Айни замон, ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои донорӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ба омӯзиши хусусияти тӯфонҳои чангию регӣ, манбаъҳои пайдоиши онҳо ва оқибатҳои манфии таъсирашон дар кишварҳои гуногун, бахусус дар минтақаҳои биёбонӣ ва нимбиёбонии ҷаҳон, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунанд.
Нуқтаҳои асосии ташаккулёбии тӯфонҳои чангию регӣ дар саросари Осиёи Марказӣ пароканда ҷойгир шуда, асосиашон биёбонҳои Қарақум, Қизилқум ва Аралқум мебошанд. Тӯфонҳои зуд-зуд дар Аралқум ташаккулёфта, аз қаъри баҳри хушкшуда соле 43 миллион тонна чангу рег ва намакро ба самтҳои гуногун, аз ҷумла ба Тоҷикистон, интиқол медиҳанд.
Самти дигаре, ки тӯфонҳои чангию регӣмасофаҳои зиёда аз 4000 км-ро тай карда, ба Тоҷикистон омада мерасанд, Афғонистон, биёбонҳои Сурия дар марзи Ироқ, Урдун ва Сурия ва дигар биёбонҳои нимҷазираи Арабистон, соҳилҳои Либия ва Миср мебошанд.
Баробари ба даст овардани истиқлолият, норасоии озуқаворӣ ва сӯзишворӣ аҳолии баъзе минтақаҳои Тоҷикисонро маҷбур кард, ки ба азхудкунии нишебиҳои кӯҳӣ сар карда, ҷангал ва буттазорҳои кӯҳиро буранд. Ин бошад боиси рушди босуръати равандҳои биёбоншавӣ гардида,дар натиҷа дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ теппаҳои регӣ ва ҷойҳои ташаккулёбии тӯфонҳои чангию регӣ пайдо шуданд.
Тӯли 25-30 соли охир, одамон 70% ҷангалҳои Тоҷикистон ё 700 000 гектари онҳоро нобуд карданд. Танҳо дар як худи ноҳияи Шаҳритус якчанд ҳазор гектар ҷангалҳои саксавул нобуд карда шуда, дар натиҷаи эрозияи шадиди бодӣ, бапайдоиши теппаҳои нави регии баландиашон то 5 метр оварда расонд. Ҳамин гуна вазъият қариб дар ҳамаи минтақаҳои дорои ҷангалзор, хушк ва нимбиёбони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ мушоҳида мешавад.
Буриши назарраси ҷангалу бутазороҳо дар гирду атрофи баъзе маҳалҳои аҳолинишиниПомири Шарқӣ (водии Вахон дар ноҳияи Ишкошим) боиси оғози биёбоншавӣ ва кӯчонидашудани теппаҳои регӣ гардида, ҳазорҳо гектар боғ, заминҳои кишоварзӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қитъаҳои шахсӣ зери қабати ғафси регу чанг гӯронида шуданд.
Чангу ғубор падидае мебошад, ки ҳангоми он дар таркиби ҳаво ҳама гуна зарраҳои сахти муаллақпайдо шуда, биниши уфуқиро то 1- 4 км ё камтар аз он коҳиш медиҳад. Яке аз сабабҳои пайдоиши чангу ғубор туфонҳои чангию регӣ буда, онҳо аз ҷои пайдоишашон ба масофаи то садҳо ё ҳатто ҳазорҳо километр паҳн мешаванд. Ҳангоми мавҷудияти шароитҳои турбулентии тропосферӣ, зарраҳои чангу рег мумкин аст, дар аввал, аз руи замин то баландиҳои 1,5-3 км ва минбаъд, бо ҷараёни ҳавои болораванда, то баландиҳои 5-7 км партофта шаванд.
Дар ин гуна ҳолатҳо, миқдори зиёди чангу ғубор ба масофаи садҳо километр, ба минтақаи барфҳои доимӣ, интиқол дода шуда, масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистонро кам мекунад. Таназулёбии яхбандӣ дар пиряхҳои Зарафшон, Ҳисору Олой, Помир ва ҳатто Ҳиндукуш мушоҳида карда мешавад.
Ҷараёнҳои чангу ғубор ва намаки баҳри Арал, ба масофаҳои 800-1000 км, ба минтақаҳо сераҳолӣ ворид шуда, дар пиряхҳое, ки аз онҳо дарёҳои асосии Осиёи Марказӣ сарчашма мегиранд, менишинанд. Ба сатҳи пиряхҳои Помир нишастаниин чангҳо мумкин аст боиси ифлосшавӣ ва шадидтар шудани обшавии онҳо шуда бошад.
Санҷиши таҷрибавии ин фарзия аз ҷониби олимони Донишгоҳи Санкт-Петербург, дар асоси таҳлили намунаҳои аэрозолии чангҳои дар пиряхҳои гуногуни Помиру Тиён-Шон нишаста, гузаронида шуда буд. Маълумотҳои бадастомадаимкон надод, ки дар бораи таъсири бевоситаихушкшавии баҳри Арал ба чанголудшавии пиряхҳои Помиру Тиён-Шон хулосаҳои боэътимод ва қатъӣ бароварда шавад.
Афзоиши чанголудшавии сатҳи пиряхҳо боиси дар онҳо пайдо шудани қабатҳои ҷаббанда гардида,гармшавии онҳоро назаррас мегардонад ва боиси афзудани шиддати обшавии пиряхҳо мешавад.Масалан, тибқи ҳисобҳои яхшиносони Тоҷикистон, агар суръати кунунии таназзули пиряхҳо ҳамин гуна идома ёбад, он гоҳ то соли 2050, масоҳати яхбандӣ 15-20% ва ҳаҷми пиряхҳо 80-100 км3 кам мешавад.
Ин раванд барои минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон, ниҳоят хатарнок мебошад, зеро пиряхҳои кӯҳӣ ягона манбаи асосии захираи оби ширини асрҳо хобида ва конденсатсияи нам дар атмосфераи ин минтақаҳомебошанд. Аз вазъи захираҳои барф, пиряхҳо ва боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистон сарнавишти миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ва саросари Осиёи Марказӣ вобаста буда, онҳо манбаи асосииобии Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз ин рӯ, айни замон гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар ҳудуди пиряхҳои Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири оқибатҳои вазнини туфонҳои чангию регӣ, бо назардошти тағйирёбии иқлим, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумотҳои аз Лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикию техникииАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрасгардида, шумораи тӯфонҳои чангию регӣдар Тоҷикистон тӯли 30 соли охир беш аз даҳ маротиба афзудааст. Масалан, агар давоми солҳои 90-уми асри гузашта соле ҳамагӣ 2-3 тӯфони чангию регӣ ба қайд гирифта шуда бошад, айни замон, ин рақам ба беш аз 35 адад расидааст.
Аз ин рӯ, айни замон, андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати пешгирӣ ва коҳишитаъсири чангу ғубор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазифаи муҳим мебошад. Зарурати татбиқи чунин чораҳои пешгирикунанда дар доираи барномаиСендай оид ба коҳиши таҳдиди хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 муқаррар шуда, таъкид шудааст, ки онҳо бояд дар доираи барномаҳои рушди устувор, стратегияҳо, нақшаҳова дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ба эътибор гирифта шаванд.
Мутаассифона, то имрӯз ҷиҳати ҳалли ин масъла ягон ҳуҷҷати махсус, ки дар доираи он фаъолият бурда шавад (нақшаҳо, барномаҳо, стратегияҳо) қабул нашудааст, ба истиснои Нақшаи миллии амал оид ба мубориза бо биёбоншавӣ дар Тоҷикистон. Ҳатто дар ин ҳуҷҷат низ ба омӯзиши масъалаҳои туфонҳои чангию регӣ таваҷҷӯҳи кофӣҷудо карда нашудааст, сарфи назар аз он ки ин равандҳо бо ҳам алоқамандии зич доранд. Ягона ҳуҷҷати стратегӣ, ки дар он туфонҳои чангию регӣ як навъи таҳдиди хатари тағйирёбии иқлим муайян карда мешаванд, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.
Айни замон Тоҷикистон дар идоракунӣ ва огоҳ кардани офатҳои табиии марбут ба тӯфонҳои чангию регӣ таҷрибаи кофӣ надорад, бинобар ин ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд аз ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ, ки метавонанд огоҳкунии пешакии серӯзаро таъмин кунанд, истифода барад. Таҷрибаи Эътилофи байналмилалии тӯфонҳои чангию регӣ, бахусус Системаи огоҳкунӣ ва арзёбии тӯфонҳои чангию регӣ (SDS-WAS), барои Тоҷикистон хеле муфид аст.Ҷорӣ намудани ин низом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қобилияти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро, ҷиҳати пешниҳоди пешгӯиҳои саривақтӣ ва босифати тӯфонҳои чангию регӣ вамушоҳидаҳои ба онҳо марбут, тақвият медиҳад.
8 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор гардида буд, ки мавзуи он "Чанг ва туман дар Осиёи Марказӣ" буд.Дар ин конфронс аз 18 кишвар беш аз 50 коршинос ва мутахассисони варзидаи маҳаллиюбайналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карда, масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла манбаъҳои нави тӯфонҳои чангию регӣ ва намакӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, инчунин ошкоркунӣ, таҳлил, хосиятҳо ва пайдоиши онҳо баррасӣ карда шуданд. Дар рафти конфронс ва баъди он, нақшаҳои муштараки амал таҳия ва лоиҳаҳо ҷиҳати омӯзиши тӯфонҳои чангию регӣ, инчунин таъсири манфии онҳо ба тағйирёбии иқлим, шароитҳои зиндагии одамон ва вазъи саломатии онҳо, пешниҳод карда шуданд.
Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази омузиши пиряхҳо
