Skip to main content

Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.

Дар пардаи гул бод наво карда парешон,
Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.

Эй боғи гулафшон, бағали боз муборак,
Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем…

Сайёд Ғаффор

Наврӯз — ҷашни эҳёи табиат, зебоӣ ва зиндагии нав буда, яке аз муқаддастарин ойинҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ аз фарорасии фасли баҳор, бедоршавии табиат ва оғози соли нави пурфайзу баракат мужда медиҳад. Наврӯз на танҳо як сана дар тақвим, балки рамзи умед, покӣ, дӯстӣ ва эҳёи зиндагии инсон мебошад.

Таърихи Наврӯз ба ҳазорон сол қабл мерасад. Он ҳанӯз дар замонҳои пеш аз Зардушт пайдо шуда, дар давлатҳои бостонӣ, аз ҷумла дар аҳди Ҳахоманишиҳо ва Сосониён ҳамчун ҷашни асосии сол таҷлил мегардид. Қадимтарин сарчашмае, ки дар он аз Наврӯз ёд шудааст, китоби муқаддаси «Авесто» мебошад. Мувофиқи таълимоти он, инсон бояд ҳар баҳор эҳёи ҳаётро дар табиат, ки дар шаш унсур — осмон, об, замин, наботот, ҳайвонот ва инсон таҷассум меёбад, бо шодию нишот истиқбол намояд.

Наврӯз ба рӯзи баробаршавии шабу рӯз — 20 ё 21 март рост меояд ва оғози солшумории шамсиро ифода мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯз табиат ба эҳё меояд, замин гарм мешавад, сабзаҳо месабзанд ва инсон ба зиндагии нав қадам мегузорад. Ин айём барои деҳқонон оғози мавсими киштукор, барои мардум оғози умеду орзуҳои нав ва барои ҷомеа рамзи тозагӣ ва навсозӣ мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Аз ҷумла, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги башарият ворид гардид. Сипас, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии СММ 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ боис гардид, ки Наврӯз имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.

Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба як ҷашни воқеан ҷаҳонӣ табдил ёфта, арзишҳои инсонӣ, аз қабили сулҳ, ҳамдилӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувор таҷлил менамоянд. Ҳамзамон, ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди навбатии Пешвои миллат аз ҷониби СММ 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо низ эълон гардид. Ин иқдоми муҳим аҳамияти бузурги ҳифзи муҳити зист, захираҳои обӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлимро таъкид менамояд.

Ҳамоҳангии таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар як рӯз нишонаи арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги қадимаи тоҷикон ва эътирофи саҳми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.

Аз замонҳои қадим, мардум ба истиқболи Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Яке аз анъанаҳои муҳим парвариши сабза мебошад, ки рамзи эҳёи ҳаёт ва сарсабзии табиат аст. Одатан, ду ҳафта пеш аз ид гандумро дар табақҳо кошта, онро парвариш мекунанд, то ки то рӯзи ид сабзида, дастархонро оро диҳад.

Дар рӯзҳои ид мардум либосҳои миллӣ ба бар карда, бо чеҳраи кушода ва дили пур аз шодӣ ба истиқболи Наврӯз мебароянд. Дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуда, махсусан “ҳафт-син” ва “ҳафт-шин” ҷойгоҳи хос доранд. Ин анъанаҳо рамзи фаровонӣ, баракат ва некуаҳволии зиндагӣ мебошанд.

Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни ахлоқу маънавият низ мебошад. Дар ин рӯзҳо мардум кӯшиш мекунанд, ки бо ҳамдигар оштӣ шаванд, кинаҳоро фаромӯш кунанд, ба якдигар меҳру муҳаббат зоҳир намоянд ва корҳои хайрро анҷом диҳанд. Ин ҳама арзишҳо Наврӯзро ба як ҷашни воқеан инсонпарварона табдил додаанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ, Наврӯз дар Тоҷикистон мазмуну муҳтавои нав касб карда, ба рамзи ифтихори миллӣ ва худшиносии мардум табдил ёфтааст. Имрӯз мо ин ҷашни бузургро бо эҳтиром ба гузашта, ифтихор аз ҳозира ва умед ба ояндаи дурахшон таҷлил менамоем.

Шарипова Шукрия, Юнусова Фарзона - ходимони илмии

МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”