Skip to main content

Ҳунарманди асил муҳтоҷи касе намешавад. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод мебошад. Ҳар он шахсе, ки худ ҳунарманд аст, бо ҳунари волояш миёни аҳли башар машҳур мешаваду қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.

Ёсуман Шокирова низ аз зумраи он ҳунармандонест, ки аз хурдӣ меҳри ҳунару санъат дар дили кӯчакаш ҷӯш мезад. Соли 2012 ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардид ва онро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон хатм кард. Ҳамчунин, баъди хатми ин даргоҳ, ӯ аз худ қонеъ нашуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорид. Дар дили Ёсуман меҳри созҳои мусиқии рӯбоби қашқарӣ ва шоҳрӯд (қонун) ҷӯш мезад ва ӯ ин ҳунарро хуб аз худ кард.

Дар ин муддат бо иштироки фаъолона дар маҳфилҳои донишҷӯён ва чорабиниҳои фарҳангӣ маҳорати ҳунарии худро пайваста сайқал медод. Ӯ ҳамчун як ҷавони ҳунарманд дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, бо иҷрои асарҳои миллӣ ва мардумӣ диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекард. Ин шиносоӣ бо саҳна аз ӯ як ҳунарманди озода ва дорои маҳорати баланди саҳнавӣ тарбия намуд.

Ёсуман мегӯяд, ки дар ин ҷода аввалин устодаш модару бародараш буданд, ки ӯро дар вақтҳои холӣ ба мактаби мусиқии шаҳри Истаравшан мебурданд, то нозукиҳои шоҳрӯдро барояш омӯзонанд. “Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз устодони санъату ҳунар, аз ҷумла Улмасов Хушвахт навохтани сози рӯбоби қашқариро хубтару беҳтар аз худ намудам. Ҳанӯз ҳазору чорсад сол пештар хунёгари машриқзамин Борбади Марвазӣ бо навозишҳои фавқулодаи худ мардуми оламро ба ҳайрат оварда буд. Ҳамин буд, ки ман низ аз шунидани торҳои рӯбоби қашқарӣ ва сози шоҳрӯд ба ваҷҳ омада, ҳар субҳ дар саҳни ҳавлӣ менавохтам ва рӯҳияи худро бо садои ин созҳо болида мегардонидам».

Ёсуман таъкид мекунад, ки барои як ҳунарманд танҳо доштани истеъдод кифоя нест. Маҳорати доимӣ, омӯзиши пайваста, сабру таҳаммул ва фаҳмиши амиқи асарҳо омили муҳим дар рушду такомули касбӣ мебошад. Ӯ ҳамин масъулиятро ҳис карда, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки на танҳо маҳорати техникӣ, ҳамчунин рӯҳия ва мазмуни асарҳоро ба шунаванда расонад. Ба андешаи ӯ, навозиш бояд аз қалб сарчашма гирад ва шунавандаро ба дунёи ҳунар ворид созад.

«Баъди хатми ин даргоҳи илму ҳунар, ман фаъолияти кории худро дар ҷодаи санъат оғоз намудам ва соли 2017 ба ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутриби дараҷаи 1 даъват шудам. Солҳои 2016-2017 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи санъат ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, соли 2024 корманди шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин мутриби ансамбли “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев ва аз соли 2025 ходими хурди илмии шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дорам. Айни замон унвонҷӯи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳастам ва дар оянда нақша дорам, ки ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, номзадии худро низ ҳимоя намоям. Дар инҷо бо устодон тамрини суруду навозишҳои асарҳои бастакоронро намуда, дар консертҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоям” - иброз медорад Ёсуман.

Ёсуман дар корҳои ҷамъиятӣ низ бетараф нест. Ӯ дар миёни ҷавонон ҳамчун шахси фаъол шинохта шудааст ва кӯшиш мекунад, ки ҳунару дониши худро ба насли наврас омӯзонад. Бо баргузор намудани мастер-классҳо, тренингҳо ва суҳбатҳои ҳунарӣ кӯшиш мекунад, ки муҳаббат ба санъати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро миёни ҷавонон тарғиб намояд.

Ҳангоми суҳбат Ёсуман гуфт, ки аз ҳама лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ҳамон лаҳзаҳое аст, ки дар ҳалқаи волидайн пайваста аз пайи омӯзиши ҳар як асар мебошад, ки ҳангоми навозиши созҳои мусиқӣ рӯҳияи ӯ дар ин ҷода дучанд зиёдтар мешавад.

Маҳз ҳамин муҳити пурмуҳаббат ва дастгириҳои пайвастаи оила, омӯзгорон ва муҳитҳои илмӣ буданд, ки аз Ёсуман як шахсияти муваффақ ва пурғайрат сохтанд. Ӯ имрӯз бо ифтихор мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардааш пушаймон нест ва ҳар лаҳза кӯшиш мекунад, ки ифтихори ватану миллати худ бошад.

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин шахсони боистеъдод шароити хуби таҳсил ва кор фароҳам оварда шудааст, ки ҳар лаҳзаи онро бояд самаранок истифода намуда, фарҳанги оламшумули худро ба ҷаҳониён боз ҳам беҳтару хубтар муаррифӣ намоянд.

Фароғати ДИЛОВАРШО,

“Паёми Душанбе”