Инак, баъди чанд рӯзе 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар аксарияти кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе кишварҳои дигар таҷлил менамоянд. Ин ҷанги мудҳиш дар сарнавишти ҳар як халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, доғи фаромӯшнашавандае гузоштааст, ки бо гузашти айём ва аз диди нав ин фоҷеаи бузурги асри XX, боз ҳам дардноктару ҷонсӯзтар мегардад. Ҳамагон медонанд, ки дар ин майдони набард ҳазорон ҳазор фарзандони ҷонфидои Тоҷикистони азиз қаҳрамонона ҷангида, ҷони худро барои озодиву истиқлоли Ватани умумии ҳамонвақтаамон Иттиҳоди Шӯравӣ нисор кардаанд. Аммо мутаассифона, номи теъдоди ниҳоят бузурги онҳо дар байни қаҳрамонони шинохтаву маъруф беному нишон гашта, ҷонбозиҳояшон фаромӯш гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки то ба ҳол дар бораи шумораи умумии ашхоси аз Тоҷикистон ба ҷабҳа (фронт) рафта ва шумораи ашхоси аз ҷабҳа барнагашта маълумотҳои баҳсбарангез вуҷуд дорад. Гузашта аз ин ҳатто дар бораи шумораи умумии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумотҳои дақиқ вуҷуд надорад. Тибқи маълумотҳои ахири Вазорати дифои Федератсияи Русия шумораи умумии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ наздики 30 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин аз рақами пешина (27 миллион) 3 миллион бештар аст. Мувофиқи маълумотҳои ҳамин манбаъ аз Тоҷикистон ба ҷабҳа беш аз 250 ҳазор сарбозу афсар ва 45 ҳазор коргарони ақибгоҳ фиристода шуданд, ки аз ин шумора беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштанд.
Мутобиқи маълумотҳои манбаи дигар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба ҷабҳа 300 ҳазор сокинони Тоҷикистон фиристода шуданд ва аз онҳо 90 ҳазор нафар ҷони худро дар ин ҷанг бохтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ мавсуф таъкид намуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба рафта, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҳалок гардиданд. Ҳамзамон тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо, инчунин дар муҳорибаҳои шадиди занҷираи Курск ва озод кардани Ленинград аз муҳосира ҷоннисорона иштирок карданд.
Бале, суханони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин ҳамоиши тантанавӣ бамаврид ва нишонрас буд. Ӯ бори дигар ба аҳли толор ва роҳбарони воломақоми парломунҳои иштирокдорони ИДМ хотиррасон намуд, ки дар ин Ғалабаи бузург тоҷикон саҳми босазои худро доранд ва касе ҳақ надорад, ки онро нодида гирад ва ин воқеиятро бо далелҳои дар боло зикргардида собит намуд.
Тибқи маълумотҳои зикргардида миқдори қурбониёни ин ҷанги хонумонсӯзро аз Тоҷикистон аз 90 ҳазор то 100 ҳазор рақам мезананд, ки ба ақидаи мо аниқу дақиқ нест ва афзоиши он аз эҳтимолият дур намебошад. Вале барои мо чизи дигар муҳим аст. Оё мо имрӯз 90 ё 100 ҳазор шаҳидони аз ҷанг барнагаштаро ном ба ном медонем!? Оё мо медонем, ки онҳо дар куҷо дафн шудаанд? Онҳо кӣ буданд? Шояд як деҳқони оддӣ аз гӯшаи дурдасти Бадахшон, ё як ҷавони ғаюри хатлонӣ, ё як ҷавони бонангу номуси раштӣ, зарафшонӣ ва ё аз дигар манотиқи кишвар, ки бори аввал силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили душман бархоста буданд??? Ҳамаи онҳо дар дил орзӯҳои ширин доштанд, аммо ҷанг ҳамаи орзӯҳои онҳоро барбод дод. Онҳо падарон, бародарон, шавҳарон ва писароне буданд, ки хонаву дар, пайвандону наздикони хешро тарк карда, ба ҳимояи Ватан бархостанд ва дигар ҳеҷ гоҳ ба хона барнагаштанд.
Онҳо дар ҷабҳа дар сафҳои пеши ҷанг, дар зери борони тиру туп мардонавор ҷангиданд. Гурӯснагӣ, ташнагӣ, хастагӣ ва тарсу ҳаросро паси сар карда, қадам ба қадам то рақами вопасин ба сӯи ғалаба пеш рафтанд. Ва дар ниҳоят дар набардҳои шадид ба ҳалокат расида, дар кишварҳову заминҳои бегона бе ному нишон гоҳе дафн ва гоҳе ҳатто дафн нашуданд. Ҳеҷ касе катибае сари гӯри онҳо нанавишт ва ҳеҷ касе наметавонад дараке аз ҷойҳои дафни онҳо диҳад. Онҳо аскарони гумноми ғалаба боқӣ монданд.
Оё ин маънои онро дорад, ки ҷоннисориҳои онҳо беарзиш буд? Ҳаргиз! Маҳз ҳамин ҷонфидоиву қаҳрамонии бемислу монанди онҳо буд, ки ғалабаро бар фашизм таъмин кард. Гарчанде номи онҳо ва қаҳрамониҳои онҳо дар саҳифаҳои таърих сабт нагашта бошад ҳам хотираҳои онҳо дар ёди мардуми тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд. Шахсияти аст, вале қаҳрамониҳои онҳо безавол аст. Хотираи он аскарони гумноми тоҷик, ки дар роҳи озодӣ ва наҷоти башарият ҷон бохтаанд ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд. Мо насли имрӯза бояд пеши қаҳрамониҳои онҳо сари таъзим фуруд орем ва ҳеҷ гоҳ ҷонбозиҳои онҳоро фаромӯш накунем.
Бо баракати истиқлол мо имрӯз имконият дорем, ки озодона бидуни муҳри хомӯшӣ бар лаб ва махфияту мамониатҳо ба омӯзиши амиқи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми арзандаи халқи тоҷик дар он машғул шавем. Вақти он аст, ки гурӯҳҳои таҳқиқотии махсус таъсис дода шуда, бойгониҳои ватанӣ ва хориҷ аз он ба таври хеле ҷиддӣ омӯхта шаванд, то ҳарчӣ бештар номҳои аскарҳои гумном рушан гардонида шаванд. Бояд қайд кард, ки ҳар як аскари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтааст, новобаста аз он, ки номаш маълум аст ва ё не, қаҳрамони миллати мост. Хотираи онҳо абадӣ хоҳад буд ва ҷонбозиҳои онҳо барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Иди ғалаба ба маврид таъкид намудаанд, ки: “Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад”.
Дар хотима бояд зикр намуд, ки ҳар як шаҳиди ин ҷанг як китоби нонавиштаи қаҳрамонист. Мо бояд саҳифаҳои хотираи онҳоро бо эҳтиром ва сипосгузорӣ варақ занем. Қаҳрамонии онҳо намунаи ибрат барои наслҳои оянда аст. Руҳатон шод бод, эй аскарони бенишони ҷонфидои Тоҷикистон!
Судуров С.А. – ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ