Skip to main content
Пиряхҳо яке аз унсурҳои муҳими криосфера ба шумор рафта, дар таъмини тавозуни гидрологӣ ва иқлимии минтақа нақши калидӣ мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои зиёда аз 13 ҳазор пирях мебошад. Ин пиряхҳо манбаи асосии ташаккули ҷараёни дарёҳои калони минтақа аз ҷумла Амударё буда, барои таъмини оби нӯшокӣ, обёрии кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ аҳамияти стратегӣ доранд. Дар байни онҳо Пиряхи Федченко ҳамчун яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон мавқеи махсус дорад. Ин пирях на танҳо объекти муҳими гидрологӣ, балки як полигони табиӣ барои таҳқиқоти геохимиявӣ ва экологии муосир мебошад.

Аз нуқтаи назари химия, оби пиряхҳо як системаи динамикии бисёркомпонента мебошад, ки таркиби он зери таъсири равандҳои физикӣ ва химиявии гуногун ташаккул меёбад. Ҳангоми обшавии ях оби ҳосилшуда бо сангҳои кӯҳӣ ва таҳшинҳо якҷоя шуда, равандҳои ҳалшавӣ, мубодилаи ионҳо ва гидролиз ба амал меоянд. Таркиби ионии оби пиряхҳо одатан аз катионҳои асосӣ Ca²⁺, Mg²⁺, Na⁺, K⁺ ва анионҳо HCO₃⁻, SO₄²⁻, Cl⁻ иборат мебошад. Механизми асосии ташаккули ин ионҳо ба реаксияҳои карбонатӣ ва силикатӣ вобаста аст. Масалан, дар мавриди сангҳои карбонатӣ реаксияҳои зерин аҳамияти асосӣ доранд.

CO₂ + H₂O ⇄ H₂CO₃;

H₂CO₃ + CaCO₃ → Ca²⁺ + 2HCO₃⁻.

Ин раванд боиси афзоиши консентратсияи гидрокарбонат ва калсий дар об мегардад. Дар навбати худ ҳалшавии минералҳои силикатӣ ба зиёдшавии ионҳои натрий ва калий оварда мерасонад. Илова бар ин дар муҳити пирях равандҳои оксидшавӣ ва барқароршавӣ низ ба амал меоянд, махсусан дар ҳолати мавҷудияти минералҳои сулфидӣ, ки метавонанд манбаи ионҳои сулфат бошанд. Ин равандҳо ба ташаккули хусусиятҳои геохимиявии махсуси ҳар як пирях мусоидат мекунанд. Дар меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) на барои ҳамаи ионҳо ҳадди қатъӣ (limit) муқаррар шудааст. Барои қисми онҳо асосан аз нуқтаи назари саломатӣ ва таъми об, меъёрҳои тавсиявӣ дода мешаванд. Мувофиқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), сифати оби обёрӣ аз консентратсияи ионҳо ва нишондиҳандаҳои TDS, EC ва SAR вобаста буда, зиёдшавии Na⁺ ва Cl⁻ боиси шӯршавии хок ва паст шудани ҳосилнокӣ мегардад.

Аз нуқтаи назари илмӣ, ба меъёр овардани таркиби ионии об ва хок тавассути маҷмӯи тадбирҳо амалӣ мегардад ба монанди тозакунии об бо усулҳои мембранӣ (осмоси баръакс, нанофилтратсия) ва мубодилаи ионӣ, омехтани обҳои дорои минерализатсияи гуногун, коҳиш додани SAR тавассути ворид намудани манбаъҳои калсий, аз ҷумла гипс (CaSO₄·2H₂O), ки ионҳои Na⁺-ро дар комплекси адсорбсионии хок иваз менамояд, инчунин истифодаи шустани намакҳо ва идоракунии оптималии режими обёрӣ, ки дар маҷмӯъ ба пастшавии нишондиҳандаҳои EC ва SAR ва беҳтар гардидани хосиятҳои физикӣ-химиявии хок мусоидат мекунанд. Таҳқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки пиряхҳо на танҳо муҳити ғайрифаъол, балки системаҳои фаъоли биогеохимиявӣ мебошанд. Дар рӯи пиряхҳо ва дар дохили онҳо микроорганизмҳо мавҷуданд, ки дар гардиши моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ иштирок мекунанд. Мувофиқи таҳқиқоти Nature Geoscience пиряхҳо метавонанд манбаи карбони органикӣ бошанд, ки ҳангоми обшавӣ ба экосистемаҳои поёноб интиқол меёбад ва ба равандҳои биологӣ таъсири назаррас мерасонад.

Мувофиқи гузоришҳои Intergovernmental Panel on Climate Change гармшавии глобалӣ боиси афзоиши суръати обшавии пиряхҳо мегардад. Ин раванд на танҳо ба коҳиши ҳаҷми ях, балки ба тағйирёбии таркиби химиявии об низ оварда мерасонад. Афзоиши ҳарорат метавонад суръати реаксияҳои геохимиявиро зиёд намояд, консентратсияи ионҳоро тағйир диҳад ва минерализатсияи умумии обро баланд бардорад. Ин тағйиротҳо метавонанд ба сифати об ва экосистемаҳои вобаста таъсири манфӣ расонанд.

Бо вуҷуди ҷойгиршавии пиряхҳо дар минтақаҳои нисбатан дур аз манбаъҳои саноатӣ, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки онҳо аз таъсири фаъолияти инсон эмин нестанд. Мувофиқи маълумоти United Nations дар пиряхҳо нишонаҳои моддаҳои ифлоскунанда, аз ҷумла металлҳои вазнин ва микропластикҳо муайян карда шудаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки пиряхҳо ҳамчун индикатори глобалии ифлосшавии муҳити зист баромад мекунанд.

Омӯзиши химиявии оби пиряхҳо имконият медиҳад, ки сифати захираҳои обӣ арзёбӣ карда шаванд, тағйирёбии иқлим мониторинг гардад, тағйироти гидрологӣ пешгӯӣ карда шавад ва стратегияҳои истифодаи устувори об таҳия гарданд. Дар ин самт нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва марказҳои таҳқиқотии он муҳим арзёбӣ мегардад.

Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи асосии об, балки як системаи мураккаби геохимиявӣ ва биогеохимиявӣ мебошанд. Омӯзиши амиқи таркиби химиявии онҳо барои фаҳмидани равандҳои табиӣ, арзёбии таъсири тағирёбии иқлим ва таъмини амнияти обии минтақа аҳамияти калидӣ дорад. Ҳифзи ин захираҳои нодир вазифаи муҳими илмӣ ва иҷтимоии ҳар яки мо мебошад.

Мамадшозода С.С.-ходими илмии озмоишгоҳи “Таҳлили кимиёвии барф ва ях”-и

Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон