Skip to main content

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

123Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дар бори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд.

33 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳо Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъд ин сана ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Дар зарфи 35 соли истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик ва бахусус Аосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад. Ҳамасола ба хотири Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва инчунин тамоми муасиссаҳо конфренсияҳо ва семенарҳо доир мегарданд . Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба хотири Рӯзи Парчами давлати роҳпамои гузаронида мешавад.

Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад.

Бобоев К.О – доктор фалсафа (PhD), Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ