин ба онҳо дар фаҳмидани сохтори ҷумлаҳо ва ибораҳо кӯмак мекунад.

Суханронии оммавӣ ва иштирок дар мубоҳисаҳо метавонанд эътимод ва равонии гуфтугӯи шуморо зиёд кунанд. Машғул шудан ба суханронии оммавӣ ё шомил шудан ба клуби мубоҳисавӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки бо забони хориҷӣ фикр кунед ва андешаҳои худро равшан баён намоед. Ин фаъолиятҳо як таҷрибаи олӣ барои такмили маҳорати гуфтугӯӣ ва омодагӣ ба сӯҳбатҳои воқеӣ мебошанд.

Хулоса, роҳҳои зиёде барои омӯзиши самараноки забонҳои хориҷӣ мавҷуданд ва интихоби беҳтарин равиш аз афзалиятҳо, ҳадафҳо ва сатҳи дониши ҳозираи Шумо вобаста аст. Якҷоя кардани якчанд усулҳо, аз қабили таҳсилоти расмӣ, муколамаҳои (диалог) бо забонҳои хориҷӣ, омӯзиши мустақилона ва таҷрибаи фароғатӣ метавонад натиҷаҳои беҳтарин ба бор орад. Муҳим он аст, ки равиши омӯзиш барои шумо шавқовар ва самаранок бошад, то ба рушди пайваста ва такмили малакаҳои забондонии худ ноил гардед.

Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мунтазам машқ кардан муҳим аст. Курсҳои забономӯзиро ба роҳ монед ва аз хато кардан натарсед - ҳар як кӯшиш як қадам ба сӯи маҳорат аст! Хатоҳо ҷузви табиии раванди омӯзиш ҳастанд ва онҳо барои такмил ва рушди малакаҳои забон муфиданд. Пас, худро ба таври мунтазам ба омӯзиш ворид кунед ва ба ҳар як дастоварде, ҳатто хурд ҳам ки бошад, арҷ гузоред!

Халилова Мадина - Магистранти курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалии Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(Дар ҳошияи Аҳдномаи дӯстии Тоҷикистону Қирғистону Узбекистон дар Хуҷанд ва аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» дар шаҳри Самарқанд)

Баҳори соли 2025 бо машъали фурӯзони сулҳу дӯстӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд дар партави мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон оғоз гардида, дар натиҷаи он санаи 3-4 апрел дар шаҳри таърихии Самарқанд аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» бо ҳузури сарони кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта баргузор гардид. Муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкории амалии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиё, Африқо ва Амрикову Аврупо ба таври ҳасана рушд ёфта, пайваста мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва афзоиши гардиши мол, пешбурди барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетикаи сабз, саноати истихроҷ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва рақамисозӣ, идомаи табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки минтақаи Осиё аз қораи бузуртарини ҷаҳон, шомили арзишҳову манобеии табиӣ ва дорои аҳамиятҳои стратегӣ баррасии масоилу ҳаводиси таърихии он хело муҳим арзёбӣ гардида, фарозу нишебҳои ҳаводиси геополитикии минтақа ва сулҳу субот ягона воситаи беҳбудӣ дар рушди иқтисодиву тиҷорат дар минтақа мебошад.

Бояд қайд кард, ки баъзе аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Душанбе, Хуҷанд, Тошкант, Бишкек, Ашхобод, Бухорову Самарқанд дар ташкилу мизбонии форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ саҳми сазовор мегузоранд, ки аз аҳамияти афзояндаи геосиёсии Осиёи Марказӣ ҳамчун "ҳаб"-и нави муносибатҳои байниминтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, охири марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд мулоқоти судманд доштанд, ки дар соли нави хуршедӣ он як рӯйдоди муҳим таърихӣ баҳри ҳифзи наслҳову васлҳои мардумони минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Он заминаи хубро дар ҳамкориҳои дохили минтақа дар фазои сулҳу дӯстӣ фароҳам оварда, шароити нави рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин намуд.

Осиёи Марказӣ мардумони гуногунро муттаҳид сохта, бо мероси муштараки таърихӣ ва маънавии худ дар тӯли асрҳо чун минтақаи Мовароуннаҳр маъруфият пайдо карда, маркази муҳими тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар масири Роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштаанд. Пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои минтақа бо мушкилоти печида аз ҷумла муайян кардани сарҳадҳои давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои қавмӣ ва ҷуғрофӣ дучор гардида буданд. Вале дар партави эҷоди мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон тавонистанд муносибатҳои худро дар асоси эҳтироми мутақобил ва ҳамсоягии нек бунёд кунанд.

Ҳамин тариқ, санаи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин нишасти сетарафаи кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки аз сабаби аҳамияти сиёсиву амниятӣ доштан қадами устувор дар раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Тибқи коршиносони соҳа нишасти Хуҷанд ба коҳиш додани масоили мубрам кӯмак намуда, соҳаҳои амният, экология ва фарҳанг имкониятҳои нави лоиҳаҳои муштаракро тақвият мебахшад. Сарони кишварҳо дурнамои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инфрасохториро баррасӣ намуда, аҳамияти ҳамгироии минтақавиро баъд аз дарёфти Истиқлоли миллии худ як амри зарурӣ дар шароити шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ шуморида, таъкид карданд, ки аз тавсеа ва амиқсозии равобити мутақобилан судманд заминаҳои хуб бо кишварҳои ҷаҳон бо шумули Осиёи Ҷанубӣ, Африқову Амрикову Аврупо бештару беҳтар пайдо шуда, аҳамияти қабули “харитаи роҳ”-и муштарак мавриди қабули ҳамагон гардид.

Робитаҳои байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ замони муноқишаву бозиҳои геополитикии Русия ва Британия дар канор монда, бо таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ эҳё шуда, талошҳои барқарор намудани робитаҳо бештар роҳандозӣ шуд. Кишвари Покистон аз ташаккули давлатҳои нави Осиёи Марказӣ истиқбол намуда, шарикии геостратегиро бо Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самти бозорҳои нави фурӯш ва манбаъҳои ашёи хом ва инчунин дастрасии умедбахш ба фазои Авруосиё қадами хуб медонад.

Мавриди зикр аст, ки масири Транс-Эрон минтақаи Осиёи Марказиро танҳо бо Ҳиндустон ва масири Транс-Чинӣ бо Покистон мепайвандад, ки дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ зарур аст.Бо вуҷуди идомаи фазоҳои геополитикии минтақаҳои ҷаҳон роҳбарони кишварҳои ОМ саъй доранд то тарҳҳои банақшагирифтаро амалӣ карда, талошҳои ба даст овардани созиш бо кишварҳо дар мавриди бунёди роҳҳои иртиботӣ, бо бозидиду мулоқоти роҳбарони кишварҳо тавсеа ва таҳким мебахшанд.

Миёни кишварҳои ҷаҳони раванде бо номи “сиёсати сабз” ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” хело шуҳрат ёфтааст, ки фарогири ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ташаббускорони он барномаҳоро баҳри рушди устувор таъкид карда, амалӣ месозанд.

Ба андешаи муҳаққиқ ва коршиноси покистонтабор Ҳамна Ғиёс Шайх матну мағзу мафҳум ва коркарди сиёсати энергияи сабз асосан аз иқлимшиносӣ, зистшиносӣ ё экологизм иборат буда, ҳадафи асосиаш ба даст овардани қонунгузории муфиду самарабахш бо дарназардошти коҳиш додани ифлосшавӣ, ҳифзи муҳиту атроф, ҳифзи нобудшавии ҷангалҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи такрорӣ дар ҳама ҷанбаҳои муҳими ҳаёти башар мебошад.

Ҳамин тариқ, сиёсати энергияи сабз дар асл ба он равона шудааст, ки кишварҳо бояд ба ҳадафҳои устувор барои ба даст овардани пешрафти экологӣ ноил гарданд. Бо вуҷуди пешрафти технология, нигарониҳо дар бораи ҳифзи муҳити атроф бештар гардидааст. Барои пешгирӣ аз он сиёсати сабз ҳамчун роҳи наве баҳри ҳифзи муҳит ва коҳиш додани олудагиҳо барномаҳоашро амалӣ месозад. Бояд қайд кард, ки раванду равиши иқтисодӣ бо арзишҳои инсонӣ муштарак аз корҳои дорои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, бо иҷори саривақтии барномаҳои қабулшуда метавон сиёсати энергияи сабз муҳити атрофро тавсеаву тақвият бахшида, лоиҳаҳои муфиду созандаро барои зиндагии солими шаҳрвандон пешкаш кард.

Зимнан, санаи 17-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар нишаст ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардид, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша шуд. Кишварҳо атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯ доштанд.

Тибқи гузориши Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ дар соли 2018 аксари шаҳрҳои олудаи ҷаҳон аз ҷумла Гвалиор, Аллоҳобод, Райпур ва Деҳлӣ ба Ҳиндустон тааллуқ дошта, ин кишвар дорои барномаи энергияи сабз марбут ба муҳити зистро ба таври хубу муассир роҳандозӣ накардааст. Бештари мардуми Ҳиндустон ин созмонҳоро чун фаъоли иҷтимоӣ медонанд, ки бе ягон барномаи сиёсӣ фаъолият мекунад.

Молдив хурдтарини кишвари минтақаи ОҶ буда, тақрибан 1200 ҷазираро дар бар гирифта, аз марказҳои сайёҳӣ мебошад, ки шумораи сайёҳон аз тамоми ҷаҳон аз он дидан мекунанд. Дар сурати афзоиши сатҳи баҳр, ифлосшавӣ ва баланд шудани ҳарорат кишвар зери об хоҳад монд. Бангладешу Шри-Ланка аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хурд буда, аҳолӣ зиёд доранд. Покистон, ки дар феҳрасти кишвари осебпазиртарин ба тағйирёбии иқлим шомил буда, дар сатҳи расмӣ ва ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ бо фарогирии обу ҳаво ҷиддӣ мубориза мебарад. Ҳукумат ташаббус нишон дод, ки дар бораи тағйирёбии иқлим ҷиддӣ иқдоми саросарии ниҳолшинонӣ ба сӯи муҳити амаласозии энергияи сабз барои наслҳои ояндаи Покистон ба роҳ монад.

Ҳамин тариқ, мулоқоти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои рушди муколамаи созандаи сиёсӣ ва шарикии гуногунҷанба дар рушди соҳаҳои рақамикунонӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, энергетика ва идоракунии обу иқлим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегирад. Ҳамин тавр, лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ дар соҳаи таҳсилоти оливу касбӣ ва системаи энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ оғоз гардида, форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва ҷаласаҳо бо идомаи муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мунтазам баргузор мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо, ки шомили 27 давлат бо шумули се кишвари бузурги иқтисодии G7 Олмон, Фаронса ва Италия аз бузургтарин иттиҳоди ҳамгироие мебошад, ки ҳамкориҳои системавиро бо бештари минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Марказӣ дар сатҳи байниминтақавӣ роҳандозӣ кардааст. Ҳамин тавр, мақсуду мавзӯъҳои аслии нишасти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанди бостонӣ савдову сайёҳату саноат, истифодаи энергияи сабз, истихроҷ ва коркарди маъданҳо буда, Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, то бастаи бузурги сармоягузориро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбарӣ намояд, ки сармоягузорӣ барои нақлиёт, захираҳои муҳими табиӣ, интиқоли барқ ​​ва рақамикунонӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбанд.

Дар Саммити мазкур намояндагони олии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, раиси Шурои Аврупо Антонио Коста ширкат карда, иброз намуданд, ки саммит ҷузъи стратегияи аврупоӣ буда, ба захираҳои бузурги ашёи хоми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза бештар таваҷҷӯҳ дода шуда, сармоягузорӣ мегардад. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен таъкид кард, ки “Аврупо дар пайи эҷоди як занҷири фарогири пурарзише аст, ки на танҳо шомили ашёи хоми минтақа буда, балки барои таъсиси ҷойҳои кории маҳаллӣ ва таъмини стандартҳои баланди экологӣ ва иҷтимоӣ низ муҳим арзёбӣ мегардад”.

Ноамниву ноустувории геополитикӣ, афзояндаи хатарҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим аз кишварҳои ҷаҳон шаклҳои нави ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Зеро чунин хатарҳо бештари кишварҳоро бо шумули Аврупо мавриди таҳдид қарор медиҳад. Яке аз мавзуҳои рӯзномаи саммити Самарқанд масоили мубрами Афғонистон ва амнияту бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, мавқеи расмии Тоҷикистон сулҳу субот ва ҳукумати фарогир буда, равандҳои иқтисодии байналмилалӣ ва тавсеаи бахши сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикон ҷиҳати пешбурди некуаҳолии мардум муҳим арёзбӣ шуда, баҳри ҳамкории минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар хулоса бояд зикр кард, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузории Иттиҳоди Аврупо метавонанд, аз захоири фаровони худ хуб истифода карда, бо амалисозии сиёсати энергияи забз ва ҳифзи муҳити зист лоиҳаҳои қабулшударо хубтару беҳтар амалӣ намуда, мардумону диёру Ватани худро зери сояи озодӣ, оромӣ ва ободӣ ба суи пеш роҳнамоӣ хоҳанд намуд. Ҳамин тариқ, ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи хубест дар рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон, ба хусус Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

Дар ниҳоят тавсия дода мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ дар ташвиқу тарғиби сулҳу дӯстӣ, иқтисод, амалисозӣ, ҳамкорӣ ва маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа тавсеаву тақвият бахшанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Гули Лоларо мо ҳамчун гули «Аруси сол», «Маликаи табиат» ва «Зеби табиат» мешиносем, ки дар байни дигар гулҳои худрӯи баҳорӣ ва сабзаҳои навраста ҳар фасли баҳор, махсусан дар моҳи апрел ба шукуфтан шурӯъ мекунад. Дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту саҳро, чаману гулгашт ва боғу боғчаҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову ҳаловатбахш менамояд. Фалсафаи ин гули худрӯи табии зебову ҳассос дар он аст, ки ӯ нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо ва на тоқати бодҳои тундро дорад. Табиати гули «Аруси сол» Лола ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани ҷон аст. Гули Лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯй мебошад ва ӯ ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад ва то ҳастияш бо тамоми атрофиёнаш дар ваҳдату осоиштагӣ умри кутоҳи хешро ба сар мебарад. Мо инсонҳо бояд лаҷоми нафси хешро ба даст гирифта, аз ин падидаҳои табиат панду дарси ибрат бигирем. Аз ин ҷо, ин гули латифу нозуку меҳрубон дар фасли сол ду-се моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат бо дигар гулҳои худрӯ рангомезиву ҷавлон намуда, дар дили кас шодиву сурур, шодобӣ ва ишқу муҳаббатро нисбати табиату ватани хеш бедор намуда, ҳамчун як рамзе дар вуҷуди инсон ҳисси меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарвариро боз ҳам қавитар менамояд. Инсон чи қадар дӯст медорад, ки дар айёми шукуфои ин гули «Аруси сол» ба дашту саҳро ва боғу сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии табиат лаззат барад. Махсусан сурхии гули Лола ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ бо ҳам омезиш ёфта, хеле бо ҳам месозанд ва як бӯю зебоии хосеро ба машому дидаи кас мерасонанд. Вале мутаассифона, умри ин гули зебои табиат бо андак гармову вазидани бод барои сол ба поён мерасад. Гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худру дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвир ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҷом, қадаҳ, соғар ва ғайра таъбир шудааст:

Бихандад Лола ба саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун.

Ин мисраҳо аз тарафи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ ҳанӯз дар асри X дар васфи гули Лола ва иртиботи он ба табиату инсон бо забони ширину шево суруда шудааст. Ҳамчунин Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш дар бораи Лола ва табиати айёми наврӯзӣ чунин сатрҳоро зам-зама намудааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи Лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.

К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост,

Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст.

Дар ҷои дигар омадааст:

Аз ҳасрати лаби ширин ҳанӯз мебинем,

Ки Лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.

Гули Лола дар фарҳанги тоҷикон бо номи «Аруси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир баробари пешрафти диду фаҳм ва муҳаббат нисбати табиату зебоиҳои он метавон онро «Маликаи гулҳои табиат» номид, ки дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания, Африка мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Озорбойҷон гули Лола нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули Лола Амана Ҳонда ва Э. Попов…дар Эрон 19 хел аз шаклҳои гули Лола рӯида мешавад. Аз нуқтаи назари гиёҳшиносӣ Лола ба ду гуруҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад. Баргҳои Лолаи худрӯ нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои Лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор табақаи куллӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, нисбатан қадкутоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гуруҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гуруҳи гулҳои Лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас - ба ҳафт гуруҳ тақсим шудааст: 1.Лолаҳои дерраси такпар, ки баръакси гуруҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон ба назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпушида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули Лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули Тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хурдагӣ ва ба Тутӣ монанди дорад; 7. Гули дерраси пурпар шаклҳои махсус дошта, ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.

Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои Лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и Лолаи Ҳоландӣ шурӯъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои Лолаи Ҳоландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳон дорад.

Ҳамин тариқ, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули Лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав», «Аруси сол» «Маликаи гулҳои табиат» ва ҳоло бо номи «Лола – ифодакунандаи чеҳраи Лайло» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кучаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои ранго-ранг бо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр як нури биҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Он кас бо заҳматҳову истеъдодҳои баланду бомаърифатонаи фарҳангии хеш тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо шаҳрвандон аз Он кас сипосгузорӣ мекунем.

Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар кишту кошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкат меварзанд, эҳтиромро ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳои нозаруриро напартоянд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохту созҳо неъмати ӯст. Махсусан гули Лола, ки мавзӯи баҳси мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиати нозук дораду зуд осебпазир аст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиёти ӯ аз байн меравад. Умедворем, ки хонандаҳои азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як шаҳрванди бомаърифату бохиради табиатдӯст нисбати ободиву ҳифзи табиати сарзамини хеш амал кунанд.

Чунонки дар боло гуфтем гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи гули Лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун таъбиру тасвир ва киноя карданд: Лолаи доғдор, Лолапуш, Лоларух, Лолазор, Лолагун, Лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва ғайра мавриди истифода мешуд. Ҳамчунин гули Лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла Соиби Табрезӣ фармудаанд:

Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст,

Софу дурди ин чаман чун Лола як паймона.

Бисёр мутафаккирону шоирон барои обу ранг додан ва зебоии сухан гули Лоларо образ додаанд. Чунончи Сайидо навиштааст:

Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,

Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!

Чун барги Лола доғи маро тоза сохтӣ,

Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!

Маъно ва мафҳуми Лола. Лола ба туркӣ «Тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро Лола меноманд. Номи «гули Лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.

Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули Лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки қариб тамоми рангҳоро дороанд. Аз ин ҷо, гули Лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафшаӣ, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зард ва рангҳои омехта мебошанд. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули Лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовут ҳастанд. Ин се гул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад.[1] (Аммо дар асл ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.

Маҳал ва макони гулҳои Лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.

Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳал аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои куҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои ранго-ранг мебошад.

Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод, қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули Лолаи худрӯи қоматбаланд буд, ки бо номи «Лолагӣ» машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули Лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯи атру тароватҳои табии хеш ба рӯҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии наву тоза ба тоза мебахшад.

Агар нигоҳе ба таърихи гули Лола андозем, нақши гули Лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши Лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули Лола бо як даста гули Лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули Лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз сосониҳо боқӣ монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши Лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули Лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.[2]

Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули Лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар императури Усмонӣ ба номи «асри Лола» маъруф аст ва дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули Лола дар Туркия боло мегирад.

Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи Лола бо рангҳои мутафовут вуҷуд дорад. Дарозии қади Лолаи худрӯ бештар аз 20 сонтиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули Лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ ва ғ.

Муҳити зисти гули Лола: гули Лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули Лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

Навъҳои қадимии Лола аз таркиби ду навъ: Лолаи боғчаӣ ва Лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: Лолаи шинелқирмизӣ; Лолаи импературӣ ва Лолаи нилобӣ.

Ҳадаф аз навиштани ин мақола ин аст, ки табиат бо тамоми афзору унсурҳояш узви ҷудонашавандаи инсон аст ва аз ҳамин ҷиҳат масъалаи асосии фалсафаи ҳаёт – ин таносуби инсон, табиат ва кайҳони боло аст. Бинобар ин мо наметавонем қисмате аз ҳастии худро надида гирем ва по рӯи он гузорем. Аз ин ҷо, табиат ва неъматҳои онро мо баяд чун гавҳараки чашми хеш ҳимоят ва ҳифз кунем….

Муродова Тоҷинисо – номзади илмҳои фалсафа, дотсент ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза дар ҷаҳон нақши калидӣ доранд. Дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои умда ба манбаи оби тоза арзёбӣ мегардад, пиряхҳо зиёда аз 60% захираҳои оби минтақаро таъмин мекунанд. Аммо раванди ташвишовари тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба ин захираҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар чунин шароити нигаронкунанда, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи созандаю фаъолро ишғол менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои экологӣ ва захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор ибтикороти байналмилалӣ кардаанд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар ин арса саъю кӯшишҳо ҷиҳати қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Нақши мусбати Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим аз солҳои аввали роҳбариаш ба зуҳур пайвастааст. Яке аз нахустин ташаббусҳояшон пешниҳоди эълони соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ ёфт. Ин ибтикор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки ба мушкилоти дастрасии оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Минбаъд, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” (2005-2015) эълон гардид. Ин даҳсола ба ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷиддан мусоидат кард ва мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсафу пешгом дар ин соҳа мустаҳкам намуд. Дар идомаи ин иқдомот, соли 2013 бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шуд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт равона гашта буд.

Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин фароянд эълони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” (2018-2028) буд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ чун ибтикор пешниҳод гардид. Ин ибтикорот нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат на танҳо ба ҳифзи захираҳои об дар дохили Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Ин ибтикорҳо на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, балки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари пешсаф дар масъалаҳои глобалии экологӣ муаррифӣ карданд. Ин омил заминаи мустаҳкамеро барои пешбурди масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи СММ фароҳам овард.

Масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали асри XXI мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Зимни суханронии худ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 15) дар шаҳри Копенгаген (соли 2009), Сарвари давлат бори аввал пешниҳод кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад. Пешвои миллат он замон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон пайомадҳои манфӣ мерасонад.

Дар ин суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, то ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид ҳамкорӣ намоянд. Ин пешниҳод дар он замон мавриди дастгирии васеъ қарор нагирифт, аммо заминаи муҳим барои корҳои минбаъда гузошта шуд.

Дар солҳои минбаъда Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои байналмилалиро дар мавзӯи об ва иқлим баргузор кард, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” дар Душанбешаҳр (2018). Ин чорабиниҳо ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пиряхҳо мусоидат намуданд.

Пас аз солҳои корҳои ҳадафманди сиёсию дипломатӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ соли 2022 расман пешниҳод кард, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад. Ин пешниҳод дар асоси таҳқиқоти илмии Тоҷикистон ва таҷрибаи он дар мубориза бо таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таҳия шуда буд.

Раванди қабули қатънома бо ҳамкории фаъоли Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Барномаи экологии СММ (UNEP) ва дигар созмонҳо, сурат гирифт. 14 декабри соли 2022 Қатъномаи СММ “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” (A/RES/77/158) бо дастгирии 153 давлат қабул гардид. Ин Қатънома инчунин 21 мартро ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар кард.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд на танҳо дар пешниҳоди ғоя, балки дар ташкили музокироти сиёсию дипломатӣ ва ҷалби дастгирии давлатҳои дигар низ зоҳир гардид. Ин дастовард нишон дод, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ қодир аст масъалаҳои муҳими глобалиро матраҳ созад ва ба ҳалли онҳо мусоидат намояд.

Қатъномаи СММ оид ба соли 2025 таъсири назаррас ба сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ расонд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ он ба баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти пиряхҳо ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба онҳо мусоидат кард. Инчунин, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Сандуқи махсуси СММ барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои марбут ба ин соҳаро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Дар сатҳи минтақавӣ Қатъномаи СММ аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ таъкид кард. Пиряхҳои Тоҷикистон, аз қабили Пиряхи Федченко бо масоҳати 700 км мураббаъ, на танҳо барои кишвар, балки барои давлатҳои ҳамсоя низ ҳаётан муҳиманд. Ҳифзи онҳо ба таъмини амнияти об дар минтақа мусоидат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29) дар шаҳри Боку (соли 2024) даъваташонро ба ҳамкории муштарак бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ такрор карданд. Ин нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо ба қабули Қатънома, балки ба татбиқи амалии он низ таваҷҷуҳ дорад.

Илова бар ин, дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар таърихи 4 апрели соли соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши мазкурро бори дигар ба ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуда, мутахассисони минтақавӣ ва ҷаҳониро барои иштирок дар кори нахустин Конфронси байналмилалии баланд оид ба мавзуи зикргардида ба шаҳри Душанбе даъват намуданд.

Баргузории Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар соли 2025, ки дар Қатънома пешбинӣ шудааст, як қадами муҳим дар роҳи амалӣ кардани ин ташаббус хоҳад буд. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон таҷрибаи муфиди худро бо ҷаҳон мубодила кунад ва ҳамкориҳои навро ба роҳ монад.

Метавон гуфт, ки саҳми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Қатъномаи СММ оид ба соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бузург аст. Ӯ бо ибтикороти пайдарпай ва фаъолияти густурдаи сиёсию дипломатӣ тавонист Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ҳалли масъалаҳои экологӣ дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Ин Қатънома на танҳо ба ҳифзи пиряхҳо, балки ба таҳкими мавқеи нуфузи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ низ мусоидат намуд.

Акбар Салимов, - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои пайваста ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин хотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон ҷамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё худ бо ҳар баҳона диққати хориҷиҳоро ба хеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливухориҷӣ ҷудо мешавад, аммо хориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матинирода буда, имрӯз ба мартабаи ҷанини илму маърифат ва ҷавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.

Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони “Душанбе - қалби Тоҷикистон” III. - Душанбе соли 2021 нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо номи “Бунёдкорӣ - рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: “Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд. Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарҷамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллӣ ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро Ҷаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” (саҳ. 68).

Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида хоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи “шаҳри оқил” имрӯз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамҷун як падида мавзӯи омӯзиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо хусусиятҳои рушди пойтаҳт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисёр шаҳршиносон таҳқиқоти ҳудро ба омӯхтани пойтахтҳо бо мақсади ташхиси хусусиятҳои маданию таъриҳии дар он ба амаломада мебахшанд. Чунки тибқи анъана, пойтаҳт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамҷун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамҷун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамҷун як падидаи гуногунҷанба аз мавҷудияти равишҳои зиёде ба омӯзиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, профессор Қобилҷон Хушвахтзода чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази воқеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои ҳудро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имрӯз ҷаҳониён ҳамҷун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриҳу тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни Ҷаҳон ҳампо гашта беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии тоҷиконро дар худ инъикос мекунад” (саҳ. 68).

Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба хулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибқи мавқеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон хулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешқадам ва идеалӣ ғояву зебоии худро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи профессор Қобилҷон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт қомат афрохтаанд, омили ҷалбшавии ҷавонони минтақаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гунотун махсус арзёбӣ мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақтӣ амали гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олин касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ қазоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саро- сари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имрӯз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд” (саҳ. 69).

Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили қабул ва бо қаноатмандии хос арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, аксар биноҳои баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузурггарин пойтахтҳои ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Бинобар ин, профессор Қобилҷон Хушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: “Бо ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил хоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад” (саҳ. 69).

Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардида, ҳангоми кӯшиши муайян кардани шахсияти худ, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати худ, масъалаи ҳуввияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Ҷомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавҷудаи сокинони шаҳр ва ҷамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, ғояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳуввият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз рӯйи мансубияти маҳалли, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интихоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳуввияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебахшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роҳи таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи худогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтақа фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши ақлии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе!

Рӯзи пойтахт муборак, ҳамшаҳриҳои азиз!

Ширин ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

Душанбе қалби Тоҷикистон III. - Душанбе, 2021. - 344 саҳ.

(дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”)

Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар масири ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо боз як марҳалаи ҷадиди таърихӣ роҳандозӣ гардид, ки барои Тоҷикистон низ ҳамчун саҳифаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мегардад.

Дар қаринаи баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯи кор омад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Аз моҳият ва мундариҷаи мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони олимақоми Иттиҳоди Авурпо бармеояд, ки ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ҳам дар доираи роҳбурдҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоссаи густариши ҳамкориҳоро доранд. Дар иртибот ба ин маҳз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем” ва “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”. Дар ин замина, тавсеаи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоту афкори тарафайн қарор гирифт.

Боиси тазаккур аст, ки Иттиҳоди Аврупо солҳои охир ҷиҳати таҳким ва тақвияти робитаҳои гуногунапаҳлу бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо минтақа ҷаҳду самтгириҳои ҷиддӣ ва устувор дорад. Аз равиши феълии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо чунин ба назар мерасад, ки Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Иттиҳод дар радифи стратегияҳои қишварҳои абарқудрат ба мисли Россия ва Чин қарор дорад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар қаринаи равандҳои геосиёсӣ ва геофарҳангии муосир дар маркази таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои устувор қарор дорад.

Аслан, баррасӣ ва нишондоди дурнамои ҳамкориҳо байни кишварҳои ҷаҳон дар марҳалаи мураккабшавии низоми кунунии муносибатҳои байналмилалӣ то андоза пешгӯинашаванда ба назар мерасад. Аммо бо иртибот ба тамоюл ва таҳлили заминаҳои таърихӣ ва ҳолати кунуни муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дурнамои рудши ҳамкориҳоро метавон мутақобилан судманд байни ҷонибҳо дар самтҳои зерин:

- иқтисоди рақамӣ;

- зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ;

- иқтисоди сабз;

- технологияҳои саноатӣ;

- амнияти энергетикӣ;

- технологияҳои коммуникатсионӣ;

- илмҳои муҳити зист;

- низомҳои устувори нақлиётӣ;

- тиб ва пешгирии бемориҳои сироятӣ;

- илм ва маориф, математика ва илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани таҳқиқот дар соҳаи физикаи назариявӣ ва истифодаи математика дар ояндабинии равандҳои техногенӣ ва табиӣ, ки ҳамчун самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023 пешбинӣ гардидаанд арзёбӣ намуд.

Илова бар ин, Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо метавонанд ҳамкориҳи муассирро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ, ЮНЕСКО, САҲА ҷиҳати таҷлили чорабиниҳои байналмилалии муштарак, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, робитаҳи илмиву адабӣ, таҳкими амнияти минтақа, масоили экологӣ, об, тағйирёбии иқлим ва ғайра тақвият бахшанд.

Аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз мавзӯҳои меҳварӣ дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад. Зеро ҷонибҳо имконоти бузурги роҳандозии тиҷорат дар бахшҳои мухталиф доранд, ки истифодаи он барои кишварҳо ва мардуми онҳо суд хоҳад овард. Масалан, иқтидори бузурги энергетикӣ, маъданҳои куҳӣ, кишоварзӣ, туризм. Аз ин рӯ, ҷалби сармоя ва технологияи аврупоӣ ба ин бахшҳо манфиатбор барои кишвар арзёбӣ мешавад ва татбиқи лоиҳоҳои муштарак дар ин ҷодаҳо саривақтӣ мебошад.

Самти илму маориф дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, бо инобати имконоту таҷрибаи пешқадами ин соҳаҳо дар Аврупо ва дарёфти мусоидати амалии кишварҳои узви Иттиҳод дар роҳи инкишофи низоми маориф ва илми Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳои баландихтисосу муосир барои кишвари мо судманд ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Яке аз самтҳои дигари мубрам ин тавсеаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар доираи ниҳодҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ, иқтисоди сабз, технологияҳои саноатӣ, илму инноватсия ба ҳисоб меравад, ки ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои густурдаи мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дорои тамоюли шарикии стратегӣ арзёбӣ гардида, Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналмилалӣ масъалаи рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки, тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, ҳамзамон Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо хусусан дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, санъат, адабиёт ва ғайра дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо судманд арзёбӣ мегардад.

Ардамеҳр Ашурзод- номзади илмҳои таърих, Котиби илмии

Институти омӯзишимасъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар шароити имрӯза масъалаҳои обу иқлим дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруфи дохилу хориҷ қарор доранд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ як қатор мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳоро, ба бор овардаанд. Ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар якҷоягӣ садди роҳи инҳоро бигиранд. Агар ин раванд чунин идома ёбад, пас аз чанд даҳсола сокинони сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мегарданд. Тағйирёбии иқлим боиси босуръат об шудани пиряхҳо мешавад, ки дар навбати аввал, ҷараёни дарёҳоро тағйир дода, сипас боиси камобӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест ва мебояд бо тадбирандешиҳои дуруст аз ин ҳодисаҳои ногувор пешгирӣ кард.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ояндаи миллат ва инсониятро фикр карда, масъалаҳои зиёдеро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.

Қайд карданд ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 оиди ин масъала 5 ташаббусҳои ҷаҳониро пешбарӣ намуданд: “Соли байналмиллалии оби тоза 2003”, “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018 - 2028” ва хушбахтона дар соли 2025 ташаббускори раванди азими байналмилалӣ “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ” ва 21 март ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Ҳар яке аз ин ташаббусҳо барои саломатии инсон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.

Об манбаи ҳаёт ва нерӯдиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80 % бадани инсонро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир бо афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат афзуда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мегардад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бо сабаби сифати пасти об ва норасогии оби сифатнок 4,5 миллион одамон ҳалок гашта, тақрибан як миллиарду 200 миллион аҳолӣ ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудаанд. Об аз як намуди захираи оддию дастраси табиӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Аллакай маълум аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст.

Дар атрофи ин масъала, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, ҳанӯз дар таърихи 30 сентябри соли 2003, Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид чунин ибрози андеша намуданд: [1]

“Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли миқдори зарурии озуқа, торафт бештар об лозим мешавад. Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам, дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз бештари об ба миён хоҳад омад. Пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2030 ҳар панҷумин мамлакати рӯ ба рушд аз нарасидани об ба душвориҳои калон рӯ ба рӯ хоҳанд гашт”.

Тавре, ки маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар таърихи 3 марти соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим сурат гирифта буд. Дар ҷаласа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: [2] ки “дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо ба назар мерасанд”. Обшавии пиряхҳо ҳатто дар Антарктида, Арктика ва Гренландия низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин баъзе аз пиряхҳое, ки дар хушкӣ ҷойгир шудаанд ба обшавӣ дучор шуда истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мисол оид ба пиряхи калонтарин дар Тоҷикистон – Пиярхи Федченко гуфта баромаданд. Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхи куҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст.

Дарозии он зиёда ба 75 километр бараш 1700 то 3100 м ва ғафсии сатҳи миёнааш ба 100 м мерасад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 70-80 соли охир пиряхи Федченко 1 км пушт рафтааст ва майдони он ба 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, обшавии босуръати онҳо метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар ин робита Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида баландшавии сатҳи уқёнуси оби ҷаҳонӣ ба назар расида истодааст, ки ин омил метавонад ба ҳаёти садҳо миллион сокинони рӯи замин ва ба минтақаҳои хурди ҷазиранишин хатари ҷиддӣ таҳдид намояд”.

Барои пешгирии ин масъалаи муфид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025, “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи он маълум карда шавад. Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 Маҷмуаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, пешбарӣ кард. [3]

Дар қатънома зикр гардидааст, ки се рӯз пайи ҳам аз санаи 21 то 23 март ҷашнҳои марбут ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносон таҷлил карда мешавад. Инчунин, дар дар асоси ин қатънома ва пешниҳодҳои ироашудаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряҳо таъсис дода мешавад. Дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ дар шуҳри Душанбе, “Конфронси байналмиллаӣ оид ба ҳифзи пиряҳо” гузаронида мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳадафи пешниҳод аз “Эълон гардидани соли 2025 - Соли ҳифзи пиряхҳо” ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад. Ин пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф ба ташаккул додани сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз тарафи дигар ташаккул додани фазои илмӣ баҳри дарки омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Чунки Тоҷикистон кишвари саргаҳи об мебошад ва коршиносони соҳаро зарур меояд, ки дар заминаи ташаббусҳои Сарвари давлат ба омӯзиши ин масъалаи мубрами байналмиллаӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳо:

1. Эмомалӣ Раҳмон “Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” https:// pr esident. tj/ event _ by _t heme/ international_structures/un/14900. 19.09.2017 . Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

2. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ. https:// mfa.tj/ tg/ 7222/ emomali-rahmon-soli-2025-soli-umumijahonii-hifzi-piryakhho-elon-gardad.

3. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи Чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) аз 07.11.2022. //http:// president.tj/event/foreign_trips/26985.

Технологияи ҳастаӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги илмии асри муосир аст, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз тиб то энергетика, нақши муҳим бозида истодааст. Дар ин раванд, Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ҳамчун созмони калидии байналмилалӣ барои пешбурди истифодаи осоишта ва бехатари ин технология фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, технологияи ҳастаӣ дар илм барои кашфиётҳои нав роҳ кушодааст. Дар соҳаи тиб, дастгоҳҳои ташхиси бемориҳо ва радиотерапия барои муолиҷаи саратон аз ин технология истифода мебаранд. Дар энергетика бошад, нерӯгоҳҳои ҳастаӣ барои ҳазорҳо хонаводаҳо барқ тавлид мекунанд ва дар муқоиса бо манбаъҳои анъанавӣ камтар ба муҳити зист зарар мерасонанд. Ҳамчунин, дар кишоварзӣ, усулҳои радиатсионӣ барои беҳтар кардани ҳосили зироатҳо ва мубориза бо ҳашароти зараррасон кӯмак мерасонанд.
АБНА, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, дар пешбурди ин технология ва ҷилавгирӣ аз истифодаи он барои ҳадафҳои низомӣ нақши муҳим дорад. Созмони мазкур тавассути санҷишҳои мунтазам барномаҳои ҳастаии кишварҳоро назорат мекунад, то итминон ҳосил шавад, ки онҳо танҳо барои мақсадҳои осоишта истифода мешаванд.

Инчунин, АБНА ба кишварҳои рӯ ба инкишоф барои татбиқи технологияи ҳастаӣ дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ кӯмакҳои техникӣ мерасонад. Дар баробари ин, созмон стандартҳои байналмилалии бехатариро ҷорӣ карда, аз хатарҳои радиатсионӣ ва садамаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад.
Мутахассисон мегӯянд, ки технологияи ҳастаӣ ҳам имконият ва ҳам хатар дорад. Аз ин рӯ, нақши АБНА дар ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ ва таъмини истифодаи он барои беҳбуди зиндагии инсонҳо беш аз пеш муҳим мешавад.

Самти дигари муҳими АБНА ин омӯзиши мутахассисон аст. Дар ин раванд, мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чорабиниҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, донишҳои худро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, амнияти ядроӣ ва истифодабарии технологияи ҳастаӣ дар илм такмил медиҳанд. Нишастҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбияти олимони тоҷик низ мусоидат мекунад.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо АБНА на танҳо ба рушди илм ва тиб, балки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ба кишвар мусоидат мерасонад. Бо дастгирии АБНА, Тоҷикистон метавонад аз имкониятҳои технологияи ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ истифода бурда ва дар ин раванд мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам созад.

Илҳом Мирсаидзода - профессор, директори Агентии амнияти

ХБРЯ-и АМИТОлимҷон Азизов - н.и.т., мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм