Skip to main content

Илм, фарҳанг, иқтисод ва саноати ҳар кишвар набзи ҳар ҷомеа ва мизони шинохти сатҳи моддӣ ва маънавии зиндагӣ дар он аст. Дар шароити буҳронҳои моддӣ ва маънавии ҷаҳони муосир, таҳрими кишварҳое аз як сӯ ва имтиёзҳои навишта ва нонавиштаи қудратҳое аз дигар сӯ, ҳар фарди солим ба унвони узве аз пайкари ҷомеа, нигарони пайомадҳое мебошад, ки барои ин ҷаҳон ногузир пеш омада ва дар оянда пеш омаданист. Дар чунин вазъият дифоъ аз ҳарими таърихӣ, андарзпазирӣ аз таҷрибаҳои гузашта ва ҳол, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа метавонад ба ҳукми сипар, кишвари моро аз газандҳои фарогири асри ҳозир эмин бидорад. Оғозин коре, ки дар ин роҳ метавон анҷом дод, дарки аҳаммияти фарҳанги донишпарвару хирадмеҳвар, илм ва фанноварӣ аст.

Дар мулоқотҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки ҳамасола баргузор мегардад, вазъи илм ва фанновариҳо дар ҷомеаи мо баррасӣ шуда ва ба натиҷаҳо ва дастовардҳои коромади илмӣ ва истеҳсолӣ ва дар баробар, камсамар ва гоҳе бесамар мондани бахшҳои муҳимме аз онҳо таъкид мегардад.

Дар чанд соли пасин кӯшишҳо ва заҳматҳои фардӣ ва ҷамъӣ дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаи кишварамон натиҷаҳое ба бор овард, ки табиист, ҳам ба сурати дастовардҳо ва ёфтаҳои муваффақиятомез, ҳам ба гунаи таҷрибаҳои ислоҳталаб ва ниёзманди бознигариҳо арзёбӣ мешаванд. Барномаҳо ва корҳое, ки бавижа дар чанд соли охир барои беҳбуд бахшидан ба системаи таҳқиқ ва пажӯҳишҳои илмӣ пеш гирифта шуд, кӯшишҳои давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро дар ислоҳ ва пешрафти омӯзиш ва таҳсилот, пажӯҳиш ва ҷусторҳои илмӣ нишон медиҳад.

Дар марҳалае, ки корбурди “зеҳни маснуӣ” дар кишварҳои ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст, ҷойгоҳи неруи инсонӣ дар бақои ҷомеа ба унвони муҳимтарин сармоя арзёбӣ мешавад, ки дар пайи паёмҳои пешини Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқотҳои солҳои 2024-2025 бо аҳли илм низ бар он таъкид гардид ва гуфта шуд, ки пешрафти иқтисод ва рақобатпазирии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайримумкин мебошад.

Аз ҷиҳатҳои дигаре, ки дар мулоқотҳои мавриди назар муҳим дониста шуд, истифода аз роҳи ҳал ва равишҳои корсоз барои ривоҷ ва пешрафти илм буд. Муҳимтарини онҳо сармоягузории муносиб барои расидан ба натиҷаи матлуби рушд ва пешрафти илм ва фанноварӣ дониста шуд. Президенти мамлакат дар мулоқоте, ки 30 майи соли 2024 бо аҳли илм ва омӯзиш доштанд, зимни ёдоварӣ аз тасвиби Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» (2022), гуфтанд: “Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд”. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки бино ба натиҷаи таҳлилҳо, “ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидааст ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд”. Аз ҷумлаи онҳо қаноатбахш набудани сатҳи мавҷуди робитаи миёни илм ва истеҳсолот дониста шуд.

Пӯшида нест, ки чанде аз соҳаҳои фаъолият ва таҳқиқоти илмӣ ба иллати камбуд ва ё набуди сармоягузории мавриди ниёз, коршиносони соҳибтахассус ва гоҳе низ, ба далели муносибати саҳлангорона ба мавзуи пажӯҳишӣ, боровари натиҷаҳое мешаванд, ки чандон посухгӯ ба сатҳи меъёр нестанд. Таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои давлат ва ҳукумат ба ҷиҳати мазкур, ҳамакнун барои ҷомеаи кишварамон ва бахусус, барои пажӯҳишгарону коршиносони марказҳо ва муассисаҳои илмӣ дар рушди боястаи соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ бамавқеъ мебошад. Ба ин манзур, фароҳам овардани зербинои муносиб ва пояи мутаносиб ба унвони шарт ва омили таъсиргузор дар фаъолияти самарбахш ва муназзами илмӣ ва истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад, ки аз роҳи бознигарӣ ва ислоҳот дар сохтори муассисаҳои илмӣ ва системаи омӯзишу пажӯҳиш имконпазир дида мешавад. Дар ин росто дар яке аз суханронии Президенти муҳтарами кишварамон зимни мулоқот бо аҳли илм (2024) таъкид гардид: “Зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он ба миён омадааст”.

Дар иртибот бо заминаҳои мавриди назар, дар паёмҳои пешин ва ҳамчунин, дар дидору суҳбати Президенти муҳтарами кишварамон бо аҳли илм интихоби равишҳои беҳтари фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба манзури таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муҳим дониста шуда, ҳамкории фаъоли онҳо бо муассисаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ омили таъсиргузор дар омода кардани мутахассисон ва коршиносони риштаҳои техникӣ ва муҳандисӣ арзёбӣ гардидааст.

Нуктаи муҳимми дигар ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мутолиа, ҷустор ва фаъолияти пажӯҳишӣ буд. Ёдоварӣ шуд, ки таъсиси озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи корҳои таъсиргузор ва шоистаи солҳои охир дар миқёси кишвар мебошад. Дар воқеъ, ҷои хушнудист, ки дар солҳои охир баргузории озмунҳои мазкур ва ҳамчунин, мусобиқаҳо, ҷашнвораҳо ва чанде барномаҳои дигар шавқу ангезаи бесобиқаи намояндагони наслҳои гуногун ва пеш аз ҳама, кӯдакон ва навҷавонони ватанамонро ба мутолиа ва фарогирии донишҳо бедор кардааст. Бино ба таъкиди Президенти муҳтарами мамлакат, роҳнамоии кӯдакон ва ҷавонони соҳибистеъдод ва кӯшо дар марҳалаҳои пас аз озмунҳо вазифаи тахассусӣ ва инсонии устодон, коршиносон, вазоратҳо ва ниҳодҳои масъул аст. Дар тақвияти нуктаҳои ироашуда дар мулоқоти мавриди назар бояд гуфт, тадбири муҳимме, ки дар марҳалаи муосир метавонад сарнавиштсоз бошад, пайдо кардани механизмҳои дуруст ва имконпазири ҷалби мутахассисону коршиносони ҷавон ба фаъолиятҳои илмӣ, фанноварӣ ва истеҳсолӣ аст, то ин ки бо гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати потенсиали зеҳнии ватанамон ва ё ҳадди аққал, коҳиш додани он, дар ояндаи наздик ҷои неруи муносиб, таҳсилдида, соҳибтаҷриба ва коромад дар дохили кишвар таъмин гардад.

Дар маҷмуъ, дар пайи таъйини самтҳои бартар дар тағйиру ислоҳоти лозим дар системаи фаъолияти муассисаҳои илмии мамлакатамон, аз соли 2024 ба ин сӯ шоҳиди оғози дигаргуниҳое дар сохтор ва низоми кори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳастем. Бо дастури давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикор, ҷустуҷӯ ва пешниҳодҳои президент ва узви вобастаи АМИТ Қ.Х. Хушвахтзода, дигар масъулон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ марҳалаи бознигарӣ, баррасӣ ва натиҷагирии фаъолиятҳои мавҷуд сурат гирифт. Бар асоси зинаҳои анҷомшудаи аттестатсияи кормандон, тасмими тағйироти лозим ба манзури беҳтар намудани фаъолияти марказҳо ва институтҳои ин ниҳоди муҳимми илмии кишвар сурат гирифта ва фароянди мазкур идома дорад.

Умед аст, масъулиятшиносии бештари коршиносон ва пажӯҳишгарон, тамаркуз ва кӯшишҳои ҷиддӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳо ва ҳадафҳои матраҳшуда ба корбурди бештари ёфтаҳои илмӣ ва натиҷаҳои фанноварӣ дар истеҳсолот мусоидат хоҳад намуд, ки он аз муҳимтарин омилҳои пешрафти муназзами мамлакат дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хоҳад буд. Таъмини чунин пешрафт, пеш аз ҳама, ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати корӣ таъсиргузор метавонад бошад, ки дар навбати худ, заминаи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда метавонад.

Ҳоҷибоева Л.Т, Шарофова М.У. МД МТТИ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавӣ