Чӣ гунае, ки медонем, чанде пеш дар доираи лоиҳаи Артемида 2 (Artemis II) кайҳоннавардон ба мадори Моҳ сафар карданд. Ин сафар аз 1 то 11-уми апрели соли 2026 идома карда, дар доираи он кайҳоннавардон аз фосилаи хеле наздик сатҳи Моҳро мушоҳида намуда, аз минтақаҳои гуногуни он садҳо аксҳои нодиру ҷолиб гирифтанд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир дар самти омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро ба шарофати он на танҳо тасвирҳои тоза ва баландсифат, балки маълумоти арзишманд барои шинохти беҳтари хусусиятҳои сатҳи Моҳ ба даст омада, дастгоҳу таҷҳизоти нави кайҳоннавардӣ санҷида шуданд.
Дар раванди сафар аз тарафи кайҳоннавардон ва дастгоҳҳои худкор аксҳои хеле зиёд гирифта шудаанд, ки дар сомонаи НАСА дастраси омма мебошанд. Ин тасвирҳо на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳар шахсе, ки ба илми кайҳон, ситорашиносӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ таваҷҷуҳ дорад, манбаи бисёр арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин аксҳо манзараҳои гуногуни сатҳи Моҳ, аз ҷумла ҳавзаҳо, танӯраҳо, кӯҳсорҳо ва минтақаҳои дорои осори бархӯрдҳои қадима низ дида мешаванд. Барои ман, ҳамчун пажӯҳишгари тоҷик ҷолиб буд, ки оё дар аксҳои кайҳоннавардон танӯраҳое, ки ба номи донишмандони тоҷик номгузорӣ шудаанд ҳастанд ё не. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар акси рақами art002e012261 танӯраи Умари Хайёмро ёфтам, ки бо ранги сурх ишора шудаст. Ин акс тавассути дастгоҳи аксбардории NIKON D5 бо масофаи конунии 185 мм, рӯзи 6 апрел, соати 19:25 гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём чун рубоисаро машҳур аст, вале аслан ӯ файласуфи барҷаста, риёзидони беназир ва астрономи бузург аст, ки аксаран дар бораи тақвими ӯ ва дақиқияти он шунидаанд.
Хидматҳои Умари Хайёмро дар соҳаи ахтаршиносӣ ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ кардааст. Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи ~2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтари Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу-ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯшонда, гӯё пайғом медиҳад, ки ин минтақа аз чанд бархӯрди калони кайҳонӣ ҳосил гаштааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст.
Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ (либратсия) дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст Шояд дар аксҳои дигари миссияи Артемида 2 низ танӯраҳои тоҷикон дида шавад, вале ҷустуҷӯ ва шиносоии онҳо вақту заҳмати зиёд талаб мекунад.
Ризои Баҳромзод
В журнале Global Research in Environment and Sustainability (ISSN 3033-3644) опубликована научная статья «Оценка фонового излучения в Раштском регионе Таджикистана»
Целью работы стала комплексная оценка радиационного фона и распределения радионуклидов на территории Раштской зоны Таджикистана, включая анализ гамма-излучения, состояния почв и источников питьевой воды.
Результаты показали, что уровень фоновой радиации в регионе находится в пределах естественных значений (0,06–0,12 мкЗв/ч) и не превышает допустимых норм. При этом локальные повышения содержания цезия-137 зафиксированы в ущелье Камаров, что связано с природно-географическими особенностями территории.
Авторы: А. Саломов, С. Муминов, Ф. Мухиддинова, А. Хукуматов (Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана).
Ссылка на статью (Scopus-indexed): https://doi.org/10.63002/gres.401.1347
В журнале «Радиация и риск» (Radiation and Risk), том 35, № 1, 2026 г., опубликован обзор «Урановые хвостохранилища Центральной Азии: история и современное состояние».
Цель работы - обобщить материалы по истории формирования и текущему состоянию радиоактивных урановых хвостохранилищ в странах Центральной Азии (Казахстан, Кыргызстан, Таджикистан, Узбекистан), возникших в результате советской урановой программы 1940–1990-х годов. Авторы анализируют объёмы отходов, а также оценивают проведённые рекультивационные мероприятия.
В статье подчёркивается идентичность технологий и проблем во всех странах региона и даются практические рекомендации по усилению региональной координации, мониторингу и международному сотрудничеству для минимизации радиационных рисков.
Авторы: Назаров Х.М., Зоитова М.А., Хакимова Н.У., Мирсаидов У.М. (Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности НАН Таджикистана).
Ссылка на статью (Scopus-indexed): https://doi.org/10.21870/0131-3878-2026-35-1-75-93
БАРГУЗОР НАМУДАНИ АКСИЯИ УМУМИАКАДЕМИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН" ВА “ДУШАНБЕ ШАҲРИ ГУЛҲО”
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Шурои олимони ҷавон ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории сокинон аз ҷумла, ҷавонон дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷӯйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо, инчунин ҷамъовариву тоза намудани партовҳо оид ба баргузор намудани аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" ва “Душанбе шаҳри гулҳо” баргузор намуд.
Ободонии пойтахт вазифаи ҷонии ҳар як сокини ватандӯст мебошад, зеро Душанбе оинаи миллат ва нишони фарҳанги мост. Саҳми сокинон метавонад аз корҳои оддитарин, ба монанди риояи тозагӣ ва шинонидани як ниҳол дар маҳалли зист оғоз шавад. Вақте ки ҳар як нафар ба ҳифзи гулгашту хиёбонҳо ва амволи ҷамъиятӣ бо масъулият муносибат мекунад, шаҳри мо боз ҳам зебову хуррам мегардад.
Иштирок дар ҳашарҳои дастаҷамъона ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи шаҳрдорӣ ба таҳкими симои муосири пойтахт мусоидат менамояд. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва муҳаббат ба шаҳри азизамон мо метавонем Душанберо ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон табдил диҳем.
Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо мақсади додани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардида, фаъолияти таълимии муассисаҳои илмӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо омода кардани кадрҳо тавассути зинаи магистратура, докторантураи PhD, аспирантура, унвонҷӯйӣ, докторантураи анъанавӣ ва постдокторантура ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кадрҳои илмӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
#Симпозиум. "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК" - ПАДИДАИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ДАР ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” – падидаи таърихӣ – фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ” бахишида ба 100 – соли таълиф ва нашри асари таърихӣ – бадеии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” баргузор гардид.
Дар кори симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки асари мазкур ҳамчун як падидаи нодири таърихиву фарҳангӣ дар худ таҷассумгари мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик буда, дар рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ нақши муҳим гузоштааст. Қайд гардид, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо як маҷмӯаи осори адабӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши таърихи адабиёт, забон ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар дар шароити мураккаби таърихӣ таълиф гардида, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки асари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун як мероси гаронбаҳои миллӣ ва дастоварди бузурги илмиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дошта, дар ташаккул ва рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Таъкид гардид, ки ин асар на танҳо осори гузаштагонро гирд овардааст, балки ҳамчун пули пайвандсоз миёни наслҳо хизмат намуда, барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин асар дар шароити муосир низ аҳамияти хоса дошта, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии минтақавӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва илмии асари «Намунаи адабиёти тоҷик» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Зикр гардид, ки ин асар ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва омили таҳкими худшиносии миллӣ, дар рушди фарҳанги маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои таҳқиқи минбаъдаи мероси адабии ниёгон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷом як зумра аз олимон ва муҳаққиқон, ки дар баргузории ин ҳамоиш саҳмгузор буда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд, бо сертификатҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.
Имрӯз, 24 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Пешрафт ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар клиника” бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирок ва суханронӣ намуданд.
ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶАЛЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Таҳқиқоти илмии олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии Regional Sustainability (нашриёти Elsevier), ки дар пойгоҳҳои маъруфи Scopus ва Web of Science индексатсия шуда, ба гурӯҳи маҷаллаҳои квартали баланд (Q1) шомил буда, дорои нишондиҳандаҳои баланд, аз ҷумла Impact Factor – 4.6 ва CiteScore – 8.2 мебошад, ба нашр расиданд.
Аз ҷумла, мақолаи илмӣ таҳти роҳбарии академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мавзуи рушди энергияи “сабз” ва нақши он дар коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим нашр гардид, ки дар он робитаи мутақобилаи рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, беҳтар гардидани сифати муҳити зист ва таҳкими амнияти энергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври илмӣ асоснок карда шудааст.
Мақолаи дигар таҳти роҳбарии академик Ҳикмат Ҳисориев ба масъалаи экосистемаҳои чарогоҳҳои Тоҷикистон бахшида шуда, дар он гуногунии биологӣ, масъалаҳои барқарорсозии экологӣ ва роҳҳои идоракунии устувори захираҳои чарогоҳӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд.
Инчунин, дар самти омӯзиши равандҳои гидроклиматӣ ва криосферӣ, мақолаи номзади илмҳои география Маҷид Гулаёзов дар мавзуи “Тағйироти гидроклиматӣ ва криосферӣ дар Помири Шарқӣ” ба нашр расидааст, ки дар он бо истифода аз маълумоти зонкунии фосилавии Замин динамикаи дарозмуддати кӯлҳои баландкӯҳ ва омилҳои таъсиррасон ба онҳо таҳлил гардидаанд.
Ҳамзамон, олимони тоҷик дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ як қатор таҳқиқоти муҳими илмиро дар самтҳои тағйироти гидроклиматӣ ва криосферӣ дар қаторкӯҳи Помир, таҳлили тағйирёбии дарозмуддати ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Хингов, идоракунии устувори захираҳои обӣ дар шароити тағйирёбии глобалӣ, таҳлили ҳамбастагии Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) дар Тоҷикистон ва арзёбии хатари камбарфӣ ва таъсири он ба ҷараёни об анҷом дода, натиҷаҳои онро дар ҳаммуаллифӣ дар ҳамин маҷалла ба нашр расонидаанд.
Натиҷаҳои бадастомада метавонанд ҳамчун заминаи боэътимоди илмӣ барои таҳияи сиёсати самараноки энергетикӣ ва экологӣ, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хизмат намоянд. Чоп шудани чунин мақолаҳо дар маҷаллаи сатҳи баланд нишонаи эътирофи байналмилалии дастовардҳои илмии олимони тоҷик ба ҳисоб меравад.
1. Нозирӣ Хусрав - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
2. Зубайдзода Зубайдулло - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
3. Ҷунайдулло Ҳамро - муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
4. Бобозода Хуршед - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
5. Соҳибзода Барно - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио
6. Шарифзода Алӣ - директори Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш
7. Каримзода Ҳақназар - директори Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
8. Мирзозода Парвон - директори Муассисаи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
9. Маҳмадизода Нозим - директори Муассисаи давлатии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
10. Аслонзода Олимшо - муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
11. Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ - директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ
12. Ташрифзода Собир Сиҷоат - директори Муассисаи давлатии Варзишгоҳи миллӣ
