
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Устодону омӯзгорони гиромӣ, падару модарон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!
Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди ногусастание ба пиндор, рӯзгори миллати мо ва сулҳу суботи кишвар доранд. Ҳамин пайванд аст, ки сухани нахустин дар оғози таҳсил аз Сулҳ аст. Сулҳе, ки мардуми мо онро қадр мекунанд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд. Ин дарс дарси оддӣ нест, балки аз таърих сабақ гирифтан ва сабақ додан аст, як навъ эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати онҳоест, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо, кишвари моро ба сулҳу ваҳдат расондаанд.
Боиси хушнудист, ки ҳамасола 1- уми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ба ин муносибат санаи 30 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд.
Воқеан ҳам суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози таҳсил, ки доир ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина омӯзгоронро зарур меояд, ки суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзу гиромидошти забон ва муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошанд.
Яке аз воситаҳои асосии рушди ҷомеа дар ҳама давру замон дониш ва илм ба ҳисоб меравад. Маҳз дониш тафовути ҷомеаро аз табиат бо тамоми ҷанбаҳояш инъикос менамояд. Дониш аст, ки маърифат дар ҷомеа бар хуруфоту ифрот ғолиб аст. Сарчашмаи сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа танҳо дониш мебошад.
Миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон ба дониш ҳамчун силоҳи боэътимод ва механизми асосии рушди ҷомеа диққати махсус медод. Дар тамоми сатҳ ба донишу донишмандони замон эҳтироми хосса зоҳир мешуд. Ҳанӯз дар аҳди ҳукумати Ҳахоманишиёну Сосониён ҷиҳати дар руҳияи аз худ кардани илму дониш тарбия намудани насли наврас дабистонҳо кушода шуда буд, ки дар он беҳтарин мударрисон ба таълиму тарбия машғул буданд. Маҳз эҳтироми хосса ҷиҳати аз худ кардани дониш буд, ки беҳтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи тоҷикон ба воя мерасиданд. Бузургони илму ирфони тоҷик дар хусуси аҳаммияти омӯзиши илму дониш аз аҳди қадим оид ба таълиму тарбия ва аҳаммияти мактаб дар осори худ таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади таърихии ниёкони тоҷикон, махсусан китоби Авесто, “Форснома”-и ибни Балхӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ” оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеаи ниёкони тоҷикон маълумоти мушаххас мавҷуд аст. Ҳанӯз дар асри IХ асосгузори адабиёти калассики тоҷику форс Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намуда буд, ки имрӯз вирди забони мову шумо аст:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Тоҷикон бо рисолати донишандӯзии худ дар тамоми самтҳо, махсусан аз худ кардани дониш барои халқҳои ҳамҷавор тули зиёда аз ҳазор сол нақши омӯзгориро иҷро намудаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ вақт аз илму дониш канора нагирифт ва онро чун анъана барои хеш пазируфт.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин анъанаи неки ниёкон имрӯз идома дода шавад. Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маорифро дар сиёсати хеш афзалияти бештар додаанд. Танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз садҳо муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бунёд гардид. Аз 13 донишгоҳу донишкадаҳои замони шуравӣ имрӯз ин шумора ба 48 донишгоҳу донишкада расидааст, ки ин нишондиҳанда аз диққати махсус додан ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши устувор дорад. Имрӯз дар баробари дигар муассисаҳои илмӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD нақши бориз дорад.
Дар ин Рӯзи мубораку фархунда ба тамоми омӯзгорону хонандагон устодону кормандон ва ҳамчунин ба кулли мардуми шарафманди Ватани азизамон маърифтаи баланду ваҳдати комил ва зиндагии шоистаро таманно дорам.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак бошад!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ


Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.
Имрӯз, 08 сентябр дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯрчаҳи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан майдончаи варзишӣ, ки бо харҷи беш аз 165 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Норматов сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Масоҳати майдончаи варзишӣ 36 ба 18 метр буда, он барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он сокинони деҳа бо ҷашни истиқлол шодбош гуфта, ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
ТАРҶУМАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО НОМИ «TACIKLER» ВА РӮНАМОИИ ОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 06 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, иқдоми масъулини Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонданд.
Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар идома Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд. Дар ҳамин раванд чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи туркии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад.

Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.
Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?
Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.
7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.
Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):
Оғози нимсоя: ~20:28
Оғози гирифти қисман: ~21:27
Оғози пурра: ~22:30–22:31
Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12
Анҷоми гирифти пурра: ~23:52
Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)
Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)
Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.
Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.
Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:
Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.
Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 05 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш қаблан, кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи ҳама соҳаи иқтисодиёти кишвар ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намудаанд ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқотҳои судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми хосаи Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд. Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” Аблуқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як оилаи кишвар эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои муаззами миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои бо номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шудаст, ки мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадршиносӣ мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсати дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханронии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, аълочии маориф
20 НАФАР КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМ СОҲИБИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ВА 2 НАФАР ОЛИМОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ШУДАНД
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Дар робита ба ин дар остонаи 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва 2 нафар олимони ҷавон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.
Имрӯз (05.09.2025) бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РӮНАМОӢ АЗ МАҶМУАИ АШЪОРИ НАВИ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ”
Имрӯз, 04 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ маҷмуаи ашъори нави Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташкили маҳфили илмию адабии “Хирад” мақсад гузоштааст, ки барои донишмандону фарҳангиёни кишвар фурсат фароҳам намояд, то ба муносибатҳои гуногун дастовардҳои илмию адабии хешро пешкаши алоқамандон кунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин кори нек суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқу намуна дар фаъолияти рӯзмарраи мо аст, ки мефармояд: “Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар осотонаи ҷашни пуршукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тасмим бар он шуд, ки барои гиромидошти он, маҳфили ширу шакар омода гардад, то кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар баробари таҳқиқоти илмӣ, фаъолиятҳои адабӣ низ доранд, осору ашъори худро ба гӯши шунавандагони хеш бирасонанд. Ҳамин тавр, маҳфили имрӯзаи мо бар асоси ашъори ватандӯстонаи мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло ихтисос ёфтааст.
Зикр шуд, ки фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то боргоҳи илму маърифати ҷумҳури, яъне Академияи милли илмҳои Тоҷикистон расидааст. Дар тули фаъолияти хабарнигории хеш Забеҳулло Беҳрӯз Саидхоҷа садҳо мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, Забеҳулло Беҳрӯз соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини кишвари соҳибистиқлоламон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло аз маҷмуааи ашъори худ шеърҳои ватандӯстона доир ба арзиши бузург доштани Ватан, Истиқлолият қироат намуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин, дар маҳфил ҳунармандони ватансарои кишвар Баҳодур Неъматов, Тобиши Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Амирҷон Рӯзиев, Фахриддини Малик шеърҳои ба оҳанг даровардаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро, ки мазмуни онҳоро ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ фарогир мебошад бо як эҳсоси баланди ватандӯстона сароида, хотири иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.