Skip to main content
Барф як ҷузъи тағйирёбандаи криосфера ба қатори ях ва пиряхҳои абадӣ буда, ба равандҳои даври гидрологӣ таъсири назаррас дошта ба омилҳои таъсирпазири тағирёбии иқлим нисбат ба ях ва пиряхҳои абадӣ хело осебпазир мебошад.

Муссалам аст, ки зиёда аз 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, беш аз нисфи қаламрави кишвар дар баландии аз 3000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландтарин нуқта ин қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) ба баландии 7495 м мерасад.

Воқеан, Тоҷикистон кишвари куҳистонӣ буда, дар баландкуҳҳо ҷойгир будани бахше аз қаламрави он далели гуфтаҳои болост. Ташаккулёбии қабати устувори боришоти барф дар баландии аз 1500 м аз сатҳи баҳр, ки доманкуҳҳо мебошад майдони асосии захираи барф ба шумор меравад.

Мушоҳидаҳои доимии метеорологӣ – ҳарорат, фишор, намнокии ҳаво, суръат ва самти вазиши шамол, миқдори боришоти атмосферӣ, муайян кардани қабати боришоти барф дар доманакуҳҳо, муайян намудани баландии сарҳадӣ поёнии абр, зиччии қабати абрнокӣ, гидрологӣ – ҷараёни доимии дарё, модули ҷараёни ҳавза, қабати ҷараён дар ҳавза ва ҳаҷми ҷараён дар давраи ҳисобӣ ин нишондиҳандаҳои асосии мониторинги ҳолати муҳити зист ба шумор мераванд.

Мушоҳидаҳо илмӣ нишон медиҳад, ки баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои доманкуҳ ва баландкуҳ ба давомнокӣ ва майдони ташакулёбии захираи боришоти барф таъсири манфӣ расонида истодааст. Обшавии барф дар натиҷаи таъсири баландшавии ҳарорат на танҳо ба раванди такроршавии шумораи селфароӣ дар фасли баҳор, балки ба тавозуни афканишоти нури ионофарри моддаҳо (Радиация), ба албедои (Рас. 2) (инъикос) доманакуҳҳо ва баландкуҳҳо таъсир мерасонад. Боришоти барфи мавсимӣ барои ҳифзи пиряхҳо ниҳоят нақши муҳим мебозад.

Пиряхҳо мисли манораи об ё обанбор буда, захираҳои обӣ бисёрсола дар минтақаи баландкуҳи ҳавзаи дарёҳҳо ба ҳисоб рафта, сарчашмаи асосии ҷоришавии захираи оби дарёҳо дар фасли тобистон мебошанд.

Бинобар ин, дар оянда сатҳу сифати дастрасӣ ба об бешубҳа аз ҳаҷми захираи пиряхҳо дар минтақа вобаста мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво ба таназзулёбии босуръати қабати барф дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо буда, ва дар навбати худ коҳишёбии майдони барф дар атрофи пиряхҳо ба камшавии албедо ва обшавии босуръати пиряхҳо сабаб мегардад.

Хулосаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми ҷоришавии оби пиряхҳо то ҳамон давра зиёд мегардад, ки онро “қуллаи об” меноманд. Дар коҳиш ёфтани майдони барфпӯши ҳавзаҳои дарёҳо, инчунин кам гардидани албедои барф, афзоиши раванди обшавии пиряхҳо то як давраи муайян мушоҳида мегардад. Обшавии пиряхҳо зиёд гардида, майдони онҳо кам мешаванд, ҷойгиршавии онҳо сол ба сол аз сатҳи баҳр болотар рафта, миқдори зарурии ҳаҷми ҷараёни оби дарёро тибқи даврҳои гидрологӣ ташаккул дода наметавонанд, ва дар навбати худ ҷоришавии оби пиряхҳо ба қуллаи ниҳоии худ мерасад. Аз натиҷаи корҳои илми-тадқиқотӣ ва пешгӯии олимони ҷаҳон ва Тоҷикистон бар меояд, ки давраи “куллаи об” дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Вахш дар солҳои 2050-2060 рост меояд.

Аз эҳтимол дур нест, ки раванди камшавии захираи барф ва албедо ба даври гидрологии ҷоришавии ҷараёни оби дарёҳо ва занҷираи истифодаи ҳаҷми захираҳои обӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва гидроэнергетика тағйирот ворид кунад.

Ҳомидов Анвар, н.и.г., мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптасияи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”