Ба ифтихори 23 феврал- Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон
Амнияти миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳифзи истиқлолият ва суботи ҳар як давлат мебошад. Дар ҷаҳони муосир, бо вуҷуди таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, террористӣ ва иттилоотӣ, нақши қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти миллӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Артиши миллӣ на танҳо барои ҳимояи сарҳадҳо, балки барои пешгирии нооромиҳо, ҳифзи арзишҳои давлатӣ ва таъмини суботи дохилӣ низ масъул аст. Дар шароити муосири таҳаввулоти геополитикӣ ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, аҳамияти қувваҳои мусаллаҳ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини оромии кишвар рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти миллӣ бо иҷрои вазифаҳои муҳими зерин саҳм мегузоранд:
1. Ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат
Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимод, соҳибихтиёрии давлатро ҳимоя намуда, бо истифода аз иқтидори мудофиавӣ, тамомияти арзии кишварро таъмин менамоянд. Дар шароити геополитикии мураккаб, артиши миллӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошад, то тавонад аз ҳудуди давлатӣ дифоъ кунад.
2. Муқовимат ба таҳдидҳои низомӣ ва террористӣ
Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба амнияти кишварҳо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Аз ин рӯ, қувваҳои мусаллаҳ бо ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои безараргардонии ин хатарҳо ва таъмини амнияти давлатӣ ва шаҳрвандон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст
.
3.Дастгирии суботи дохилӣ
Дар ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ ва норозигии иҷтимоӣ, нерӯҳои мусаллаҳ метавонанд ба ҳукумат дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва расонидани ёрии башардӯстона кӯмак расонанд. Онҳо дар таъмини амният ва пешгирии бесарусомониҳо ҳамеша нақши калидӣ доранд.
4.Мушорикат дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва сулҳсозӣ
Қувваҳои мусаллаҳи кишвар инчунин дар амалиётҳои байналмилалии сулҳсозӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли СММ, СААД ва дигарон иштирок менамоянд. Ин омил метавонад мавқеи давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад.
5.Рушди технология ва модернизатсияи қувваҳои мусаллаҳ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияҳои низомӣ, қувваҳои мусаллаҳ бояд ҳамеша навсозӣ ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз карда шаванд. Ин раванд на танҳо қудрати мудофиавии кишварро баланд мебардорад, балки ба рушди саноати ҳарбӣ ва иқтисоди миллӣ низ мусоидат мекунад.
6.Таъмини амнияти сарҳадҳо
Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бо кишвари ноороми Афғонистон ҳамсарҳад аст, масъалаи ҳифзи сарҳад аҳамияти вижа дорад. Қувваҳои марзбонӣ, ки як бахши муҳими қувваҳои мусаллаҳ мебошанд, дар муҳофизати марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо ҳимояи низомиро таъмин мекунанд, балки барои рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мавқеи байналмилалии давлат низ таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин рӯ, таҳкими артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ барои таъмини амнияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи субот, истиқлолият, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим мебозанд. Барои таъмини амнияти миллӣ, рушду такмили нерӯҳои ҳарбӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Артиши қавӣ ва омодабош метавонад кафолати сулҳу субот ва пешрафти кишварро таъмин намояд.
Шарифов Искандар Иброҳимович
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои
Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Нимаи дуюми рӯзи 22 апрел Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳо аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) боздид ба амал оварданд.
Дар заминаи ин боздид роҳбарияти академия аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳое, ки дар заминаи маркази мазкур фаъолият менамоянд, зимнан аз натиҷаву таҳқиқотҳои илмӣ бадастомадаи олимону кормандон аз наздик шинос гардиданд. Пас аз боздиди озмоишгоҳҳо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори маҷлисгоҳ бо кормандони маркази мазкур вохурӣ доир намуда, ҳамзамон оиди фаъолияти олимону кормандони академия дар лабараторияву озмоишгоҳҳо, тадбиқи илм дар истеҳсолот, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ёдовар шуда, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) тибқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст ва расман аз 1 апрели соли 2017 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуд.
Умуман, ҳадафи асосии Марказ мусоидат намудан ба таҳқиқот дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок ба шумор меравад.
22 апрел бо ташаббуси Шурои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Бобохонзода Раҷабалӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори конференсия муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида буданд. Нахуст ба кори конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илм хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дастгирии илм ва махсусан олимони ҷавон яке аз авлавиятҳои вижаи сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, заҳмату талошҳои пайгиронаву пайвастаи Пешвои миллат дар самти сиёсати ҷавонон воқеъан арзанда маънидод мегардад. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, фаъолияти онҳо дар шароити нави муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Аз ин лиҳоз мову шумо олимони ҷавонро мебояд, ки дар самти муайяншудаи илмиамон бо дасту дили гарм дар гузаронидани корҳои илмиву татқиқотӣ корро ҷоннок намуда, то ба қуллаҳои баланди илмӣ рафта расида тавонем, чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар баромадашон қайд намуда буданд. “Ҷавонон ояндаи миллатанд!” аз ин рӯ аз устодону олимони соҳибмактаб таҷриба андухта олими варзида шавед, то ки дар давлату миллат содиқонаву софдилона кор карда, илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда тавонед.
Зимнан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи кишвар мебошанд. Маҳз имрӯз таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри аҳолӣ зиёд буда, барои онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд.
Маҳз онҳо худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун, созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои муаззами миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, фаъолияти хешро равона месозанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” маълум аст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “”Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30. 12. 2023, № 668, ба имзо расид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони зикршуда дар тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ семинарҳо, мизи мудаввар ва конференсияҳо баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин 19 апрели соли равон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба соли Маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният” баргузор гардид.
Нахуст ба кори Конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамасола тамоми синфи коргар бесаброна баргузории Паёми Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешаванд, чун ки дар ҳар паёмашон Пешвои муаззами миллат оид ба пешравиҳову муваффақиятҳо суханронӣ намуда, барои оянда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид ба халқ ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо медиҳанд. Имсол низ баро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум маоши тамоми соҳаҳоро баланд намуда, ҳамзамон барои дар фазои тинҷиву амонӣ ва дар иҳотаи адолат умр ба сар бурдани аҳолӣ соли 2024 – ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон доштанд. Ин иқдом мову шумо аҳли илмро водор менамояд, ки барои дар амал тадбиқ намудани амру фармонҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон пешниҳод мешавад, кӯшиш ба харҷ дода, миёни мардум баррасӣ намоем.
Дар идомаи Конференсия Академик Маҳмудзода М.А. , узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З., Неъматов А.Р. муовини саркотиб илмии АМИТ, Абдуҷалилов А. Мудири шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ, Зоир Ҷ.М. ва як қатор мудирони шуъбаҳову унвонҷӯёни АМИТ дар мавзуҳои мубрам оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи шафофияти қонун баромад намуда, иштирокдоронро аз муҳтавои асисии соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” номгузорӣ шуданро бохабар намуданд.
19 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи ибтидоии иҷроияи “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт рӯнамоии ҷилди 4- уми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш ҳузури меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат, ки қадамҷои бузургони миллат мебошад хайрамақдам гуфта, ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт самимона муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ роҳбарияти академия зикр доштанд, ки Душанбе ҳамчун гаҳвораи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардидааст, зеро 9-уми сентябри соли 1991 маҳз аз шаҳри Душанбе муждаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони кишвар ва оламиён шуниданд.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёд туҳфаи тақдир буд ва пас аз соҳибдавлатӣ ҳар фарди тоҷик худро ҷузъи ҷудонашавандаву арзандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос намуд. Пас метавон гуфт, ки Душанбе на танҳо пойтахти давлат, балки авранги бахту иқболи миллат аст. Таъкид гардид, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Пойтахт ҷилди чоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» аз нашр баромад. Китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо сифати баланд чоп шуда, дар муқоваи он акси Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷой дода шудааст. Ҷилди чаҳоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» фарогири мақолаҳои 28 нафар чешраҳои маъруфи кишвар мебошад. Ҳар як мақола дар асоси санаду далел таълиф гардидааст ва ҷараёни меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос менамояд.
Дар идома олимону муҳақиқон суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешрафту ободонии мамлакат ёдовар шуданд. Воқеан пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдодҳои муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконпазир мебошад.
16 апрели соли равон ҷаласаи кории Раисони шуроҳои дисертатсионӣ ва олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баргузор гашт. Нахуст ба кори ҷаласа Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро хайру мақдам гуфта, ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, зикр намуд, ки масъулияти баланд бардоштани илми тоҷик ва муаррифии илм дар арсаи байналмилал вазифаи ҷонии кормандони илмии академия аст ва ҳамаи мову шумо шоҳиди дастгириҳои пайваста ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ҳастем. Дастгириҳои олимони таҷрибадору ҷавон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвавр гувоҳи гуфтаҳои болост.
Ҳамзамон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдорони ҳамоишро бо муносибати иди касбияшон табрик намуда, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки метавонад, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Зимнан Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин аз раисони шуроҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми гузаронидани ҳимояҳо хело ва хело нуктасанҷ бошанд, хусумату бадбинӣ, маҳалчигӣ ва ё баръакс хешутаборӣ, ёру рафиқӣ накарда, дар як фазои ором дар иҳотаи адолат ҳимоякунандагонро санҷида баҳогузорӣ намоянд, чун онҳо олимони ояндаи кишваранд ва илми тоҷикро боло бардошта тавонанд, ҳамчунин олимони соҳибмактабро таъкид намуданд, ки шахсиятҳои арзандаву донишмандонро шогирд гирифта, роҳнамоии одилонаву оқилона намоянд, то ки оянда дар бозори меҳнат харидор пайдо карда тавонанд. Ҳамзамон роҳбарони шуроҳои дисертатсионӣ ва директорони институтҳо таъкид карда шуд, ки олимону академикони соҳибмактаб, ки аъзои шуроҳо ё корманди институтҳо ҳастанд, дар шуроҳои ҳимоявӣ ҳатман иштирок дошта бошанд.
Илм муаррифкунанда, шуъладиҳанда ва гармкунандаи бозори ирфони ҷаҳон аст!
Ҳар як давлатро миллаташ бо илму дониш ва заковату фаҳмиши хеш ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бузургону гузаштагони миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷику тоҷикистониро миёни мардуми дунё бо донишу заковати хеш шиносонида буданд. Бузургии миллати тоҷик аст, ки фарзандони фарзонааш ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ иби Сино, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму донишу маҳорати худ тавонистанд, ки илму донишу халқияти худро муаррифӣ намоянд. Олимону академикон ҳамчун давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони хеш буда, бо ин мақсад имрӯз (16.04.2023) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик чорабинии татанавӣ баргузор гардид.
Аҳли Раёсати академия нахуст барои пос доштани хотири аҳли илму адаб барои гулгузорӣ дар оромгоҳи бузургон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, ва дигарон сафарбар гардиданд. Пас аз маросими гулгузорӣ дар толори Раёсати академия бо иштироки академикону олимон чорабинии тантанавии илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор шуд, ки нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани муқадимавии хеш аҳли илмро муборакбод намуда, зикр дошт, ки воқеан, илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босубботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок ва заминавии ҷомеа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ гардида истодааст ва оид ба пешравиҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамзамон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илмро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ олимону академиконе, ки солҳои тулонӣ дар рушди илми тоҷик заҳмат кашидаанд, бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти академия, ва олимони ҷавон бо дипломҳои номзадиву докторӣ қадршиносӣ гардиданд.
Хурсандибахш аст, ки дар арафаи ҷашни касбии олимони ватанӣ сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи замона аз нав сохта шуда, минбаъд сомонаи мазкур бо нишонии www.amit.tj фаъолияти пурсамар намуда, барои муаррифии илми тоҷик дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Нимаи дуюми рӯзи 16 апрел мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Институти Россия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой доир гардид.
Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, ноиби Президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам Ҷура, аз намояндагии Чин Гао Цзинчжай (Gao Jingzhai), сардори ҳайати намояндагон, котиби ҳизби комунисти Институт, муовини директор, Сюй Ган(Xu Gang), муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, Сюй Вэньхун, муовини котиби генералии маркази таҳқиқоти илмии “Камарбанд ва Роҳ”-и Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой, Чжан Нинг, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт, Лю Чан, ходими илмии шуъбаи Осиёи Миёна ва Кавкази Институт иштирок доштанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки пеш аз ҳама мехостам барои боздиди Шумо ба АМИТ ва нияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, изҳори сипос намоям. Мулоқоти имрӯза ба низом даровардани муносибатҳои мост ва заминаи иловагии равобити дуҷонибаи мо дар соҳаи илму техника хоҳад шуд.
Боиси хушнудист, ки соли гузашта бо кумаки ҳамкорони чинии мо аз Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (хусусан хонум Ҷан Нин) китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони чинӣ тарҷума шуд. Китоби мазкур дар натиҷаи кори муштараки академияҳои мо ва туҳфа ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки чунин нишастҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак барои бунёд ва таҳкими ҳамкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ дар самтҳои зерин инкишоф диҳад:
бо мақсади омухтани Хитойи ҳозира, комёбиҳо ва таҷрибаи он ташкил намудани Маркази омузиши Хитойи ҳозираро ба мақсад мувофиқ мешуморем (ин масъаларо намояндагони мо бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой ва университети КАОН муҳокима карданд);
таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак;
ташкили семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду кишвар;
ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои илмии ду кишвар;
ташкили таълими донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии ҳизбҳо барои магистратура, аспирантура, докторантура;
инкишоф додани малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ, ташкили лексияҳои олимони тоҷик барои мутахассисони ҷавони КАОН ва профессорҳои чинӣ барои донишҷӯёни АМИТ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон;
ташкили таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои олимони ду кишвар;
иштирок дар тадқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои ҷорӣ, ки Академияҳо мегузаронанд;
фароҳам овардани имконияти нашр дар маҷаллаҳои илмӣ;
амалияи тарҷумаи китобҳои олимон, мутафаккирон, классикон ва муаллифони муосири тоҷику чиниро ба забонҳои тоҷикию чинӣ давом диҳанд;
ташкили гурӯҳи корӣ доимӣ ё комиссия оид ба ҳамкориҳои башардӯстона бо ҷалби кормандони салоҳияти ҳарду муассиса.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо туҳфаҳои хотирмон ба ҳамдигар тақдим намуда, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои илмию гуманитариро дар оянда ба мувофиқа омаданд.
15 апрели соли равон бо баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифти ҳуқуқӣ» «Ҳафтаи илм» ҷамъбаст гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба муҳимияти баргузории конференсияи илмию назариявӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки воқеан «Ҳафтаи илм» фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар конференсия аксари олимону кормандони илмӣ дар масъалаҳои мубрами илм бо маърӯзаҳои ҷолиби илмӣ баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қисми ифтитоҳии конференсия 5 апрели соли 2024 бо фарогири 5 маърӯза доир гардид, дар он асосан ноибони Президенти АМИТ – раисони Шуъбаҳои АМИТ дар мавзуъҳои мубрами илми ватанӣ маърӯза намуданд. Дар доираи баргузори «Ҳафтаи илм» дар 25 муассисаи илмии АМИТ тибқи барномаи тасдиқшуда, кори конференсия идома ёфта, наздик ба 300 маърузаи кормандони илмии АМИТ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар кормандони илмии муассисаҳо низ ширкат намуданд.
Дар конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба «Ҳафтаи илм» шумораи зиёди олимону кормандон, магистрону аспирантон, докторантону унвонҷӯён ва умуман пажӯҳишгарони академия иштирок ва маърузаҳои мубрами хешро ироа намуданд. Дар идомаи конференсияи мазкур олимону кормандони соҳа илм бо маърузҳои хеш ба баргузории «Ҳафтаи илм», ки имсол ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифти ҳуқуқӣ» бахшида шуда буд хотима бахшиданд.
