Дар саҳифаҳои зиндагии ҳар инсон калимае ҳаст, ки аз ҳама муқаддастар, аз ҳама гармтар ва аз ҳама самимитар садо медиҳад. Ин калима - модар аст. Модар танҳо як шахс нест, балки маънии зиндагӣ, оғози ҳастӣ ва чароғи роҳнамои ҳар инсон дар масири умр мебошад. Агар зиндагиро ба як китоб монанд кунем, модар нахустин саҳифаи он китоб аст, ки дар он муҳаббат, меҳрубонӣ, сабр ва умед бо ҳарфҳои равшан навишта шудаанд.
Аз лаҳзаи ба дунё омадани инсон то охирин нафаси зиндагӣ, модар ҳамеша дар паҳлуи фарзанд бо дилу нияти пок қарор дорад. Ӯ шахсест, ки пеш аз худ фарзандашро фикр мекунад, пеш аз худ барои ӯ орзу месозад ва пеш аз худ барои ӯ дуо менамояд. Дар дили модар оламе аз муҳаббат нуҳуфтааст, ки ҳеҷ қудрате онро кам карда наметавонад. Муҳаббати модар беандоза, беинтиҳо ва беғараз аст. Он муҳаббатест, ки на бо сухан, балки бо амал, бо шабҳои бедорӣ ва бо ранҷу заҳмати беандоза исбот мешавад.
Модар нахустин муаллим ва аввалин мактаби тарбияи инсон аст. Пеш аз он ки инсон ба мактаб равад, пеш аз он ки китобу илмро омӯзад, ӯ дар оғӯши модар сабақи зиндагӣ мегирад. Дар он ҷо инсон сухани аввалин, қадами аввалин ва маънии аввалини муҳаббатро меомӯзад. Ҳар калимае, ки модар ба фарзанд мегӯяд, ҳар насиҳате, ки аз дил мебарорад, тухми некиву инсондӯстиро дар қалби фарзанд мекорад.
Агар ба таърихи башар назар афканем, мебинем, ки дар паси ҳар шахсияти бузург, дар паси ҳар муваффақияти инсон модаре истодааст, ки бо меҳру сабр фарзандашро ба камол расондааст. Қаҳрамонон, донишмандон, шоирон ва сиёсатмадорон ҳама дар оғӯши модар ба дунё омадаанд ва аз домани ӯ сабақи аввалини ҳаётро гирифтаанд. Аз ҳамин рӯ, метавон гуфт, ки модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки тарбиятгари ҷомеа ва созандаи ояндаи башарият мебошад.
Модар рамзи фидокорӣ низ ҳаст. Ӯ бе ягон интизорӣ тамоми ҳастии худро барои фарзанд мебахшад. Шабҳои дарозро бо дуои фарзанд бедор мемонад, дар лаҳзаҳои душвор барои ӯ қувват мебахшад ва дар рӯзҳои шодӣ бо табассуми гармаш зиндагиро равшан мекунад. Вақте фарзанд ғамгин аст, модар низ ғамгин мешавад, вақте фарзанд хушбахт аст, модар худро хушбахттарин инсон дар ҷаҳон эҳсос мекунад. Ҳамин гуна робитаи рӯҳонӣ модару фарзандро ба ҳам мепайвандад.
Модар ҳамчунин рамзи сабру таҳаммул аст. Дар зиндагӣ мушкилоту душвориҳои зиёде пеш меоянд, вале модар бо иродаи қавӣ онҳоро паси сар мекунад. Ӯ мисли кӯҳ устувор аст ва мисли чашмаи соф поку беолоиш. Ҳатто вақте, ки зиндагӣ барои ӯ санҷишҳои сахт меорад, модар бо умеду муҳаббат фарзандонашро ба пеш мебарад. Сабри модар дарси бузурги ҳаёт аст, ки инсонро ба меҳрубонӣ, таҳаммул ва инсондӯстӣ ҳидоят мекунад.
Дар фарҳанг ва маънавиёти мардумони ҷаҳон низ модар мақоми хеле баланд дорад. Дар адабиёт, фалсафа ва санъат модар ҳамеша ҳамчун рамзи муҳаббат, зиндагӣ ва покӣ ситоиш шудааст. Зеро инсон ҳар қадар ба камол расад ҳам, ҳар қадар донишманду таҷрибадор гардад ҳам, дар назди модар ҳамоно фарзанди меҳрубон боқӣ мемонад. Оғӯши модар барои инсон ҳамеша ҷойи оромиш ва паноҳгоҳи муҳаббат аст.
Модар инчунин неруест, ки инсонро ба некиву созандагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дуои модар мисли нуре аст, ки роҳи фарзандро равшан месозад. Бисёр одамон дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ маҳз бо дуои модар қувват гирифта, ба муваффақият расидаанд. Ин дуоҳо на танҳо сухан, балки эҳсоси самимӣ ва орзуи поки модар барои хушбахтии фарзанд мебошанд.
Бузургии модар дар он аст, ки ӯ бо муҳаббат зиндагиро зебо мекунад. Агар дар дунё муҳаббат бошад, он аз қалби модар сарчашма мегирад. Агар дар ҷомеа меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ вуҷуд дошта бошад, решаи он дар тарбияи модар аст. Модар мисли офтоб аст, ки бо нури худ ҳаётро гармӣ мебахшад ва мисли замин аст, ки дар оғӯши худ тухми зиндагиро парвариш мекунад.
Аз ҳамин ҷост, ки қадршиносии модар вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Модар ганҷест, ки арзиши онро бо ягон чиз чен кардан мумкин нест. То даме, ки модар дар паҳлуи инсон аст, зиндагӣ ранги дигар дорад, дил пур аз оромиш мешавад ва ҷаҳон равшантар менамояд. Аз ин рӯ, ҳар лаҳзаи будан бо модар бояд бо муҳаббат, эҳтиром ва сипосгузорӣ қадр карда шавад.
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки модар на танҳо шахси азиз, балки фалсафаи зиндагӣ мебошад. Ӯ сарчашмаи муҳаббат, мактаби тарбия, рамзи сабру фидокорӣ ва чароғи ҷовидони зиндагии инсон аст. То даме, ки номи модар дар забон ва муҳаббати ӯ дар дилҳо зинда аст, инсоният низ бо нуру гармии маънавӣ зиндагӣ хоҳад кард. Модар ҳамон нуре аст, ки роҳи ҳаётро равшан месозад ва ба инсон мефаҳмонад, ки муҳаббат зеботарин маънии зиндагӣ мебошад.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва
рушди нерӯи инсонӣ Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.11.2024
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Гуфта шуд, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
“30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”, -иброз доштанд Сарвари давлат.
Ба андешаи Президенти кишвар дар зарфи 30 соли амали Конститутсия кишвари мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақиятҳо масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд.
Таъкид шуд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.
Роҳбари давлат аз вазъи мураккаби солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад, қонунияту тартибот таъмин гардад ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад.
Тавре зикр гардид, амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки минбаъд дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия баррасӣ гардид ва бо роҳбарии Сарвари давлат Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд ва меъёрҳои онҳо дар Қонуни асосии мо дарҷ гардид.
Ҳамин тавр 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Гуфта шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид.
Ба андешаи Сарвари давлат маҳз хусусиятҳои хос ва арзишҳои нодири Конститутсия боис гардид, ки он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шавад.
Президенти кишвар таъкид доштанд, ки қабули Конститутсия на танҳо сохти давлатдориро муайяну пойдор сохт, балки он роҳро барои оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад.
Бинобар ин Роҳбари давлат зикр намуданд, ки “мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад”.
Ҳадаф аз иқдоми мазкурро Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шавад.
Президенти кишвар Конститутсияро санади олӣ ва сарчашмаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ номида, иброз доштанд, ки бо қабули он асоси низоми нави қонунгузории кишвар гузошта шуд ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи мардуми Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Изҳори умед карда шуд, ки Конститутсия ҳамчун санади роҳнамову сарнавиштсози таърихӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома ёфт.
https://president.tj/event/news/48649
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳҳои таҷрибавию истеҳсолии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи ин сафар аз озмоишгоҳҳои таҷрибавии минтақаи санҷишии электромеханикии Институти тадқиқоти инноватсионии технологияи ояндаи роҳи оҳан дидан намуда, ҳамзамон бо дастоварду натиҷаҳои илмии олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳҳои таҷрибавию истеҳсолии Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бунёди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ, экологӣ ва инчунин, тамоми равандҳои кимиёвиро дар истеҳсолот тақвият мебахшанд. Таъкид гардид, ки системаи таъминоти дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, ки ба талаботи бозор нигаронида шудаанд, дар оянда механизми табдили дастоварҳои илмӣ ва технологии корхонаҳоро ба танзим медарорад.
Дар идома аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо мо метавонем муҳақиқони ҷавони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани курсҳои таҷрибаомӯзӣ ба ин озмоишгоҳҳо ҷалб намоем.
Таҳти унвони «Конститутсия-шиносномаи миллат» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ профессор, Илҳом Мирсаидзода дар мавзӯи «Конститутсия–шиносномаи миллат», маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ, шуъбаву бахшҳо ва Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода ифтитоҳ бахшида, нахус ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақши он ҳамчун роҳнамо дар рушд ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон асрҳои аср хидмат хоҳад кард.
Иттиллоъ дода шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар меҳвари Конститутсия дар моддаи 5 зикр гардидааст. «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сол муқаддам, яъне дар таърихи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба қабули ин санади волои миллии худ муяссар гардид ва ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ намуд.
«Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо ибтикори Пешвои муаззами худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид», афзуд директори Агентӣ ва илова намуд, ки рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститусияи Ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён мояи ифтихор ва сарфарозист.
Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин роҳбарияти Агентӣ ҳамаи кормандони ин ниҳоди махсусан муҳими илмиро дар робита ба ифтитоҳи Озмоишгоҳи наву замонавӣ, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсия ва 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, самимона шодбош гуфта, миннатдории худро баён намуд.
Илова бар ин, директори Агентӣ ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, баҳри бунёди ин бинои наву замонавӣ ба ҳар як корманд изҳори сипос намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён перомуни арзишҳои маънавию сиёсӣ ва бунёди Конститутсия андешаронӣ намуданд.
МАРОСИМИ БА ИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ШОМИЛШАВИИ АМИТ БА ИТТИФОҚИ ДОНИШГОҲИ АБРЕШИМ
Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ аз санаи 01 то 05 ноябри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Созишнома дар бораи шомилшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” ба имзо расонида шуд.
Дар рафти маросими ба имзорасонии Созишномаи шомилшавӣ таъкид гардид, ки бо шомил гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” мо метавонем дар оянда ҳамкориҳои илмиро густариш дода, барои кашф намудани истеъдодҳои барҷаста дар якҷоягӣ саҳми худро гузошта бошем.
Ҳамзамон шомил гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” падидаи нав дар соҳаи илмҳои технологияи инноватсионӣ ва илмӣ буда, доир ба ҳалли мушкилотҳои глобалӣ мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ин пеш аз ҳама муаррифии илми ватанӣ мебошад, ки аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Маҳз дар доираи ҳамин сиёсат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо азму талоши созанда пайи муаррифии илми ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ талош менамояд.
Иттифоқи Роҳи Абрешим ташкилоте мебошад, ки бо мақсади бунёди платформаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва мусоидат ба мубоҳиса ва рушди минтақавӣ таъсис ёфтааст. Ин ташкилот моҳи майи соли 2015 бо ҳузури намояндагони 100 донишгоҳҳои бонуфузи 22 кишварҳои ҷаҳон расман таъсис ёфтааст. Ҳоло зиёда аз 200 донишгоҳҳои бонуфузи 40 кишвари ҷаҳон узви ин ташкилот буда, дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо миёни “Иттифоқи Роҳи Абрешим” ва донишгоҳҳои ба он аъзо форуми президентҳо, намоишгоҳҳои таълимӣ, семинарҳои академӣ ва мизҳои мудаввар баргузор мегарданд.
ТАЪСИСИ БАРНОМАИ МУШТАРАКИ МАГИСТРАТУРА БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО ВА ДОНИШГОҲИ НАҚЛИЁТИ СИАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Зимни сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси шартномаи байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин барномаи муштараки магистратура байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз синфхонаҳои баргузории машғулиятҳои дарсии магистрантон, ки дар оянда дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил мекунанд дидан намуданд.
Зимни боздид аз шароити синфхонаҳои баргузории машғулиятҳои дарсии магистрантон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки воқеан ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ байни муассисаҳои илмии тарафайн ин омода намудани муҳақиқони ҷавон дар зинаи магистратура мебошад. Дар доираи ин мо бояд барои фароҳам овардани шароти таҳсил ба муҳақиқони ҷавон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намоем.
Боиси хушнудист, ки дар доираи ин ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин имрӯз барои таҳсили муҳақиқони ҷавон дар зинаи магистратура дар заминаи Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин синфхонаҳои машғулиятҳои дарсии магистрантон бо тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудаанд.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохурӣ доир намуданд.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки дар сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳақиқони ҷавон таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудааст. Дар заминаи ин ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, дониш андухта, барои муаррифии кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идома қайд гардид, ки ҳоло дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 нафар донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз хатми таҳсил донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавон ба ватани худ баргашта дар соҳаи илм ва дигар соҳаҳои фаъолияти кишвар кору фаъолият менамоянд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПУРҚУВВАТ ВА ПЕШРАФТА
Дар таърихи 01 то 05 ноябри соли 2024 бо мақсади иштирок дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Технологияи пурқувват ва пешрафта” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Конфронси мазкур дар заминаи Донишгоҳи Ҷаотонги Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок ва суханронӣ намуданд. Албатта дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Ҳамин аст, ки бо талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин густариши беандоза ёфта истодаанд.
Дар доираи ин сиёсати илмпарварона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои арзандаро ба анҷом расонида истодаанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани конфронси мазкур ин пеш аз ҳама густариш додани ҳамкорҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои технология ва дар истеҳсолот тадбиқ намудани натиҷаи илмии олимони тарафайн мебошад. Ёдовар мешавем, Донишгоҳи Ҷиаотонг Сиан дар пойтахти Чин воқеъ буда, (XJTU) яке аз қадимтарин муассисаҳои таълимии Чин мебошад, ки соли 1896 таъсис ёфтааст.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» 04.11.2
Муҳтарам Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ, Валиаҳди Давлати Кувайт,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехостам ба Давлати Кувайт ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар шарикони байналмилалӣ барои баргузории ин Конфронси муҳимми байналмилалӣ миннатдории худро изҳор намоям.
Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро хайрамақдам мегӯям.
Мо ба ҳайси мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм ва маблағгузории он” аз иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи ин раванд истиқбол менамоем.
Марҳалаи кувайтии онро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ медонем.
Шарикии мо дар ин замина намунаи масъулияти муштаракест, ки дар шароити имрӯзаи геосиёсӣ барои муқовимат ба терроризм бисёр зарур ва бамаврид аст.
Конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид.
Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидат менамояд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори «Раванди Душанбе» бори дигар уҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.
Терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти тундгароӣ имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардааст.
Паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст.
Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Ин созмону гурӯҳҳо имрӯз зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз имконоти технологияҳои иттилоотии пешрафта низ фаровон истифода мебаранд.
Зарур аст, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ ва андешидани тадбирҳои муассир қарор диҳанд.
Барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон зарурати роҳандозии иқдомҳои махсус ба миён омадааст.
Дар ин росто, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз дастгирии имкониятҳои иқтисодӣ бархурдоранд ва метавонанд ба коҳиш додани хатари ифротгароӣ кумак кунанд, аз абзорҳои муҳим дар ин раванд ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, бозомўзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникӣ нақши басо муассир хоҳад дошт.
Ҳозирини гиромӣ,
Мушкилоти амниятии имрӯза аз мо на танҳо азму иродаи қавӣ, балки қобилияти ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳониро низ тақозо мекунад.
Танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мо метавонем дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои он муваффақ бошем.
Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳоямонро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият бахшем.
Дар ин росто, табодули иттилоот ва таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Тақвияти ҳамоҳангии амалиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, эҷоди механизмҳои боэътимоди вокуниши фаврӣ ба хавфу таҳдидҳои амниятӣ ба муборизаи муштарак бо онҳо мусоидат хоҳанд кард.
Ба ин манзур Тоҷикистон ҷонибдори қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мебошад. Зарур медонем, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчӣ зудтар ба итмом расад.
Дӯстони гиромӣ,
Гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати убури сарҳадот ва фарогир сохтани фаъолияти тахрибкоронаи худ мунтазам талош меварзанд.
Барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи он бениҳоят муҳим мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти механизмҳои амнияти сарҳадӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.
Имрӯз беш аз пеш возеҳ аст, ки ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ дар самти мубориза ба ин таҳдиду хатарҳо муваффақ нахоҳад буд.
Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, мо зарурати ҳамгироии талошҳоро дар арсаи байналмилалӣ хуб дарк мекунем.
Кишвари мо иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки мо дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 таҳия намуда, татбиқ карда истодаем.
Дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати кишвари мо дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд ба пешравӣ ноил гардидааст.
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
“Раванди Душанбе” ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор як заминаи муҳимми ҳамкориҳои глобалиро фароҳам овардааст.
Тоҷикистон дар оянда ҳам талошҳои худро дар ин самт идома дода, барои таъмини амният ва суботи фарогир ҳамкориҳои зичро бо шариконаш тақвият хоҳад бахшид.
Мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.
Пешниҳоди ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамин ҳадафро пайгирӣ мекунад.
Мо ба дастгирии шарикони худ аз ин ташаббус умед мебандем.
Итминон дорем, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷамъонаи мо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар хотимаи сухани худ мехоҳам идомаи бобарори барномаи кории конфронси имрӯзаро орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
