Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
Боиси хушнудист, ки ҳамасола 1- уми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ба ин муносибат имрӯз аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо тарҳу усули наву замонавӣ ва ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 3500 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Воқеан ҳам суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози таҳсил, ки доир ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина омӯзгоронро зарур меояд, ки суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзу гиромидошти забон ва муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошанд.
Яке аз воситаҳои асосии рушди ҷомеа дар ҳама давру замон дониш ва илм ба ҳисоб меравад. Маҳз дониш тафовути ҷомеаро аз табиат бо тамоми ҷанбаҳояш инъикос менамояд. Дониш аст, ки маърифат дар ҷомеа бар хуруфоту ифрот ғолиб аст. Сарчашмаи сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа танҳо дониш мебошад.
Миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон ба дониш ҳамчун силоҳи боэътимод ва механизми асосии рушди ҷомеа диққати махсус медод. Дар тамоми сатҳ ба донишу донишмандони замон эҳтироми хосса зоҳир мешуд. Ҳанӯз дар аҳди ҳукумати Ҳахоманишиёну Сосониён ҷиҳати дар руҳияи аз худ кардани илму дониш тарбия намудани насли наврас дабистонҳо кушода шуда буд, ки дар он беҳтарин мударрисон ба таълиму тарбия машғул буданд. Маҳз эҳтироми хосса ҷиҳати аз худ кардани дониш буд, ки беҳтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи тоҷикон ба воя мерасиданд. Бузургони илму ирфони тоҷик дар хусуси аҳаммияти омӯзиши илму дониш аз аҳди қадим оид ба таълиму тарбия ва аҳаммияти мактаб дар осори худ таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади таърихии ниёкони тоҷикон, махсусан китоби Авесто, “Форснома”-и ибни Балхӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ” оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеаи ниёкони тоҷикон маълумоти мушаххас мавҷуд аст. Ҳанӯз дар асри IХ асосгузори адабиёти калассики тоҷику форс Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намуда буд, ки имрӯз вирди забони мову шумо аст:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Тоҷикон бо рисолати донишандӯзии худ дар тамоми самтҳо, махсусан аз худ кардани дониш барои халқҳои ҳамҷавор тули зиёда аз ҳазор сол нақши омӯзгориро иҷро намудаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ вақт аз илму дониш канора нагирифт ва онро чун анъана барои хеш пазируфт.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин анъанаи неки ниёкон имрӯз идома дода шавад. Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маорифро дар сиёсати хеш афзалияти бештар додаанд. Танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз садҳо муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бунёд гардид. Аз 13 донишгоҳу донишкадаҳои замони шуравӣ имрӯз ин шумора ба 42 донишгоҳу донишкада расидааст, ки ин нишондиҳанда аз диққати махсус додан ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Ҳамасола чун анъана 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ, дониш ва сулҳ мантиқан пайвасти ногусастанӣ дошта, ба ҳам тавъаманд. Он ҷо, ки донишу маърифат аст, сулҳу суботи пойдор аст. Дониш инсонро ба роҳи сулҳу субот ва рушд даъват менамояд.
Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши устувор дорад. Имрӯз дар баробари дигар муассисаҳои илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD нақши бориз дорад.
Дар ин Рӯзи мубораку фархунда ба тамоми омӯзгорону хонандагон устодону кормандон ва ҳамчунин ба кулли мардуми шарафманди Ватани азизамон маърифтаи баланду ваҳдати комил ва зиндагии шоистаро таманно дорам.
Рӯзи дониш ва дарси сулҳ муборак бошад!
12 ноябри соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ бахшида ба “16-уми ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.
Дар оғоз ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии миллати тоҷикон баён намуд.
Баъдан маърӯзаи мутахассиси шуъба Шукуфа Мавлододова шунида шуд.
Зикр гардид, гиромидошти Рӯзи Президент, ки аз соли 2016 инҷониб таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст, нишонае аз қадрдонии миллати мо ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.
Аз он рӯзи тақдирсоз, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд), ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, солҳои зиёде сипарӣ гардид. Мардуми кишвар дар симои ин Марди сиёсатмадор ва хирадманд Роҳбареро пайдо намуданд, ки сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзиашон шукуфоии кишварро боло бардошта, осоиштагиву беҳбудии зиндагиро боз ҳам хубтару беҳтар гардониданд. Маҳбубияти Сарвари миллат хурду бузургро фаро гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Кишвар дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дорои иқтидори хеле тавонои илмӣ гардид, ки ин дастовард вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари миллат мебошад.
Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар кишвар таҳия ва татбиқ мегарданд. Ин тамоми соҳаҳои илмро дар бар мегирад.
Имрӯз саҳми олимони тоҷик дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошад, махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа ҷолиби диққат аст. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар корҳои илмӣ –тадқиқотӣ рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар рафти ҳамоиш кормандони дигари шуъба зикр намуданд, ки ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри шукуфоии Ватан мебошад, ки мардуми шарифи он атрофашон муттаҳид шуда, ҷонибдориашон намуданд. Таҷлили ин Рӯзи саид нишонаи эҳтироми миллати мо нисбат ба Президенти маҳбуб аст.
МУАРРИФИИ 4 МОНОГРАФИЯИ ТОЗАНАШРИ МУШТАРАКИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ЧИН
Имрӯз, 13 ноябр, дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари муштараки илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар муаррифӣ намудани 4 монографияи тозанашри муштарак буд, ки аз ҷониби олимони Тоҷикистон ва Чин таҳия ва ба нашр расидаанд.
Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ба табъ расидани нашри чор монографияҳои байналмилалии дастаҷамъона, ки аз ҷониби олимони тоҷик бо ҳамкории ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия шудаанд, барои «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» аҳамияти калон дорад.
Таъкид гардид, ки ин дастовард натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи олимон, андешаи амиқи илмӣ ва ҳамкории самарабахши байналмилалӣ мебошад, ки ҷойгоҳи илмии кишвари моро боз ҳам устувортар мегардонад. Нашри ҳар як монография ин қадами устувор дар пешбурди илму дониш аст. Аммо вақте, ки чунин асарҳо дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ омода мешаванд, арзиши онҳо аз ҳудуди як фан ё як кишвар берун меравад. Онҳо рамзи ҳамфикрӣ, эътимод ва ҳадафҳои муштараки олимони кишварҳои ҳамсоя мебошанд, ки бо як орзу хидмат ба пешрафти башарият муттаҳид шудаанд.
Гуфта шуд, ки чор монографияе, ки имрӯз дар ин семинар муаррифӣ гардиданд, соҳаҳои мухталифи илмро фаро мегиранд ва аз илмҳои табиӣ ва муҳандисӣ то таҳқиқоти иҷтимоӣ ва гуманитарӣ. Ҳар кадоми онҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди касбӣ, таҳлили амиқ ва ҷаҳонбинии васеи муаллифон мебошад.
Қайд гардид, ки аввалин монография ба таҳлили равандҳо, омилҳо ва механизмҳои таъминкунандаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бахшида шудааст, дуюм хатарҳои экзогеодинамикӣ ва таъсири селу ярчҳо дар шароити табии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, сеюм ҳолат, мушкилот ва дурнамои захираҳои оби Тоҷикистонро аз дидгоҳи гидрологӣ, лимнологӣ, глятсиологӣ ва экологӣ таҳлил менамояд ва чорум пиряхҳои Тоҷикистон, ҳолати муосир, динамика ва равандҳои тағйирёбии онҳоро бо хусусиятҳои иқлимӣ ва морфологӣ таҳлил мекунад. Ин нашрияҳо натиҷаи ҳамкории пурсамари олимони ду кишвар буда, барои таҳкими муносибатҳои илмӣ ва пешбурди тадқиқотҳо дар соҳаҳои об, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи пиряхҳо аҳамияти стратегӣ доранд.
Дар идома Юанмин Чжан директори Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой дар суханронии хеш иброз дошт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши калидӣ мебозад. Бо шарофати фаъолияти самараноки ин марказ, муҳаққиқон ва олимони ду кишвар имконияти ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳқиқоти муштаракро пайдо мекунанд. Ин ҳамкории дуҷониба ба рушди илмӣ, тақвияти дараҷаи илмӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотии ду кишвар мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки нашри чор монографияи муштараки илмию таҳқиқотӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи олимони ҳар ду кишвар мебошад ва барои рушди донишҳои нав, рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омӯзиши мушкилоти глобалии муҳити зист заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки чунин семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ барои тақвияти робитаҳои дӯстона ва устувори стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши ҳалкунанда доранд.
Имрӯз, 11 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби тозанашри академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки маҳфили илмию адабии «Хирад», ки тули солҳои охир дар Академияи миллии илмҳо бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла олимони варзидаи соҳаи табиатшиносию риёзӣ, дақиқ, гуманитарӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ баргузор мегардад, фазои озодест, ки ҳар як олим, шоир, эҷодкор ва ихтироъкор дастоварди илмию эҷодии хешро, ки тули фаъолияти пурсамар ба даст овардааст, муаррифӣ намуда, ҳозирину иштирокдорон аз ин маҳфил дар баробари касби таҷриба ҳамчунин, ғизои маънавӣ гирифта, аз пайроҳаи тайнамудаи илмию эҷодии олим огаҳ мешаванд. Академияи миллии илмҳо ин имкониятро барои олимони варзидаи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин маҳфили пуршукуҳро доранд, фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки маҳфили имрӯзаи «Хирад» ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва сиёсию роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Фарҳод Раҳимӣ ва китоби арзишманди устод «Абармарди таърихсоз» бахшида мешавад. Академик Фарҳод Раҳимӣ аз зумраи шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангӣ, ходимони илмию сиёсие маҳсуб мегардад, ки тавассути фаъолияти пурмаҳсулу фидокоронаи илмию ҷамъиятӣ ба мартабаҳои баланди илмию саёсӣ ва роҳбарӣ расидаанд.
Гуфта шуд, ки роҳи тайкардаи устод дар ҷодаи илм аз давраи донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ибтидо гирифта, дар ин роҳи пурпечутоб мардона гом зада, то ба дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика ва профессорию академикӣ расидаанд. Монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва маводи таълимии тайёркардаи академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз аз ҷониби олимону донишҷӯён ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин, дар омода кардани мутахассисони варзида хизмати арзанда намуда, бо ширкат дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногун дар кишварҳои мухталиф обрӯи илми тоҷикро ба арсаи баланд бардоштаанд.
Қайд гардид, ки имрӯз муаррифию рунамоии китоби тозанашри дуҷилдаи академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” сурат мегирад, ин китоб арзиши баланди илмию таърихӣ ва сиёсию таҳқиқотӣ дошта, дар маҷмуъ аз 1842 саҳифа иборат аст ва бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудааст. Китоб ба рушди соҳаҳои калидии ҷомеа-илму маорифи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули ҳама соҳаҳои давлатдорӣ бахшида шудааст.
Зикр гардид, ки китоби “Абармарди таърихсоз” дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин раҳнамо баҳри ҷавонон ҷиҳати омӯзиши ҳифзу муаррифии давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ бахшида шудааст. Хулоса китоби мазкур аҳаммияти густурдаи илмию сиёсӣ дошта, барои муҳаққиқон, олимон, ходимони сиёсию ҷамъятӣ, коршиносон ва унвонҷӯёну докторантон маводи илмию омӯзишии манфиатовар мебошад, ки имрӯз аз ҷониби олимон муфассалатар муаррифӣ мешавад. Умедворем, ки муаллиф иқдоми шоистаи худро дар оянда низ идома медиҳанд.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқон доир ба муҳтавои китоб баромад намуда, нақши онро дар таҳкими донишҳои таърихӣ ва маънавии ҷомеа, инчунин саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Таъкид карданд, ки китоби “Абармарди таърихсоз” барои омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ манбаи арзишманд мебошад.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” ДАР ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 11 ноябри 2025 бо ибтикории Шурои бонувони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва мусоидати президенти АМИТ , академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ дар чаҳорчубаи маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо иштироки академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Каримова Ирина Холовна баргузор гашт. Маҳфили навбатии “Хирад” дар АМИТ ба фаоълияти илмӣ -педагогии профессор Каримова Ирини Холовна бахшида шуда буд.
Чорабинии мазкур бо суханонии ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гашт. Сипас муовини Вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,доктори илмҳои педагогӣ Абдухолиқзода Лутфия дар бораи саҳми Каримова И.Х. дар рушди педагогикаи миллӣ,тарбияи шогирдон ва таҳкими низоми маорифи кишвар ба ҳозирин гузориши муфассал ироа намуданд. Дар идомаи маҳфил собиқ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Саид Нуриддин дар бораи таҷрибаи ҳамкорӣ бо Каримова И.Х. дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи маориф сухаронии ҷолиб намуданд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам дар баромади худ қайд намуд,ки бонувони шинохтаи тоҷик ба мисли Каримава Ирина Холовна як машъали фурузон ва роҳнамои олимаҳо ҷавон дар масири илм мебошанд, ки насли нави бонувони олима аз онҳо ибрат мегиранд ва пайравӣ менамоянд.
Дар маҳфили навбатии “Хирад”,ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қ.Х. дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мудаввом баргузор мешавад, ходимони илмии муассисаҳои АМИТ, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва рузноманигорон иштирок карданд
Имрӯз, 10 ноябр дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи наву замонавии сифати об ва экология муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, то таҳқиқ ва санҷиши илмӣ оид ба сифати об, таркиби химиявии он, омилҳои ифлоскунанда ва таъсири онҳо ба муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шаванд. Ин иқдом барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди устувор аҳамияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки таъсиси чунин озмоишгоҳ қадами ҷиддӣ дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология ва идоракунии захираҳои об мебошад. Бо роҳандозии ин маркази илмӣ муҳаққиқон метавонанд таҳқиқоти дақиқ, муқоисавӣ ва мониторингии доимии сифати обро анҷом дода, натиҷаҳои илмиро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки таъсиси чунин озмоишгоҳҳои муосир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қисме аз сиёсати илмиву инноватсионии давлат буда, ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси чунин пойгоҳҳои илмӣ таҳкими иқтидори техникиву таҳлилӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти муҳаққиқон, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии ватании дорои аҳамияти амалӣ ва ворид намудани дастовардҳои навини илмӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Ин иқдом ҳамзамон ба густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи илм, такмили таҳқиқоти илмӣ дар самти тағйирёбии иқлим, экологияи об ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ зикр гардид, ки дар соли 2025 ин 9- умин озмоишгоҳ мебошад, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои илмии зертобеъ ва таъмини шароити муносиб барои фаъолияти таҳқиқотии олимон, онҳоро бо таҷҳизот ва лавозимоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз менамояд.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур бо зиёда аз 20 номгӯйи таҷҳизоту технологияҳои муосири илмӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки дар ин марказ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни обшиносӣ, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ ва техникии муосир амалӣ гарданд.
Самти фаъолияти илмӣ дар озмоишгоҳи сифати об ва экология ба омӯзиши обҳои зеризаминию сатҳӣ нигаронида шуда, дар тӯли фаъолият бо олимони кишварҳои хориҷӣ, дар самти мушкилоти об, гидроэнергетика ва сифати обҳои ошомиданӣ ҳамкорӣ менамояд. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2012-2014 дар самти арзёбии обҳои зеризаминӣ ва таъсири обҳои сатҳӣ (TAD7001 Арзёбии изотопҳо) тадқиқоти муштараки илмӣ аҷном дода шудааст. Ҳамчунин, давоми солҳои 2014-2017 дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи GALSONET (Вазорати маориф ва илми Олмон) корҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
Дар самти дендрохронология бошад, бо мақсади омӯзиши далелҳои метеорологӣ (ҳарорат, боришот, намнокӣ) вобаста ба афзоиш ё камшавии солҳалқаҳои дарахтони куҳансол тағйирёбии иқлимро барои давраҳои гузашта ва имрӯза арзёбӣ намояд.
Дар самти тадқиқоти метеорологӣ, гидрологӣ ва климатологӣ озмоишгоҳи мазкур бо дастгоҳу лавозимоти сайёру автоматӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, тавассути онҳо метавон шароитҳои метеорологӣ, бузургиҳои гидрологӣ ва олудагии ҳавои атмосфераро дар дилхоҳ вақту дилхоҳ шароит муайян намуд.
Имрӯз, 10 ноябр дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тақвияти суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусалмон» ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо аз мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зимни машварати корӣ ба масъалаҳои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ҳувияти миллӣ, тоҷик ва тоҷикият, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ ва тарғиби онҳо тавассути баромадҳои телевизионӣ, радио ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзу инкишофи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аз муҳимтарин омилҳои пойдории давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Воқеан ҳам арзишҳои миллӣ пояи устувории давлат ва миллат буда, нигоҳдорӣ ва рушди онҳо вазифаи ҳар фарди соҳибмаърифат ва ватандӯст аст. Албатта миллате, ки ба решаҳои таърихӣ ва фарҳанги худ арҷ мегузорад, дар баробари ҳама гуна таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва ҷунбишҳои иҷтимоӣ пойдор мемонад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки шинохти арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ омили муҳимми рушди устувори ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, аҳли илм, олимону муҳаққиқон вазифадоранд, ки ин дастурҳоро ҳамчун барномаи амалии худ пазируфта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Зимни баррасии масъалаҳо инчунин зарурати ҷалби бештари олимон ба таҳқиқи илмии равандҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, таҳкими заминаҳои назариявии ҳувияти миллӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар самти арҷгузорӣ ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ таъкид карда шуд.
Гуфта шуд, ки аҳли илм бояд дар паҳн намудани ғояҳои созандаи Пешвои миллат, махсусан дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ тавассути баромадҳо дар шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин омодасозии мақолаҳои илмӣ-оммавӣ фаъолона саҳм гузоранд.
Имрӯз, 7 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо ҳузури олимон, муҳаққиқон, намояндагони мақомот ва аъзои фаъоли ташкилот доир шуда, ҳамчун ҷаласаи муҳими баррасии масоили ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисобида шуд. Ба кори конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кароматулло Олимов, ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки дар тӯли 60 соли фаъолияти худ, Ташкилот бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон бо ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа саҳми босазо гузоштааст. Гуфта шуд, ки нақши Ташкилот на танҳо дар ҳифзи мероси таърихӣ маҳдуд нест, балки ба таҳким ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, омӯзиши мероси миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ низ равона шудааст.
Дар идомаи конфронс директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, дар суханронии хеш зикр намуд, ки фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар давоми 60 сол на танҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, балки дар рушди ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ва муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ саҳми муассир гузоштааст. Зикр гардид, ки ин дастовардҳо бояд ҳамчун намунаи ҳамкории пойдор миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ дар ҳифз ва рушд додани мероси фарҳангӣ ва таърихӣ истифода шаванд.
Дар идомаи конфронс олимон ва муҳаққиқон масоили муҳими ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, стратегияи муҳофизат ва барқарорсозии онҳо, ҳамчунин нақши ёдгориҳои таърихӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ баромадҳо ва пешниҳодҳои гуногун оид ба таҳкими фаъолияти ташкилот, ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ садо дод.
Бояд гуфт, ки фарҷоми конфронс ба қадршиносии хизматҳои шоистаи Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бахшида шуд ва ба рушди минбаъдаи фаъолияти он дар ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ишора гардид. Ҳозирин инчунин ба нақши муассир ва дастовардҳои 60 соли фаъолияти ташкилот эътироф ва арҷгузорӣ карданд.
ИШТИРОКИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ «МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОҲОИ ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГИИ ОСИЁИ МИЁНА»
Санаи 6 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи миллӣ ба номи ал-Форобии Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ «Мушкилот ва дурнамоҳои ҳифзи гуногунии биологии Осиёи Миёна» баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирок ва суханронӣ намуданд.
