Имрӯз, 10 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки Робияи Балхӣ аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс буда, осори ӯ дар ташаккули анъанаҳои шеърӣ ва рушди адабиёти форсизабон нақши арзишманд гузоштааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Робияи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст. Таъкид гардид, ки осори гаронбаҳои ин бонуи соҳибқалам на танҳо бозгӯи эҳсосу андешаҳои инсонист, балки намунаи олии зебоишиносӣ, озодандешӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид кард, ки мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик яке аз муҳимтарин пояҳои худшиносии миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Зикр гардид, ки Робияи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин намояндагони адабиёти тоҷику форс бо осори пурмуҳтаво ва шахсияти нотакрори худ дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ барои шинохти амиқтари таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ аҳаммияти махсус дорад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ зикр дошт, ки Робияи Балхӣ аз ҷумлаи нобиғаҳои сухан ва чеҳраҳои мондагори тамаддуни форсизабон буда, номи ӯ ҳамчун нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Қайд гардид, ки осори боқимондаи ин бонуи соҳибистеъдод намунаи олии фарҳанги суханварӣ ва бозгӯи мақому манзалати зан дар ҷомеаи фарҳангии он давра мебошад.
Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллат аҳаммияти хосса дода мешавад. Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки Робияи Балхӣ аз нахустин ситораҳои тобноки осмони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти классикӣ ва рушди анъанаҳои суханварии форсизабонон нақши муҳим бозидааст. Зикр гардид, ки осори ин шоири соҳибзавқ саршор аз муҳаббат, покӣ, садоқат, озодандешӣ ва арзишҳои волои инсонӣ буда, то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва адабии худро нигоҳ доштааст.
Таъкид гардид, ки омӯзиши амиқи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Робияи Балхӣ барои дарки беҳтари марҳилаҳои аввали ташаккули адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи занон дар таърихи фарҳангу тамаддуни минтақа аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина, мероси адабии Робияи Балхӣ ҷузъи муҳими ганҷинаи фарҳангии халқҳои форсизабон маҳсуб ёфта, муаррифии бештари он дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашр таҳти унвони «Анатомияи одам», ки аз ҷониби ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа таълиф гардидааст, ба нашр расид.