13 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” ва “Иҷлосияи тақдирсоз” Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Президент кафили сулҳу осоиштагӣ дар кишвар” дар толори маҷлисии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар баргузории ҳамоиш намоянда аз Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” Ширин Қурбонова, директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш раиси ташкилоти ибтидоии “Ахтарон” директори Институти астрафизикаи АМИТ Буризода Анвар ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҷамъомадагони ҳамоиш шинос намуда, ба муносибати ин Рӯзи таърихӣ хайрамақдам гуфта, сухани муқаддимавиро ба намояндаи Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин доданд.
Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки асоси сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ, пешравию муваффақиятҳои давлату миллатамон маҳз аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Чуноне, ки мо шоҳиди он рӯзҳои нангину нохуш будем, чиқадар харобиҳову нокомиҳо ба сари мардуми тоҷик омад, ки дили садҳо модаронро дар ғаму андуҳи фарзандонашон хуншор ва садҳо кӯдаконро бепадар гардонида буд. Ин доғ дар дили онҳо абадан боқӣ монд. Аз рӯзи сари қудрат омадани Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанг хотима бахшида, оҳиста-оҳиста ба тамоми ободиҳову хушбахтиҳо омада расидем. Моро мебояд ба қадри ин сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ расида, дар пешрафти кори давлату миллатамон саҳмгузор бошем.
Дар идома Нилуфар Каримзода, Рустам Ҳайдарзода ва Ширин Қурбонова дар бораи ҷанги шаҳрвандии солҳои гузашта, беадолатиҳову нокомиҳои мухолифин ва ба харобазор табдил додани ватан, бераҳмона қатл намудани одамон, доғ мондан дар дили модарон, ятим намудани кӯдакон, аз байн бурдани шахсиятҳои шинохта суханронӣ намуданд. Таъкид гардид ки, ҳанӯз аз лаҳзаи ба сари ҳокимият омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Пас аз хотима бахшидани нооромиҳо сулҳу суботи комил ваҳдату ягонагӣ дар кишвар танинандоз гардида, бо ташаббус ва иқдомҳои ин абармарди сиёсат миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардид.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст.
Лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.
Бино дорои ҳуҷраҳои омӯзишии замонавӣ ва интеллектуалии бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад.
Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.
Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки он бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, бо истифода аз силоҳи қатли ом, маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва истифодабарии дигар усулҳои ҳозиразамон ба нақша гирифта шудааст.
Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.
Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.
Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои муосири муҷҷаҳаз пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ амалӣ мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои назорати иҷрои босифати корҳо ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба дастуру супоришҳои мушаххас доданд
Имрӯз (29.10.2024) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Шуъбаи илмҳои биологӣ бахшида ба 30- солагии Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии фаъолияти панҷсолаи директорони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ самти биологӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳмизода А, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии самти биология иштирок варзиданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур гардид. Воқеан ҳам Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози буда, он истиқлолияти олии кишвар сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар намудааст.
Дар идома директорони Институт ва марказҳои самти биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти панҷсолаи хеш ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “СТРАТЕГИЯ ВА МАНФИАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ”
Имруз (29.10.2024) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Стратегия ва манфиатҳои геополитикии Ҷумҳурии мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ карданд ва қайд намуданд, ки муносибати дӯстӣ ва ширикии стратегии Тоҷикистону Чин дар натиҷаи сиёсати хирдамандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алъон дар авҷи аъло ва сатҳи олӣ қарор доранд. Минбаъд низ барои рушду вусъат додани ҳамкориҳои илмӣ – фарҳангӣ дар назди Институт бояд Маркази чиншиносӣ ташкил карда шавад.
Сипас, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ н.и.т., дотсент Мирзоев Ҳабибҷон дар мавзӯи «Стратегия ва манфиатҳои геополитикии Ҷумҳурии мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуд
СЕЮМИН КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИЛМИ-АМАЛИИ “АЗ ВОЛГА ТО ГАНГА ТАВАССУТИ ТРАНСОКСИАНА: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ РАҚАМӢ”
Дар таърихи 24-25 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана: густариши ҳамкории байниминтақавии рақами” баргузор гардид. Чорабиниро Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат” бо дастгирии Фонди Горчаков (Федератсияи Россия) ташкил намуд. Дар ин конфронс коршиносон ва олимони шинохтаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гирди ҳам омада, масъалаҳои калидии марбут ба роҳҳо ва механизмҳои муосир дар густариши ҳамкориҳои рақамӣ дар байни кишварҳои ИДМ, СҲШ ва минтақахои гуогуни Авросиёро баррасӣ карданд.
Дар миёни мавзӯъҳои баррасишуда хусусан ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи се минтақаи бузурги АвроОсиё таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар раванди он олимони тоҷик оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту комёбиҳои кишвар, густариши илми муосири тоҷик суханронӣ намуда, дар ташвиқу тарғиби ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи кишвар ҳиссаи муносибе гузоштанд. Муҳокимаи ҷамъбастӣ лаҳзаҳои муҳимиконференсия буд, ки дар он иштирокчиён фаъолона мубодилаи афкор намуданд ва саволҳо доданд.
Иштирокчиёни конфронс аз тарзи ташкилу гузаронидани чорабинӣ ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Имрӯз (28.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисобот оид ба таҳлилу натиҷагирии лоиҳаҳои илмю таҳқиқотӣ барои солҳои 2020 - 2024 баргузор гардид, ки дар он кормандони Институт аз рӯи лоиҳаҳои амалкунанда "Баҳои суммаҳои омехтаи тригонометрӣ ва тадбиқи онҳо дар назарияи нулҳои қаторҳои махсуси Дирихле", "Баҳои спектр ва ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсионӣ барои операторҳои эллептикии таназзулёбандаи бо ёрии шаклҳои якунимхатии ғайрикоэрситивии тавлидшуда" ва "Тадқиқи масъалаҳои муосири математикаи амалӣ ва информатика" д.и.ф.м, узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А, н.и.ф.м. Саддридинов П.Б. , н.и.ф.м. Назрубллоев. Н.Н. баромад намуданд.
Лоиҳаҳои номбаршуда барои солҳои 2021 - 2025 дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд. Ҳисоботи кормандони Институт аз тарафи шунавандагон хуб пазируфта шуд
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ, КАЛИДИ МАЪРИФАТ ВА ТАШАККУЛИ ФАЗОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ҶОМЕА»
24 октябри соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Конститутсия - бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа» баргузор гашт, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок ва суханронӣ намуд.
Конфронси мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баромад намуда таъкид дошт, ки соли равон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди қабули санади тақдирсози миллат-Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва соли 2024 ба ин муносибат ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудааст, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард. Бахшида ба ин санаи муҳим имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, конференсия, ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор гардида истодаанд.
Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти як қатор сохторҳои давлатӣ ва доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок доштанд
Дар доираи баргузории Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ имрӯз (24.10.2024) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон ва муҳақиқони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мизҳои мудаввар баргузор гардиданд.
Дар рафти баргузории ин мизҳои мудаввар олимону муҳақиқони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба «Тамоюлҳои асосии рушди илмҳои бунёдӣ: ҳолат ва дурнамои рушд»; «Проблемаҳои актуалии илми техникии муосир: анъанаҳо ва навовариҳо»; Самтҳои асосии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ: технология ва алгоритмҳо» маърузаҳо намуда, фикру андешаҳои коршиносонаи хешро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми V олимони кишварҳои узви ИДМ ва мизҳои мудаввар дар ҳошияи он ин пеш аз ҳама дар амл тадбиқ намудани илмҳои бунёдӣ ва гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, такони оғози тадқиқоти муштарак, таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди сиёсати инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ, таҳким ва густариши ҳамкориҳои илмию техникӣ ва гуманитарӣ байни аҳли ҷомеа ва мамлакатҳои аъзои он мебошад.