
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Феврал 28, 2025
Ҳамватанони гиромӣ!
Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад.
Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд.
Ба ибораи дигар, қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам расму ойинҳои аҷдодиву суннату анъанаҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои эътиқодӣ дар хизмати осоишу оромӣ ва саодати мардуми Тоҷикистон қарор дода шаванд.
Зеро онҳо ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири фарҳанги миллии моро ташкил медиҳанд.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки моҳи мубораки Рамазонро дар шароити амну осоиш истиқбол мегирем ва дар фазои озоди эътиқодӣ зиндагӣ мекунем.
Чунин шароити мусоид ва фазои созгор ҳар фарди соҳиби ақли солим ва соҳиби имонро водор месозад, ки ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва сулҳу суботи комил расад ва шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо оварад.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом – Ҳазрати Муҳаммад моҳи Рамазон ҳамчун айёми хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст.
Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои мусулмонони ҷаҳон аз он сарчашма мегирад, ки китоби муқаддаси Қуръон дар он нозил шудааст.
Ин моҳ арзишу ҳикматҳои зиёди сабақомӯз дорад.
Яке аз онҳо парҳезгориву покӣ, ғалаба бар нафс ва худдорӣ кардан аз бадиву зишткорӣ мебошад.
Парҳезгорӣ дар асл моҳияти олии инсондӯстӣ дорад.
Зеро зиндагӣ кардан бо ризқи покиза, мурувват ва аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба ниёзмандон, анҷом додани дигар амалҳои хайру савоб ва даҳҳо арзиши неки ахлоқӣ дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешавад.
Боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву шуҳрат миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз хислатҳои дигари ин моҳи муборак мебошад.
Шахсе, ки дар ин моҳ як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад»
Ҳикмати садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст.
Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони басаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад.
Масалан, бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад.
Фаромӯш набояд кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ, сабру тамкин ва парҳез аз ғизо, балки озмоиши руҳу равон ва покизагии нияту амали инсон низ мебошад.
Мо бояд ҳамеша ва хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем ва хислатҳои неки инсониро риоя намоем.
Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгори худи ӯ мегардад, худдорӣ намояд.
Зеро доир ба исрофкорӣ дар сураи Аърофи Қуръони маҷид омадааст: «Бихӯреду бинӯшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».
Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазон имсол ба оғози фасли баҳор ва мавсими киштукор рост меояд.
Баҳор фасли зиндашавии табиат ва оғози заҳмати созанда мебошад.
Дини мубини ислом инсонҳоро ҳамеша ба заҳматкашӣ, касбу кор ва саъю талош барои ризқу рӯзӣ даъват мекунад.
Ҳар кас, ки дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон бо нияти пок заҳмат мекашад ва киштукор мекунад, на танҳо ризқи худ ва аҳли оилаашро таъмин месозад, балки ба ҷомеа низ манфиати зиёд мерасонад.
Ҳамчунин, моро зарур аст, ки забони покиза ва муомилаи нек бо ҳамсояҳо, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба калонсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳем.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки ба инсоният буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҳдид менамоянд, мо бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худро ҳифз намоем.
Мо бояд, пеш аз ҳама, моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро аз ҳама гуна андешаҳои нодурусту хурофотӣ пок нигоҳ дорем ва дар роҳи тарбияи инсони комил истифода барем.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравӣ рӯ ба рӯ гардидааст, мо бояд дар доираи таълимоти воқеии исломӣ ва анъанаҳои неки миллӣ инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва ваҳдату ҳамбастагиро тарғиб намуда, ба амалу андешаҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ роҳ надиҳем.
Шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак ба ҳамдигар меҳрубон бошанд, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд, сари ятимонро сила намоянд, бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб дошта бошанд ва аз дилҳои худ кинаву адоватро дур намоянд.
Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва нангу номуси ватандорӣ дошта бошад ва дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳмгузор бошад, зеро тибқи фармудаи Пайғамбари ислом «муҳаббат ба Ватан аз ҷумлаи имон аст».
Дар оғози ин моҳи муборак ба мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ ва дар кору зиндагии ҳар фарди ҷомеа барору комёбиҳо орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Имрӯз, 3 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 700 – солагии шоири классики тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ намоишгоҳи нусхаҳои хаттии осори ин шоири ғазалсаро, ки дар Ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ нигоҳдорӣ мешавад, баргузор гардид.
Ба кори намоиш директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни оғоз бахшида, қудуми иштирокдорони намоишгоҳро хайрамақдам гуфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷику форси асри 14 мебошад, ки бо ашъори нобаш пас аз гузашти қарнҳо ҳамчунон дар қалби на танҳо тоҷикзабонон, балки дар қалби ҳазорон ҳаводорони шеъру фарҳанг, дар саросари ҷаҳон ҷой дорад.
Таъкид гардид, ки осори ин шоири бузурги тоҷик форсу ҳануз дар асрҳои 18 ва 19 ба забонҳои мухталифи аврупоӣ тарҷума шуда буд. Шоир ва суханвари машҳури олмонӣ Гёте “Девони Шарқӣ”-и худро бо илҳом гирифтан аз осори Ҳофиз тадвин карда, онро ба номи ҳамин шоири тоҷик форсу гузоштааст. Ҳофиз асосан бо сароидани ғазалҳои бисёр равону шево шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Бар асоси барварди муҳаққиқон Девони Ҳофиз иборат аз 500 ғазал, 42 рубоӣ ва чанд қасида мебошад, ки онро дар тули умри пурбаракати худ эҷод намудааст. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистони мо борҳо ба хати кириллии тоҷикӣ чоп гардида, дастраси ҳамагон гардидааст.
Гуфта шуд, ки ғазалҳои ин шоири забардаст дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла ишқу ошиқӣ, майу майгусорӣ, риндӣ, интиқоди иҷтимоӣ ва зуҳду тақвои дуруғин, зебоии табиат ва амсоли он эҷод шудаанд. Осори ин шоири забардасти ғазалсарои тоҷику форс дар бисёре аз китобхонаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангии дунё нигаҳдорӣ мешавад, ки худ гувоҳи маҳбубияти ӯ мебошад.
Дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии Академияи миллии илмҳо ва дигар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусхаи хаттии осори Ҳофиз мавҷуд аст. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангдустонаи Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти бесобиқае дар ростои посдорӣ аз фарҳангу гузаштагони тоҷик сурат гирифт, ки ин сиёсат ҳамчунин бо суръат идома дорад.
Дар ростои ҳамин сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои Миллат буд, ки имсол дар таърихи 11 то 14 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати 700 солагии Ҳофизи Шерозӣ канфронс ва намоишгоҳ доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз тарафи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмиллалӣ 15 нусхаи дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси боздидкунанадагон аз даҳҳо кишвари ҷаҳон қарор гирифт.
Дар идомаи намоишгоҳ дӯстдорони шеъру ғазали Ҳофиз мисраҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ин шоири хушкаломро замзама намуда, диққати иштирокдоронро дубора ба осори ин марди хирад ва нобиғаи бузури тоҷику форс ҷалб намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъули Ганҷинаи нигоҳдории дастхатҳои маркази мазкур Мирзоев Изатулло оид ба дастхатҳои ба марази тамошогузоштаи Ҳофизи Шерозӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ маълумоти муфассал дод.
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.
Имрӯз 30 июн дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Маҳфилро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ бар он таъкид кард, ки ҳиндшиносии муосири ватанӣ ҳамчун шохаи муқаввои ховаршиносии миллӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ бомаром пеш рафта, дар рушди ин соҳаи илмӣ саҳми ховаршиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов асосист.
Гуфта шуд, ки устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ховаршиносони матраҳи ҷумҳурӣ ва поягузорони ҳиндшиносии ватанӣ маҳсуб шуда, пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ (Шуъбаи урду ва ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов), ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970 ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои 1982—1984 устод Раҷабов ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Замони ифтитоҳи ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ (соли 2017) ба муҳити илмӣ-академӣ аз нав пайваста, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Бемуҳобо, метавон устод Раҷабовро асосгузори ҳиндшиносии ҳирфаи ватанӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намуд”.
Дар идома устод Ҳабибулло Раҷабов дар мавзуи “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” суҳбати ҷолиби илмӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки саҳми ҳиндшиносони номии ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангии соҳати Ҳинд бениҳоят бузург аст.
Сипас, ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён дар мавзуи “Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов” гузориши хуби илмӣ ироа дода, иброз дошт, ки устод Ҳабибулло Раҷабов на танҳо дар таҳқиқи масоили муҳимми адабу фарҳангу суннату ойинҳои Ҳинд, балки дар таҳия ва тарҷумаи осори арзишманди адибони қаламрави бузурги Ҳиндустон, ҳамчунин ошноии мардуми тоҷик бо муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии сарзамини афсонавии Шарқӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Дар фарҷом файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода, матншинос, шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳамммадии Хуросонӣ, фарҳангшинос Нозим Нурзода, ироншинос Олимҷон Хоҷамуродов, муаррих-шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор Ниёзбадал Мирзоев, шеършинос Маҳмадёр Шарифов ва чанде аз донишмандону ховаршиносони варзидаи ватанӣ мулоҳизоти хешро атрофи вазъи ҳиндишносии муосири ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҳиндшиноси маъруфи миллӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун мактабдори ҳирфаӣ дар рушду нумуи ховаршиносии миллӣ ихтисоран ироа доштанд.
#Маҳфил. БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА 40- СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ПАЖУҲИШИИ СИЁСАТШИНОСИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МУҲАММАД АБДУРАҲМОН
Имрӯз, 25 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори АМИТ Маҳфили Хиради АМИТ таҳти унвони “Мавқеи геосиёсии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар масири соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ”, ба муносибати Ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва 40 – солагии фаъолияти илмӣ ва пажуҳишии сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҳфил ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки мавриди тазаккур аст, ки 27 июни соли равон ҷиҳати ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.
Ҳамин аст, ки мо имрӯз бо ифтихори бузург ҷашни Ваҳдати миллӣ, гиромидошти олимону пажуҳишгарон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар фазои осоишта муаррифӣ карда метавонем, вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки маҳфили имрӯзаи мо ба 40 - соли фаъолияти илмӣ - пажуҳишии Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, бахшида шудааст.
Зикр шуд, ки устод Муҳаммад Абдурраҳмон Наврӯз дар рушду нумўи илм, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмии кишварамон хизматҳои шоёне намудааст, ки боиси ифтихори аҳли илму адаб гардидааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 350 китобу монография ва мақолаҳои илмӣ буда, зери роҳбарии профессор 7-нафар докторони илм ва 30 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд.
Ҳамзамон, имрӯз дар маҳфили мазкур рунамои монографияи нави профессор Муҳаммад Абдураҳмон бо номи “Сиёсат” ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” рӯи чоп омадааст, низ рунамоӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил шогирдону наздикону пайвандони устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз суханронӣ намуда, аз таҷриаву донишҳои андухтаашон аз устод ёдоваврӣ намуда, ба устод изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз барои хизматҳои шоёнаш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаву унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Имрӯз, 23 июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аъзоёни фаъоли КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми апрели солӣ равон ифтитоҳ гардида, намунаи олии фарҳанги миллӣ ва маҷмуи арзишҳои моддиву маънавӣ маҳсуб меёбад.
Дар Осорхонаи мазкур тамоми дастовардҳо ва фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замони таъсис то инҷониб таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шудаанд.
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕБСАЙТИ "АЛ - МОВАТЕН" - И МИСР
Тавре иттилоъ дода будем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)- ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарëфт намуд.
Ин дастовард дар баробари инъикос дар шабакаву расонаҳои иттилоотии дохилии ҷумҳурӣ дар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 12 июни соли равон дар бораи бомуваффақият гузаштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар вебсайти интернетии хабарии арабзабон "Ал- Моватен"- и Ҷумҳурии арабии Миср матлаб ба нашр расидааст.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.