Skip to main content

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

123213Бешубҳа, мафҳуми «ваҳдати миллӣ» барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Вале таҷриба ва воқеияти таърихӣ собит менамояд, ки ваҳдати ҳақиқӣ ва устувори миллӣ танҳо дар сурате дар ҷомеа ё давлат таъмин мегардад, ки дар ин раванд омилҳои дохилӣ мавқеи марказӣ дошта бошанд. Ин маънои онро дорад, ки аъзои ҷомеа ё сокинони кишвар ба зарурати таърихӣ ва аҳамияти стратегии ваҳдати миллӣ ба таври амиқ ва огоҳона дарк намуда, дар таҳким ва ҳифзи он бо дарназардошти манфиатҳои сарзамини аҷдодӣ саҳми фаъолу масъулона гузоранд.

Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд. Ба ибораи дигар, ваҳдат зиндагии бохирадона аст ва он ба танҳоӣ ва бидуни корбурди ақл маъно надорад, балки бо дигарон, бо аҳли ҷомеа ба арзиши муқаддас табдил меёбад.

Барои ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки дар тӯли таърих ба ҷабру ноадолатиҳои зиёд дучор гардонида шуда, дар оғози истиқлолияташ ба хатари нобудӣ ҳам расонида шуд, ваҳдат ба маънои аслии он, яъне дар атрофи мафкураи умумимардумӣ, умумимиллӣ ва манофеву марому орзуҳои миллӣ якдилу якмаром ва якпорча шудан дар як радиф бо муқаддасоти дигари миллӣ, ба мисли Ватан, модар, истиқлол мақом гирифтааст.

Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурусти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.

Новобаста аз дахолатҳои пайваста ва монеаҳои зиёде, ки дар пешорӯи давлати ҷавон қарор доштанд, барои миллате, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва саҳми хоси худро гузоштааст, ягона роҳи расидан ба истиқлоли комил ва эҳёи давлатдории миллӣ ин муттаҳид сохтани тамоми миллат ва сокинони ин сарзамини куҳан дар атрофи Ватани аҷдодӣ ва масъалаҳои муҳими он буд, ки огоҳона ва ҳадафмандона интихоб гардид.

Дар кӯтоҳтарин муддат мардуми фарҳангсолор, сулҳдӯст ва созанда дарк намуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва пуррақобати имрӯза барои ҳифзи ҳастии миллату давлати худ ва барои бехатар ба наслҳои оянда расонидани онҳо ба ҷуз ваҳдати комилу саросарӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад. Аммо вазъи воқеии кишвар дар оғози марҳилаи давлатсозии миллӣ барои сарҷамъ шудани мардум мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард. Душманони миллат ва истиқлолияти давлатӣ, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, бо садҳо роҳ, аз ҷумла муқовиматҳои мусаллаҳона, фишор, таҳдид, бадномкуниҳо ва истифодаи ҳилаҳои гуногун талош менамуданд, ки хиради мардумро рабуда, эҳсосоти онҳоро, бахусус эҳсосоту эътиқодоти динӣ ва мазҳабиро барангезанд ва бо ин роҳ миллатро боз ҳам парокандатару заифтар гардонанд.

Яке аз хусусиятҳои хоси Тоҷикистон он аст, ки мақоми пешвои воқеӣ ва мардумӣ дар ҷомеа ҳамеша аҳамияти калон доштааст. Бо ин вуҷуд, пайдо кардани нафаре, ки аз элитаи он замон иқдом ба роҳбарӣ кунад, амри саҳл набуд. Онҳое, ки дар умури давлатдорӣ ва сатҳи миллӣ то андозае шинохта мешуданд, аз ин масъулияти сангин даст мекашиданд. Дар чунин вазъияте, ки кишвари ҷавону осебпазир ба аҳди нав медаромад, Роҳбари ҷавони мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи аксари мардум якдилона пазируфта шуд, ин рисолати таърихиро бар дӯш гирифт. Таърихи кӯтоҳи давраи истиқлол нишон дод, ки ин шахсияти бузурги таърихї, новобаста ба мушкилот ва маҳдудиятҳо, вазифаашро ба таври барҷаста иҷро намуд. Аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ ӯ таъмини ваҳдати миллиро дар мақоми аввалиндараҷа қарор дод. Бо ибтикору роҳнамоии бевоситаи роҳбари навинтихоби мамлакат, ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” бо ҷалби беш аз 35 созмонҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ ташкил шуд. Ин иқдоми хирадмандона дар солҳои аввали Истиқлол барои ҷомеае, ки пештар парешон буд ва кишвари аз нуқтаи назари иқтисодӣ хеле осебпазир, натиҷаҳои мусбӣ ба бор овард. Ниҳоят, пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва бо имзои “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” санаи 27 июни 1997 Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки дар таърихи кишвар ва мардуми он саҳифаи нави созандагӣ боз намуд.

Яке аз дигар хусусиятҳои хоси ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки онро ҳамчун арзиши барҷаста эътироф мекунанд ва он ба як қатор омилҳои воқеӣ бастагӣ дорад. Аввалан, маҳз дар фазои ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист давлатдории худро, ки бар асари талошҳои бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба вартаи нестӣ афтида буд, пас аз ҳазор сол дубора эҳё намояд. Ин иттиҳоди ҷомеа, ки мероси фарҳанги қадим мебошад, имконият дод, ки дар ҷаҳони бо суръат тағйирёбанда роҳи озмудашуда интихоб гардад ва кишвар ба сӯи созандагиву пешрафт раҳнамоӣ карда шавад.

Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки ҳукумати мардумӣ барқарор гардад, аркони давлатӣ ва низоми қонунии муосир устувор шаванд ва дар ниҳояти кор давлатдории мустақил, аммо ҳамоҳанг бо меъёрҳои ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ таҳким ёбад. Ин ваҳдат эҳсоси пайванди табиии мардуми кишвар бо хоку марзи аҷдодиро бедор намуд. Ба ибораи дигар, маҳз ваҳдат ва истиқлол ҳисси соҳибихтиёрӣ, бахусус муҳаббати Ватанро дар дилу ҷони ҳамаи тоҷикистониён - дар дохил ва берун аз он - эҳё ва зинда кард.

Ваҳдат барои таъмини рушду пешрафт дар тамоми гӯшаву канори Ватани аҷдодони бошарафи миллат имкониятҳоро муҳайё кард. Ҳамчунон интиқоли фарҳанги бостонии миллӣ, яъне созандагиву ободкориро дар тамоми минтақаҳо ва маҳалҳои худӣ, бо саҳми сокинони он амалан фароҳам сохт.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардад, ҷойи сазовору эътибори хоси ин давлати хеле ҷавонро дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва саҳмгирии он дар ҳаёти ҷаҳони беш аз пеш ба ҳам наздикшаванда таъмин намояд.

Ба шарофати ваҳдат Тоҷикистони озоду мустақил дар шароити душворпегӯишавандаи ҷаҳони мудерн ба хонаи умед ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё табдил ёфт. Имрӯз новобаста аз таблиғотҳои муғризона, ҳасудона ва душманонаи иддаи кӯчаки ватанбохтаву ба миллат пушткарда, Тоҷикистони кӯҳсор, ки танҳо як фоизи сарзамину империяҳои бузурги замонҳоро ташкил медиҳад, барои ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанги бостонӣ, намунаи давлатдории модерни маданӣ, кишвари ҷавон, вале бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маъруф, ҳамчун ягона хонаи умед барои тамоми тоҷикони дунё пазируфта шуда, чунин боқӣ хоҳад монд.

Ваҳдати тоҷикон барои эҳёи фарҳанги миллӣ, мардумӣ, аз ҷумла фарҳанги динӣ, озодии комил дар иҷрои фароизи динӣ, мазҳабӣ ва бовару эътиқодоти дигари аъзои ҷомеа ва дар умум фазои гуногунандеширо дар ҷомеа фароҳам кардааст, ки татбиқи амалии он фақат дар шароити таъмин будани ваҳдати сартосарӣ, амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар мебошанд.

Бо талоши шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат, ба хусус Сарвари ҷавони он, аъзои Ҳукумати навтаъсис ва мардуми шарифу ватанпараст, Тоҷикистон тавонист танҳо дар 10 соли аввали замони истиқлол ҳам ба дастовардҳои қобили зикри иқтисодӣ расад. Дар ҳоле, ки тибқи назарияи илми иқтисод, барои ҳар гуна кишвари ба истиқлоли худ расида, барои рушду тавсеаи иқтисодӣ камтарин муҳлат 30 сол мебошад. Бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Қулма – Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра самараи даҳ соли аввали истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки барои рушди баъдии кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон моҳияти ваҳдатро хеле дақиқ шарҳ додаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Вазифаи муқаддаси мо дар ҷараёни барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабули чунин қонунҳоест, ки ҷомеаи моро бо олами мутамаддин пайванд диҳанд, маърифати сиёсии мардуми моро баланд бардоранд ва барои бархурдорӣ аз дастовардҳои кишварҳои пешрафта замина муҳайё намоянд”.

Бояд таъкид шавад, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари дар нуқтаи нестӣ ва сокинони он дар парокандагӣ ва ноумедӣ қарордодашударо дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба сатҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф расонад, ки бори дигар муқаддас будани онро барои ҷомеаи тоҷикистонӣ таъкид мекунад. Сирри ин муваффақият ҳам фазои ваҳдати миллӣ буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва танзими низоми қонунии кишвари соҳибихтиёр мусоидат мекард.

Дар таърихи 26 июни соли 2000 дар Паёмашон ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем”.

Зарур ба ёдоварӣ аст, ки таҳдиди хатарноктар дар он солҳо барои Тоҷикистон ва тамоми сокинони он дар он буд, Конститутсия ва тамоми низоми қонунии мамлакат комилан поймол шуда буд, беқонунии мукаммал, гурӯҳҳои гуногунақидаи мухолифи давлатдории худӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ҳукмронӣ дошта, ба як рафтори муқаррарӣ ҳам табдил ёфта буд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи ягонаи пешгирии ин офатҳо фишору зӯрӣ аст. Ҳарчанд ҳукумати навтаъсис дар дохили ҷомеа тарафдорону қувваи кофӣ дошт, вале роҳбарияти олии он замони кишвар бо ин роҳ нарафт, зеро медонист, ки оқибати он ба нестии Тоҷикистон ҳамчун давлат ва миллат ҳамчун тоҷик хотима меёбад. Роҳбари давлат дар он замон равшан медид, ки чӣ тавр ҳар гуна нерӯҳои манфиатдор, ифротгароён ва ҳатто ҳасудон аз дуру наздик ба идомаи ҷанг ҳавасманданд. Иддае Тоҷикистонро мисли Афғонистони ҳамсоя пойгоҳи озмоиши қудратҳо медиданд, иддае онро як тарҳи бизнес барои қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа медид, иддаи дигар ҷомеаи бастаи мусулмонии асри миёнагӣ, иддае ҳам зери тасаллути яке аз кишварҳои абарқудрату ғайра, хуллас ҳар нерӯ аз диди худ ин кишвари кӯҳсори мисли тифли навзод осебпазирро аз диди худ ба таври “табартақсим” сохтанӣ буданд. Бинобар ин, ҳанӯз дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳум (ноябри с. 1992) тамоми талошу кӯшишҳои зиёди Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ба сари мизи гуфтушунидҳо овардани тамоми тарафҳои даргир ва гурӯҳҳои мухталифназар равона шуда буд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон пас аз бартараф намудани монеаҳои фаровон ва вазнин ба даст омад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ нерӯҳои сиёсии қудратталаб, ҳам пинҳонӣ ва ҳам ошкоро, бо дастгирии бозигарони хориҷӣ фаъол шуданд ва ин таҳаввулоти азим ба бӯҳронҳои сиёсӣ оварда расонд, ки дар пайи он монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии амиқ ба вуҷуд омаданд. Танҳо дар давоми як сол ду маротиба иваз шудани сарвари давлат, таъсиси панҷ ҳукумат ва фалаҷи босуръати сохторҳои ҳокимият дар ҳамаи сатҳҳо нишонаҳои ҷиддии ҳамин бӯҳрон буданд. Аммо таҳдиди аслӣ, ки ҷумҳурии комилан истиқлолёфта бо он рӯбарӯ гардид, ин нигоҳдории оташи низоъ аз ҷониби доираҳои муайяни хориҷӣ ва гурӯҳҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз роҳи демократӣ ва тамаддуни миллӣ ба натиҷаи созанда нарасад. Ин субъектҳо тарҳи тақсими ҷумҳуриро пешниҳод карда, ҳар гурӯҳ худашро пешвои ҳокимияти оянда мешумурд ва бо ташвиқи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мавқеи худро кафолат медод.

Бо дар назардошти ин воқеият, дар мавриди аҳамияти қонун дар мамлакати ҷавон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2000 дар таҷлили сеюмин солгарди ин ҷашни муқаддас чунин гуфтанд: “...осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, обрӯйи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем”. Роҳбари давлат дарк мекарданд, ки фазои ҷаҳони мудерн ва мутамаддин маҳз ҷаҳонест устувор бар пояи “ҳаққу ҳуқуқ” ва озодӣ, ки ба он дар тӯли солҳо гаштаву баргашта таъкидҳо мекарданд.

Мувофиқан ба ёддоштҳо, дар он давра ҳатто дар пойтахт низ тартибу қонун ҳукмфармо набуд ва зиндагии шаҳрвандон кафолатнопазир буд. Ин вазъ ташаккули иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро низ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ сохт. Гарчанде Раёсати Шӯрои Олӣ қарори баргузории иҷлосия дар ин ҷо қабул карда буд, ҳозиршавии ҳамаи вакилон имконпазир нашуд. Дар рӯзҳои 16-17 ноябри соли 1992 иҷлосия бе натиҷа анҷом ёфта, танҳо дар рӯзи сеюм кори он ба низоми корӣ даромада, рӯзномаи кори иҷлосия тасдиқ гардид.

Муҳимтарин вазифаи ин иҷлосияи таърихӣ мусолиҳакунӣ байни ҷонибҳои даргир буд. Дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари навтаъиншуда, пешниҳод намуд, ки фармондеҳони ҳарду тараф дар як толори маҷлис ҷамъ шаванд. Ин қадами аввалин барои фароҳамоварии фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаомез маҳсуб меёфт, зеро барои ҳамаи иштирокчиён возеҳ буд, ки бе тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии хушунат миллату давлат ба хатари парокандагӣ ва суқути давлати ҷавони тоҷикон, ки мисли тифли нозук аз ҳар ҷиҳат осебпазир буд, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар вазъияти бадтарин барои Тоҷикистон қисми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои таъмини оромӣ, ҳимояи қонун ва нигоҳдории тартибу низоми ҷамъиятӣ бетарафиро ба унвони хиёнати ошкорои касбӣ интихоб намуданд. Ҳатто баъзе ҳамсафони наздики роҳбари давлат бар зидди равандҳои сулҳ баромада, ба сиёсати пешгирифтаи ӯ бо назари шубҳа менигаристанд. Онҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ чанд маротиба ба табаддулоти ҳарбӣ-давлатӣ даст задаанд. Аз тарафи дигар, теъдоди назарраси муллоҳо ва ходимони дин аз доираи вазифаҳо ва салоҳиятҳои хеш берун рафта, дар байни аҳолӣ ва дар масоҷид ихтилофи назарҳоро барангехтанд. Фаъолияти тазоҳургарони майдонҳо шаҳодат медиҳад, ки онҳо тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи хориҷӣ амал мекунанд.

Илова бар ин, хатари гуруснагӣ дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, водии Вахш ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ густариш ёфта, дар натиҷа теъдоди зиёди аҳолӣ ба бемориҳои марбут ба гуруснагӣ гирифтор шуда, ҳатто ҷони худро аз даст доданд. Ҳамзамон, гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз вазъи нооромии ҷомеа истифода бурда, молу амвол ва таҷҳизоти як қатор корхонаҳои саноатиро ба таври ғайриқонунӣ аз қаламрави кишвар бароварданд. Дар он рӯзҳо муборизаҳои ошкор барои дигаргун сохтани низоми давлати дунявӣ ба сохти давлатдории динӣ ҳарчи бештар шиддат мегирфт. Душманону хоинони миллату давлат, баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд. Бо вуҷуди кӯшишҳои душманона, хиёнатҳо ва ниятҳои нопоки гурӯҳҳо, Роҳбари давлат бо такя ба ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии мардум муқобилат намуда, ниҳоятан ба пирӯзӣ ноил шуд. Ин дастоварди гарон­нарх, ки натиҷаи кӯшиш ва ҷон­бозиҳои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, бо арзиши бузург ба даст омадааст. Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки душманони миллати тоҷик, бо пуштибонии хоинону зархаридони дохилӣ ва хориҷӣ, талош доштанд фарҳанг ва мазҳаби бегонаи сиёсӣ ва идеологиро ба мардуми Тоҷикистон таҳмил намуда, дар қаламрави он давлати исломиро бунёд кунанд ва тамоми нерӯи худро ба ин ҳадаф равона карда буданд.

Дар баробари таҷрибаҳову сахтиҳои бешуморе, ки ин миллат аз замонҳои қадим аз сар гузаронида буд, замона ба ӯ боз имконияти дигари таърихӣ ато намуд. Дар он давра ба яке аз шахсиятҳои сарсупурдаи ин сарзамини миллати куҳанбунёд – Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистонро ба Ваҳдати миллӣ расонад. Чун аз таърихи пуршукӯҳи фарҳангии тоҷикон огоҳӣ дошт ва медонист, ки ғояи ваҳдатро дар решаҳои амиқи таърих ва фарҳанги ин миллат бояд ҷуст. Маҳз ҳамин огоҳии ӯ даст зад, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳиби эътироф ва эҳтироми тамоми тоҷикистониён ва хориҷ аз он гардад.

Баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо ва дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, чил санади барои миллат муҳим ба имзо расиданд ва ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола, санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ ба номи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва таҳдиди воқеии аз харитаи ҷаҳон нест шудани кишваре ба номи Тоҷикистон аз байн бардодшта шуд.

Миллат ва Роҳбари тозаинтихоби давлат, дар андак замони Истиқлоли давлатӣ худро ҳамчун идомадиҳандаи фарҳанги гузаштагони пурифтихори худ нишон доданд ва дар таъмини ваҳдати миллӣ, эҳёи Ватани аҷдодӣ, фаъолияти созандагӣ, бо нангу номуси хоси миллӣ дар рушди сарзамини худ ва наслҳои баъдии худ саҳми босазо ва дилсӯзона гузоштанд. Дар ин маврид дар суханрониашон дар ноҳияи Рашт (с. 2006) Сарвари давлат бо самимияти хоси худашон махсус таъкид намуданд, ки “... сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизу қаҳрамони Тоҷикистон аст. ... Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам”.

Инчунин таъкид бояд кард, ки бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо меёбанд ва харобаҳо барқарор мешаванд, вале мардуми мо ҳанӯз дарсҳои сангину даҳшатбори он ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар қурбон ва миллионҳо нафари дигар бехонумону паноҳанда гаштанд, фаромӯш намекунад.

Дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ (27.06.2013) зикр карданд: “Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш, аз ҷумла таъкид гардид, ки “мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бепадар мондани ҳазорон ҳазор кӯдакон, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем”.

Дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат боқӣ мемонад. Тоҷикистон солҳои зиёд ҳамчун минтақаи буферӣ дар сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо, рӯ ба рӯйи хатари бузурге, ки метавонист амнияти минтақа ва ҷаҳонро барбод диҳад, қарор дошта, дар ҳамин шароити фавқулода таҷрибаҳои нав андӯхт. Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷониби дигар, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазиртар гардад. Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад ва ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар устуворона дар роҳи тараққӣ қарор дорад. Сокинони саодатманди ҷомеаи тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи худ пеш мераванд. Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта Сарвари сарсупурдаи он аст, ки мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад.

Ваҳдати миллӣ неъматест, бе ниҳоят бузург, аммо ҳар неъмат худ ба худ ба даст намеояд, тақвият намеёбад, он муборизаву талошҳои доимӣ металабад. Ҳеҷ сокини кишвар набояд лаҳзае аз хотир фаромӯш кунад, ки барои таъмини саодат, шукуфоии бештар, зиндагии сазовортар барои худ ва барои наслҳояи ояндаи худ, дар паси сар кардани ҳар гуна мушкилии муваққатӣ ва ҳалшаванда аз ҳеҷ чиз наҳаросад, бо душманиҳои иддае, ки дар сари роҳи ваҳдати миллиамон монеасозӣ карданӣ мешаванд, мубориза барем, зеро ин муборизаи имрӯз барои фардои худи мост, барои ояндагони мост.

Дар шароити ҳассос ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ки дар он рақобати кишварҳои қудратманд барои бозтақсим намудани манотиқи стратегӣ, фазои босуръати яроқикунонӣ, густариши беисти ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои фарҳангӣ-ғоявӣ ба мушоҳида мерасанд, зарурат пайдо мегардад, ки ҳамеша эҳтиёткориву зиракии сиёсӣ пеша гирем ва аз ҳар канорагириву бепарвоӣ дур бошем. Дар ҳамин замина, бо такя ба таҷрибаҳои талхи давраи ибтидоии истиқлолият ба моҳият, аҳамияту афзалияти таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ, яъне тарбияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ бояд диққати зарурӣ дода шавад. Зеро танҳо тавассути худшиносиву ҳувияти миллӣ, воқеӣ ва дунявӣ, ки бар асоси таҳлилҳои воқеияти ҷаҳонӣ асос ёфтааст, кишвар аз ҳар гуна идеологияҳои таҳмиливу беруна эмин хоҳад монд. Аз ин ҳисоб, рушди тафаккури солими маънавӣ ва илмӣ-техникӣ, мутобиқ ба давра ва воқеияти ҷаҳонии имрӯза калиди ҳамаи масъалаҳои стратегии ояндасозии Ватан ба шумор меравад. Тавассути мафкураи кӯҳнаи чандасрӣ ҳифзи фарҳанги миллӣ, рушди устувори кишвар ва касби мавқеи муносиб дар арсаи байналмилалӣ хеле мушкил мегардад. Аз ҳамин рӯ, бояд роҳи паҳн гардидани афкори бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба зеҳни мардум, ба хусус ҷавонон, пурра баста шавад.

Имрӯз равшан шудааст, ки ояндаи ободи Ватани азизамон аз сатҳи омӯхтани илмҳои замонавӣ, ба хусус илмҳои дақиқ ва техникӣ, забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии бевосита дорад. Зеро дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир робитаи моро бо ҷаҳон мустаҳкамтар карда, заминаи муҳими рушди иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеаи худиро таъмин мекунад. Барои амалӣ кардани он Ваҳдати миллӣ тамоми роҳҳоро боз кардааст, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз карда, барои таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳам монеаҳое вуҷуд надоранд. Ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонони мо, бояд донанд, ки бе донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун ва гузашта аз ин, бечуну чаро иҷро кардани онҳо, яъне таъмини волоияти қонун ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ҳал карда наметавонем.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳти раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, муносибати неки давлат ба ҳама адёну мазоҳиб аз аввали истиқлолият вориди анъана шудааст, вале бо вуҷуди он вокунишҳо ва амалҳои ғайри мантиқии зидди ин муносибати некхоҳона ба назар мерасанд. Иддаи кӯчаки бохтагони ранҷида ва ба ватану миллати худ пушт карда, аз хориҷи кишвар ба эътиқоди аксари мардуми одӣ мутамарказ шуда, ба фарҳанги хоси ваҳдати ҷомеа зарба заданӣ мешаванд. Ба назар мерасад, ки дастовардҳои миллии мо дар кўтоҳтарин фурсати таърихӣ, ба хусус ваҳдати ба сатҳи комил расидаи ҷомеаи мо ҳасудонеро пайдо кардааст, ки дар паноҳи абарқудратони манфиатхоҳ бо стандартҳои ба ҳам зидду нақиз ба мамлакати мо бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанд. Бояд қайд намуд, ки як қувваи норозӣ, мисли дарахти оташгирифтае, ки алангааш қатъ нашудааст, ҳанӯз низ нишонаҳои бӯйи дудро нигоҳ медорад ва тавассути ҳамлаҳои шифоӣ дар шаклҳои гуногуни «нуқсонҷӯӣ» ҳадаф дорад, ки эътимод ба давлати ҷавон ва роҳбарияти миллиро дар ҷомеа коста кунад.

Яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирони таърихи адабиёти форс тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ваҳдатро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, самараи якдиливу якпорчагӣ ва дӯстиву иттиҳодро аз беҳтарин ва лазизтарин неъмат баҳри ҳаёт донистааст ва таъкид низ намудааст, ки барои чашидани ин меваи лазиз, пеш аз ҳама, бояд ниҳоли дӯстиро шинонему парвариш диҳем:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ба ”кашфи” сиёсатшиноси нуктасанҷи тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ҳофизи бузург мафҳуми аҷиберо дар мавриди ин ду мафҳуми ба ҳам мухолиф “дӯстӣ ” ва “душманӣ” ба кор бурдааст. Яъне дӯстиро ба дарахти бузурги комовар ташбеҳ додаву барои “душманӣ”, ки агар мисли ниҳолаке ҳам ҷое пайдо шавад, баркандани он воҷибу зарур аст, то ба дарахт табдил наёбад ва ҷомеаро ба ранҷҳои бешумор рӯ ба рӯ насозад.

Баъзан ҷавононе, ки дар замони оромиву субот ва кишвари дорои сохтори мукаммал ба воя мерасанд, дар масъалаи шинохти арзиш байни мафҳумҳои истиқлол, озодӣ, ваҳдат ва мақоми аввалтар ё бештари онҳо ба мушкил дучор меоянд. Дар ин маврид бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо боҳаманд ва ҳама баробаранд. Зеро ҳамон истиқлолияти кишвар маҳз ба василаи таъмини ваҳдат дар сатҳи миллат ва ақлу заковати тамоми сокинони кишвар ба даст омад. Ба ибораи дигар Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду шаҳсутуни таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, яке дигареро такмил медиҳад, тақвият мебахшад ва ҳар дуи он марҳилаҳои навбатии рушди ҷомеа, таҳкими бештар ва устувории давлати худиро дар дохил ва ба хусус хориҷ аз он инъикос менамояд.

Дар замони сулҳу суботи васеъ ва ваҳдати комили миллӣ, вақте ки кишвар ба марҳилаи воқеан устувори рушд ворид шудааст, эҳё намудани хотираи давраҳои сангин бебунёд нест ва метавонад ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои омӯзиш ва таҳкими оянда хизмат намояд. Зеро инсон танҳо бо ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳлили холисонаву оқилона роҳи пурнишебу фарози тайкардаи хеш метавонад рушд намояд ва дар раванди бархӯрди манфиатҳои глобалӣ бозичаи дасти дигарон нашавад.

Ваҳдат танҳо як маъракаи сиёсӣ нест, балки ғояи бунёдӣ ва идеологияи аслии давлатдории миллӣ усули воқеии ҳаёти фарҳангии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат, ваҳдати миллӣ барои ҳар сокини кишвар мафҳуме болотар аз як ибораи сиёсӣ буда, натиҷаи таҷрибаи таърихӣ ва сабақҳои бархӯрди миллат бо ноадолатиҳои гузашта маҳсуб ёфта, барои ҳифзи сулҳу субот, амнияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа шарти муҳим мебошад. Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки пояи давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо ин бо заҳмати созанда пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшидан аст.

Ваҳдати миллии мо дар ҳеҷ сурат масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодагари талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мебошад. Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони навин, ба хусус, барои насли ҷавон як мактаби хоси омӯзиши ибрати таърих аст. Мактабе, ки дониш дар он тавассути таҷрибаи амалӣ омӯхта мешавад, ки бо шарофти ин мактаби ваҳдат Тоҷикистон ба сатҳи кишварҳои дар масири тавсеа ва тараққӣ қарор гирифта расонда шуд. Вале муҳимтарин нукта он аст, ки ҷавонон аз ин мактаб бояд биомӯзанд, ки миллате, ки ваҳдати воқеӣ ва амалӣ дорад, шикастнопазир ва болотар аз он фанонопазир аст.

Ваҳдат инчунин мактабест барои ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки дар баробари ояндаи ҷомеаи он эҳсоси масъулият ва вазифадорӣ дошта бошанд. Барои такрор нашудани рӯзҳои мудҳиши паси сар шуда, шаҳрвандон бояд масъул будани хешро пай бурда, ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таҳлилу баррасӣ ва аз он хулосаву натиҷаҳои омӯзанда бардошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳар гуна хатароти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омодагии ҳамешагӣ дошта бошанд.

Дарси дигаре, ки насли ҷавони мо аз ин мактаб меомӯзад, ин дарки зарурати мақоми ваҳдати миллӣ дар баробари воқеаву ҳодисоти хатарзои кишварҳои минтақа мебошад. Мутаассифона, дар ин нооромиҳои минтақа, ки дар асари мудохилаҳои абарқудратон ва ҷонибдорони онон ҷалб шудани теъдоде аз ҷавонони кишварамон ва бо мағзшӯиҳо ва ҷо кардани ақидаҳои экстремистиву зиддиинсонӣ дар мағзи онҳо ва пас кӯшиши зидди амнияту осоиштагии бадастовардаи миллатамон равона кардани онҳо ҷомеаро то ҳадде нигарон кардааст. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҳар соҳибватан ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳад, нагузорад, ки афкору ақидаи бегона, зарарнок ва тахрибкори беруна ба ҷомеаи солиму зебову ояндадори мо сироят кунад ва афкори ҷавонони ҳанӯз бетаҷрибаву ноогоҳ ва бехабар аз асли воқеаро тағйиру табдил намоянд.

Як воқеияти дигарро ҳам хотирнишон кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистони ҷавон соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии худро дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ ба даст овард. Ба ин сабаб, даҳ соли аввали ҳаёти кишвар ба масъалаҳои аз лиҳози муҳимият барои поягузорӣ ва бақои давлатдории худӣ дараҷаи аввал дошта, ба монанди қабули Конститутсия, таҳия ва танзими сохтори давлатдорӣ, поягузории мақомотҳои ҳокимият ва дигар масъалаҳои муҳими ташкилӣ сарфи назар шуданд, ки дар айни ҳол рушди бо суръаттари кишварро ҳам ба ақиб андохт. Ҳамчунон бояд таъкид шавад, ки таҷрибаи мусбати ваҳдати Тоҷикистон, яъне маҳз дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани ҷанги гражданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи нодир ва омӯзанда буда, дар айни ҳол далели қавии миллати тамаддунофарин будани ин мардумони бостонӣ мебошад.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 28 соли фазои Ваҳдати миллӣ паймуда аст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва ифтихор пайваста омӯзонда шавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки таҳти сарварии Сарвари сарсупурдаи миллат, Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавӣ ноил гардад. Аз ин рӯ, бо итминон метавон хулоса кард, ки ВАҲДАТИ МИЛЛАТ ва ПЕШВОИ МИЛЛАТ САРВАТИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАМОМИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОНАНД.