Футбол ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ миллионҳо одамонро муттаҳид мекунад ва ба ҳамгироии иҷтимоӣ, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд. Дар соли 2024 Ассамблеяи Генералии СММ 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда, аввалин шуда садсолагии мусобиқаи байналмилалии футболро, ки дар доираи Бозиҳои олимпии соли 1924 дар Париж баргузор шуда буд, ҷашн гирифт. Ин ташаббус нақши футболро дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), аз қабили таҳкими саломатӣ, баробарӣ ва шарикӣ таъкид мекунад. Дар Тоҷикистон футбол ҷойгоҳи худро дорад ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ дар рушди он нақши беназир дорад.
Футбол дар Тоҷикистон дар солҳои 1920-ум дар доираи низоми варзишии Шӯравӣ рушд ёфта, аввалин клубҳо, ба мисли «Динамо» (Сталинобод, ҳоло Душанбе) таҳти сарпарастии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурии онвақта барпо шуд. Дар соли 1937-ум дар дастаҳои футболи тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок доштанд ва солҳои 1950 клуби «Памир» (Душанбе) қувваи пешбар гардида, дар Лигаи якуми ИҶШС сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид, гарчанде инфрасохтор хело маҳдуд буд.
Ба вазнинии солҳои 1992–1997 (ҷанги таҳмилӣ) нигоҳ накарда, дар соли 1994 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, худи ҳамон сол ба ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳамроҳ шуд. Ин қадами муҳим барои ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонии футбол буд. Дар соли 1992 дастаи миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар чемпионати дохилӣ сарфи назар аз маҳдудияти захираҳо ширкат варзид. Аз солҳои 2000 сар карда Тоҷикистон ба барқарорсозии инфрасохтори варзишӣ шурӯъ намуд, клубҳо ба мисли Истиқлол (Душанбе) дар лигаи миллӣ бартарӣ пайдо карданд ва сармоягузорӣ ба варзишгҳҳо ва пойгоҳҳои тамринӣ афзуд. Аз соли 2012 муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти ФФТ ба ислоҳоти васеъи футбол оғоз кард. Худи ҳамин сол Варзишгоҳи марказии Душанбе ва оҳиста -оҳиста дигар варзишгоҳҳои кишвар аз таъмир бароварда шуданд.
Дар соли 2019 муҳтарам Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуда, нуфузи минтақавии футболи кишварро баланд бардошт. Баъди дуюмбора интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси президенти ФФТ соли 2024 барномаи ҷавонон ба мисли «Футбол барои ҳама» қабул карда шуд, ки ҳавасмандии наврасону ҷавононро ба футбол зиёд намуд.
Маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ ва CAFA 9 феврали 2024 ба СММ муроҷиат карда шуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардад ва 7 майи 2024 Ассамблеяи Генералии СММ дар ҷаласаи 80-уми иҷлосияи 78-ум бо қатъномаи A/RES/78/281 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуд. Қатънома аҳамияти баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар руҳияи сулҳ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе табъизро таъкид мекунад. Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ (A/RES/78/281), ки 7 майи соли 2024 қабул шуд, 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд ва давлатҳоро даъват намуд, ки аз варзиш барои расидан ба ҲРУ истифода баранд. Ин Ҳадафҳо таҳкими саломатӣ (ҲРУ 3), баробарии гендерь (ҲРУ 5) ва шарикиро (ҲРУ 17) дар бар мегиранд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин ҳадафҳоро ба стратегияи ФФТ ворид карда, футболи занон ва барномаҳо барои кӯдакони осебпазирро рушд бахшид.
Аввалин мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба футбол, ки соли 1924 дар Париж баргузор шуд, дар он дастаҳои Африқо, Осиё ва Амрико иштирок намуданд, ки заминаро барои ҷаҳонишавии варзиш гузошт ва ин қатънома ба садсолагии ин чорабинӣ рост омад. Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби СММ эълон шудааст дастовардҳои варзиширо ва мероси фарҳангии футболро муаррифӣ менамояд Ин ташаббус дар расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла рӯзномаи Покистон «Ғазнавӣ» (9 майи 2024) ва маҷаллаи «Diva International»-и Женева, инъикос ёфт, ки аҳамияти онро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвари мо муаррифӣ намуд.
Танзими ҳуқуқии футбол як низоми бисёрсатҳаест, ки қонунҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва оинномаҳои созмонҳои варзиширо дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти ФФТ дар мутобиқсозии ин меъёрҳо нақши асосиро бозидааст, ки рушди футболро мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчун созмони ҷамъиятӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» фаъолият мекунад. Ин қонун тартиби таъсис, идора ва фаъолияти молиявии федератсияҳои варзиширо танзим мекунад ва аз онҳо шаффофият ва ҳисоботдиҳиро талаб менамояд. ФФТ таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ механизмҳои дохилии назорат, аз ҷумла аудит ва чораҳои зиддикоррупсионӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, Қонуни «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дастгирии давлатиро ба варзиш, аз ҷумла маблағгузории инфрасохтор ва барномаҳои омодасозии варзишгаронро муайян мекунад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ФФТ дар татбиқи барномаҳои миллии варзишӣ ҳамкорӣ мекунад. ФИФА ва АФОМ стандартҳои ҷаҳонии идоракунии футболро муқаррар мекунанд, ки масъалаҳои асосии баргузории мусобиқаҳо, интиқоли бозингарон ва чораҳои зиддидопингиро дар бар мегиранд. Дар соли 2018 таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ Барномаҳои омӯзишӣ барои доварон ва бозингарон таҳия намуда, механизмҳои назорати букмекериро ҷорӣ карданд.
Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол ворид гардад ва ин пешниҳод аҳамияти ҳуқуқии ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ - ро дар сатҳи миллӣ таъкид намуда, Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанг дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти АФОМ меъёрҳои ҳуқуқиро дар Осиёи Марказӣ мутобиқ намуда, ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва табодули таҷриба мусоидат намуд. Ташаббуссҳои ӯ чорчӯбаи ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқи бозингарони ҷавон ва мураббиён фароҳам овард. Ӯ футболро дар Тоҷикистон ба як воситаи ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди миллӣ табдил дод. Ташаббусҳои ӯ инфрасохтор, барномаҳои ҷавонон ва ҳамкориҳои байналмилалиро фаро мегиранд, ки бо Рӯзи ҷаҳонии футбол мувофиқат мекунанд.
Таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ иншоотҳои муҳим ба мисли Варзишгоҳи марказии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб, ки тавассути буҷетҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хусусӣ ва грантҳои ФИФА маблағгузорӣ мешаванд, навсозӣ шуданд. Дар соли 2023 ФФТ барномаи сохтмони варзишгоҳҳои хурдро дар деҳот оғоз кард, ки дастрасии кӯдакон ва ҷавононро ба футбол зиёд намуд. Таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ академияҳои футбол, ба мисли Академияи ДФ «Истиқлол», ки садҳо кӯдакро таълим медиҳад, таъсис шуда, Барномаи «Футбол барои мактабҳо» варзишро ба муассисаҳои таълимӣ ворид намуд ва ба рушди тарбияи ҷисмонӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар соли 2018 бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ лигаи футболи занона таъсис дода шуд, ки дар мусобиқаҳои гуногун ширкат варзида ба дастовардҳои варзишӣ ноил мегарданд. Ин чораҷӯиҳо ба Ҳадафҳои Рушди Устувор №5, ки баробарии гендериро муқаррар менамояд, мусоидат мекунад. Яке аз хизматҳои беназири муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабули Барномаи «Футбол бар зидди камбизоатӣ» мебошад, ки дар заминаи он ба кӯдакони оилаҳои камбизоат стипендияҳои варзишӣ дода мешавад.
25 майи 2024 нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, ки бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи СММ (A/RES/78/281) муқаррар шудааст. Дар фестивали футбол дар шаҳри Душанбе собиқ бозингари «Челси» Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин рӯз 600 кӯдакону наврасон иштирок намуда, тарзи ҳаёти солимро ба ҳамагон тарғиб намуданд. Дар ин рӯз инчунин дар 12 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт – фестивалҳои футбол бо иштироки 5000 кӯдак баргузор шуд.
Дар соли 2025 дар Тоҷикистон аз 19 то 25 май чорабиниҳои муҳимро ба нақша гирифта, баргузор мекунад, аз ҷумла зиёда аз 25 фестивали кӯдакона, бозии ситораҳои Тоҷикистон ва Русия, Суперҷоми Тоҷикистон-2025, бозиҳои Суперлигаи футзал, оғози Лигаи бонувон, мусобиқаҳои кӯдакону наврасон, мастер-классҳо бо мунтахаби Тоҷикистон.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохторро навсозӣ карда, футболи ҷавонон ва занонро рушд дод ва робитаҳои байналмилалиро таҳким бахшид. Ҳамчун роҳбари ФФТ ва АФОМ пешниҳоди ӯ аз 9 феврали соли 2024 ба СММ барои эълони 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 7 майи 2024 бо қатъномаи A/RES/78/281 қабул карда шуд ва шахсияти ӯро ҳамчун Пешвои варзиши байналмилалӣ тасдиқ намуд.
Ояндаи футбол дар Тоҷикистон ба рақамисозӣ (масалан, ҷорӣ кардани VAR), рушди киберварзиш ва ҷалби мураббиёни хориҷӣ вобаста аст. Рӯзи ҷаҳонии футбол платформа барои пешбурди ин ташаббус хоҳад шуд. ФИФА эълон кард, ки аз 21 то 25 майи соли 2025 Ҳафтаи ҷаҳонии футбол баргузор мегардад. Чорабиниҳои Тоҷикистон аз 19 то 25 май бо ин ҳафта ҳамоҳанг шуда, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягузориро мекушояд.
Ташаббусҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ метавонад барои рушди футбол дар кишварҳои дигар намуна бошад. Барои таҳкими мавқеи футбол дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи он дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби мо панҷ пешниҳоди зерин манзур мегардад:
1. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи футбол”. Барои муайян кардани асосҳои ҳуқуқии рушди футбол дар Тоҷикистон зарур аст, ки қонуни махсус “Дар бораи футбол” қабул карда шавад. Ин қонун бояд масъалаҳои маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, стандартҳои инфрасохтори варзишӣ, ҳифзи ҳуқуқи бозингарон ва мураббиён, инчунин механизми ҷалби сармоя ба футболро танзим намояд.
2. Таъсиси Маркази миллии омодасозии футболбозон. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани рақобатпазирии дастаҳои миллӣ, пешниҳод мешавад, ки дар Душанбе Маркази миллии омодасозии футболбозон таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад бо дастгирии ФИФА ва КФО бо технологияҳои муосир, аз қабили системаи VAR ва таҷҳизоти таҳлили бозиҳо муҷаҳҳаз гардад. Марказ бояд ҷавонони тамоми минтақаҳои дурдастро фарогир бошад.
3. Тавсеаи барномаи футболи мактабӣ. Барои оммавигардонидани футбол миёни кӯдакон ва наврасон, зарур аст, ки барномаи “Футбол дар мактабҳо” тавсеа дода шавад. Ин барнома бояд дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон ҷорӣ гардад, бо таъмини мураббиёни касбӣ, таҷҳизоти варзишӣ ва мусобиқаҳои мунтазами мактабӣ равона гардад.
4. Ҷалби сармояи хориҷӣ ба клубҳои футбол. Барои баланд бардоштани сатҳи касбияти клубҳои Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ки механизми ҷалби сармояи хориҷӣ ба клубҳои Лигаи олӣ таҳия гардад. Ин метавонад тавассути эҷоди шароити мусоиди андозбандӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ва баргузории мусобиқаҳои минтақавӣ бо иштироки клубҳои хориҷӣ амалӣ шавад.
5. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи футбол. Барои рушди футбол дар Тоҷикистон зарур аст, ки ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли ФИФА, КФО ва UEFA густариш ёбанд. Ин метавонад тавассути баргузории мунтазами мастер-классҳо бо мураббиёни хориҷӣ, табодули таҷриба бо федератсияҳои пешрафта ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои омодасозии мураббиён ва доварон амалӣ гардад.
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор .
Қурбонова Ширин - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.