Skip to main content

Ҳамватанони гиромӣ!

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат 28- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардад, ҷойи сазовору эътибори хоси ин давлати хеле ҷавонро дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва саҳмгирии он дар ҳаёти ҷаҳони беш аз пеш ба ҳам наздикшаванда таъмин намояд.

Ба шарофати ваҳдат Тоҷикистони озоду мустақил дар шароити душвор ва пешгӯишавандаи ҷаҳони мудерн ба хонаи умед ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё табдил ёфт. Имрӯз новобаста аз таблиғотҳои муғризона, ҳасудона ва душманонаи иддаи кӯчаки ватанбохтаву ба миллат пушткарда, Тоҷикистони кӯҳсор, ки танҳо як фоизи сарзамину империяҳои бузурги замонҳоро ташкил медиҳад, барои ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанги бостонӣ, намунаи давлатдории модерни маданӣ, кишвари ҷавон, вале бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маъруф, ҳамчун ягона хонаи умед барои тамоми тоҷикони дунё пазируфта шуда, чунин боқӣ хоҳад монд.

Ваҳдати тоҷикон барои эҳёи фарҳанги миллӣ, мардумӣ, аз ҷумла фарҳанги динӣ, озодии комил дар иҷрои фароизи динӣ, мазҳабӣ ва бовару эътиқодоти дигари аъзои ҷомеа ва дар умум фазои гуногунандеширо дар ҷомеа фароҳам кардааст, ки татбиқи амалии он фақат дар шароити таъмин будани ваҳдати сартосарӣ, амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар мебошанд.

Бо талоши шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат, ба хусус Сарвари ҷавони он, аъзои Ҳукумати навтаъсис ва мардуми шарифу ватанпараст, Тоҷикистон тавонист танҳо дар 10 соли аввали замони истиқлол ҳам ба дастовардҳои қобили зикри иқтисодӣ расад. Дар ҳоле, ки тибқи назарияи илми иқтисод, барои ҳар гуна кишвари ба истиқлоли худ расида, барои рушду тавсеаи иқтисодӣ камтарин муҳлат 30 сол мебошад. Бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Қулма – Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра самараи даҳ соли аввали истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки барои рушди баъдии кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон моҳияти ваҳдатро хеле дақиқ шарҳ додаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Вазифаи муқаддаси мо дар ҷараёни барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабули чунин қонунҳоест, ки ҷомеаи моро бо олами мутамаддин пайванд диҳанд, маърифати сиёсии мардуми моро баланд бардоранд ва барои бархурдорӣ аз дастовардҳои кишварҳои пешрафта замина муҳайё намоянд”.

Бояд таъкид шавад, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари дар нуқтаи нестӣ ва сокинони он дар парокандагӣ ва ноумедӣ қарордодашударо дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба сатҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф расонад, ки бори дигар муқаддас будани онро барои ҷомеаи тоҷикистонӣ таъкид мекунад. Сирри ин муваффақият ҳам фазои ваҳдати миллӣ буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва танзими низоми қонунии кишвари соҳибихтиёр мусоидат мекард.

Дар таърихи 26 июни соли 2000 дар Паёмашон ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем”.

Воқеан, роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 28 соли фазои Ваҳдати миллӣ паймуда аст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва ифтихор пайваста омӯзонда шавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки таҳти сарварии Сарвари сарсупурдаи миллат, Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавӣ ноил гардад.

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!