Skip to main content

Ҳамватанони азиз, олимону муҳаққиқони гиромӣ!

Ҳамасола 14 - апрел дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи илми тоҷик бо эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршаррафи аҳли илм таҷлил мегардад. Ин санаи муҳиму фархунда нишони эътирофи нақши бузурги илм дар рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа мебошад.

Воқеан Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал табиқ гардида истодааст. Бо мақсади рушду инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ ба илм беш аз ҳар вақт аҳаммияти муҳим пайдо намудааст.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон чораҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин муассисаи илмии кишвар дар 35 соли замони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.

Бояд зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.

Дар ин замина бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳо таҷлили Рӯзи илм бо номи даҳаи муаррифии илм дар тамоми муассисаҳои илмӣ бо шукуҳу шаҳомат ва иштироку маърузаи ҳама кормандони илмӣ аз 03 апрел оғоз гардида, то имрӯз идома ёфт, ки ин кӯшишу заҳмат танҳо бо мақсади натиҷа ва самараи нек ба бор овардани ин чорабинии ниҳоят муҳимми илмӣ мебошад.

Воқеан, даҳаи илм фурсати муносибе буд барои муаррифии илми академӣ ва табодули фикру андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академияи миллии илмҳо, муҳаққиқон ва унвонҷӯёну докторантони муассисаҳои илмӣ ва итмионони комил дорем, ки ба натиҷаи назаррас ноил гардидем. Ба ин муносибат роҳбарони воҳидҳои сохтории раёсат, роҳбарони муассисаҳои илмиро барои дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани даҳаи муаррифии илм миннатдории самимии раёсати Академияи миллии илмро иброз медорам.

Бори дигар Рӯзи касбии олимони ватаниро ба яко якатон таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дар корҳои илмию эҷодиатон баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Ватани азиз комёбиҳои бештарро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!