То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқони оддӣ сар карда, то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайян нагардад, давлати соҳибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаҳо вобаста ба ташаккули худшиносӣ ва њувияти миллӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бештар аҳамияти муҳимро касб намуда, дар таъмини суботи ҷомеа ва нигоҳдории истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ дорад.
Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни иртиҷоиву тундгароӣ, ки ба анъана, расму ойин, тарзи зист, афкори мардумӣ ва таъриху фарҳанги мо бегона мебошанд, ҳар як нафари моро водор месозанд, ки аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамзистӣ, ахлоқи ҳамида ва ба худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрем.
Дар замони муосир падидаи ҷаҳонишавӣ бо рушди технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба як навъ чолиш барои фард ва дар маҷмӯъ башарият гардидааст. Дар чунин шароит барои нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки худшиносии миллиро дар доираи арзишҳои ниёкон, ки таърихан ташаккул ёфтаанд, тақвият дода, насли имрӯз ва ояндаро дар руҳияи он тарбият намоем. Зеро давлатсозиву давлатдорӣ танҳо бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Ҳастии давлат ва рушду такомули минбаъдаи он, пеш аз ҳама ба худшиносӣ ва доштани тафаккури миллии ҳар як сокини он низ вобаста аст. Таърих борҳо собит намудааст, ки қавму миллатҳои гуногун зери таъсири фарҳанг ва ғояҳои бегона тадриҷан аз асолат ва ҳувияти миллиашон дур шудаанд. Аз ҷумла, баъди истилои араб мисриён, сурёниҳо ва бобулиҳо ҳамчун миллат аз саҳифаи таърих бенишон гардиданд.
Ҳамчун миллат ташаккул ёфтани тоҷикон раванди дуру дарози таърихӣ дошта, урфу одат, анъана, хотираи таърихӣ, доштани шуур ва тафаккури миллӣ - мо тоҷиконро аз омехташавӣ бо дигар қавму миллатҳо нигоҳ дошт. Сатҳи баланди худшиносӣ ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ боис гардиданд, ки тоҷикон аз туфонҳои харобиовари таърих солим берун баромада, ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд.
Нигоҳ доштани истиқлол ва пойдории давлат аз доштани тафаккури миллӣ ва худшиносии миллии ҳар фарди тоҷикистонӣ вобаста аст. Дарки муҳиммият ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар шароити муборизаҳои этносиёсӣ дар минтақа хеле муҳим аст. Маҳз арзишҳои миллӣ, ки дар заминаи онҳо худшиносии миллӣ ташаккул меёбад, минбаъд тавонист ба сифати омили бақо ва рушду пешрафти ҳамешагии миллати тоҷик гардад.
Дар ин росто нақш ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рӯҳияи арзишҳои ниёкон ташаккул ва такомул додани ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон хеле баланд мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат идҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, ва Сада эҳё гардида, як қатор арзишҳои миллиамон ба мисли Иди Наврӯз (соли 2010), хӯроки миллии «Оши палав» (2016), куртаи «Чакан» (соли 2018), мусиқии классикии тоҷикон «Шашмақом» (соли 2008) ва «Фалак» (соли 2021), ёдгориҳои таърихии «Саразм» (соли 2010) ва «Тахти сангин» (соли 2021)-ро дар феҳристҳои ЮНЕСКО - Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият сабт намуд.
Барои далел аз таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ санаҳои муҳимми таърихӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, 2700- солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 6500-солагии Саразми бостон ҷашн гирифта шуданд.
Худшиносии миллӣ бидуни шинохт ва ифтихорот аз гузаштагони худ ногузир аст. Сарвари давлат барҳақ қайд мекунанд, ки «Яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад». Пос ва гиромӣ доштани шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ҷузъе аз худшиносии миллӣ мебошад, ки осори арзишманди онҳо дар тамаддуни башар миллати моро муаррифӣ менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо қарорҳои ЮНЕСКО бузургдошти соли як қатор намояндагони барҷастаи илму фарҳанги миллӣ, ба мисли 1000-солагии Носири Хусрав, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 645- солагии Камоли Хуҷандӣ, 960- солагии Умари Хайём, 545-солагии Камолиддини Беҳзод ва 1310-солагии Абу ҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷашн гирифта шуд.
Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва авҷ гирифтани тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ қавму миллат ва давлате ба ҳамешагӣ пойдор ва устувор боқӣ мемонад, ки агар хотираи таърихиро нигоҳ дорад, омӯзад ва онро бидуни таҳриф ба насли имрӯзу ояндаи худ интиқол дода тавонад. Хотираи таърихӣ унсури муҳиммест, ки ҳувият ва худшиносии миллиро устувор нигоҳ медорад. Он дар худ маълумот оид ба бурду бохт, сӯхтану сохтанҳо, зулму ситам, ҷангҳову бедодгариҳои таърихӣ, адолату хайрхоҳӣ, рӯйдодҳои тақдирсоз, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷикро нигоҳ медорад.
Бояд ёдовар шуд, ки хизмати фарзонафарзанди миллати тоҷик, аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифз ва ба наслҳои оянда аз осорхонаи беинтиҳои таърих тавассути шоҳасари худ «Тоҷикон» ба мерос гузоштани хотироти миллати тоҷик хеле бузург аст. Бо дастури Пешвои муаззами миллат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон нашр гардида, бо мақсади омӯзиши амиқ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими ҳофизаи таърихӣ ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа карда шуд. Дар тақвияти ҳадафҳои болозикр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри худ аз 7 июли соли 2022, таҳти №АП-227 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»-ро ки дар соли 2023 доир мегардад, эълон намуд.
Забони тоҷикӣ низ яке аз рамзҳои асосии давлати миллии мо мебошад. Он фарогири мафҳумҳое мебошад, ки дар тафаккури миллати тоҷик аз гузаштаи дур то ба имрӯз ҷой гирифта, дар тақвияти ҳувияти миллӣ нақши ниҳоят барҷаста дорад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба шумор рафта, ба оилаи забонҳои эронӣ мансуб аст. Ба ин шакл омада расидан ва аз чанголи фанои рӯзгор солим берун омадани он аз худшиносу худогоҳ будани гузаштагони мо дарак медиҳад.
Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани истиқлолияти давлати миллӣ хонадони ориёӣ кӯшиш менамуданд, ки забонро ҳамчун омили рамзи ваҳдату ягонагӣ истифода намуда, барои рушду такомули он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки «... қавмҳои ориёӣ ҳарчанд ба сарзамин ва кишварҳои мухталиф паҳн шуда бошанд ҳам, асолати этникӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошта, дар осори бозмондаашон барои таъкид кардани ин умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ худро ва забони худро ориёӣ хонданд ва забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд...». Бешубҳа, «Забони миллат – ҳастии миллат аст»! Забони тоҷикӣ рамзи истиқлолият ва кафили асосии давлати миллии мо мебошад.
Истиқлол ва худшиносии миллӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки ба ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, яке дигареро мукаммал мегардонад. Истиқлол падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои миллати тоҷик мебошад. Худшиносии миллӣ ҷавҳарест, ки истиқлол, амният, устуворӣ, пойдорӣ ва рушду гулгулшукуфоии давлатро таъмин мекунад. Худшиносӣ моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамун сохта, роҳи моро барои эъмори давлати озоду ҳуқуқбунёд осон мекунад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таҳкими худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳёи анъанаву ойинҳои пешин, арҷ гузоштан ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард.
Хитоб ба ҷавонон дар паёми шодбошӣ ба муносибати 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сарвари давлат зикр намуданд, ки «Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем. Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад».
Китоби “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо дастур Пешвои миллат дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расида шуда, барои ҳар хонадони тоҷик ройгон тақсим карда мешавад.
Бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри худ аз 29 августи соли 2025, таҳти №АП-862 барои дар соли 2026 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» содир намуданд, ки дар он низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ карда шудаанд.
Истиқлоли давлатии тоҷикон дар шароите таҷлил мегардад, ки миллати тоҷик дар даҳсолаи аввали он рӯзгори вазнину сангинро аз сар гузаронда, айни ҳол роҳу усулҳои мукаммалтар ва боэътимодро ҷиҳати расидан ба зиндагии орому осуда, тантанаи сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, рушди сармояи зеҳнӣ, имкониятҳои беҳтари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро ҷустуҷӯ менамояд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи хеле ҳассос ва таърихӣ - ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ин рӯзи таърихиро ба тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон муборакбод мегӯям!
Қодиров Зоҳир Қодирович - ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ