Skip to main content

Имрӯз, 13 ноябр, дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари муштараки илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар муаррифӣ намудани 4 монографияи тозанашри муштарак буд, ки аз ҷониби олимони Тоҷикистон ва Чин таҳия ва ба нашр расидаанд.

Дар кори семинар президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ба табъ расидани нашри чор монографияҳои байналмилалии дастаҷамъона, ки аз ҷониби олимони тоҷик бо ҳамкории ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия шудаанд, барои «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» аҳамияти калон дорад.

Таъкид гардид, ки ин дастовард натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи олимон, андешаи амиқи илмӣ ва ҳамкории самарабахши байналмилалӣ мебошад, ки ҷойгоҳи илмии кишвари моро боз ҳам устувортар мегардонад. Нашри ҳар як монография ин қадами устувор дар пешбурди илму дониш аст. Аммо вақте, ки чунин асарҳо дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои илмии хориҷӣ омода мешаванд, арзиши онҳо аз ҳудуди як фан ё як кишвар берун меравад. Онҳо рамзи ҳамфикрӣ, эътимод ва ҳадафҳои муштараки олимони кишварҳои ҳамсоя мебошанд, ки бо як орзу хидмат ба пешрафти башарият муттаҳид шудаанд.

Гуфта шуд, ки чор монографияе, ки имрӯз дар ин семинар муаррифӣ гардиданд, соҳаҳои мухталифи илмро фаро мегиранд ва аз илмҳои табиӣ ва муҳандисӣ то таҳқиқоти иҷтимоӣ ва гуманитарӣ. Ҳар кадоми онҳо нишондиҳандаи сатҳи баланди касбӣ, таҳлили амиқ ва ҷаҳонбинии васеи муаллифон мебошад.

Қайд гардид, ки аввалин монография ба таҳлили равандҳо, омилҳо ва механизмҳои таъминкунандаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бахшида шудааст, дуюм хатарҳои экзогеодинамикӣ ва таъсири селу ярчҳо дар шароити табии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, сеюм ҳолат, мушкилот ва дурнамои захираҳои оби Тоҷикистонро аз дидгоҳи гидрологӣ, лимнологӣ, глятсиологӣ ва экологӣ таҳлил менамояд ва чорум пиряхҳои Тоҷикистон, ҳолати муосир, динамика ва равандҳои тағйирёбии онҳоро бо хусусиятҳои иқлимӣ ва морфологӣ таҳлил мекунад. Ин нашрияҳо натиҷаи ҳамкории пурсамари олимони ду кишвар буда, барои таҳкими муносибатҳои илмӣ ва пешбурди тадқиқотҳо дар соҳаҳои об, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи пиряхҳо аҳамияти стратегӣ доранд.

Дар идома Юанмин Чжан директори Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой дар суханронии хеш иброз дошт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар таҳкими ҳамкории илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши калидӣ мебозад. Бо шарофати фаъолияти самараноки ин марказ, муҳаққиқон ва олимони ду кишвар имконияти ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳқиқоти муштаракро пайдо мекунанд. Ин ҳамкории дуҷониба ба рушди илмӣ, тақвияти дараҷаи илмӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотии ду кишвар мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки нашри чор монографияи муштараки илмию таҳқиқотӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи олимони ҳар ду кишвар мебошад ва барои рушди донишҳои нав, рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омӯзиши мушкилоти глобалии муҳити зист заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки чунин семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ барои тақвияти робитаҳои дӯстона ва устувори стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши ҳалкунанда доранд.