Skip to main content

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо камоли самимият ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузорӣ 26 сентябр таҷлил мегардад, табрику таҳният мегӯям.

Ин сана дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳиму рахшон ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ низоми дупалатагии парламентӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолияти устувору пурсамар дорад.

Маҷлиси Олӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташаккул дода, пояи устувори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро барқарор созад.

Парламенти кишвар бо такя ба таҷрибаву роҳҳои таърихии қонунгузории миллӣ ва бодарназардошти ниёзҳои ҷомеаи имрӯза, қонунҳои муҳим ва муосирро қабул менамояд, ки дар раванди таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ доранд.

Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми шоён мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи ҳамватанон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва собиқадорони парламенти тоҷикро ба муносибати ин санаи фархунда табрик намуда, ба ҳар як фарди ҷомеа сулҳу субот, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва ба Ватани азизамон ояндаи шукуфонро орзу менамоям.