Skip to main content

Тоҷик будан фахр аст. Аммо дар баробари ин, масъулияти бузург низ ҳаст. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо — нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ неъмати осмонӣ нест, он натиҷаи заҳмат, фаҳмиш ва бахшиши одамонест, ки оташи ҷангро бо оби ақл хомӯш карданд.

Мегӯянд, ки баъди ҳар шаби тор, субҳи дурахшон меояд. Барои миллати сарбаланди тоҷик низ чунин як субҳи нурбори таърихӣ буд, ки онро мо имрӯз бо номи Ваҳдати миллӣ мешиносем. Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон танҳо як калима нест, балки маънии зиндагии нав, сулҳи пойдор ва ояндаи пурифтихор аст. Он нурест, ки пас аз шаби тор ба хонадони тоҷикон равшанӣ овард.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, буд, ки бо забони сулҳ халқро гирди ҳам овард. Ӯ тавонист он лаҳзаи ҳассоси таърихиро ба фурсати таърихӣ табдил диҳад. Бо имзои Созишномаи сулҳ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, тоҷикон роҳи нав — роҳи ваҳдат, ҳамдигарбахшӣ ва рушди устуворро пеш гирифтанд.

Имрӯз, натиҷаи он сулҳу ваҳдатро мо дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон мебинем. Мактабҳои нав, роҳҳои мумфарш, беморхонаҳои замонавӣ, корхонаҳо, фарҳанг, варзиш ва илму техника — ҳама самараи Ваҳдати миллӣ мебошанд.

Ҷанги бадон рафт, ваҳдат биёмад,
Субҳи сафеду табассум дамид.
Миллати саргашта дар пайи фардо,
Сӯи умеду саодат расид.

Гирем ба дасти ҳам, бо муҳаббат,
То сабз шавад Ватани мо ҳамеш.
Ҳар як нафас гар шавад хидмате,
Аз мо намонад дигар зарра кеш.

Меҳру вафо, ваҳдату оромӣ,
Сутуни поки давлати мост.
Бо он зи по наафтад Ватан ҳеч гоҳ,
То ваҳдати миллӣ бо мо ҳамрост.

Имрӯз насли ҷавон — фарзандони истиқлол — дар зери партави Ваҳдати миллӣ рушд меёбанд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ин неъмат ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳифзи ваҳдат бояд илм омӯзанд, касб омӯзанд, Ватанро дӯст доранд ва ба душмани ваҳдат — тафриқа ва ҷаҳолат — роҳ надиҳанд. Мо насли имрӯзаем, аммо масъули фардои Тоҷикистони азиз низ ҳастем.

Ваҳдати миллӣ ин аст, ки ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон бо ҳамдигар пайванд дошта бошанд. Ҳар шаҳрванде, новобаста аз забон, миллат ва дин, худро фарзанди як хонавода ҳис кунад. Ваҳдат моро нерӯ медиҳад, ки ба сӯи фардои рӯшан биравем.

Ман, ту, мо — ҳар яки мо масъули ваҳдатем. Агар мехоҳем Тоҷикистони сабзу зебо боқӣ монад, пас бояд ҳар як нафасамон бо эҳтиром, муҳаббат ва фаҳмиш пур шавад.

Мо бояд бо тамоми ҳастӣ аз ин арзиши муқаддас ҳимоя кунем. Чун ваҳдат на танҳо асоси сулҳу субот, балки меҳвари ҳамаи пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мост.

Биёед, дар сояи ваҳдат, Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар гардонем!

Аниса Наҷмиддинова - мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ