Skip to main content
Тағйирёбии иқлим яке аз ҷанбаҳои муҳими мушкилоти глобалӣ буда, дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо аз талоши муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад. Яке аз пайомадҳои тағйирёбии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасеро тақозо менамояд, ки ба инобат гирифтани шароити хоси экологӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҳар як кишварро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тағирёбии иқлим осеб дида, бо мушкилоти мухталифи экологӣ рӯбарӯ аст. Ҷумҳурии мо барои коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйироти иқлим ташаббусҳо ва стратегияҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки обшавии пиряхҳо яке аз мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад, махусус барои кишварҳое, ки рушду некуаҳволиашон аз оби пиряхҳо вобастаанд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави худ пиряхҳои зиёд дорад, масоили обшавии босуръати пиряхҳоро як хатари ҷиддӣ барои бақодории манобеи обии худ дар дурнамои миёнаю дарозмуҳлат медонад. Тоҷикистон захираҳои обро, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, ҳамчун манбаи нерӯи барқи барқароршаванда мавриди истифода қарор медиҳад. Тақрибан 98% неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ки ин омил Тоҷикистонро дар соҳаи энергетикаи сабз пешсаф кардааст. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон, дар ҳақиқат, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем”[2. С-2].

Бояд қайд кард, ки соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оид ба масъалаи мубрами ҷаҳонӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо, чунин қайд намуда буданд:“Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намоям. Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст”[11]. Аз соли 1930 инҷониб пиряхҳо дар Тоҷикистон тақрибан 30% коҳиш ёфтаанд[1]. Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ–Ому, Сир, Зарафшон-ҷорӣ мешаванд. Ҳавзаи дарёи Ому бузургтарин дар минтақа буда, аксари дарёю рудҳои хурди Тоҷикистон ба ин ҳавза тааллуқ доранд. Масоҳати ин ҳавза ба 227 ҳазор километри мураббаъ расида, сарҳади он дар шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад ва, агар ин раванд идома ёбад, метавонад дар 30-40 соли оянда бисёре аз пиряхҳои хурд аз байн раванд ва ба ҷараёни дарёҳои бузурге таъсир расонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) дар Тоҷикистон, - ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тайи 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях (Федченко) зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад[2.C-3].

Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо чунин ҷанбаҳоро фарогир аст:

Якум, ташаббусҳои байналмилалии он оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки дар саросари ҷаҳон вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама аз обу иқлим ва обшавии бесобиқаи пиряхҳо пуштибони намуда истодааст. Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони кардани соли ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 СММ қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:

-Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

-Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе [5.С-6] .

Дар заминаи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид маълум карда шуд, ки соли 2025 пас аз оғози рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои қаблӣ рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Кишвар ғояҳои ҳифзи пиряхҳоро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла пешниҳоди эълони соли Байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро фаъолона таблиғ мекунад. Дар Душанбе баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала ба нақша гирифта шудааст.

Дуюм, қабули Қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон қонуне қабул намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд. 3 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” имзо гузоштанд. Ин қонун дар ҳамоҳангӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти сохторҳои давлатиро оид ба мониторинги пиряхҳо, омӯзиш ва аз ҷиҳати илми бунёдӣ пешниҳод намудани роҳҳои пешгирӣ намудани коҳиши пиряхҳо муайян менамояд. Инчунин қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд, ба таври мушаххас муайян менамояд. Мутобиқи моддаи 3-юм сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дарҷ ёфтааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст[8]. Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷӯҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад[2].

Сеюм, таҳқиқот ва мониторинги илмӣ буда, Тоҷикистон фаъолона бо таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо машғул мебошад ва бо созмонҳо ва кишварҳои байналмилалӣ барои арзёбии тағйирот ва таҳияи стратегияҳои ҳифзи онҳо ҳамкорӣ менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳҳеҳ муайян карда, ҳамзамон гузаронидани таҳқиқоти илмиро муайян намуда, инчунин таҳқиқоти илмиро ба эътидол оварда, маълумоти мухталифи ба ҳам муқобилро тамоман аз байн мебарад, ки ин имкон медиҳад дурбиниҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ-бунёдӣ коркард шаванд. Инчунин қонун таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Ҳамзамон дар боби 3-и қонуни мазкур ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмиии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд[7]. Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" фаъолият дорад. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилотҳои байналмилалӣ дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

-гузаронидани корҳои илмии бунедӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва пӯшиши барф;

-муайян кардани изотопҳо дар озмоишгоҳ;

-омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати барф;

-ташкил ва гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо шарикони хориҷӣ;

-мониторинг ва арзёбии баландии қабати барф ва эҳтимоли рахна шудани кӯлҳои хатарноки пиряхӣ[9].

Гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва таъсиси инфрасохтори илмию технологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои баланди криосфера, глятсиология ва гидрометеорология вазифаҳои асосии Марказ мебошанд, ки татбиқи онҳо ба омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо дар назди Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи байналмилалӣ оид ба омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати ях ба фаъолият шуруъ намуд.

Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул кард. Ҳадаф аз қабули гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” мебошад. Амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд[6]. Дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се самти имконияти ташаккули иқтисоди “сабз”-ро ҷудо кардан мумкин аст:

–самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон, аввалан истифодабарӣ аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера ва дуюм аз воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии “сабз”, пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои “сабз” ташкил медиҳанд; сеюм чораҳои ихтиёриро дар бар мегирад, ки ташкили махзани маълумоти дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ тақозо мекунад;

–самти иҷтимоии иқтисоди “сабз” аз ҳисоби мусоидат ба сармоягузории «сабз» ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зистро таъмин менамояд ва ба баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳо ташаккул хоҳад ёфт;

–самти экологии иқтисоди “сабз” тақозо менамояд, ки манбаъҳои маъданӣ (зеризаминӣ)-и энергияи тамомшаванда самаранок истифода шавад, чунончи истифодабарии бошиддати онҳо аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар боиси маҳдудияти заҳираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад.

Аз ин рӯ, асоси ин самти иқтисоди “сабз” ё ба таври дигар иқтисоди пасткарбониро он принсипҳои таъмини боэътимоди энергия ташкил медиҳанд, ки ба сарфаи энергия, самаранокии он ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя мекунанд[10].

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва стратегия ва барномаҳои давлатиро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ва рушди зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул намудааст:

✓ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”;

-Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;

✓ Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;

✓ Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040;

✓ Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;

✓ Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;

✓ Даҳсолаи илмӣ Криосфера барои солҳои 2025-2034;

✓ Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».

Хулоса, ҳалли тағйироти иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва вобаста ба таҳдидҳои глабалии он ба ҷомеа ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз карда буданд: “Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад”. Воқеан, дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз ҳамагуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ҳифзи пиряхҳо, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки бевосита ва фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад[3]. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ ташаббуси муҳим вобаста ба обу иқлим ба СММ пешниҳод гардидааст. Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати ташаббускор, панҷ ташаббуси муҳимро марбут ба об ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кардааст: аз ҷумла; Эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003; Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015; соли 2013- соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ” эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.

Дар солҳое охир сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳалли обшавии пиряхҳо аз дипломатаи умумибашарии Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ороми ва саҳм доштан дар ҳалли мушкилотҳои глабалӣ ба даст овардааст. Нуқтаҳои муҳими сиёсати глабалии Тоҷикистон оид ба ҳалли прияхҳо чунин аст:

1. Ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳаллу ҳифзи пиряхҳо;

2. Қабули қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо;

3. Тадқиқот ва мониторинги илмӣ;

4. Стратегияи рушди “иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037;

5. Стратегия ва барномаҳои давлатӣ.

Соҳиби Баҳруло - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт:

1. Агентии обуҳавошиносӣ: «Дар Тоҷикистон ду моҳи охир омадани сел бештар мушоҳида гардид» //[Манбаи электронӣ] URL: https://khovar.tj/2024/08/agentii-obu-avoshinos-dar-to-ikiston-du-mo-i-ohir-omadani-sel-beshtar-musho-ida-gardid/ (санаи муроҷиат: 15.03.2025).

2. Алимардонов Т.А. Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он //[Манбаи электронӣ] URL: https://tnu.tj/wp-content/uploads/2022/12/ifzi-pirjah-o-va-mo-ijati-asosii-on.pdf С-2 (санаи муроҷиат: 14.03.2025).

3. Гулзода М.Қ. Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва экология. //[Манбаи электронӣ] URL: https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=21565(санаи муроҷиат: 14.03.2025).

4. Давлатов Ф.С Ташаббуссҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об: саҳм, аҳаммият ва дурнамо. Саҳ 5-9. Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим» дар доираи соли 2025 – соли Ҳифзи пиряхҳо (5-6 май). – Хоруғ: Матбааи донишгоҳ. – 76 саҳ. С-6.

5. Дар ҳошияи паёми Пешвои миллат. Иҷрои «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» ба рушди соҳа мусоидат менамояд. //[Манбаи электронӣ] URL: https://khovar.tj/2023/01/dar-oshiyai-payomi-peshvoi-millat-i-roi-strategiyai-rushdi-i-tisodi-sabz-baroi-sol-oi-2023-2037-ba-rushdi-so-a-musoidat-menamoyad/ (санаи муроҷиат: 15.03.2025).

6. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо”. //[Манбаи электронӣ] URL: https://amit.tj/tj/konferensiyai-chumkhuriyavii-ilmi-amali-dar-mavzui-akhamiyati-kabuli-konuni-chumkhurii-tochikiston?term_node_tid_depth%5B0%5D%5Btarget_id%5D=2&page=44(санаи муроҷиат: 15.03.2025).

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, аз 3 январи соли 2024, № 2026. //[Манбаи электронӣ] URL: https://mmk.tj/system/files/Legislation/2026%D1%82%D1%87.pdf(санаи муроҷиат: 15.03.2025).

8. Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон".//[Манбаи электронӣ] URL:https://amit.tj/tj/muassisai-davlatii-ilmii-markazi-omuzishi-piryakhkhoi-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-0(санаи муроҷиат: 15.03.2025).

9. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе–2022. Саҳ-194 С-9. //[Манбаи электронӣ] URL: https://www.wis.tj/wp-content/uploads/2024/01/2.-Green-Energy-Strategy.pdf (санаи муроҷиат: 15.03.2025).

10. Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия.// https://www.mfa.tj/tg/tokyo/view/7217/sukhanronii-prezidenti-tojikiston-dar-muloqoti-yakumi-paneli-sathi-baland-oid-ba-masalahoi-ob-va-iqlim-dar-sigai-

videokonferensiya(санаи муроҷиат: 14.03.2025).

11. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо.Манбаи электронӣ// htpps: mfa.tj/tg/main/view/2422/asosguzori-sulhu-vahdati-milli-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston [санаи муроҷиат: 15.03.2025]