Имрӯз, 22 июн дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ду арзиши аз ҳама муҳими ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ки яке бе дигаре қиммате надорад. Таҷрибаи таърихии аксар халқияту миллатҳо ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат ба вуҷуд омада, дар роҳи рушд устувориашон таъмин мегардад.
Таъкид гардид, ки ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин рукни муқаддас метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки халқи тоҷик маҳз ба шарофати ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ тавонист давлати соҳибистиқлоли худро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ ва хизматҳои шоиста доранд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор ва таҳким ёфта, барои бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст
Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳу ташаббускор шинохта шуда, дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳсули сиёсати хирадмандона ва ваҳдати пойдори миллӣ арзёбӣ мегарданд.
Иброз гардид, ки ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ноил гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии бақои давлатдории миллӣ минбаъд низ бояд ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ҳифз ва таҳким бахшида шавад.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Маркази инноватсионии биология ва тиб ташриф оварда, ҳамзамон бо шароити кории олимону кормандони марказ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳи биологияи тиббӣ гурӯҳи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш дидан намуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимону муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд.
Инчунин, президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо талош намуда истодаем, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмиро марҳила ба марҳила мустаҳкам намуда, як шароити хуби кориро барои олимони соҳаҳои мухталиф фароҳам оварем.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии фаъолияти Марказ омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии растаниҳои шифобахш ва зироатҳои кишоварзӣ дар шароити гуногуни экологӣ; омӯзиши таркиби фитокимиёвии растаниҳо; таҳияи моддаҳои фаъоли биологӣ (МФБ) ва иловаҳо (ИФБ); омӯзиши растаниҳои ороишӣ ва шифобахши интродуксияшуда ва дигар самтҳои рӯзмарра, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз захираҳои гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки захираи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди гербарии Институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кӯҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфӯз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанӯз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки захираи гербария на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи ҷамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус ҷамъ карда буданд, балки аз ҷиҳати таркиби навъҳои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 5 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон маҳфили илмию фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қабл аз суханронӣ ҳузури дӯстон, ҳамзабонон ва ҳамтаборони он сӯйи Омуро, ки ба сарзамини аҷдодии хеш ташриф оварда, ҳамроҳи мо дар баргузории ҷашни шукӯҳманди Наврӯзи бостонӣ ширкат меварзанд, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар воқеъ, Рӯди обшори Ому тайи асрҳо моро ба ҳам мепайвандад ва ба баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросимоти Наврӯзӣ андаке гузашта, ҷашни Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз ҳам идома доранд.
Мавриди зикр аст чун анъана ҷашну иҷрои суннатҳои наврӯзи дар кишварҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома пайдо мекардааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушӣ аст, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан, ба дунболи таҷлили Наврӯзӣ, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин маҳфили зебои илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросимоти мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ доштаву дорад. Мусаллам аст, мардуми мо дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро таъсис дода, мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва карда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат дода омадааст.
Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум намуда, миёни ҷашну ойину маросими дигари миллӣ бостонитарину куҳантарин ва густурдатар будааст. Зиёда аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофиёи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарасти сайёра иртибот мегирад.
Ҳамин аст, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктабори ду сӯйи Ому бешубҳа, Наврӯз аст. Агар мо даъвӣ пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд.
Аз ин гузашта, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тулонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз карда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохтаанд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олӣ дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.
Дар идома як зумра олимону муҳақиқион ва шоирону адибони ҳарду ҷониб зимни суханрониҳои хеш доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумлаи Наврӯз маъруза ва шеърхониҳо намуданд. Инчунин, маҳфил дар охир бо замзамаи шеъру сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.
04 апрели соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ романи тозанашри нависанда Маҷид Салим “Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ” муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳунару завқи нависандагии Маҷид Салим ва романи тозанашраш суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардум бо таърихи адабиёти ниёкон ошноӣ пайдо намуда, осори пурғановати шоирони машҳури тоҷику форс дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо зиёиён ва дигар қишри ҷомеа борҳо таъкид доштанд, ки танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад ва аз солҳои аввали Истиқлолият ҳамеша таъкид мекарданд, ки сарчашмаи асосии худшиносӣ китоб аст. Дар воқеъ, китоб сарвати бебаҳост, ки ақлҳоро рӯшан ва заковатро комил мегардонад. Барои шинохт ва шиносонидани ҳамаҷонибаи фарҳанги ҳазорсолаи миллӣ нақши муҳим ва созгор дорад.
Ҳамин аст, ки дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯйи чоп омадаанд, ва имрӯз ҳар як шахс метавонад аз ин осори шоир истифода барад.
Таъкид гардид, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандашмазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст.
Дар идома раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шерхон Салимов, Кароматулло Мирзоев, Ҷамолиддин Яъқубов зимни суханронӣ доир ба мазмун ва муҳтавои роман ва осори гаронбаҳои мутафаккир ва орифи барҷаста Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти он маъруза намуданд.
Инчунин, нависанда Маҷид Салим зимни суханронӣ қайд кард, ки дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 04 апрели соли 2025 зимни нишасти якуми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маърӯзачӣ номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз дар мавзуи "Ҷурғофиёи таърихии Давлати Сомониён" гузориши илмӣ ироа намуд. Баъд аз гузориши илмии Сафарзода Некрӯз дар қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимарониҳо олимони ҷавон фаъолона баромад намуданд.
Имрӯз дарси навбатии курси "Зан сарвар" баргузор гардид, ки дар он бо муаррифии барномаҳои таблиғӣ таҳқиқотӣ коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Расулова ва Бону Шарифзода иштирок намуданд.
Дар давоми муаррифӣ коршиносон оид ба дастгирии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолие, ки ба истифода аз ашёи табии маҳаллӣ равона шудаанд, инчунин ташвиқ ва таблиғи фарҳанги экологӣ дар маҳал маълумот дода майли худро оид ба ҳамкорӣ бо Шурои занони АМИТ иброз доштанд.
Иштирокчиёни дарс аз мавқеъ истифода намуда барномаҳои таҳқиқотии худро муаррифӣ намуда, бо коршиносон саволу ҷавобҳо анҷом доданд. Коршиносони ҳифзи муҳити зист ниёзмандиашонро ба омӯзгорон иброз дошта, иштирокчиёнро барои ширкат дар кори Форуми байналмилалии занон оид ба экология, ки дар Душанбе баргузор мешавад бо намоишгоҳи дастовардҳои худ ва хамчун иштирокчӣ даъват карданд. Ин даъват бо шодмонӣ аз ҷониби иштирокчиёни курси "Зан савар" пазируфта шуд.
