Skip to main content

“То он даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони тоҷикӣ низ поянда аст ва шириниву равонии он ҳамеша ҳифз хоҳад шуд”. Эмомалӣ Раҳмон

12312Забон бузургтарин омили рушду ташаккул, камолоти ҳувияти миллат ба шумор меравад. Забони ҳар як миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худшиносиву худогоҳии миллат шаҳодат медиҳад. Солҳои охир ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки баҳри пеш бурдани манфиатҳои геополитикӣ масъалаи забон ва дарки ҳувияти миллӣ ба таъсироти манфӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Ҷомеаи башарӣ исбот сохт, ки забон ва ҳувияти миллӣ ду ҷанбаи асосии муаррифгари ҳар як халқу миллат буда, зери фишори омилҳои ҷаҳонишавӣ ба баъзе тағйирот дучор хоҳад шуд.

Мустаҳкам гардидани имконоти забон, аз ҷумла: баёни нозук ва балеғи мафҳумҳои мураккаби илмию фалсафӣ, фарҳангӣ, адабию ҳунарӣ барои баланд бардоштани маънавият замина фароҳам меоварад. Аз ин рӯст, ки рушди забон ва маънавият бо ҳамдигар ҳамбастагии зич дошта, вазъи дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нишон медиҳанд. Забон аст, ки як халқро аз халқи дигар фарқ мекунонад, илму адабиёт, фарҳанги мардумро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, иқтидори маънавии онро муаррифӣ месозад. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳар як забон, аз ҷумла забони тоҷикӣ, ҳам тағйироти зиёдеро паси сар намудааст, ки баъзан метавонист пояи маърифативу маънавии онро суст гардонад. Новобаста аз ин, забон дар шакли воҳиди диалектӣ бошад ҳам, пояи миллатро нигаҳ дошт, сайқал дод, арзишҳои милливу фарҳангиро муаррифӣ мекард. Дар сурати маҳрум гардидан аз забони миллӣ, мансубияти миллии ҳар як халқу миллат низ тағйир меёбад.

Аз нуқтаи назари баромади таърихӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор рафта, давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки ҳар як давра ба он таъсири худро расонидааст. Садҳо адибону донишварон бо ин забон асарҳои худро офаридаанд, ки аксарияти онҳо дар адабиёти форсу тоҷик мақоми худро ишғол намудаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои болоӣ осори адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Лоиқ шуда метавонад. Таърих гувоҳ аст, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ тағйироти зиёдеро паси сар намуда, дар забони муоссир яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Баҳри пос нигаҳ доштани забон ҳамчун рукни давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни навро 5-уми октябри соли 2009 бо унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудааст, ки то имрӯз амал мекунад. Дурнамои рушди забон дар замони истиқлолияти давлатӣ дар масири дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вазифаи асосии қонуни мазкур ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардида, дар ҳама самтҳои ҷомеа ҳамчун забони расмӣ коргузорӣ ба кор меравад. Дар замони муоссир барномаҳои зиёди давлатӣ, марказҳои омӯзиши забони давлатӣ таҳия гардида, омӯзиши забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ ба масъалаи асосӣ ва ҳалталаб табдил ёфт. Баъдан, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ” қабул карда шуд ва тибқи ин қонун дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июл Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон”-ро қабул кард ва 5 октябри соли 2009 баъд аз ба имзо расидани қонуни мазкур аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Хотиррасон мешавем, ки аз соли 2009 то инҷониб, дар Тоҷикистон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур дониста шудааст.

Баҳри пос доштани забон ва мустаҳкам сохтани пояи ҳувияти миллӣ, вижагиҳои миллӣ, тозагии забон, назокати забонро бояд нигоҳ дошт. Сарнавишти забон ва ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар дасти ҳар як миллат ва соҳибзабонон мебошад. Мустаҳкам сохтани ин раванд ба коркарди барномаву стратегияҳои мушаххаси давлатӣ оид ба забон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар масири замони муоссир алоқамандӣ дорад, зеро забони тоҷикӣ давраҳои гуногуни ташаккули таърихиро паси сар намудааст, ки барои асолати он хатару монеаи зиёдеро эҷод намудаанд. Дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ забони тоҷикӣ муаррифгари манфиатҳои халқу миллат дар ҳар як давраи таърихӣ ба шумор мерафт. Беҳтарин неъмат дар таърихи миллати халқи тоҷик забони мо ба ҳисоб меравад, ки донишу маърифати ҳазорсолаҳо андӯхтаи халқро дар худ таҷассум намудааст. Таъриху фарҳанги беназири халқи тоҷик маҳз бо ин забон офаридашуда, барои ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули босуръати илму технологияи нав бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои гуногуни дунё ба забони дар самти рушду инкишофи табиии он давлатӣ, таъсири манфӣ мерасонад. Ба вуҷуд омадани

«иқтибосҳои бемавқеъ» боиси халалдор гардидани табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мегардад. Давраи истиқлолият тарбияи насли наврасро дар чаҳорчубаи ҳувияти миллӣ: хуб донистани забони модарии худ ва ба инобат гирифтани талаботи ҷаҳони муосир: донистани ду се забони хориҷӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ амалӣ мегардонад. Набояд фаромӯш кард, ки нахустин маротиба дар таърихи давлатдории миллати тоҷик забони тоҷикӣ яке аз муқаддасоти давлат эътироф гардида, нисбат ба забон эҳтироми хоса зоҳир мегардад, зеро «забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст…».

Ҳифз намудани ҳувияти миллӣ тавассути забон муҳим арзёбӣ гардида, нигоҳдории забон яке аз васоити муттаҳид намудани миллат ва таъмини якпорчагии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар муҳити муоссири илмӣ ноб нигаҳ доштани забон ва коркарди истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм дар асоси хусусиятҳои муоссири забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як олиму муҳаққиқ ба шумор меравад. Ворид гардидани истилоҳоти нави илмӣ тариқи асару адабиётҳои илмии муҳаққиқону олимон сурат ёфта, он воқеияти таърихии миллати тоҷик мебошад. Баҳри дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кардани нуфузи забони олимону муҳаққиқони зиёд ихтирооти олимон тариқи забони модарии онҳо сурат меёбад, ки мавқеи забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ танг месозад. Баҳри бартараф кардани зуҳуроти болозикр аҳли илму адабро зарур аст, ки истилоҳоти илмии тоҷикиро бештар коркард намуда, мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд.

Барои иҷрои ҳадафи болозикр маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки аз тарафи маркази номбурда коркарди истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Баҳри оммафаҳм гардонидан ва мутобиқ намудани истилоҳоти забони давлатӣ ба талабот дар муҳити нави илмӣ, аз тамоми олимону муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварамон даъват ба амал оварда мешавад, ки саҳми онҳо дар коркарди истилоҳоти нави илмӣ назаррас бошад.

Ҳамин тариқ, забони давлатӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта он сабаби аслии аз нав эҳё гардидану рушди устувори давлати миллии тоҷикон мебошад. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва илму фарҳанги миллии худро ҳифз намояд ва гиромӣ дорад. Бузурдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ буда, ҳар фарди бо нангу номуси меҳанпарварро бо асолати миллӣ пайванд медиҳад. Аз ин ҷост, ки забон омили асосии рушду камолоти миллат аст ва забону давлат ҳамеша дар паноҳи якдигаранд.

Мавзӯи асолату ҳувияти миллӣ бояд ҳар як фарди миллатдӯсту хештаншиносро бетараф нагузорад. Ин мавзуъ басо муҳиму зарурӣ буда, солҳо боз интизори роҳҳои ҳаллу фасли худ аст. Ашхосе, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳу хештаншиносанд, миллат ва забони модарии худро дӯст медоранд, бояд ба ин мавзуъ бетараф набошанд. Забони тоҷикӣ дар партави сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат рушду такомул ёфта, он ҷойгоҳи наву фархундаро дар ҷомеа сазовор шудааст, ки худи Ҷаноби Олӣ, дар ин бора мефармояд: «забон хишти аввалини кохи миллат ном буда, он яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ, нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад».

Аз ин лиҳоз, ҳар нафар соҳибмиллатро мебояд, ки баҳри боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати он ҳамчун фарзанди сазовори миллат ҳиссаи арзанда гузорад.

Абодуллоева Сафина доктори илмҳои филологӣ, профессор сарходими илмии шуъбаи Забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакии АМИТ