Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки на танҳо дар як соҳа, балки дар тамоми равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Барои миллати тоҷик чунин шахсияти барҷаста устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки ҳамчун асосгузори адабиёти муосири тоҷик, олим, муаррих ва маорифпарвари бузург шинохта шудааст.
Аҳамияти фаъолияти ӯ на танҳо дар офаридани осори адабӣ, балки дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, дар заминаи таъсиси ватани азизи мо дар солҳои 1924 зоҳир мегардад. Дар шароите, ки миллати тоҷик дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дошт, фаъолияти устод Айнӣ ба як нерӯи пуриқтидори бедоркунандаи миллӣ табдил ёфт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки устод Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктаре, наздикии Бухоро, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Давраи кӯдакии ӯ дар шароити маҳдуди иҷтимоӣ гузашта бошад ҳам, шавқу рағбати ӯ ба илму дониш хеле барвақт зоҳир гардид. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мактабҳои суннатӣ оғоз намуда, баъдан дар мадрасаҳои машҳури Бухоро идома дод. Аммо муҳити мадраса, ки бештар ба омӯзиши илмҳои динӣ маҳдуд буд, натавонист талаботи маънавии ӯро пурра қонеъ созад. Аз ин рӯ, ӯ ба мутолиаи мустақилона рӯ оварда, ҷаҳонбинии худро васеъ намуд.
Зиндагии ӯ дар давраи аморати Бухоро, ки бо зулм, нобаробарӣ, беадолатӣ ва истибдод маъруф буд, гузаштааст. Ин вазъият ба ташаккули шахсияти мубориз ва адолатҷӯии ӯ таъсири ҷиддӣ расонд. Ӯ на танҳо шоҳиди беадолатиҳо буд, балки дарк мекард, ки роҳи ислоҳи ҷомеа аз маърифат ва бедории мардум мегузарад. Чунин шароити душвор Айнии хурдсолро бедор намуда, ба ӯ дарси ибрат бахшид. Агарчанде ки дар хурдсолӣ Садриддин Айнӣ бо азобу машаққат барои дарёфти қутти лоямуд ба корҳои душвор машғул шуда, дар байни калонсолон, донишмандон ва ашрофону қаллобон хизмат кардааст, аз тарафи дигар ҳамин машаққатҳо сабаб шуданд, ки Айнии хурдсол аз хурдӣ бо дидани чунин саҳнаҳо хулосаҳои мукаммал барорад ва камбудиву норасоиҳои дар байни баъзе аз ин ашхос дидааш барояш дарси ибрат гарданд.
Фаъолияти адабии устод Айнӣ аз эҷоди шеър оғоз гардида бошад, ҳам баъдан ба навиштани асарҳои насрӣ густариш ёфт. Ӯ яке аз аввалин адибоне мебошад, ки дар адабиёти тоҷик равияи воқеънигории иҷтимоиро ҷорӣ намуд ва ба офаридани чунин асарҳои шоёни таҳсинаш тавонист, ки халқро аз тангназарию камсаводӣ раҳонид. Яке аз намунаҳои осори пурмуҳтавои ин марди хирад: «Намунаи адабиёти тоҷик», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо».
Дар ин асарҳо ӯ ҳаёти воқеии мардум, соҳибкитобу қадимӣ будани миллати тоҷик, мушкилоти иҷтимоӣ, зулми табақаҳои ҳукмрон ва вазъи душвори қишрҳои камбизоатро бо забони содда ва таъсирбахш баён кардааст, ки боиси омӯзиши ҳар як фарди ҷоме аст. Хусусияти муҳими эҷодиёти ӯ дар он аст, ки қаҳрамонони асарҳояш одамони оддӣ мебошанд. Ӯ тавассути онҳо воқеияти ҷомеаро нишон дода, хонандаро ба андеша водор месозад. Ин равиш барои адабиёти тоҷик навоварӣ ба ҳисоб мерафт.
Аз ҷумла асари устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳамчун як сарчашмаи муҳими илмӣ ва адабӣ арзиши бузург дошта, дар ҳифз ва эҳёи забон, адабиёт, таърих ва худшиносии миллӣ нақши муассир бозида, барои таҳкими давлатдорӣ ва бедории миллӣ хидмати шоиста кардааст. Асари пурмуҳтавои дигари устод «Ёддоштҳо» бошад, яке аз муҳимтарин осори устод Айнӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар на танҳо тарҷумаи ҳол, балки як энсиклопедияи воқеии ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар асри XIX ва асри XX мебошад, ки ҳар як хонандаро аз гузаштаи хеш бохабар месозад.Дар он муаллиф воқеаҳои таърихӣ, расму оин, тарзи зиндагӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо дақиқият ва воқеъбинӣ тасвир мекунад. Барои муҳаққиқон ин асар манбаи боэътимоди омӯзиши таърихи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари фаъолияти адабӣ, устод Айнӣ ҳамчун донишманди барҷаста фаъолият намудааст. Ӯ дар таҳқиқ ва омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст ва эҳёи мероси адабии классикон, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои муаррифии онҳо хизматҳои шоиста кардааст.
Қобили таъкид аст, ки Садриддин Айнӣ нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Ин вазифа масъулияти бузургро талаб мекард ва ӯ тавонист заминаи рушди илмиро дар кишвар гузорад. Бо роҳбарии ӯ соҳаҳои гуногуни илм рушд ёфта, таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи нав ба роҳ монда шуданд.
Яке аз хизматҳои бузурги устод Айнӣ рушди забони адабии муосири тоҷик мебошад. Ӯ барои содда ва фаҳмо гардонидани забон талош намуда, онро ба забони омма наздик кард. Дар шароите, ки масъалаи ҳифзи забони миллӣ хеле муҳим буд, фаъолияти ӯ аҳамияти таърихӣ дошт. Осори ӯ имрӯз ҳамчун намунаи беҳтарини забони адабӣ истифода мешаванд. Фаъолияти устод Айнӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад. Ӯ бо осори худ ҳисси ифтихор аз забону адабиёту таърих ва фарҳанги миллиро дар дили мардум бедор намуд. Дар замоне, ки хатари аз байн рафтани ҳувияти миллӣ вуҷуд дошт, ӯ бо қалами худ барои ҳифзи он мубориза бурд. Ин ҷанба имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст.
Хизматҳои шоёни устод Айнӣ дар даврони Истиқлолият ба таври шоиста қадр карда шуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номи ӯ дубора эҳё гардида, осораш васеъ тарғиб шуд, ба ӯ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуда, номаш ба кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо ва боғҳои фарҳангӣ гузошта шудааст. Ин нишонаи эҳтироми амиқи миллат ба ин шахсияти таърихӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки осори устод Айнӣ аҳаммияти илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ, ва таърихӣ дошта, арзишҳои инсонӣ ва адолатро тарғиб мекунанд ва дар тарбияи худшиносии миллӣ таъсири мусбат мегузоранд. Тазаккур бояд дод, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, мероси ӯ метавонад ҳамчун такягоҳи маънавӣ барои ҷавонон хизмат намояд.
Саидов Алишер Тағоевич - ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
