ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти мустақилона татбиқ намудани сиёсати хориҷӣ яке аз унсурҳои муҳими давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ба назари мо, сиёсати хориҷӣ аз маҷмуи ақидаҳо оид ба мавқеи давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, яъне аз стратегия ва принсипҳои асосие, ки мавқеи ҷумҳуриро дар муҳити хориҷӣ тавсиф мекунанд, иборат аст. Сипас, он дар ҳуҷҷатҳои барномавии омодакардаи ҳокимияти иҷроия, масалан Консепсияи сиёсати хориҷӣ барои дурнамо инъикоси худро пайдо мекунад.
Таҷрибаи давлатдорӣ дар давлатҳои гуногуни дунё собит сохтааст, ки сиёсати хориҷӣ дар умум аз фаъолияти давлат ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ барои амалӣ намудани манфиатҳо, ҳадафҳо ва ниёзҳои худ дар арсаи байналмилалӣ ташаккул меёбад. Албатта, сиёсати хориҷии ҳар давлати мутамаддин, пеш аз ҳама, бар пояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мешавад. Манфиатҳои асосии миллии дилхоҳ давлат инҳоянд: маҳфуз доштани амният, ҳифзи дахлнопазирии сарҳадҳо ва томияти ҳудудии давлат, тиҷорати манфиатовари хориҷӣ, иштироки фаъолона дар корҳои байналмилалӣ, мавҷудияти обрӯ ва нуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Ба таври умум эътироф шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Пешвои миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ равобити афзалиятнокро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор намуда, барои тавсеаи равобити мутақобили судманд бо онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
28 декабри соли 1993 дар Иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуда буданд. Дар ин қарина сиёсати муосири хориҷии давлат бо муайян кардани вазифаҳои асосӣ ва таҳияи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда тавсиф карда мешавад. Нуктаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи таркибии сиёсати умумии давлат мебошанд, дар Конститутсияи ҷумҳурӣ ифода ёфтаанд. Дар навбати худ, ҷоиз ба таъкид аст, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид.
Агар ба таърихи пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои пешин назар афканем, бо итминони комил таъкид кардан мумкин аст, ки давлати мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати муваффақи хориҷиро амалӣ менамояд ва манфиатҳои миллии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон маҳфуз медорад.
Яке аз омилҳои муҳими сиёсати муваффақи хориҷии давлати мо, пеш аз ҳама, принсипи «дарҳои боз» мебошад. Роҳбари олии мамлакати мо дар давраи эъмори давлати миллӣ ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуданд, ки мо ҷонибдори сиёсати бисёрсамта ва сулҳпарваронаи хориҷӣ мебошем ва бо ҳама давлатҳои дунё барои ҳамкорӣ омода ҳастем. Коршиносони маъруф эътироф мекунанд, ки «бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои боз» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат доданд. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба доираи ҳамкории худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузурге ба ҷо меорад».
Мо мутмаин мебошем, ки афкори фалсафӣ-сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳвари мафкуравии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва принсипҳои давлатдории миллии Сарвари тоҷикон то имрӯз ҳамчун механизми универсалӣ амал намуда, Тоҷикистонро устувору ҷомеаи тоҷикро дар субот маҳфуз медоранд. Чунин шакл гирифтани сиёсати давлати мустақили Тоҷикон ба мамлакати мо имкон дод, ки давоми 34 соли сипаригаштаи даврони Истиқлол бо 186 давлати ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои дипломатӣ ва бо 57 ташкилоти байналмилалӣ равобити судманд ба роҳ монда шавад.
Имрӯз Тоҷикистон ба субъекти соҳибихтиёри муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, давлати моро тамоми аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ эътироф намуданд, ки ин нишондиҳандаи ҳамгироии ҷумҳурӣ ба низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии ошкоро, мутақобили судманд ва созандаеро пеш мебарад, ки бар манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ асос ёфтааст. Сиёсати хориҷии муосири ҷумҳурӣ бо назардошти вазъи ба таври динамикӣ тағйирёбанда дар ҷаҳон ва минтақа, инчунин ислоҳоти густурдаи дохилии мамлакат ташаккул ёфтааст.
Мақсади асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, таҳкими мавқеъ ва нақши ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд овардани камарбанди амнияту субот дар саросари мамлакат ва пешбурди фаъолонаи манфиатҳои хориҷии иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдори ҳалли ҳама ихтилофот ва низоъҳо дар ҷаҳон танҳо бо роҳи осоиштаи сиёсӣ мебошад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон барои муколама кушода мебошад ва дар ин қарина манфиатдор аст ҳамкориро бо ҳама шарикон барои сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ вусъат диҳад. Ин иқдоми некбинонаи Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои зерин: дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дигар принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инкишоф додани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо мамлакатҳои ҳамсарҳад, мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ асос ёфтааст.
Ҳоло афзалияти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ равона аст. Сиёсати ҷумҳурии мо дар Осиёи Марказӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақа ва маҳфуз доштани амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст. Ҷониби Тоҷикистон тамоми талошҳоро барои таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию транзити минтақавӣ, таъмини истифодаи оқилона ва ҳамаҷонибаи захираҳои обу энергетикии дарёҳои фаромарзӣ ва устувории экологии минтақа, анҷом додани равандҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо ба харҷ медиҳад. Далели ин сиёсати сулҳпарваронаи хориҷии Тоҷикистон дар масири Осиёи Марказӣ имзои Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз 31 марти 2025 мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ дар натиҷаи талошҳои тамаддунофаронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими сулҳ дар водии Фарғона ва фазои геополитикии Осиёи Марказӣ ба даст омад. Маҳз бо талоши Пешвои миллат баҳсҳои тӯлонии сарҳадӣ дар водии Фарғона, ки нуқтаи калидии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, ба итмом расиданд ва саҳифаи нав дар рушди ин минтақаи муҳими Авруосиё кушода шуд. Дар натиҷа бо иқдоми сулҳпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати геополитикӣ ва геостратегӣ ҳоло ба фазои муштараки эътимод, амният ва рушди устувор табдил меёбад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба таҳкими равобити дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо мамлакатҳои минтақа, густариши ҳамкории илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо онҳо, таҳкими робитаи парлумонҳо, минтақаҳои наздисарҳадӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони одӣ манфиатдор аст.
Ҳамчунин ҷойи таъкид аст, ки мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҷумҳурии мо бо онҳо робитаҳои таърихии сиёсию иктисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ барқарор намудааст, низ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Давлати соҳибистиқлоли мо минбаъд низ равобити дуҷонибаи ҳамкориро бо давлатҳои муштаракулманофеъ дар асоси баробарӣ, нафъи мутақобил, эҳтиром ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар идома хоҳад дод.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчунин бо давлатҳои пешқадами дунё, ба мисли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо равобити хуби дӯстона ва мутақобили судманд ба роҳ мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии худ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун ҳамсояи наздики минтақавӣ ва давлате, ки дар пешбурди сиёсати глобалӣ яке аз нақшҳои калидӣ мебозад, манфиатдор аст. Тоҷикистон ҳамчунин давлати масъулиятшинос дар татбиқи лоиҳаи чинии «Як камарбанд — як роҳ» нақши калидӣ мебозад ва дар амалӣ сохтани иқдоми сулҳдӯстонаи шарикони чинӣ дар ҷаҳон ҳамсафи фаъол мебошад.
Рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобили судманд ва созандаи Тоҷикистон бо Амрико ба дастгирии равандҳои навсозӣ ва ислоҳоти дар ҷумҳурӣ ҷараёндошта, ки ба таҳкими пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд. Тоҷикистон дар самти муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои глобалӣ, ҳалли масоили доғи ҷаҳонӣ бо Амрико ҳампаймон аст ва ин давлатро дӯст ва шарики боэътимоди худ меҳисобад.
Самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар даврони истиқлол аз ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва молиявӣ, интиқоли технологияҳои олӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, экология, тандурустӣ ва фарҳанг, инчунин таҳкими амнияти минтақавӣ иборат мебошанд. Ҳамзамон ба боло бурдани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи Аврупо, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Белгия, Италия, Испания, Латвия ва дигар давлатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли миллӣ ҳамкорӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, аз ҷумла бо Корея ва Ҷопон мебошад. Тоҷикистон ҳамкориро бо мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — Малайзия, Индонезия, Сингапур ва Ветнам фаъолона афзоиш медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон ҷонибдори рушди муносибатҳои ҳамаҷониба ва мутақобили судманд бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла бо Ҳиндустон ва Покистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мебошад.
Ҷойи таъкид аст, ки Тоҷикистон дар даврони Истиқлол равобити мутақобили судмандро бо давлатҳои ҷаҳони ислом дар бахшҳои иқтисод, иртибототи нақлиётӣ, молия, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва Бонки исломии рушд ба роҳ монда, ба густариш ва таҳкими он манфиатдор аст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон иштироки фаъолонаи худро дар кори Созмони Милали Муттаҳид идома дода, онро ягона созмони универсалӣ эътироф менамояд, ки барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувори давлатҳо дар шароити равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъул аст. Ёдовар мешавем, ки маҳз ба тариқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чунин ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбули ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст:
-соли 2003- «Соли байналмилалии оби тоза».
-соли 2013 «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об».
-солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт».
-солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор».
-соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо».
Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои дигари байналмилалӣ ба миён гузоштааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ин рӯйдодҳо як ҷузъи муҳими сиёсати муваффақи хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷонибдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади истифодаи самараноки механизмҳои ин сохторҳо барои рушди ҳамкории бисёрҷониба, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир мебошад. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ва Бонки сармоягузории Аврупо фаъол созад ва дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои навро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмони манзил, рушди соҳибкории хурд ва соҳибкории хусусӣ амалӣ намояд.
Яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мусоидат намудан ба татбиқи босамари Ҳадафҳои миллии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ Ҳукумат ва сохторҳои дахлдори мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф дар самтҳои зерин фаъолияти пурсамар доранд:
— ҳифз ва таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, табдил додани минтақа ба минтақаи амният ва рушди устувор;
— ташаккули низоми мутавозуни бисёрҷабҳаи шарикии стратегӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ;
— пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самтҳои муҳимтарини сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ;
— мусоидат ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва васеъ намудани ҷуғрофиёи он;
— мусоидати фаъолона дар ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ;
— мусоидат ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳии ҷумҳурӣ;
— мусоидат ба тавсеа ва амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит, рушди коммуникатсияҳои байналмилалии нақлиётӣ ва инфрасохтори логистикӣ;
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» аз 28 декабри 2024 барҳақ таъкид намуданд, ки «вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад.
Бо назардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда барои пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад».
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар 34 соли сипаригаштаи даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки ҷумҳурии мо ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз уҳдаи ҳалли масоили глобалӣ, пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебарояд. Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кулли давлатҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то инсоният ба ҳадафҳои рушди устувор бирасад ва дар ҷаҳон сулҳу субот пойдор бошад.
Имрӯз аҳолии мамлакат дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид аст ва бо такя ба чунин арзишҳо, ба мисли Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ минбаъд ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолияти фарҳангпарварона ва тамаддунгароро пеш хоҳад бурд. Фарзандони босадоқат ва шуҷои Ватан минбаъд ҳам Парчами давлатиро дар ҳамоишҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ барафрохта, ҷаҳониёнро бо Тоҷикистони мо шинос мекунанд ва худро боифтихор «Ман – тоҷикам» муаррифӣ хоҳанд намуд.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа