Skip to main content

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ё (Economic Cooperation Organization) яке аз созмонҳои муҳими минтақавии байнидавлатист, ки бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъсис ёфтааст. Ин ниҳоди байниҳукуматӣ кишварҳои Аврупо, Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро фаро мегирад. Ин созмон беш аз 460 миллион аҳолӣ ва зиёда аз 8 миллион километри мураббаъ қаламравро дарбар мегирад ва Русияро бо Халиҷи Форс ва Чин ба ҳам мепайвандад. Ҳадаф ва мақсади асосии СҲИ таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар миёни кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва алоқа мебошад.

Имрӯз, 4-уми июли соли 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо сафари корӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон гардиданд, то дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ширкат намоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон мизбони Саммити 17-уми СҲИ мебошад. Дар Саммити навбатӣ роҳбарони кишварҳои минтақа ва дигар аъзои СҲИ ширкат мекунанд. Ҳадафи асосии нишаст мусоидат ба ҳамгироии тиҷорат, нақлиёт ва сайёҳӣ дар сарорари минтақаи кишварҳои аъзои СҲИ мебошад.

Бояд зикр кард, ки ҳаҷми муомилоти солонаи байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба 1,8 миллиард доллари ШМА мерасад. Бо дарназардошти иқтидори бузурги иқтисодии минтақа, ин нишондиҳанда ниёзи ҷиддиро ба талошҳои иловагӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва ҳавасмандгардонии тиҷорати дохилминтақавӣ ба миён меорад.

Дар гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммитҳои пешинаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамоишҳои ин ниҳоди бонуфуз фаъолона ширкат карда, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид карда буд, ки “Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар доираи Созмон аҳамияти хос зоҳир менамояд. Кишварҳои аъзои Созмон аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархурдоранд. Истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаи мо хидмат намояд”.

Инчунин дар тӯли солҳои кории созмони СҲИ ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ба даст оварда ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ таъсис додааст. Чи тавре ки зикр шуд мақсаду ҳадаф ва ташаббусҳои асосии созмони мазкур иборатанд аз:

(i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ;

(ii) таъсиси низоми раводиди СҲИ барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон;

(iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ;

(iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии СҲИ ва Иттиҳоди клирингии СҲИ барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.

Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Инчунин кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд ва лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок татбиқ менамоянд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли минтақавӣ дар баробари дигар кишварҳои узв пайваста талош меварзад, ки ҳамгироии минтақавиро ҷиҳати рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон тақвият бахшад. Дар умум таҳкими ҳамгироии кишварҳои узви СҲИ, рушди устувори минтақавӣ, нишон додани имкониятҳои нави иқтисодӣ дар геоиқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ мебошад.

Одинаев Абдуҳалим, ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ