Чӣ гунае, ки медонем, чанде пеш дар доираи лоиҳаи Артемида 2 (Artemis II) кайҳоннавардон ба мадори Моҳ сафар карданд. Ин сафар аз 1 то 11-уми апрели соли 2026 идома карда, дар доираи он кайҳоннавардон аз фосилаи хеле наздик сатҳи Моҳро мушоҳида намуда, аз минтақаҳои гуногуни он садҳо аксҳои нодиру ҷолиб гирифтанд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир дар самти омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро ба шарофати он на танҳо тасвирҳои тоза ва баландсифат, балки маълумоти арзишманд барои шинохти беҳтари хусусиятҳои сатҳи Моҳ ба даст омада, дастгоҳу таҷҳизоти нави кайҳоннавардӣ санҷида шуданд.
Дар раванди сафар аз тарафи кайҳоннавардон ва дастгоҳҳои худкор аксҳои хеле зиёд гирифта шудаанд, ки дар сомонаи НАСА дастраси омма мебошанд. Ин тасвирҳо на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳар шахсе, ки ба илми кайҳон, ситорашиносӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ таваҷҷуҳ дорад, манбаи бисёр арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин аксҳо манзараҳои гуногуни сатҳи Моҳ, аз ҷумла ҳавзаҳо, танӯраҳо, кӯҳсорҳо ва минтақаҳои дорои осори бархӯрдҳои қадима низ дида мешаванд. Барои ман, ҳамчун пажӯҳишгари тоҷик ҷолиб буд, ки оё дар аксҳои кайҳоннавардон танӯраҳое, ки ба номи донишмандони тоҷик номгузорӣ шудаанд ҳастанд ё не. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар акси рақами art002e012261 танӯраи Умари Хайёмро ёфтам, ки бо ранги сурх ишора шудаст. Ин акс тавассути дастгоҳи аксбардории NIKON D5 бо масофаи конунии 185 мм, рӯзи 6 апрел, соати 19:25 гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём чун рубоисаро машҳур аст, вале аслан ӯ файласуфи барҷаста, риёзидони беназир ва астрономи бузург аст, ки аксаран дар бораи тақвими ӯ ва дақиқияти он шунидаанд.
Хидматҳои Умари Хайёмро дар соҳаи ахтаршиносӣ ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ кардааст. Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи ~2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтари Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу-ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯшонда, гӯё пайғом медиҳад, ки ин минтақа аз чанд бархӯрди калони кайҳонӣ ҳосил гаштааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст.
Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ (либратсия) дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст Шояд дар аксҳои дигари миссияи Артемида 2 низ танӯраҳои тоҷикон дида шавад, вале ҷустуҷӯ ва шиносоии онҳо вақту заҳмати зиёд талаб мекунад.
Ризои Баҳромзод
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ОБ: АЗ ҚАДАМИ АВВАЛ ТО ШАРОКАТИ ГЛОБАЛӢ"
/6 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” баргузор гардид.
Дар кори конфронс дар баробари дигар роҳбарони вазорату идораҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуданд.
https://mfa.tj/.../konfronsi-bainalmilalii-emomali-rahmon...
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Имрӯз (06.03.2025) бонувони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи модар" бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона аксияи "Тоҷикона мепушем" баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи таҷлили "Рӯзи модар" бонувони мардумшиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш намунаҳои либоси урфии бонувони тоҷикро аз минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ намуданд.
06 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон ва занону бонувон иштирок намуданд.
Нахуст, ба кори чорабинии идона ровиён бо шеърҳои саршор аз меҳру вафодорӣ, садоқату муҳаббат ба модар ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳо, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Дар суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми занону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният хонда, таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош
мекунанд.
Дар идома як зумра бонувон барои хизматҳои арзанда дар соҳаи илм бо ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.
05 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимони ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ ташвиқу тарғиб намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм, махсусан олимони ҷавон равона гардидааст. Бинобар ин олимони ҷавонро зарур аст, ки донишҳои замони муосирро аз худ намуда, барои баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Дар чорабинӣ ба як қатор олимони ҷавон, ки дар курси хонишҳои сиёсии "Сарварони сиёсӣ" иштирок карданд Шаҳодатномаи хатми курси мазкур тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар курси хонишҳои сиёсӣ 38 нафар олимони ҷавон фаъолона ширкат варзида, дар 13 дарсҳои ин курсҳо бо чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ, ходимони давлатӣ ва академикҳо ва фаъолияти сиёсиву илмии онҳо ошно гардиданд.
Имрӯз (04.03.2025) бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми занон дар татбиқи Стратегияи рушди миллӣ” баргузор гардид.
Семинари илмиро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуд.
Маърузаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Абилзода Г.С. дар мавзуи “Ҳокимияти демократӣ-омили муҳимми ташаккули шахсияти зан” ва ходимони илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ н.и.ф. Орифҷонова Н.Р. дар мавзуи “Саҳми занон дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон”; д.и.ф.Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи “Модар олиҳаи ҳусн ва парвардаи зебоӣ” ва ходими хурди илмӣ Сафарова Б.Қ. дар мавзуи “Баланд гардидани мақоми занон дар замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.
Дар охири кори семинар як қатор бонувони фаъоли Институт аз ҷониби Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ИНСТИТУТИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ
04 марти соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори генералии Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба рушди дурнамои ҳамкорҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Хитой изҳори назар намуд.
Зимни мулоқот ба масъалаи баргузории конфронсу симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои глобалии сайёра, аз ҷумла эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таваҷуҳи хоса равона гардида, ҷонибҳо барои баргузор намудани як конфронси сатҳи байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои таъсиси озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), ки бо дастгирии ҷониби Чин ба истифода дода мешавад ба мувофиқа омаданд.
Қарор аст, ки озмоишгоҳи нав дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар моҳи апрел бо иштироки ҷонибҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои шикорӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз таҳқиқоти муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон бузи кӯҳии пармашох (морхур) гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон дар рафти таҳқиқот дигар ҳайвоноти ваҳшии ин минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ЗАМОНАВӢ БО АСБОБУ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ИНСТИТУТИ ФИЗИКА
03 марти соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон иштирок намуданд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав бо дарназардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чунин озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тулонӣ харидорӣ нашуда буданд. Ва ин ҳама таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз натиҷаи заҳмату талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушавахт шаҳодат медиҳад.
Пас аз аз фароҳам овардани шароити мусоид дар оянда олимон метавонанд дар ин озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро анҷом дода, ҳамзамон ба омӯзиши хусусиятҳои спектралӣ, динамикаи молекулавии растаниҳои полимерӣ ва доруворӣ бо усулҳои резонанси электронию паромагнитӣ, нишонаҳои спинӣ, инфрасурх бо таъсири омилҳои беруна яъне (экологӣ, география, радиатсионӣ ва ғайра) машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи нав бо 9 номгуи асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуд.
Дар озмошигоҳ асбобу таҷҳизотҳои фуре спетрофотометр BK-UV1600C, спектрометр FTIR-990, калориметри дифференсиалии сканкунандаи DSC 300L, дастгоҳи электронии ченкунандаи зичӣ BK-DME 300S, таҷҳизоти гомогеникунанда баландсуръат KW-4A, таҷҳизоти сентрафуга MX-S, таҷҳизоти функсионалии ченкунандаи индуктивият, ғунҷоиш ва муқовимат TH2827C, печи баландҳарорати муфелии MX6-16TP, дастгоҳи ҳарротӣ барои коркарди металлҳо ва кристаллҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Умуман, ҷиҳозонидани Озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, кормандони озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро дар ин самт анҷом дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар баробари таҳқиқотҳои дар боло зикршуда кормандони озмоишгоҳ сохт ва таркиби макромолекулаҳои селюлозаи нахи пахтаро дар зинаҳои муайян омӯхта, таркиби монандии онҳоро дар вобастагӣ аз минтақаҳои гуногун барои растании солим ва носолим муайян намуданд. Ҳамзамон кормандони озмоишгоҳ барои табобати атрит, бемориҳои пӯст ва ғайра истифодаи лазерҳои камшидатро дар тибби ҷумҳурӣ ба роҳ монданд.
