Skip to main content

Чунончи муаррихон ва пажуҳишгарони ба вижа риштаи мардумшиносию таърихнигорӣ муъайян кардаанд, ки тоҷикон дар гузашта то имрӯз ба ҳеч кишваре ё сарзамине лашкаршӣ накардаанду бо ҳеч қавму қабилае ҷангу ҷидол накардаанд. Ин натиҷа аз он шаҳодат медиҳад, ки миллате ё халқе дорои фарҳангу маданияти баланд ҳаст, ҷангу хунрезӣ аз он бегонааст ва дар андешааш ҳамин ин амали нангинро иҷоза намедиҳад, ки парвариш диҳад, аз ин ҷост, ки миллати тоҷик бо фарҳангу донишу китобофарӣ пайваста кӯшидааст бо мардуми сайёраи замин дар робитаи дӯстиву ҳамзистӣ муносибату зиндагонӣ бикунад. Далели дигари ин гуфта он аст, ки дар суннату оин ва ҷашнҳои ниёгони тоҷикон сулҳу дӯстӣ дар мақоми аввал қарор мегирад, ба мисол ҷашни Наврӯз дар гузашта то имрӯз пайғоми дӯстиро миёни қавмҳову миллатҳо тарғиб мекунад.

Дар ҳамин замина адабиёти классики форсу тоҷик низ шодзистиву дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро аз аъмоли накӯи инсонӣ донистаасту бузургони тоҷик дар пайравӣ ба андешаҳои наврӯзӣ осори гаронмояе офаридаанд, чӣ гунае Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Як ҳарфи суфиёна бигуям иҷозат аст?!

Эй нури дида сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ.

Аз шоҳбайти Ҳофиз бардошти инсонҳо бояд он тур бошад, ки бунёди фарҳангу ҷомеаи солим аз суҳлу дӯстӣ сарчашма мегирад ва авлотар донистани суҳл ҳам дар назар Ҳофиз ҳамин аст, ки осоиштагӣ инсонҳоро инсонтару донишу ахлоқашонро фузунтар мегардонад. Дар ҳамин росто, Мавлои Балх ҳам мефармояд:

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,

Дӯстонро шод гардон, душманонро кур кун.

Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз,

Бори дигар ғӯрахоро пухтаву ангур кун...

Ин гуна мисолҳо дар адабиёти классики тоҷик фаровон аст ва дар ҳамин руҳияву андеша миллати тоҷик ба воя расидаву тору пудаш аз ин пиндорҳову гуфторҳо сиришта гардидааст.

Бояд ёдовар шавем, ки нақш ва ҷойгоҳи Наврӯз дар сулҳандешиву сулҳхоҳии гуфтору пиндори миллати тоҷик хеле бузург аст ва ин пайғоми наврӯзист, ки тоҷик онро ба тамоми ҷаҳониён талқин мекунад.

Чи тавре, ки дар боло зикр кардем, суннату оинҳои наврӯзӣ беш аз пеш сулҳу дӯстиро дар андешаву ҳастии инсонҳо парвариш медиҳад ва ҳатто суннати наврӯзӣ ҳаст, ки агар бо касе қаҳрӣ ё кудурату душманӣ дорӣ, дар фарорасии Наврӯз он ҳамаро бахшидану дилҳоро аз меҳру муҳаббат ба як дигар лабрез гардонӣ.

Аз лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дорои баланди фарҳангу ахлоқи наврӯзӣ ҳастанд, дар ҳама баромадҳои худ, бахусус дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ аз сулҳу дӯстӣ сухан мекунанд ва кишварҳоро ҳам ба ин самт даъват мекунанд. Ҳамин иқдомҳои инсонмеҳвариву инсондӯстдории Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон бо ҳамсояҳои худ чӣ мушкилоту нофаҳмиҳое буд, бо роҳи дипломативу дӯстӣ ҳаллу фасл кард ва дастоварди бузурги таърихӣ дар риштаи дӯстии ҳамосоякишварҳо- Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳади ин се кишвар муайян гардид ва ин аз нигоҳи иқтисодиву сиёсиву фаҳангӣ ва фаробар аз ин дар ҳамсоядорӣ рӯйдоди накӯи бесобиқа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, чандин созишномаҳое дар ин замина ба имзо расид, ки ҳамаи онҳо дӯстиву сулҳу соботро дар минтақа устувортар мегардонанд.

Дар арафаи Ҷашни Наврӯз ин рӯйдоди таърихӣ рост омаданаш ҳам аз аҳамияти фарҳангиву ахлоқии тоҷикон алоқамандӣ дорад.

Аз ин рӯ, бори дигар Наврӯз исбот кард, ки ҷашнест барои башарият хушвақтиву хушрӯзи меорад ва ҷашни Наврӯз сафири сулҳу амонӣ буду ҳасту мемонад ва чунин пайкҳои шодонаи Наврӯз бештар амалӣ гарданду инсонҳо дар фазои суҳлу субот зиндагӣ бинмоянд.

Зоҳири Сайфулло, - ходими хурди илмии шуъбаи Фалсафаи фарҳанг Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар санаи 3- 4 апрели соли 2025 шаҳри Самарқанд мизбони як рӯйдоди таърихӣ гардид – Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва иштироки ӯ дар аввалин саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба вуқӯъ пайваст. Ин нишаст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, сатҳи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар баробари рақобатҳои геополитикӣ таъйин менамояд. Ин чорабинӣ як рӯйдоди муҳими сиёсӣ маҳсуб шуда, марҳилаи навро дар муносибатҳои ин ду минтақа беҳтар хоҳад кард.

Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки дар ин ҳамоиш на танҳо Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки роҳбари сохторҳои олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта низ иштирок мекунад. Ин сафар на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки дар заминаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва энергетикӣ низ аҳамияти хоса дорад.

Мулоқоти қаблии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2022 ва 2023 дар шаҳрҳои Остона ва Чолпон-Ота асоси ташаккули ин форматро фароҳам оварданд. Ҳамзамон, баргузор гардидани ҳамоиши Самарқанд нишон медиҳад, ки ҳамкориҳо байни ин ду минтақа ба сатҳи стратегӣ расидаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз ин нишасти сатҳи олӣ ноиби президенти Комиссияи Аврупо ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кая Каллас ба Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар кард. Санаи 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карданд. Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳоди худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд.

Кая Каллас дар баромадаш аз ҷумла ишора мекунад, ки дар моҳи октябри соли 2023 дар Люксембург харитаи роҳи "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" қабул шуд. Дар мулоқот бо Каллас панҷ самти асосии амиқсозии ҳамкорӣ, аз ҷумла дурнамои рушди сармоягузорӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои рақамӣ ва нақлиётӣ дар чаҳорчӯби стратегияи “Дарвозаҳои глобалӣ” (Global Gateway) баррасӣ шуданд.

Соли гузашта дар Саммити “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” дар Тошканд сарони кишварҳои минтақа, инчунин раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел розӣ шуданд, ки барои рушди долони нақлиётии байналмилалии Транскаспий якчанд миллиард евро маблағ ҷудо карда шавад.

Кая Каллас ҳамчунон қайд кард, ки Аврупо омода аст, ки ин маблағҳоро ба рушди долони нақлиётии Транскаспий равона кунад, то робитаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо беҳтар гардад.

Дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи хосса ба тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд зоҳир гардид.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷура оид ба ин ҳамоиш дуруст қайд кардааст, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ҳамчун субъекти мустақил ва фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ амал мекунад. Дар ҳақиқат, Осиёи Марказӣ имрӯз ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолона амал мекунад. Минтақаи Осиёи Марказӣ бо мавқеи ҷуғрофии худ, ки чорроҳаи Аврупо ва Осиёро ташкил медиҳад, инчунин бо захираҳои ғании энергетикӣ ва канданиҳои фоиданок барои абарқудратони ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад. Ин минтақа ҳамчун нуқтаи пайвасткунандаи роҳҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ хидмат мекунад, ки ин боиси он таваҷҷуҳи зиёд ва рақобатӣ қудратҳо барои нуфуз дар ин минтақа шудааст.

Дар шароити кунунии мураккаби байналмилалӣ, ки бо бӯҳрони энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва зарурати рушди устувор муайян мегардад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси шарикони боэътимоди Иттиҳоди Аврупо зоҳир мешаванд. Ин мулоқот метавонад заминаи амалиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетикаи сабз, логистика, иқтисоди рақамӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим фароҳам оварад. Ғайр аз ин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, бахусус дар робита бо вазъи Афғонистон, низ аз меҳвари муҳокимарониҳо хоҳад буд.

Сафари фон дер Ляйен ба Самарқанд нишон медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи калидӣ дар сиёсати хориҷии худ назар дорад. Қабули стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ин тамоюлро тақвият бахшида, ва саммити мазкур метавонад оғози марҳилаи нави муносибатҳо ва ҳамкорӣ байни ду минтақа гардад.

Дар маҷмӯъ, ташрифи Президенти Комиссияи Аврупо ба Самарқанд ва баргузории аввалин саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти дипломатияи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба шумор меравад. Ин як намунаи равшани сиёсати бисерҷониба аст, ки метавонад барои пешбурди субот, шукуфоӣ ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат намояд.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ,

Мулоқоти байни роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рузи 4 апрели 2025 дар Самарқанд баргузор мешавад,таърихӣ арзёбӣ мешавад. Санаи 3 апрел ҳам Раиси шӯрои Аврупо, Антониу Кошта ва ҳам Раиси комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен (Ursula von der Leyen) барои мулоқоти дуҷониба бо сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ ба Узбекистон меоянд.

Ин аввалин ҳамоиши Иттиҳоди аврупо ва кишварҳои минтақа дар таърих аст. Намояндагони Брюссел чунин мешуморанд, ки он ягона нишаст нахоҳад буд, балки ба мулоқотҳои мунтазами байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз мебахшад. Мо чунин мешуморад,ки ин вохӯрии таърихии сатҳи олӣ дар раванд густариши муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ саҳифаи нав мекушояд.

Нишасти дар болозикр гардидаи сарони давлатҳо таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев бо иштироки Роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад ва таҳти шиори "Сармоягузорӣ ба оянда"номида барпо мешавад.Дар ҳошияи ин мулоқот як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дигар шахсони расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷониби президенти Узбекистон низ ин саммитро, ки 3-4 апрели 2025 дар Самарқанд баргузор мешавад, "воқеан таърихӣ" номид.Дар ин нишаст масъалаҳои иқтисодиёт, савдо, энергетика, нақлиет, баррасӣ хоҳанд шуд.

Чуноне ки дар боло зикр намуда будем,президенти Шӯрои Аврупо ва Президенти Комиссияи Аврупо барои иштирок дар саммити якуми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Узбекистон ташриф меоранд. Чанде пеш, Антониу Кошта, Президенти Шӯрои Аврупо қайд намудаанд ки, “мо дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва парокандагӣ зиндагӣ мекунем.Дар ин ин қарина ягона роҳи ҳалли имконпазири Иттиҳоди Аврупо таҳкими шарикӣ ба хотири сулҳ ва шукуфоӣ мебошад. Дар ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳамкории фаъолтар ва суроғавӣ зарур аст. Саммити якуми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ӯҳдадории моро ба ҳамкорӣ ба хотири сулҳу амният ва рушди устувор бо риояи пурраи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақвият мебахшад.»

Дар ин ҳамоиш, Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла ҳамбастагии рақамӣ, стратегӣ, иқтисод , экология, амният дар дохили минтақа тасдиқ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо дуввумин шарики тиҷоратии минтақа ва инчунин бузургтарин сармоягузор аст, ки беш аз 40% тамоми сармоягузориҳоро дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

Мо бовари дорем, ки ин нишаст ба манфиати ҷонибҳо натиҷаи хуб хоҳад дод, зеро Осиёи Марказӣ имрӯзҳо мавқеи худро дар минтақа боло бурда , бо тамоми кишварҳо нишастҳо, вохуриҳову суҳбатҳо анҷом бидиҳад. Дар баробари ин нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бориз арзёби мешавад аз ҷумла дар масъалаи иқлиму об, иқтисоди сабз, таъмини амният,сармоягузори ва ғайра.

Махмедов Муҳаммадҷон, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Душанбе маркази фарҳанги кишвар,

Чу волияш азизи халқу роҳбар.

Барои миллати озодапарвар,

Вафои Рустамаш бигрифта дар бар.

Басе машҳури дунё гашта сад бор,

Ҷаҳони маъниро бикшода такрор...

Дониёр Сангинзода

Эълон кардани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва маърифати экологӣ дар ҷумҳурӣ ва пойтахти Тоҷикистон гувоҳӣ аз тарғиби арзишҳои олии шаҳрвандон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон, мустаҳкам намудани санадҳои ҳуқуқӣ ва муносибати эҳтиромона дар руҳияи арҷгузорӣ нисбат ба волоияти қонун ва дарки дурусти он медиҳад.

Зеро аз гузаштаи дуру наздик тоҷикон дар руҳияи бузургони адабу сиёсату фарҳанг зери шиори “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад”...ба воя расида, меҳру муҳаббати инсонӣ, эҳтирому эҳсонкорӣ, ободиву озодагӣ, ҷасорату ҷавонмардӣ ва ҳамзистиву ҳамсоягиро болотар аз ҳама дониста зиндагӣ карданду хоҳанд кард. Дар ҳақиқат ҳар миллату қавме ки дорои чунин хислатҳои некуанд ҳамеша дилсӯзу дилҷӯи инсоният буда, сарбаланду сарфароз зиндагӣ мекунанд.

Аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон– шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад, ки соли 2025 санаи мазкур ба 19 апрел рост меояд. Душанбешаҳр, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар сокини кишвар буда, арзишҳои таърихӣ ва бостонии он бо сабаби дар “Шоҳроҳи бузурги Абрешим” ва канори Ҳисори шодмон ҷойгир буданаш пайваста мақому манзалати онро боло мебарад. Душанбешаҳр чун маркази тамаддуни ҷаҳон, пайваста мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ буда, ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе - шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе- маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба сулҳу сафову дӯстиву бародарӣ дар руҳияву раванди дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд. Қарори Созмони Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз моҳи августи соли 2004 сазовори Ҷоизаи шаҳри Сулҳ гардидани Душанбе далели пешсаф ва ободу зебо ва амнтарин дар ҷаҳон будани ин шаҳри дилрабо дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, Душанбешаҳр баъди истиқлолият ва эҷоди мактаби сулҳу созандагии кишвар бештару беҳтар машҳур гардид, ки муддавом ба ин шаҳри ҷавон дӯстдорони фарҳангy тамаддун меҳмон мешаванд. Ин шаҳр таърихи 2300-сола дошта, номаш соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Ба ривояте мардуми атрофи Ҳисори шодмон рӯзҳои душанбе барои савдову тиҷорат ба ин маҳал меомаданд, ки дар натиҷаи он Душанбе гирифта аст. Ҳамин тариқ, Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ сазовори мақоми шаҳр шуда, аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном гирифта, соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд. Шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои дунё аз ҷумла, Лоҳуру Исломободи Покистон бародаршаҳр мебошад.

Нигорандаи сатрҳо чун як сокини Тоҷикистону Душанбешаҳри зебоманманзар аз гузаштаву имрӯз ва мардуми сулҳпарвару сарбаланд ифтихори беандоза карда, гоҳу ногоҳ ба ҷойҳои гуногуни кишвар сафар карда хислатҳои ҳамида ба мисли меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ ва тозакории халқро мушоҳида карда як ҷаҳон маънавиёт мегирем.

Ҳамин хислатҳои ҳамидаи сокинони пойтахт ва мардуми атрофи он мебошад, ки пайваста дар ободиву гулгулшукфоии маҳаллаҳо, ба хусус, мактабу кӯпрук, кӯчаву каналҳо, хонаву роҳу растаҳо саҳм мегузоранд. Гузаштагони мо бо доштани донишу ҳунарҳои волои худ аз ҷумла, забону илму адаб, бофандагиву ресандагиву меъморӣ миёни мардуми ҷаҳон шуҳрат ёфтанд, ки будани шаҳру маҳалҳои бостонии таърихӣ аз рангорангии тамаддуну маданиятсозӣ онҳо дарак медиҳад, ки пайваста талош мешавад то тозаву озода нигоҳ дошта шаванд. Шоир ва файласуфи шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ адабу ҳунари тоҷиконро дар шеъре чунин тавсиф намудааст:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд....

Ҳамин тариқ, бо эълон гардидани “Соли экологӣ” дар ш.Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» баргузор шуд, ки аз маданияти бузург ва ҳунари волои мардумони бумии инҷо гуфоҳӣ медиҳад. Донишманди соҳа бо санаду далелҳо ишора карда, таъкид намуданд, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба як мамлакати сабз ва пойтахти он ба шаҳрҳои сабзтарини Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.

Фасли Баҳор бо авҷи гул-гулшукуфӣ, насими накҳатовар, айни ривоҷу равнақи кор нахустин қадамашро бо истиқболи Рӯзи модар оғоз намуда, бо пайку муждаҳои Наврӯзи бостонӣ ҳамаи шаҳрвандон, ба хусус сокинони Душанбешаҳр ва мардумони маҳаллаҳои атрофи онро болидаҳол мегардонад.

Душанбешаҳр чун пойхтахт кишвар ва маркази чорабаниҳои минтақавиву фароминтақавӣ бо чаҳор дарвозаҳои вурудии худ ва мардумони атроф, аз ҷумла куҳу теппаҳои Самарқандиву Мағмуруд, дараву дарёҳои Ромиту Варзоб, қалъаву гулбоғҳои Гулбуттаву Ҳисори шодмон пайваста ҳусни тоза гирифта, рӯз ба рӯз ободтару дилработар мегардад. Мардуми Душанбешаҳр ва атрофи он баҳри ободиву оромии пойтахт ҳар шанбе ба ҳашари дастаҷамъӣ баромада маҳаллаи худро поксозӣ карда, зебову хуррам мегардонанд. Ҳама дастаҷамъона баҳри ободу зебо гардонидани ҳудуди макони зист камари ҳиммат баста, корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, кӯчаю биноҳо, ба тартиб даровардани роҳҳои байни деҳот, бунёд намудани боғҳо, шинондани дарахтону гулҳо кишту кори мавсимиро оғоз мекунанд.

Ҳамин тавр, мардумони атрофи Душанбешаҳр кор ва фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри амалисозии он ҳамеша талош меварзанд.

Ин ҷо бояд қайд кард, ки мардумони атрофи Душанбешаҳр чун қалъаҳои муҳофизатии пойтахт дар ободии он худро масъул дониста, бо идораҳои шаҳрдорӣ ҳамкорӣ намуда, бо донишмандону адибони мутахассисони моҳир заминаро барои сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд таҳти роҳнамоиҳои шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ “ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд”, кор гирифта, зери шиори “Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеа созгору солиму сарфароз” саҳми созанда мегузоранд.

Хулоса, корҳои ободонии дар Душанбешаҳр вусъат пайдо карда, тозакории ҷӯйбору таъмиру тармими роҳу пулҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббию синфҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишию нуқтаҳои хизматрасонӣ ва мактабу боғчаҳои замонавӣ ба ҳусни зебоии он тароват хоҳад бахшид. Ҳамин тариқ, мардуми Душанбешаҳр ҳамеша аз мактаби сулҳу созандагӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ифтихор намуда, бо ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ Ватанро Озоду Ободу Ором нигоҳ дошта, дар гул-гулшукуфоии он зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” пайваста барои ободонии ва муҳофизати пойтахту атрофи он саҳм гузошта, меболанду менозанду мефахранд.

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ дар Тоҷикистон самараи он мебошанд. Имрӯз дар тамоми ҷанба ва дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи қабл аз ҳама ташаббусҳои роҳбари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмиллалӣ Тоҷикистонро як кишвари ташаббускор ва давлати дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст».

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.Дар ҳақиқат ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму нерўманд ва барнодилу болидарўҳ аст. Оре, ҷавонӣ ишқу орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист:

Сафои ҷону дилҳоӣ, ҷавонӣ!

Навои обу гилҳоӣ, ҷавонӣ!

Суруратро муҳаббат зинда дорад,

Баҳористони гулҳоӣ, ҷавонӣ!

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омўзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо-ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омўзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Комрон Бобоев – Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

12312312ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Вобаста ба ин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин ибрози назар намуд:

-Таҳлилҳои геосиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки имрӯз вазъи ҷаҳони пурмоҷаро хеле нигаронкунанда мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо сарварӣ ва таъсири мардони бузурги дунёи сиёсат таҳкими давлатдорӣ ва ҳамзистии осоишта идоракунанда ба шумор меравад. Дар чунин раванд барои муътадил намудани вазъ нақши сарварони сиёсӣ ва элитаҳои сиёсӣ пурра дарк карда мешавад. Сарварони сиёсӣ ба андешаи мо, дар ин марҳилаи таърихӣ ба он қодиранд, ки ба рушди ҷомеа тағйирот ворид намуда, самти инкишофи онро дигаргун намоянд.

Аз ҷумла, Сарвари сиёсии тоҷикони ҷаҳон- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сарварони муваффақи минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти сиёсии давлатдориашон тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намоянд.

Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттифоқи Шуравӣ дар низоми нави ҷаҳонӣ андешаву тағйироти куллӣ ба миён омад. Мутаассифона, замоне мавҷудияти моликияти миллӣ ҳамчун манбаи муқовиматҳо байни давлатҳо шинохта шуда буд. Аз ин рӯ, таъсири тағйирёбии қоидаҳои меъёрҳои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ парадигмаҳое ба миён овард, ки боиси баҳсҳои мухталиф гардидаанд. Дар ин марҳала баъзан идеяҳои наве дар асоси назарияҳои низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шуданд, ки ҳато аз байн бурдани марзҳо, ҳудудҳои миллӣ ва беасос донистани ҳудудҳои назди сарҳадиро ба боқимондаи замони кӯҳна мансуб медонистанд.

Табиист, ки дар чунин ҳолат ҳалли масъалаҳои байнисарҳадӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ дар ҳамсоякишварҳои минтақа ҳар яке хусусияти хос дорад. Хусусан, масъалаи ҳалли «делимитатсия» ва «демаркатсия» – и сарҳади байни давлатҳои минтақа на танҳо ба мардуме, ки дар наздикии хати сарҳад зиндагӣ доранд, балки ба сарварони сиёсӣ ва намояндагони мардумӣ низ вобастагӣ дошт.

Аз ин рӯ, тағйироти сифатии ҳалли сиёсии масъалаҳои байнисарҳадӣ, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар амал хеле мушкилиҳо ба миён оварда буданд, барои ҳамсоякишварҳо ҳамеша ниёз ба муколамаи сиёсӣ дошт. Аммо касе аз сарварони минтақавӣ инро ба дӯши худ гирифта наметавонист, зеро мероси таърихии замони Шуравӣ таъсири худро хеле жарфтар ба зеҳну тафаккури мардумони ин минтақа гузошта буд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар амалӣ гардонидани ҳамкории мутақобили судманди ҳамсоягӣ Президенти Тоҷикистон вобаста ба идеяи сулҳи пойдор нақши муҳими сиёсӣ доранд. Дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ он кас нагузоштанд, ки алангаи ҷанги бародаркуш ба ҳамсоякишварҳо гузарад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Консепсияи «Ҳамзистии осоишта» ҳамчун назария дар муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягӣ нақши барҷаста дорад. Аммо дар амал татбиқ намудани он ба роҳбарони сиёсӣ вобаста мебошад. Масалан, имрӯз Сарвари сиёсии ҷумҳурии мо дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, арзишҳои миллӣ, эҳёи хотираи таърихии миллати тоҷик ва дигар ташаббусҳои сатҳи воло зинаи баландтарини фаъолияти сиёсиро ишғол менамоянд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ ва заҳмати мардуми Тоҷикистон ба даст омадаанд, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ назир надоранд.

Дар баробари ин моҳият, вазифа ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ Президенти мамлакатамонро водор намудаанд, ки ба масъалаҳои манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дигар муносибатҳои ҳамсоякишварҳо, махсусан ба ҳамзистии осоишта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Ин аст, ки 31 марти соли равон баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ карда шуд.

Инчунин боз якчанд санадҳои муҳими таърихӣ — Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Ин дар сиёсати геостратегии ин давлатҳо ва раванди ҳамзиштии осоишта такони ҷиддӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки эътирофи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамчун Президенти сулҳпарвар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва шахсияти шинохтаи сиёсии соҳибтаҷриба эътирофи нангу номуси миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз баҳогузорӣ ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд на аз рӯи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рӯи меъёрҳои таҳқиқи амиқу дақиқи фаъолияти амалӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳо дода шавад. Албатта, андешаҳо нисбат ба ҳалли масъалаҳои марзӣ байни ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ хеле гуногунанд. Аммо пешдастӣ ва фаъолнокии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъала хеле барҷаста ва саривақтӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи минтақавӣ мустақилона бе кумаки дигар миёнаравҳо бартараф намудани низоъҳои байнисарҳадӣ ва бо роҳи гуфтушиниди тарафайн ҳал намудани ҳудудҳои давлатӣ боиси дастгирии мардумони ин мамлакатҳо гардидааст. Албатта, нақши сарварони сиёсии ин ҷумҳуриҳоро мо бояд дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи сиёсӣ ҳамчун намунаи ибрат қабул намоем.

Мавриди тазаккур аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ дар якҷоягӣ бо дигар сарварони сиёсии ҷумҳуриҳои ҳамсоя: муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров тавонистанд, ки дар воқеияти инкишофи муносибатҳои минтақавии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти мардумро дар мадди аввал гузоранд.

Президенты Таджикистана, Кыргызстана и Узбекистана подписали исторические документы по границам, провели переговоры и приняли участие в нескольких церемониях. Все это прошло в Согдийской области Таджикистана. На двусторонних переговорах решили увеличивать объемы товарооборота, развивать приграничную инфраструктуру и усилить сотрудничество в инвестиционной, водно-энергетической и аграрной сферах. Оба лидера подчеркнули: сегодня – исторический день.

В частности, президент Таджикистан Эмомали Рахмон заявил, что «наши страны и народы связывают прочные узы многолетней дружбы, добрососедства и совместного развития».

«Мы в Таджикистане высоко ценим отношения с Кыргызстаном и Узбекистаном, основанные на добрососедстве, равноправии, уважении и учете взаимных интересов», – сказал он.

Особое внимание уделено вопросам экономического сотрудничества, особенно развитию кооперации приграничных регионов.

В целях дальнейшего развития торгово-экономических связей предложено:

· Провести модернизацию и расширение таможенных пунктов на границах.

· Создать современную логистическую инфраструктуру, способствующую увеличению товарооборота.

· Рассмотреть возможность организации трехсторонней торговой площадки с постоянно действующей выставкой-ярмаркой промышленной и сельскохозяйственной продукции.

Также обсуждены вопросы транспортного сообщения. Было предложено:

· Увеличить частоту авиарейсов между странами и расширить их географию.

· Открыть новые автобусные маршруты, соединяющие города приграничных регионов.

· Развивать крупные инфраструктурные проекты в сфере «зеленой» энергетики, экологии и рационального использования водных ресурсов.

В рамках встречи была отмечена важность проведения совместных гуманитарных мероприятий, направленных на развитие межкультурного диалога. В связи с этим Президент Узбекистана Шавкат Миромонович Мирзиёев предложил:

· Ежегодно организовывать концерты и фестивали дружбы в приграничных регионах в дни празднования Навруза.

· Провести в следующем году в городе Фергане масштабные мероприятия, способствующие укреплению культурных связей и взаимопонимания между народами.

По итогам трехстороннего саммита были приняты важные решения, способствующие укреплению сотрудничества:

· Подписан исторический Договор о точке стыка государственных границ Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана.

· Принята Совместная декларация глав трех государств, направленная на дальнейшее развитие стратегического партнерства, добрососедства и укрепление безопасности в регионе.

Таким образом, встреча в Худжанде стала очередным шагом на пути к более тесному взаимодействию и гармонизации отношений между государствами Центральной Азии, заложив прочную основу для дальнейшего устойчивого развития региона. В своем выступлении на стадионе президент Таджикистана Эмомали Рахмон выразил уверенность, что границы трех стран отныне станут границами вечной дружбы, истинного добрососедства и созидательного партнерства.

Палавонова Г.А. Магистрант 2- го курса Института изучения проблем стран Азии и Европы Национальной Академии Наук Таджикистана

Ёдовар мешавем ки дар таърихӣ 31-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин нишасти сетарафаи кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Нишасти мазкур аз лиҳози аҳамияти сиёсиву амниятӣ, падидаи таърихӣ буда, як қадами устувор дар раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии нишасти сетарафа ҳалли низоъҳои марзие мебошанд, ки солҳо боз манбаи таниш маҳсуб мешуданд. Нишасти мазкур ба кулли проблемаҳое, ки дар замони шӯравӣ боқӣ монда буд ва нофаҳмиҳое, ки дар солҳои истиқлоли се кишвар пайдо шуда буданд, нуқтаи хотимавӣ гузошт. Мутахассисон қайд мекунанд, ки нишасти Хуҷанд ба нест кардани стереотипҳо дар бораи водии Фарғона кӯмак мекунад ва дар соҳаҳои амният, экология ва фарҳанг имкониятҳои нави лоиҳаҳои муштаракро мекушояд.

Роҳбарони кишварҳо дурнамои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инфрасохториро баррасӣ намуда, аҳамияти ҳамгироии минтақавиро як амри зарурӣ дар шароити шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ шумориданд. Гузаронидани нишасти сетарафа дар арафаи ҷашни Наврӯз низ рамзӣ мебошад, зеро он ба ҳамбастагӣ ва ҳамсоягии некӯ дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ишора мекунад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, нишасти сетарафа хатари муноқишаҳоро коҳиш дода, омодагии кишварҳоро ба созиш ва муколамаи солим нишон медиҳад ва эътимоди байниҳамдигариро тақвият мебахшад. Дар нишасти Хуҷанд сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шартномаи таърихии сеҷониба оид ба нуқтаҳои ҳудудии марзӣ ба имзо расониданд, ки ҳамчун қадами муҳим дар роҳи ҳамкории минтақавӣ ва мустаҳкам намудани устувории Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Имзои Шартномаи сеҷониба дар бораи нуқтаи сарҳадӣ ва қабули "Эъломияи Хуҷанд" натиҷаи талошҳо барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ буд. Дар ҳақиқат, мушкилотҳои марзӣ бе иштироки қувваи беруна ҳал шуданаш ҳамчун нишонаи якдилию дӯстӣ дар ояндаи Осиёи Марказӣ дар саҳифаҳои таърих аст. Беҳеч шубҳа, инро метавон ҳамчун ҳиссаи бузурги дипломатияи Тоҷикистон арзёбӣ кард, ки гуфтани он ҳеҷ гуна афзунгӯӣ нест.

Дар нишасти сетарафа "Эъломияи Хуҷанд" қабул гардид, ки ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ, аҳамияти минтақавӣ пайдо кард. Имзои "Эъломияи Хуҷанд дар бораи "Дӯстии абадӣ" ва ифтитоҳи маҷмааи "Дӯстӣ" нишонаи орзуи зиндагии осоишта ва рушди минтақаҳои марзӣ мебошанд. Нишасти Хуҷанд раванди муттаҳидшавиро дар минтақа боз ҳам суръат мебахшад, аз ин рӯ эълон шудани 31 март ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Осиёи Марказӣ ҳам аҳамияти рамзӣ ва ҳам амалӣ хоҳад дошт. Зеро дар нишасти Хуҷанд масъалаҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд, ки метавонанд ба ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа мусоидат кунанд. Ҳамзамон дурнамои нави ҳамкориҳои минтақавиро боз кард, ки ба таҳкими истиқлоли геополитикии кишварҳои Осиёи Марказӣ хидмат мекунанд. Нишасти Хуҷанд ба як минбари муҳим барои таъмини суботи сиёсӣ ва шарикии мутақобилан судманд дар минтақа табдил ёфта, имкони ҳамгироии амиқтар дар оянда хоҳад шуд. Тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд, "рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои наздики халқҳо ва давлатҳои мо (Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) бо назардошти манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо натоиҷи мулоқотҳои имрӯзаро муждаи навсозӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави муносибатҳои байни се кишвар мешуморем". Ҳамзамон созишнома дар бораи пайванди марзҳои се кишварро, ки дар ин нишасти Хуҷанд имзо шуд, санади таърихӣ хонда, иброз намуд, ки "бо ҳамин мо бори дигар содиқ будани худро ба аҳдофи сулҳ ва принсипҳои ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷуда тавассути муколама дар рӯҳияи ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳор намудем". Инчунин бо изҳори боварӣ таъкид намуданд, ки сарҳадҳои се давлат минбаъд ҳам "сарҳадҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии ҳақиқӣ ва шарикии боътимод" мегарданд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, комёбии муколамаи солим ва дипломатияи кишварҳо ба шумор меравад, ки ба халқҳои се кишвар имкон медиҳад, ки дар шароити осоишта ва фазои ягонаи сулҳу субот зиндагӣ кунанд. Садир Жапаров як зарбулмасали "се дарахти паҳлӯ ба паҳлӯ истода як заминро бо решаи худ мустаҳкам мекунад" - ро мисол оварда, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба дарахтҳое қиёс мекунад, ки нерӯи онҳо дар ваҳдат аст, шохаҳояш ба сӯи оянда мерасад ва решааш аз хоки дӯстиву рафоқат ғизо мегирад.

Имзои шартнома оид ба убур аз марз ва оғози лоиҳаҳои инфрасохторӣ монанди хатти барқи "Датка-Суғд" бартариҳои амалии ҳамкориро нишон медиҳанд. Лоиҳа, ки соли 2025 ба анҷом мерасад, сохтмони хати интиқоли барқи 480 км аз зеристгоҳи Дакта дар Қирғизистон то зеристгоҳи Суғди Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар Қирғизистон 1243 такягоҳ насб шуда, тавассути вилоятҳои Ҷалолобод, Ӯш ва Бодканд 456 километр хат кашида шудааст. CASA-1000 системаҳои энергетикии ду кишварро ба ҳам мепайвандад ва имкон медиҳад, ки барқи сабз дар тобистон ба Афғонистон ва Покистон содир карда, амнияти энергетикии минтақаро таҳким бахшад. Ҳамзамон лойиҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон, инчунин таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки гузаргоҳҳои гумрукиро ҳамаҷониба таҷдид ва васеъ намуда, инфрасохтори қулай ва замонавии савдо ва логистикиро ташаккул додан зарур аст. Инчунин пешниҳод намуд, ки масъалаи ташкили платформаи савдои сеҷониба бо ташкили намоишгоҳ ва ярмаркаи доимии маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ таҳия карда шавад. Шавкат Мирзиёев барои дастгирии ҳамкориҳо омодагии худро барои тадриҷан зиёд кардани сармояи фондҳои муштараки сармоягузорӣ: Фонди рушди Ӯзбекистону Қирғизистон ва Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар мулоқоти сеҷониба, Садир Жапаров пешниҳод кард, раводиди ягона барои рафтуомади озоди сайёҳон дар кишварҳои минтақа ҷорӣ карда шавад, зеро он метавонад, минтақаи Осиёи Марказиро ба як минтақаи мутлақ табдил медиҳад.

Инчунин масъалаҳои зеринро барои густраиши манбаъда зарур шуморида аз ҷониби сарони давлатҳо пешниҳод карда шуд: Модернизатсияи нуқтаҳои гумрукӣ • Таъсиси инфрасохтори муосири логистикӣ

• Ташкили платформаи савдои сеҷониба бо намоишгоҳи доимии молҳо

• Тавсеаи ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо • Ифтитоҳи хатсайрҳои нави автобусҳо байни шаҳракҳои наздимарзӣ.

Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва баргузор гардидани ин нишаст бесобиқа буда, аз таҷрибаи бузурги давлатдорӣ, иродаи сиёсии мустақил ва дарки масъулияти сулҳу амнияти минтақавӣ далолат медиҳад. Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва проблемаҳои водии Фарғона бо истифода аз дипломатияи сулҳ саҳми муҳими худро гузоштааст. Сарфи назар аз халалҳои геополитикӣ, ғашҳои сиёсӣ, таъсири қудратҳои ҷаҳонӣ ва вазъияти мураккаби сиёсати ҷаҳонӣ, ӯ барои ҳалли ихтилофот ва барқарор кардани сулҳ бо кишварҳои ҳамсоя хидматҳои зиёде кардааст. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати "сулҳ ва ҳамкории муштарак"-ро бо кишварҳои ҳамсоя пеш бурдааст, ки бар асоси муколамаи солим, фаҳм ва боэътимодии ҳамдигарӣ аст.

Дипломатияи сулҳ ва истиқболи ҳаёти осоишта, ки Пешвои миллат ба он аҳамият медиҳад, дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо, дар куҷо ки ба он эҳтимол меравад, кӯшиш мекунад, ки ба шеваи дипломатӣ ва созишу ҳамкорӣ ҳалли масъалаҳоро пайдо кунад. Ӯ ҳамеша боварӣ дорад, ки маҳз роҳи гуфтугӯ ва муколамаи солим метавонад кишварҳоро аз тасаввуроти ҷанг ва хатарҳои эҳтимолӣ пешгирӣ намояд.

Бо роҳи муколама, аз ҳалли дуруст ва таҳкими муносибатҳо байни кишварҳо, Пешвои миллат на танҳо барои манфиати миллӣ, балки барои сулҳи устувор дар минтақа ва ҷаҳон кӯшиш ба харҷ додааст.

Шарифов Искандар, ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар замони муосир, ки пешрафти илму технология ва таъмини амнияти минтақавӣ аз масъалаҳои калидии ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, таъмини сулҳу субот ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар доираи ҳамкорӣ дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ ва амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Дар ин росто, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаи ҳамкорӣ, шуруъ аз соли 2022 ҳамкории мустаҳкаме ба роҳ мондааст.

Инчунин, талошҳо барои густариши ҳамкорӣ бо институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон идома дорад. Воқеаи фараҳбахше, ки дар доираи сафари давлатии Президентҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар таҳти роҳбарии Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев дар асоси аҳднома сурат гирифт, идомаи мантиқии сиёсати созанда ва рушди ҳамкориҳо арзёбӣ мегардад. Иқдоми мазкур на танҳо ба рушди илм, балки ба таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон як марҳилаи муҳим дар таърихи равобити илмии ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Созишномаи мазкур, ки ба таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои физикаи ядроӣ, бехатарии радиатсионӣ ва технологияҳои муосир нигаронида шудааст, имкон медиҳад, ки олимони ҳар ду ҷониб таҷриба ва донишҳои худро мубодила кунанд. Масъалаҳое чун истихроҷ ва коркарди уран, мониторинги радиатсионӣ ва таҳияи усулҳои пешгирӣ аз хатарҳои химиявӣ ва биологӣ дар меҳвари ин ҳамкорӣ қарор доранд.

Дар ин радиф ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси аҳдномаи нави нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар як қадами муҳим дар таҳкими равобити минтақавӣ аст. Аҳдномаи мазкур, ки ба танзими масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст, на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба эҷоди платформаи муштарак барои ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамояд.

Институтҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла Институти физикаи Академияи илмҳои ин кишвар, дар таҳқиқоти марбут ба экологияи кӯҳӣ ва захираҳои табиӣ таҷрибаи бой доранд. Ин таҷриба метавонад бо донишу малакаи олимони тоҷик ва узбек дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ такмил ёбад. Масалан, минтақаҳои наздимарзии се кишвар, ки дорои захираҳои маъданӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ мебошанд, метавонанд мавриди омӯзиши муштарак қарор гиранд. Инчунин, барномаҳои таълимӣ ва семинарҳои муштарак барои омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои физикаи ядроӣ ва бехатарии химиявӣ ва биологӣ метавонанд дар доираи ин ҳамкорӣ роҳандозӣ шаванд.

Ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар соҳаи илм, на танҳо ба пешрафти таҳқиқоти илмӣ, балки ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.

Ин ҳамкориҳо метавонад бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МБИТ), Созмони Аврупо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллаӣ, ба сатҳи нав бароварда шавад. Илова бар ин, ташкили маркази муштараки тадқиқотӣ дар минтақаи марзии се кишвар метавонад ҳамчун як платформаи ягона барои ҳалли масъалаҳои мубрами илмӣ хизмат намояд.

Дар хулоса метавон гуфт, ки ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Институти физикаи ядроии Узбекистон ва талошҳо барои густариши равобити бо институтҳои илмии Қирғизистон нишонаи равшани иродаи қавии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими сулҳ, амният ва пешрафти илмӣ аст. Иқдомҳои мазкур на танҳо ба манфиати миллӣ, балки ба рушди устувори минтақа хизмат мекунанд ва умед аст, ки дар ояндаи наздик бештаре ба бор хоҳанд овард.

Илҳом МИРСАИДЗОДА - профессор, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Бахтиёр БАРОТОВ - н.и.х., муовини директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

12312312Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ байни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Санаи 31 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар шаҳри бостони Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар доираи ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ, шартнома байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатҳо ба имзо расонида шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».

Тоҷику ӯзбеку қирғиз се халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд. Ин се халқ дар тӯли асрҳо дар як минтақа зиндагӣ карда, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои худро бо ҳам омехта кардаанд. Муносибатҳои дӯстонаи байни ин халқҳо дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам мустаҳкам шуданд.

Дар он замон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷумҳуриҳои бародар буданд ва дар ҳама соҳаҳо бо ҳам ҳамкорӣ мекарданд. Имрӯз, пас аз ба даст овардани истиқлолият, муносибатҳои дӯстонаи байни ин се халқ боз ҳам амиқтар шуда истодаанд.

Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва амният бо ҳам ҳамкорӣ карда, дар солҳои ахир муносибатҳои дӯстонаи хешро боз ҳам таҳким бахшида истодаанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти таъмини сулҳу субот дар минтақа, ҳалли масъалаҳои марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф тадбирҳои муштарак андешанд. Ин қадамҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни се халқ мусоидат хоҳанд кард.

Дар таҳким бахшидани сулҳ ва устувор гардидани дӯстӣ миёни се кишвари бародару ҳамсоя саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳпарваронаи худ бори дигар собит кард, ки ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангези миёни давлатҳои ҳамсоя танҳо бо роҳи дипломатия ва музокирот роҳи ҳалли худро ёфта метавонанд.

Дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз гарави сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Ин дӯстӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

Пешвои миллат зимни суханронӣ зикр намуданд, ки мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.

Аз ин рӯ, таъмини суботи манотиқи наздисарҳадии кишварҳои минтақа саъю талоши давлатҳо ва сокинони ин қаламравҳоро тақозо менамояд. Мо ба ҳамкории устувор ва дӯстиву ҳамҷавории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон умедворем.

Ҳамин тавр, мулоқоти сарони кишварҳо на танҳо як қадами муҳими сиёсӣ, балки иқдоми амалӣ барои таҳкими дӯстӣ, субот ва рушди ҳамгироии минтақавӣ гардид.

Бигзор дӯстии байни халқҳо ва муносибати стратегии Тоҷикистон Қирғизистон ва Узбекистон поянда бошад!

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул Ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Сайри гули лола аз аркони то кунун идомаёфтаи ҷашни бошукӯҳи Наврӯз аст, ки тибқи пажӯҳиши густурда се рӯз давом мекардааст. Ҳадафи анъанаи фарҳангии тоҷикон, ки бо унвони «Сайри гули лола» машҳур мебошад, эҳёи анъанаҳо, беҳбудии муҳити зист, ҳифзи табиат ва ҷалби сайёҳон маҳсуб мешавад. Ин анъана дар байни аҳолӣ завқи зебошиносиро парварида, онҳоро ба корҳои созандагӣ ҳавасманд мегардонад. Бавижа, айни замон дар шаҳри Душанбе дар ҳар мавзеъ гули лоларо вомехӯред, ки дар ҳоли шукуфта қарор дошта, бегумон диққати шуморо ба хеш ҷалб месозад. Умуман, гулкорӣ кардани мавзеъҳои гуногуни пойтахт ва дар ин замина, таваҷчуҳ ба гули лола аз такмил додани диданиҳо ва боло бурдани завқу шавқи зебошиносии сокинони пойтахт ва меҳмонони он аст, ки чунин иқдомҳоро мо аз ҷашни Наврӯз бардошт мекунем.

Яке аз муҳаққиқони гули лола дар замони муосир Сафарбек Раҳимов аст, ки дар мавриди «Сайри гули лола» низ пажӯҳише анҷом додааст. Мавсуф дар таҳқиқоташ ҷиҳати гули лола чунин андешаро воҷиб дидааст: «Лола яке аз гулҳои боғии аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд. Номи илмии лола - Тulipa (ба забони русӣ тюльпан) аз калимаи форсии «Turba» (тӯрба - яке аз шаклҳои кулоҳи сари мардуми Шарқ) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ шабоҳати онро дорад».

Мутобиқ ба ривоятҳои қадимаи халкҳои гуногун, маҳз дар навдаи лолаи зарди нокушода хушбахтии ҳақиқӣ пинҳон шудааст. Аз рӯйи забони гулҳо, лола изҳори ишқро ифода мекунад. Ин тафсифи гул ба ривояти шоҳзодаи форс, ки девонавор ошиқи духтари зебое буд, вобаста аст. Ҳасудкорон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ошиқонро аз ҳам ҷудо карда, ба тӯйи арӯсии онҳо монеъ шуданд ва ҷиҳати марги духтар овоза паҳн карданд. Вақте ки овоза ба шоҳзода расид, ӯ аз талафот тоб наовард ва ҳамроҳи асп худро аз кӯҳи баланд партофт. Дар он ҷое, ки хуни маъшуқаи тасаллонашаванда рехт, гулҳои зебои арғувонӣ месабзанд. Аммо лола дар ҳақиқат гулҳои шоҳонаанд. Дар Аврупо чанд аср пеш иморатро ба лампаи навъи растании нодир иваз кардан мумкин буд. Ин гулҳо аслан аз тилло гаронтар буданд. Имрӯз, ба шарофати саноати гул, харидорон имкон доранд, ки гули лоларо харидорӣ кунанд.

Дар Русия лола рамзи фарорасии баҳор ва идҳои баҳорй мебошад. Дар рӯзи 8 март ба ҷинси адлпешаву латиф гулҳои тару тоза туҳфа кардан маъмул аст - дар ин давра лола ҳатто садбарги маъруфро ба инобат намегирад, чунки ҳама харидори лола ҳастанд. Дар маросими арӯсӣ ба навхонадорон гулҳои сафед додан ба нишони ишқи дуру дароз ва хушбахтӣ маъмул аст. Гумон меравад, ки навдаи зич пӯшида захираи зиёди садоқат ва сабрро нигоҳ медорад. Лолаҳо шахсиятҳои харизматик ва хушмуомиларо афзалтар медонанд. Занҳое, ки ин гулҳоро интихоб мекунанд, ба худ эҳтиром доранд.

Ҳамакнун, ба маънии ранги лола мепардозем. Ранги навдаи он маънои ба худ хос дорад: Гулобӣ дар асл нозукӣ, ҳамоҳангӣ, сулҳу дӯстӣ аст. Онҳо ба дӯстдухтар ҳадя мегарданд. Онҳо дар ҳама гуна вазъият мувофиқ хоҳанд буд. Сафед рамзи покӣ ва ниятҳои нек аст. Онҳо қобилияти тоза кардани заминаҳои энергетикиро доранд ва ҳисси ҳамбастагиро ба вучуд меоранд. Навдаи зард аломати зинда будан, некӯаҳволии мусбат ва моддӣ мебошад.

Гулдастаи зарди дурахшон ба осонӣ шуморо рӯҳбаланд мекунад ва ороиши дохилӣ мегардад. Сурх рамзи ҳавас ва бедории эҳсосот аст. Онҳо энергияи ҷинспи шахсро баланд мебардоранд. Навдаи сирпиёз ва арғувон маънои ашраф, худдорӣ, оромии рӯҳро дорад.

Лола растаниест, ки доимо ба одам шодию лаззати эстетикӣ мебахшад. Гулҳои лола метавонанд на танҳо рӯҳияи моро баланд бардоранд, балки инчунин энергияи шахс ва ҳуҷраеро, ки дар он парвариш мекунанд, беҳтар созанд. Гулҳо мисли ҳама гиёҳҳо ҳавоеро, ки мо нафас мекашем, тоза мекунанд ва хонаамонро бо энергияи ҳаётӣ пур мекунанд. Ранги сабз, ранги бартаридоштаи растаниҳо ва гулҳо яке аз рангҳои табиист. Дар наздикии гулҳо ва растаниҳо будан, мо энергияи мусбат мегирем ва эҳсос мекунем, ки рӯҳияи мо чӣ гуна тағйир меёбад. Хастагӣ, асабоният меравад - мо ором мешавем. Ниҳол бо сабзу хуррам, навдаи шукуфонаш ҳар яки моро шод мегардонад ва мо ҳамеша ба гулҳо бо завқ менигарем.

Имрӯзҳо шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар аксар вақт наздик ба мавзее мешаванд, ки он ҷо анбуҳи гулҳои лола рангоранганд. Ҳар фарди зебопараст мехоҳад дар канори онҳо акс гирифта, вақти гаронмояи хешро бо хушиву хурсандӣ сипарӣ созад. Шояд ҳамин омил буд, ки ҳанӯз дар садаи XVII бинобар ба Аврупо бурдани гули лола ин растанӣ дар Нидерланд хеле машҳур шуд ва ҳамагон ба кишти он рӯ оварданд.

Дар давраи Шуравӣ Рӯзи гули лоларо охирин маротиба соли 1972 дар шаҳри Исфара ҷашн гирифта буданд.

Бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 озмунҳо бахшида ба сайри гули лола ба табъ расидааст, ки дар шаҳри Душанбе дар боғҳои фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо байни ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Мо, сокинони шаҳр, хушбахтем, ки дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни лола мешукуфанд ва аз тарзи шукуфтани онҳо ҳаловат мебарем. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо заҳматҳои шабонарузиаш шаҳри Душанберо ба шаҳри ҳамешасабз ва гулзор мубаддал намудаанд.

Дар анҷоми андешаронӣ такя бар Рӯзи пойтахт карда, таманнои онро дорем, ки шаҳри азизамон аз анвои гулҳо лабрез бошад.

Ширин ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

Ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва зеботарин ойинҳои мардуми мо буда, садсолаҳо боз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, таҷдиди рӯҳу равони инсон ва пайвандгари дилҳо дар саросари кишварҳои форсизабон ва берун аз он таҷлил мегардад. Дар тӯли таърих, Наврӯз ҷойгоҳи хосае пайдо намуд, ки он густурда шуда, имрӯз дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ шинохта мешавад. Бурҳони ин суханро метавон дар байти зайл пайдо кард:

Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,

Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.

Ин ду мисраъ худ гувоҳӣ медиҳанд, ки Наврӯз аз доираи маҳаллу минтақа бурун рафта, чун “ҷашни дунё” мақому мартаба пайдо кардааст. Ҳар сол бо фаро расидани баҳор мардуми мо ин ҷашни бостониро бо расму ойинҳои гуногун истиқбол мегиранд. Дар ин росто, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик низ саҳифаҳои дурахшоне дар васфи Наврӯз дорад, ки шоирон онро бо шеърҳои рангин ва пур аз наво барои наслҳои баъдӣ мерос гузоштаанд.

Наврӯз аз гузашта то имрӯз дар шеъри адабиёти мардуми мо ҳамчун рамзи дигаргуншавии ҳаёт, шукуфтан, рушду камолот ва эҳёи арзишҳои инсониву табиат тараннум меёбад. Адабиёти тоҷик саршор аз ашъору манзумаҳоест, ки ҳар яке пораи қалби шоиронро дар ин айёми пуршукӯҳ инъикос кардаанд. Масалан, Нуралӣ Нурзод дар шеъри худ “Нафаси гули баҳорон” ишора мекунанд, ки бо фарорасии баҳор дили инсон низ мисли табиат нав мешавад:

Нафаси гули баҳорон чамане пур об дорад,

Дили шавқҷӯши ман ҳам ҳаваси шароб дорад.

Зи суруди марши турна шунавед пайки Наврӯз,

Ки ҷарас баҳор имсол зи наю рубоб дорад.

Сафари сиёҳи зулмат ба дари саҳар адо шуд,

Дами фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад.

Ин мисраъҳо моро ба дунёи рангоранги баҳори тоҷикон ошно месозанд. “Марши турна” ҳамчун башорати баҳор шунида мешавад, ки ин парандагон дар башорат додани омад-омади фасли шукуфтан нақши муҳим доранд. Ифодаи “суруди марши турна” инчунин садои эҳё ва зинда гардидани табиатро мемонад, ки ҳатто дили инсонро низ барои ба истиқболи нашъунамои нав омода гардонидан даъват мекунад. Шоир басо зебо ифода намудааст, ки “дамӣ фикри субҳкешон чӣ қадар савоб дорад”. Яъне, ҳама касе ки худро барои сафои рӯҳу қалб омода менамояд, ҳамқадами чигунагии рӯҳи баҳорӣ мешавад.

Имрӯз бошад, ҷашни Наврӯз танҳо маҳдуди мардуми форсизабон нест: бисёр халқҳои дигар низ онро ҳамчун рӯзи навшавӣ ва оғози тағйироти мусбат пазируфтаанд. Маҷмааи Умумии СММ расман ҷашни Наврӯзро ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф кардааст, ки ин гувоҳи паҳнои васеъи нуфузи фарҳангии он мебошад. Шеъри Ҷаъфар Муҳаммад “Наврӯз муборак бод!” бо як самимияти шоирона муаррифӣ карданист, ки чигуна ин фасли зебои сол бароямон паёмовари хуррамӣ ва умед аст:

Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!

Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!

Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,

Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!

Эй ғаркаи хоҳишҳо, сармасти навозишҳо,

Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!

Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,

Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!

Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,

Табрик бигу ширин: Наврӯз муборак бод!

Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,

Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!

Дар ин шеър, мафҳуми “эй синаи бекина” ва “эй қалби чу ойина” нишон медиҳад, ки Наврӯз рамзи пок гардидани дили инсон аз кинаву бухл, инчунин рамзи ҳамдилии мардум аст. Наврӯз даъватест барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои инсонӣ, афзудани меҳру муҳаббат, бахшидан ва бахшида шудан.

Ба ғайр аз ҷанбаи иҷтимоӣ, Наврӯз ҳамчунин намоди рушд ва инкишофи шахсият низ мебошад. Дар адабиёти классикӣ бисёр шоирон, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ, Наврӯзро фурсати худшиносӣ ва ақлу хирад дарёфтан меҳисобанд. Шоир дар шеъри зер ишора менамояд, ки садои бод аз субҳ мехезад ва касе, ки дар пайи тоза кардани ақлу табъи худ мешавад, бояд мафкураашро нав кунад:

Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,

Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.

Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,

Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!».

Саъдӣ дар қолаби нуқтаи хирад шунидани як “кӯдак”-ро зикр мекунад, ки ин худ шигифтангез аст: гоҳо фаҳму андешаи нав дар забони кӯдакон низ садо медиҳад. Наврӯз тавре ки шеър мегӯяд, барои ҳама – пир ё ҷавон – як имкони навбахшӣ меорад. Ҳар кадоме бояд дар ҷустуҷӯи хирад ва тозасозии андешаву ниятҳои худ бошанд, зеро дар ин ҳолат Наврӯз воқеан “Нав-рӯз” мегардад – рӯзи нав, зиндагии нав.

Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,

Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.

Ин мисраъҳо низ зангӯлаи шодӣ ва тароватанд, ки инсонро ба ҳолати бедорӣ ва омодагӣ дар баробари нафаси софи баҳор даъват мекунанд. Чунин шеърҳо, дар баробари арҷ гузоштан ба Наврӯз, инчунин ба хонанда илҳом мебахшанд, ки ҷашнро на танҳо дар зоҳири табиат, балки дар ботини худ таҷлил намояд.

Наврӯз на фақат шеъру тарона, балки маҷмӯи расму ойинҳоест, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле нақши муҳим доранд. Чанд намунаи барҷастаи он:

  • Ҳафтсин ва Ҳафтшин: Дар суфраи Наврӯзӣ гузоштани ҳафт чизе, ки номи онҳо ба ҳарфи “с” ё “ш” шурӯъ мешаванд, нишонаи рамзҳои нек, бахт ва сарбаландист. Дар шеъри Ҷаъфар Муҳаммад хам “Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин…” ёд мешавад.

  • Гулгардонӣ ва сайругашти идона: Сафари саҳро, дидани табиати шукуфон, шодиву пойкӯбии дастаҷамъӣ як рукни ҷудоинопазири Наврӯз аст.

  • Хонатакконӣ: Пеш аз фарорасии Наврӯз, мардум хонаро тоза мекунанд, ки ин амал рамзи покизакунии рӯҳу равон низ мебошад.

  • Оинҳои варзишиву бозиҳо: Дар деҳаҳою шаҳрҳо гузаронидани бозиҳои миллӣ чун гӯштингирӣ, бузкашӣ, арғунчак, аспдавонӣ низ як бахши муҳими ҷашнҳои Наврӯзӣ маҳсуб меёбад.

  • Пӯшидани либосҳои нав: Одамон либосҳои нав ё тоза пӯшида, бо рӯҳи ҷавонӣ солро оғоз мекунанд, ки ин низ рамзи тоза шудани андешаву ниятҳост.

Лоиқ Шералӣ дар шеъри худ аз ҳамин тоза шудани табиат ва асабу равони инсон ёдовар мешавад:

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!

Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,

Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,

Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Шоир зангӯлаи огоҳиро низ барои касе, ки “шохаи хушкида” мондааст, садо медиҳад: то ҳол дар ин фасли шукуфтан ношукуфта намон, бархез ва ҳамроҳ бо баҳор қабои тоза бипӯш! Зеро ҳар нафасе, ки бо баҳор ҳамсадо мешавад, метавонад рӯҳи инсонро эҳё созад. Ва ин нест магар моҳияти асосии Наврӯз: вусъат бахшидани гармии муҳаббат, тоза кардани қалби инсонӣ аз ғубору кина ва оғози таҳаввули нав дар зиндагӣ.

Дар хулоса метавон гуфт, Наврӯз рамзи шукуфоии мафкуравию ахлоқӣ ва покизагиву бардоштҳост, ки дар адабиёти тоҷик ҳамчун ойинаи нуронии халқ садсолаҳо боз мақоми волоро ишғол кардааст. Шеърҳое, ки оварда шуданд, гӯё садояшон барои як ҷаҳони бехатартар, босаодат ва ошиқона садо медиҳад. Ҷашни Наврӯз, бешубҳа, ҳар сол инсонҳоро ёдрас менамояд, ки бояд зебо зист, ғамро пушти сар кард, нияти нек намуд ва дар зиндагӣ як қадам ба сӯи рӯшноӣ гузошт. Ин аст рамзи барҷастаи Наврӯз дар зиндагӣ ва адабиёти мо, ки ҳама вақт он чун як чароғи умед дар роҳи зиндагӣ медурахшад.

Холов Холмаҳмад Исроилович – н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо