Ваҳдат ягона роҳи расидан ба орзуву омол ва нақнаву ниятҳои неки ҳар як давлату миллат ва ҳар қавму қабила ва ҳар оилаву ҳар нафар мебошад. Агар ҳар давлатеву миллатеву қавму қабилаву авлоду оилаву одамоне, ки дар дунё мебинем, ки ба мақсаду марому орзуву нияти хеш расидаанд ва устувору побарҷо ҳастанд, ин нишон аз он дорад, ки ваҳдат дар он ҷо побарҷост, чуноне мегӯем “Ваҳдати мо ин муваффақиятҳои мост”. Яъне муваффақ будан нишонаи сарҷамъиву ҳамфикриву ҳаммаромиву бо ҳам будан аст.
Дар дунё бисёр давлату миллатҳоро медонем, ки аз набудани ваҳдату сарҷамъиву ягонагӣ пароканда гаштаву таъриху тамаддун ва мероси ниёгони хешро аз даст додаанд.
Агар чунин давлатҳоро пеши назар орем ҳатман Сурия, Ироқ, Лубнон, Украина, Фаластин ва якчанд кишварҳои дигарро, ки аксари инҳо дар минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик ҷойгиранд, пеши назар меоянд ва ин давлатҳо бо надоштани ваҳдату ягонагӣ, набудани як идеологияи миллии созанда, ҳамфикру ҳаммаром набуданашон пароканда гашта истодаанд.
Чунин парокандагиву ба нестиву нобудӣ гирифтор шуданҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои 90-уми асри гузашта мушоҳида мешуд. Миллати тоҷик, ки дар азал миллати тамаддунофар аст, бо ҳама бузургиву маънавиёту боигарии маънавии хеш наздик буд, ки туъмаи даҳони бозингарони манфиатҷӯй мегашт.
Аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муборизаҳову музокираҳову ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳо ва кӯшишу талошҳо ба роҳ монда шуд, то ки Ваҳдати миллӣ ба даст ояд.
Дар давоми ин солҳо баъзе тоҷикони фурухташудаву аз худ бехабаргашта ба гурӯҳҳову ба ҳизбҳову ба майдоннишиниҳо тақсим шуда, зери манфиати баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки ҳадафашон несту нобуд сохтани ин миллат буд ва ба ҷони он ҷорӣ намудани расму оин ва фарҳангу сиёсати худ дар ин сарзамин буд ва мехостанд номи тоҷик ва забони тоҷикӣ дар дунё гум гардад ва то ҷойе расид, ки Тоҷикистонро аз харитаи олам ҳазф карданд.
Аммо бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди олами сиёсат, сиёсатмадори оламшумул, ғамхори халқу миллат, нафаре, ки аз худ гузаштаву баҳри сарҷамъ намудани миллати тоҷик ҷони худро ҳазорон бор ба хатар гузошт, гурезагонро ба Ватан баргардонид ва як миллати пора-пора гаштаро сарҷамъ намуд ва дар як мудати кӯтоҳи таърих Тоҷикистонро дар олам ҳамчун миллати тамаддунофар ва мутамаддин муаррифӣ кард, миллатро аз гирдоби ҷангу ҷидолу нофаҳмиву душманиву кинаву даоват раҳоӣ бахшид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон – Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармо гаштааст.
Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мардони ватандӯсти тоҷик бисёр хизматҳои шоистаро анҷом додаанд. Кор ба ҷое, расид, ки баъзе аз фурухташудагон мехостанд аз таъриху тамаддуну расму оину фарҳанги аҷдодӣ ва миллии тоҷикӣ гузашт кунанд ва Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд дар ҳоле, ки баъзе давлатҳои исломӣ дар зери фишори исломгароён тамаддуни худро аз даст дода истодаанд, вале барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифт ва бо бархе давлатҳои дӯсту бародари тоҷик барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ чандин бор музокирот ба роҳ монда шуд, то суботи сиёсӣ, амну амонӣ ва сарҷамъиву ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ташкил карда шавад.
Бо ҳама ин талошҳову кӯшишҳои зиёд, баъди чандин маротиба музокироту нишастҳо дар кишварҳои дӯсту бародар ниҳоятан 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд, ки нақши Маскав дар ба роҳ мондани сулҳи тоҷикон ва роҷеъ ба барқарории суботи сиёсӣ дар кишвар хеле назаррас мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми ин солҳои бесуботӣ, беамнӣ ва парокандагии миллати тоҷик, ки бо фармони баъзе хоҷагон ва иҷрои баъзе гуруҳҳои ҷинояткор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад ва барои манфиату ҷоҳу ҷалол худбохтагони гуруҳҳои террористӣ ва ноогоҳони тоҷик бар зидди ҳамдигар бо “яроқи ҳадянамуда”-и душманони берунаи кишвар дар ҷумҳурӣ ҷанги сартосарӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз як саду панҷоҳ ҳазор кас кушта ва тахминан 1 миллион кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Ягона арзише, ки тавонист миллатро аз парокандагӣ наҷот бубахшад ва тоҷиконро сарҷамъ оварад ва дар дунё дубора номи тоҷикро машҳур гардонад, аввал ин хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дуюм ин ба роҳ мондани Ваҳдати миллӣ буд.
Бо сарбаланӣ имрӯз метавон гуфт, ки дар фазои Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ бисту ҳашт сол боз ваҳдату ягонагиро ба худ касб кардааст тибқи раддабандии кошиносони институтҳои сулҳ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои боамнтарин дар дунё эътироф гардидааст ва умед аст, ки зери сиёсати хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъии миллати шарафманди тоҷик ҳазорсолаҳо сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷо хоҳад монд.
Зиёев Субҳиддин Насриевич,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология,