Skip to main content

Имрӯз, 28 апрел дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба фаъолияти илмӣ-назариявии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Ҳақназар Назаров, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами Афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид. Ба кори конфронс саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки устод Ҳақназар Назаров аз нахустин олимони тоҷик аст, ки дар даврони Шуравӣ ба таҳқиқи масъалаҳои миллӣ пардохта, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷиконро мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст.

Таъкид гардид, ки илми Афғонистоншиносӣ дар баробари омӯзиши таърихи минтақа, ҳамчун мавзуи стратегии муҳим ба хотири таъмини амнияти минтақа, таҳкими сулҳу субот ва пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили тундгароӣ ва хушунат, аҳамияти вижа дорад. Дар ин замина, бист сол қабл Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи роҳҳои таъмини сулҳи минтақа ва таъсиси камарбанди амниятии Афғонистонро матраҳ намуда буд.

Зикр гардид, ки устод Ҳақназар Назаров дар осори илмии худ ба таҳлили равандҳои геополитикӣ ва стратегияи абарқудратҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъсири онҳо ба вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиро ҳамаҷониба баррасӣ кардааст.

Дар идомаи конфронс муҳаққиқону коршиносон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба Афғонистоншиносиро, аз ҷумла робитаҳои таърихию фарҳангӣ, равандҳои муосири сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба миёни олимон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар самти Афғонистоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.