Skip to main content

Имрӯз, 23 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби мукаммали “Таронасози ватан”- и Файзалӣ Ҳасан муаррифӣ гардид.

Ба кори маҳфил президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи дастовардҳои илмӣ ва эҷодии олимону адибон ва аҳли ҳунар тасмим гирифтааст, ки моҳе як маротиба чунин маъракаҳои эҷодӣ ташкил намояд. Гарчанде ба ҷойи як ҷаласа мо ҳар моҳ ду ва ҳатто се ҷаласаи маҳфили “Хирад”-ро баргузор менамоем, ки фикр мекунам хуб аст. Ҳадаф аз баргузории маҳфилҳо таҳлили дастовардҳои олимон, адибону аҳли фарҳанг, арҷгузорӣ ба хизматҳо ва эҷодиёти устодон мебошад.

Гуфта шуд, ки имрӯз мақсаду муҳтаво ва мундариҷаи ҷаласаи мазкур ба эҷодиёти яке аз чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии мамлакат, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сароянда ва оҳангсоз Файзалӣ Ҳасанов бахшида шудааст.

Таъкид гардид, ки дар олами мусиқии муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳҳо ҳунармандони асил бо созу навоҳои тоза васфи ватани азизамонро тараннум мекунанд ва дар байни онҳо нақши устод Файзалӣ Ҳасанов хеле ва хеле назаррас аст. Ин ҳунарманди номӣ имрӯз муаллифи садҳо таронаҳои тоза буда, дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад. Файзалӣ Ҳасанов тамоми марҳилаҳои эҷодиро тай намуда, имрӯз дар қуллаи волои фарҳанги муосир қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки раёсати Академияи миллии илмҳо соле қабл тасмим гирифта буд, ки дар партави амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва ҷавобан ба ғамхориҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар падидаҳои асили фарҳанги замони истиқлолро тарғиб намояд ва зимни ҳамин иқдом аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии Раёсат китоби мукаммали “Таронасози Ватан”, ки иборат аз очерки муфассали тарҷимаҳолӣ ва нотаҳои зиёда аз 80 адад оҳангҳои эҷоднамудаи Файзалӣ Ҳасанов буда, аз ҷониби Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст.

Дар идомаи маҳфил муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, директори МД ТВ “Сафина” ва дигарон суханронӣ намуда, аз ҳунари волои ин ситораи тобноки олами мусиқӣ ёдовар гардиданд.

Дар фарҷоми маҳфил бо суруду таронаҳои марғуб ва ватандӯстонаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан анҷом ёфт.