Ба ақидаи олимони Ғарб фанни химияро олимони шарқ (тоҷикон) ба мақоми илмии мукаммал овардаанд. Дар аввал чизҳои марбут ба химия ба таври пурасрор, ба монанди ҷодугарӣ гузаронида мешуданд. Олимони шарқ (тоҷикон) исбот карданд, ки он фанест, ки мавриди озмоиши илмӣ қарор мегирад.
Муҳаммад ибни Аҳмад Ал-Хоразмӣ, ки дар соли 846-и милодӣ аз олам гузаштааст, дар китоби «Мафатиҳул улум» номгӯйи бисёре аз моддаҳои дар озмоишҳои химиявӣ истифодашударо зикр кардааст. Ҷобир ибни Ҳайён (падари химияи таҷрибавӣ), яке аз аввалин олимони шарқӣ-тоҷикест, ки илми химияро дарк кардааст.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, яке аз бузургтарин донишмандони асри миёна буда, бо саҳми беназираш дар рушди илми кимиё ва тиб дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Нақши муҳим ва таъсири доимии ӯ дар рушди илм, махсусан дар кимиёи тиббӣ, саноати дорусозӣ ва методологияи илмӣ бесобиқа аст. Таърихи илми ҷаҳонӣ саршор аз нобиғагонест, ки бо кашфиёт ва андешаи худ ба таҳаввули тамаддун мусоидат кардаанд.
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии ҳакими бузург, табиби ҳозиқ, олими номвар ва шоири дақиқназару амиқназар, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино зимнан таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар тӯли ин муддат роҷеъ ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Машриқу Мағриб садҳо тадқиқот, инчунин рисолаю китобҳои алоҳида ва ниҳоят бешумор таълиф шуда, нақши алломаи Машриқзамин ва фарзанди барӯманди миллати тоҷики тоҷдор Абуалӣ ибни Сино дар тараққӣ ва рушду такомули тамаддуну фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ басо ҳам бориз аст.
Мавсуф беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 18 истифода бурда шудаанд.
Абуалии Сино, "Ал-қонун"-ро тахминан соли 1020 таълиф намудааст. Аз лиҳози шаклу мазмун "Ал-қонун" дар таърихи тиб ҳамто надорад. Ин асари фарҳангии нодир гуё пулест, ки тиббӣ муосир ва антиқаро бо ҳам мепайвандад,"Ал-қонун" дар асоси омӯзиш ва ҷамъбасти тибби Юнони Қадим, Рими Қадим, тибби Ҳинду Форс, таҳқиқу хулосаҳои худи ӯ навишта шудааст. Дар асри XII Герард Креманский «Ал-қонун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума кард. Ин яке аз китобҳои аввалине буд, ки соли 1473 дар Венец ба забони лотинӣ чоп шудааст. Соли 1573 дар Рим онро ба забони арабӣ чоп карданд. Сабаби асосии дар давоми солҳои сол ҳамчун дастур "Ал-қонун"-ро истифода бурдани донишҷӯён ва табибон он буд, ки дар ин асар донишҳои тиббӣ хеле возеҳу ба тартиб шарҳ ёфтаанд. Дере нагузашта «Ал-қонун» машҳури чаҳон шуд ва онро ба бисёр забонҳои аврупои тарҷума карданд. Дар тӯли чандин аср (то аввали асри XVIII) «Ал-қонун» дар кишварҳои Аврупо ва Шарқ дастури ҳатмии донишҷӯён ва духтурон буд. Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ то ҳол онро дар табобати беморон истифода мебаранд. Китобхонаҳои замони мо бо "Ал-қонун" баъди бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ дар Тошканд (солҳои 1954-1961 ва 1980-1981) пурра нашр шудани он ошно гардиданд.
«Ал-қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, садаи XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.
«Ал-қонун» аз панҷ китоб иборат аст:
1. Китоби якум — ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.
2. Китоби дуввум — ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар он 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифода бурдани онҳо сухан меравад.
Ӯ дар он ба доруҳои одди ҳамчун духтури аммали баҳо медиҳад. Ин қисми "Ал-қонун" пайдоиш ва тарзи истифодаи кариб 785 номгуи доруро дар бар мегирад. Сино дар муолиҷаи беморон фузулоти вазнин ва пайвастаҳои он, маводи адвиёти буё ва катрониро хеле фаровон истифодамебарад.
3. Китоби севвум — оид дар баъзеи аъзои организми одам пайдо шудани касалиҳо, муайян кардан ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
4. Китоби чаҳорум — дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, шуш, табобати ин ҷароҳот ва ғайра ривоят мекунад.
5. Китоби панҷӯм — дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.
Мо дар ин ҷо танҳо нисбати корҳои химиявии ин нобиға таваққуф менамоем, ки дар китоби панҷуми «Алқонун» Сино инкишофи илми химия ва маълумоти дар он замон мавҷудбударо ҷамъбаст карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст.
Дар масъалаи асосии алхимия Абӯалӣ ибни Сино чун Закариёи Розӣ мавқеи комилан дуруст ишғол намуда, имконияти ба тилло табдилшавии металлхои дигарро бо бурҳони илмӣ рад кардааст.
Хизмати асосии Сино дар илми химия истифодаи маводи химиявӣ дар сохтани маводи доруворӣ мебошад.
Абӯалӣ ибни Сино ба химия аз мавқеи тиб наздик шудааст. Синоро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд.
Китоби панҷуми «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино дар баёни доруҳои мураккаб буда, одатан ин бахши тибро «Қарободин» (Фармакопея) меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободин»-и Ал-Қонун низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се кисм иборат аст. Дар қисми якум назарияи умумӣ оид ба доруҳои мураккаб, дар кисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъй, таркибу тариқаи сохтан ва тарзи истифодабарии онҳо ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯйи тақсимоти функционалӣ, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд. Дар охир анвоъи ченакҳои вазнии дар дорусозии он замон маъмул ва муодилоти онҳо пешниҳод шудааст.
Дар қисми панҷуми «Ал-қонун» тарзи сохтани доруҳои мураккаб хеле мукаммалу муфассал акс гардидааст. Ӯ дар соҳаи дорушиноси хеле корҳои бузӯргро анҷом додааст. Ду кисмати «Ал-қонун» (иборат аз панҷ қисм) ба ин соҳа оиданд.
Дар муддати қарнҳо ин китоб ҳамчун дастури ҳатмии рохнамои табибони Аврупо (то асри XVIII) ва Шарқ (то асри XX) хизмат карда, ба забонҳои лотинӣ, яхудӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, ӯзбекӣ тарҷима гардидааст.
Пуррагию пурмазмунии қисматҳои ба доруҳо бахшидаи «Ал-қонун» аз он шаҳодат медиҳад, ки Абуалии Сино илми химияро низ хеле хуб дониста, ҳамчун ҳаким ба химия ё худ моддаҳои химиявӣ аз мавқеи тиб наздик шудааст. Бидуни шубҳа илми химия дар рушди соҳаи тиб ёрии калон мерасонад.
Дастовардҳои барҷастаи илмии Абуалии Сино дар тиб ва фармакология бо дониши амиқ ва васеи табиати химиявии пайвастаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, инчунин роҳҳои асосии таъсири байниҳамдигарии онҳо алоқаманд аст. Ин ба ӯ имкон дод, ки сирри тайёр кардани доруҳои зиёдеро аз худ кунад.
Сино ба обҳои минералӣ диққати махсус додааст. Масалан ӯ зикр мекунад, ки агар дар обҳои минералӣ миқдори муайяни тилло ва нуқра ҳал шуда бошад, чунин обҳо ба организм таъсири хуб мерасонанд.
Инчунин вай дар бораи оби муқаттар, (дистилатсионӣ) яъне оби бо усули буғронӣ тозакардашуда, ки хосияти хуби ҳалкунандагӣ дорад, маълумот додааст. Абуалӣ ибни Сино ҳангоми тайёр кардани доруҳо аз оби муқаттар истифода мебурд. Вай дар бораи тарзи тайёр кардани оби муқаттар, фарқи он аз оби муқаррарӣ ва хосиятҳои он маълумоти муфид додааст.
Абуалӣ ибни Сино намакҳои баъзе металлҳои вазнинро ҳамчун дорувор тавсия менамуд. Ӯ усулҳои тайёр кардани намаки ош (хлориди натрий) ва сулема (хлориди симоб)-ро ошкор сохтааст. Вай вобаста ба тасаввуроти ҳамонвақта дар бораи дигар металлҳо аз он ҷумла: оҳан, мис, қурғошим, қалъагӣ ва нуқра маълумот медиҳад. Сино мис ва пайвастҳои онро барои тайёр кардани марҳамҳо ба мақсади муолиҷаи бемориҳои чашм ва пуст истифода мебурд. Ӯ қайд мкунад, ки агар оҳани зангзадаро дар сирко ҳал карда ҷӯшонед, ва маҳсули онро полоида гиред барои бемории шуш даво аст. Яъне, Сино атсетати оҳанро ҳамчун маводи доруворӣ тавсия намудааст. Аз нуқтаи назари вай нуқра хосияти хушккунӣ дошта агар нуқраро бо дигар доруҳо омехта карда ба ҷароҳат бандем, дар ҷои ҷароҳат фасод ҷамъ намешавад. Дар бораи симоб , бухоршавии симоб, заҳрнокии симоб ва тарзи истифодаи он барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни пуст маслиҳатҳои муфид додааст. Доир ба пайвастшавии сулфур бо дигар металлҳо, истифодаи пайвастҳои сулфур ҳамчун доруворӣ маълумот пешниҳод кардааст. Олим бештар ба хосиятҳо, ҳосил кардан ва истифодаи ҳафт металли (тилло, нуқра , мис, оҳан, симоб, қурғошим ва қалъагӣ) дар ҳамон замон машҳургашта бештар аҳамият дода, тиллоро дар ҷойи аввал мегузошт. Умуман инкишофи илми химия дар асри миёна ба номи файласуф, табиатшинос, табиб ва адиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино марбут буда дар китоби “Ал-қонун” вай инкишофи илми химия ва ҳамаи маълумотҳои замони худро ҷамъбаст карда фикру мулоҳизаҳои хешро баён сохтааст.
Аз асри XI сар карда, асарҳои алхимикони араб дар тарҷумаҳои лотинӣ дар кишварҳои гуногуни аврупо паҳн шуданд ва аввалин дастурҳо барои омӯзиши химия аз ҷониби аврупоиҳо буданд. Дар халифаи исломӣ забони илм арабӣ буд, аз ин рӯ, рисолаҳои табиатшиносӣ бо ин забон навишта мешуданд. Тарҷума ба забони лотинӣ бо тағйири муаллифон ба забони лотинӣ ҳамроҳ шуд, Ҷабир ибни Ҳайян "Гебер", Муҳаммад Закария ар-Рази "Разес" ва Абу Али ибни Сино "Авиценна"шуд.
Танҳо бо шарофати таҳқиқоти олимони фаронсавӣ ва олмонӣ дар миенаи асри XX бисёр далелҳои давраи эҳёи асрҳои миёнаи Шарқи Қадим маълум шуданд.
Ятрохимия яке аз самтҳои наздики тиб аст, ки бо химия алоқаманд аст. Дар акси ҳол, ятрохимия (греч. iatrochimeia, аз iatros - духтур ва химия - химия) химияи тиббӣ вуҷуд дорад. Ин самти илм дар асоси пайдоиш ва рушди алхимия ва табобат, инчунин таъсири мутақобилаи онҳо пайдо шудааст. Минбаъд пешрафт танҳо ба шарофати таъсири ҳамаҷониба ва дастгирии химия, инчунин тиб ба амал омад. Воситаҳои асосии табобат инҳо буданд: доруворӣ, обтабобат, машқҳои гимнастикӣ, истифодаи гипноз ё экстаз, яъне ворид кардани ҳолати "хоби сунъӣ".
Абуалии Сино дар асарҳои бахшида ба химия, ташаккули минералҳои гуногун, металлҳо, заҳрҳо, рангҳо, пигментҳо ва ғайраро дар табиат ба таври кофӣ ошкор мекунад. Олим инчунин ба таркиби ҳаво, об ва гилҳои гуногун диққати махсус медиҳад. Дар асарҳои худ ӯ робитаи тозагии об ва саломатӣ, пайдоиши бемориҳои гуногун аз таъсири ҷузъҳои зарарноки ҳаворо шарҳ медиҳад, сабабҳои пайдоиши оби пастсифат ва ташаккули ҳавои ифлосро меорад.
Дар баробари ин, Абуалии Сино чораҳои бартараф кардани ин ифлосшавӣ ва беҳтар кардани муҳити зисти инсон ва ҳайвонотро пешниҳод мекунад. Дар асари машҳури "Канони илми тиб" усулҳо ва дорухатҳои гуногуни тайёр кардани воситаҳои оддӣ ва мураккаби дорусозӣ, инчунин асосҳои назариявӣ ва амалии ҳалли ин мушкилоти барои инсоният муҳим ошкор карда мешаванд.
Дар соҳаи химия Ибни Сино раванди буғронии равғанҳои эфириро кашф кард. Ӯ қобилияти истихроҷи кислотаи хлорид, сулфат ва нитрат, гидроксидҳои калий ва натрийро дошт.
Дастовардҳои барҷастаи илмии Абуалии Сино дар тиб, фармакология бо дониши амиқ ва васеи табиати химиявии пайвастаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ алоқаманд аст. Инчунин, роҳҳои асосии табдил додани онҳо, ки ба ӯ имкон дод, ки сирри тайер кардани доруҳои сершуморро аз худ кунад. Дар байни шумораи зиёди доруҳо, ки дар "Канон" (беш аз 750) тасвир шудаанд, бисёр моддаҳои минералӣ (металлҳо, оксидҳо ва намакҳои онҳо, инчунин кислотаҳо ва ишқорҳо), асосан моддаҳои гуногуни органикӣ (растангӣ ва ҳайвонӣ) мавҷуданд.
Абӯалӣ ибни Сино бо маъруфтарин асараш “Ал-қонун”ҳамчун олим, химик, табиб, файласуф шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Ӯ дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузошта, ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Таъқид менамоем, ки насли навраси замони истиқлолият ҳарчи бештар ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ рӯ оранд то, ки комёбию дастовардҳои донишмандон ва мутафаккирони тоҷику форс, ки аз худ ба ҷаҳониён мероси гаронбаҳое боқӣ мондаанд, такрор намуда, бори дигар муаррифгари миллат ва давлати нави тоҷикон гарданд.
Дар асрҳои миёна тохту този туркон ва муғулон ба пешравии беназири аҷдодони мо монеъ шуд. Пас аз ин, таназзули илмҳои табиӣ дар сарзамини мо ба вуҷуд омад. Қариб то ибтидои асри ХХ ниёгони мо шароити мусоиди на танҳо инкишоф додани дастовардҳои илмии аҷдодони худро надоштанд, балки ин дастовардҳоро ҳатто маҳфуз дошта натавонистанд. Вале заҳматҳои ниёгони мо барабас нарафтанд. Асарҳои онҳо ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, барои инкишофи ояндаи илми химия замина гардиданд.
Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои кимиё,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ