Skip to main content

Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буда, пас аз Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми Тоҷикистон гардид. Заминаи Ваҳдати миллӣ ҳанўз аз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 - ноябри соли 1992), баргузор гашт, ки минбаъд ин ҷаласа тақдири ояндаи давлату миллати соҳибистиқлоли тоҷикро муайян сохт. Ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Чунки бо баргузории ин иҷлосия саҳифаи нави давлатдории миллии мо оқоз меёбад.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ (27- июни соли 1997) ва созгории миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ оғози дигаргуниҳои бузурги маънавии халқи тоҷик гардид. Муждаи дар шаҳри таърихии Маскав миёни тоҷикон ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллиро тамоми мардуми кишвар бо хушҳолӣ истиқбол гирифтанд. Ин сулҳи деринтизор меҳру муҳаббати зиндагиро ба дили ҳазорон ҳамватанони мо, занону кӯдакон ва пирони рӯзгордидаву ҷавонон, ки аз ватан фирор карда буданд, онҳоро боз ба ватан баргардонид.

Таърих гувоҳ аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд.

Дар ин давраи таърихии фарҳанги миллӣ ба ҳам овардани мардуми кишвар, муттаҳид намудани миллат, пайвастани риштаҳои дўстӣ байни дигар халқу давлатҳо ва эҳтиром намудани фарҳанги якдигар, нақши муассир бозида тавонист. Аз таҷрибаи тўлонии таърих бармеояд, ки боэътибортарин санади фарҳангӣ ин бахшидани гуноҳи рақиб ва пазируфтани узри якдигар буд.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили ба ҳам овардани миллати тоҷик нақши боризе гузошт. Бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони пазируфташуда мардуми кишвар аз пайроҳа ба шоҳроҳи бузурге қадам гузоштанд, ки ин дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам оварда, бо ҳамин гомҳо таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар гузошта шуд.

Ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва расму оини худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад, аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад, миллати худро ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ шиносад. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад.[1.]

«Ваҳдат-нишони шуълаи имони ҳар як фарди поквиҷдон ва адолатпарвар мебошад, ки дар якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар доштан, посбони сулҳу субот, пойдорӣ, дўстиву рафоқат, эҳтиромгари арзишҳои миллӣ ва дар амал тадбиқкунандаи онҳост, ки барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароқи роҳнамо хизмат мекунад ва гузаштаро ба оянда мепайвандад».[2.] Расидан ба роҳи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд ба сухан гуфтан осон намояд, аммо ҳифз намудани ин неъматҳои бебаҳо яъне истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҳар сокинони кишвар ҷаҳту талошҳои зиёд, иродаи мустаҳкам ва маърифати баланди сиёсиро талаб менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.

Имрўз дар пешрафти кишвар саҳми ҷавонон хеле зиёд ба чашм мерасад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пуштибонии сарвари давлат ҷавонон ҳар чӣ бештар талош ба он мекунанд, ки дар ҷомеа шахси арзандаю ботадбире бошанд. Имрӯз худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонон бештар рушд мекунад. Бесабаб нест, ки кишри асосии ҷомеаро дар рўҳияи ватанпарастиву худшиносӣ ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ ҷавонони соҳибмаърифат дар бар гирифтаанд. Муҳимтарин ҳадафҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷавонон - тарбияи ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ мебошад.

Бояд вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва хатарҳои афзояндаи он шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамон – Тоҷикистонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа мебошад ҳар як ҷавонро лозим аст, ки фикри худро ба оинҳои хурофотӣ банд накарда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд. Қайр аз ин ҷавонон аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Маҳз бо ин мақсад, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардида буд. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат намуд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун гардонид.

Ҷавонони кишвар умеду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ менамоянд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд».

Имрӯз ҳар як фарди миллат қадру манзалати ваҳдати миллиро бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарўза кӯшиш намояд. Таҷрибаи ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи талошҳои зиёде муяссар гардидааст.

Аз ин лиҳоз, мо мардуми кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва қамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Адатиёт:

1. Арзишҳои миллӣ – нишони худшиносӣ https://apa.tj (таърихи истифодашуда 15.11.23 )

2. Ҳаитов С. Президент ва ваҳдати миллӣ. // Ваҳдат ва гуфтгӯи тамаддунҳо ‟ Душанбе: Адиб, 2015. С- 437.

Иброҳимова С.Ҳ. – н.и.ф. ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ