Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат
ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"
Тибқи таҳқиқоти иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, ки авомили рушди иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳонро фарогир мебошад, дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 64 дарсади рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи инсонї таъмин карда мешавад. Самаранокии сармояи инсонӣ дар навбати худ бештар аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳамагуна фаъолияти шаҳрвандон, аз ҷумла фаъолияти сиёсии шаҳрвандон, мавқеи воқеии шаҳрвандии онҳо ва ҳассосияти онҳо ба дигаргуниҳои демократӣ дар ҷомеа, авомили асосии ноил шудани ҷомеаи мутамаддин ба ҳадафҳои пешбинишуда маҳсуб меёбанд.
Маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ин дониши мукаммали ҳуқуқӣ доштани шаҳрванд ва дар амал татбиқ кардани он аз ҷониби шаҳрванд мебошад.
Пешвои миллат роҷеъ ба рисолати шаҳрвандони дорои сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дар ҷодаи ҷомеаи адолатпарвар таъкид карданд, “ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.” [1]
Маҳз бо дарназардошти нақши муассири маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои марҳалаи соҳибистиқлолӣ инҷониб дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути таълиму тарбияи ҳуқуқии онҳо татбиқи тадбирҳои ниҳоят судмандро анҷом медиҳад.
Раванди таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028" ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳуҷҷатҳои мазкур таъкид карда мешавад, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ барои истифодабарии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ шароити мусоид фароҳам меоварад, ҳамзамон онҳо бояд масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.
Тибқи муқаррароти моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муқовимат ба коррупсия таҳти мафҳуми коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ. [2]
Дар моддаи 14-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон Дар бораи муќовимат ба коррупсия таъкид карда шудааст, ки пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда. [2. Саҳ. 7]
Боиси қайд аст, ки дар заминаи маърифати ҳуқуқии тақвиятёфта тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, ки тадбирҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия мебошанд, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи устувор барои пешбурди тарбияи зиддикоррупсионӣ маҳсуб меёбад. Тарбияи зиддикоррупсионӣ бо роҳи таҳия ва татбиқ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бо мақсади ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, ҳамчунин таҳияи тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани таъсири онҳо гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқӣ барои гузаронидани мониторинги зиддикоррупсионӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Мониторинги мазкур бо роҳи мушоҳида, санҷиш, таҳқиқ, омўзиш, таҳлил, арзёбӣ ва пешбинии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, инчунин татбиқи стратегия, барнома ва нақшаҳои муқовимат ба коррупсия, таҳқиқоти сотсиологӣ, маълумот оид ба огоҳонидан, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, бартараф, санҷишу тафтиш намудан ва натиҷаи баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар суд ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи мониторинги зиддикоррупсионӣ барои баррасӣ ва андешидани чораҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ ирсол мегардад.
Дар баробари ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии масъулин барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" заминаи устувор ба шумор меравад.
Маҳз тавассути маърифати ҳуқуқии қобили қабули талаботи муосир нисбат ба довталабони мансабҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор чунин талаботҳо муқаррар гардидаанд:
1. Бо мақсади роҳ надодан ба суйистифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он ба манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва шахсони дигар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда маҳдудият ва уҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.
2. Таъин (интихоб) шудан ба мансаби давлатӣ ба сифати шахсе, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор шудааст ва шахси ба он баробаркардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин уҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.
3. Маҳдудият ва уҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунгузорӣ дар бораи интихобот муқаррар карда мешаванд.
4. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони мансабдори давлатии ба онҳо баробаркардашуда, ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол ба ҷойи кор ва мақомоти андози ҷои зист эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ пешниҳод намоянд.
5. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан уҳдадоранд ҳар сол оид ба вазъи молумулкии худ ба мақомоти болоии худ ва оид ба даромад ба мақомоти андози ҷои зист маълумот пешниҳод намоянд.
Саволе ба миён меояд, ки дар кадом мавридњо шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад? Посухи ин савол чунин аст:
1) доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;
2) агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;
3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;
4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;
5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд;
6) дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Ҳамин тариқ, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ дар раванди ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва дигар ҷанбаҳои истифодабарии сармояи инсонӣ хеле муассир мебошад.
Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон, доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023. - Саҳ.21.
-
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муқовимат ба коррупсия. 07.08.2020 №1714. – Саҳ. 1, 14.
3. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028. 06.02.2018 №1005.
4. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030. 17.11.2019 № 599.